ДАР БАЁНИ ШАХСИ БАХИЛ

Як рӯз Расули Акрам (с) тавофи Каъба мекарданд. Диданд, ки шахсе даст дар ҳалқаи дари Каъба зада мегуфт: «Худовандо, ба иззати ин хона гуноҳи маро биёмурз».
Расул (с) аз ӯ пурсиданд:
-Гуноҳи ту чист?
гуфт: -Гуноҳи ман чунон бузург аст, ки васф карда намешавад.
Паёмбар гуфтанд:
-Гуноҳи ту бузург аст ё замин?
-Гуфт: гуноҳи ман.
-Боз гуфтанд: гуноҳи ту азимтар аст ё арш?
-Гуфт: гуноҳи ман.
Боз гуфтанд:
-Гуноҳи ту бузургтар аст ё Ҳақ Таъоло?
-Гуфт: Ҳақ Таъоло.
Паёмбар гуфтанд: Пас гуноҳи ту чист, ки ин қадар аз раҳмати Худованд ноумед шудаӣ?
-Гуфт: моли бисёр дорам, аммо вақте гадое меояд, гумон мекунам, ки оташе омаду дар ман меафтад ва як тангаро аз дил берун карда бахшида наметавонам.
Расул(с) гуфтанд:
Дур шав аз ман, то маро низ ба оташи худ насӯзӣ. Қасам ба он Худое, ки маро ба роҳи рост фиристод, агар миёни хонаи Каъба ҳазор сол намоз хонӣ ва чандон гиря кунӣ, ки аз оби чашмат ҷӯй равон шавад ва дарахтон бирӯяд ҳам, ҷои ту дӯзах аст.
Зеро бахил нотавонбин аст. Ҳаёти худро дар фикри дигарон сипарӣ мекунаду аз ҳаёти худ лаззате намебарад.

Яҳё ибни Закариё (а) шайтонро диду гуфт:
-Кадом касро душман медонӣ ва кадом касро дӯст медорӣ?
-Шайтон гуфт:
-Порсои бахилро дӯст медорам, ки ҷон меканаду ибодат мекунад ва бахилиаш қиммати ибодати ӯро бекор мегардонад. Ва фосиқи саховатмандро бад мебинам, ки хуш мегардаду хуш мепӯшад ва метарсам, ки Ҳақ Таъоло бо сабаби саховати вай ӯро раҳмат мекунад ва ҳидоят медиҳад...

Бознашр аз саҳифаи Хазинаи маърифат

Гирдоварандаи мавод :
шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика