Дар боби сабр

Овардаанд, ки рӯзе яке аз амирон пеши султоне истода буд ва шоҳ ба ӯ дар муҳимме мушоварот мефармуд. Қазоро каждуме дар пероҳани ӯ афтода буд ва ҳар соат амирро мегазид ва ба неши заҳролуди худ зарар мерасонид, то вақте, ки неши вай аз кор биафтод ва ҳар заҳре, ки дошт ба кор бурд. Ва он амир мутлақо дар он машоварат қатъи сухан накард ва тағйире дар ӯ зоҳир нашуд ва суханаш аз қонуни ақлу ҳукумат инҳироф (рӯ тофтан) наёфт. То ба хона омад ва он каждумро аз ҷома берун кард.
 
Ин хабар ба подшоҳ расид, мутааҷҷиб ва мутаҳайир гашт. Рӯзи дигар, ки амир ба мулозимати султон омад, фармуд, ки дафъи зарар аз нафс воҷиб аст. Ту чаро дирӯз озори каждумро аз худ мундафеъ насохтӣ? Ҷавоб дод, ки ман он наям, ки шарафи муколаи чун ту подшоҳеро ба сабаби алами заҳри каждуме қатъ кунам ва агар имрӯз дар маҷлиси базм бар неши каждуме сабр натавонам кард, фардо дар маъракаи разм ба теғи заҳробдодаи душман чӣ гуна сабр тавонам кард? Подшоҳро ин сухан хуш омад ва мартабаи ӯро баланд гардонид.
 
(Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Ахлоқи мӯҳсинӣ. Душанбе, «Адиб», 1991, саҳ.128) 
 
Дар хабар аст, ки ду заифа пеши Сулаймон алайҳиссалом омаданд ва ҳар ду бар кӯдаке даъвӣ карданд ва ҳар ду аз исбот оҷиз гаштанд. 
 
Сулаймон алайҳиссалом, фармуд, ки тифлро ду ним кунанд ва ҳар як заифаеро як ним бидиҳанд. Чун шамшер баркашиданд, аз он ду заифа яке беқарор шуд ва гуфт: Вайро накушед, ки ман аз ҳаққи худ гузаштам ва дар он заифаи дигар ҳеҷ асар пайдо наёмад. Сулаймон алайҳиссалом, бифармуд, то тифлро ба он заифа, ки аввал гуфт, доданд, ки донист модар ӯ бувад, ки чун номи куштан шунид, меҳри модарӣ дар ҳаракат даромад ва аз ҳаққи худ бигузашт, то фарзанди ӯ солим монад.
 
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Захиратулмулук, Душанбе «Ирфон», 2008, саҳ. 126 
 
Гирдоварандаи маводҳо: Одинашоҳ Вализода
Яндекс.Метрика