Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат»

БОБИ ЯКУМ ҶАМОАТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА
Осори неолит
- Қабилаҳое, ки ба умумияти дигар таалуқ доштанд, дар дашту ҷилгаҳои Осиёи Миёна, хусусан дар воҳаи Бухоро ва канораҳои баҳри Арал ҳаёт ба сар мебурданд. Ёдгориҳои аз он боқимондаро бо номи “маданияти Калтаманор” ёд мекунанд. Вай, асосан, маданияти шикорчиён ва моҳидорон буда, бо ҳамин ҷиҳат аз маданияти пеш аз ин зикршуда тавофут дорад. Калтаманориҳо, зоҳиран, дар марҳилаҳои охири тарақиёти худ ба ром кардани ҳайвонот ва аз худ кардани зироати ибтидоӣ шурӯъ намудаанд. Санаи маъмули мавҷудияти ин умумияти қабилавӣ ҳазораи IV – III пеш аз милод аст....

давом дорад.

Бознашр аз саҳифаи ҲХДТ

Яндекс.Метрика