Дар ҳаводиси талхи Афғонистон мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни он гунаҳгор нест!

Бояд эътироф намуд, ки дар қатори дигар масоили мубрами имрӯза масъалаи муносибат бо Афғонистони ҳамсоя  низ дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле оқилона, дурандешона ва некхоҳона садо дод. Сардори кишвар дар матлаи мавзӯи мазкур таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба  бо тамоми кишварҳои минтақа аст. 

Пешвои миллат зимни ироа намудани мавзӯи марбут ба Афғонистон бо таассуф таъкид намуданд, ки дар ҳамсоякишвари мо вазъият мураккаб ва ҳассос боқӣ мемонад  ва ҳатто шиддат мегирад, ки он бо рух додани аъмоли террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва сар задани ҷиноятҳои хусусияти фаромиллидошта  алоқаманд мебошанд. Дар вазъияти фоҷиабори Афғонистон, ки 43 сол боз идома дорад, - махсус таъкид намуданд Пешвои миллат, - мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни Афғонистон гунаҳгор нестанд, балки доираҳои муайяни манфиатхоҳи хориҷӣ гунаҳгоранд, ки бо дахолати ҳадафмандона ва зиддиинсонии худ ба роҳи сулҳу оромӣ ва рушди босуботи он монеа гузошта истодаанд. 

Дар хусуси дахолати доираҳои манфиатҷӯи хориҷӣ дар Афғонистон ҳарф зада Пешвои миллат ёдрас намуданд, ки маҳз бо дахолати чунин нерӯҳо дар солҳои 90-уми қарни гузашта дар кишвари мо ҷанги таҳмилӣ рух дод, ки дар натиҷа 150 000 нафар ба ҳалокат расид ва 50 000 кӯдак ятим монданд. Агар дар солҳои зикршуда дар Афғонистон сулҳу оромӣ мебуд, афзуданд Пешвои миллат, ҳеҷ гоҳ гурӯҳҳои террористиву экстремистии аз ҳисоби шаҳрвандони кишвари мо ташкилшуда бо кӯмаку дастгирии доираҳои манфиатдори хориҷӣ ин кишварро ба сифати пойгоҳи аъмоли хунини худ бар зидди кишвари Тоҷикистон истифода бурда наметавонистанд. Бинобар ин, чун мо, ки таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, - таъкид намуданд Пешвои миллат, - ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии кишварҳои ҳамсоя дахолат наменамоем ва дар нисбати онҳо ҳеҷ як ҳадафи ғаразнокро дунболагирӣ намекунем.  

Пешвои миллат дар Паём сароҳатан иброз намуданд, ки мардум ва ҳукумати кишвари мо ҷонибдори тантанаи сулҳу оромӣ дар кишвари Афғонистон аст, то мо битавонем ҳамкориҳои барои ҳар ду тараф судмандро ба роҳ монем. Маҳз ба хотири ҳамин ҳадафи нек ва барои ҳар ду тараф муфид Тоҷикистон нисбат ба тақдири мардуми азияткашидаи Афғонистон бетараф буда наметавонад. 

Сарвари кишвари мо хеле оқилона ва дурандешона таъкид намуданд, ки сарҷамъ намудани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва нерӯҳои сиёсӣ, ки ифодакунандаи манфиатҳои ҳамаи онҳо бошад, ягона роҳи расидан ба сулҳу оромӣ дар Афғонистон мебошад. Бо дарназардошти имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангии худ мардуми Афғонистон бояд тақдири имрӯзу ояндаи кишвари худро ба дасти худ бигирад, мушаххасан такрор намуданд сарвари кишвар. Яъне, сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бояд бо ба инобат гирифтани майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад. 

Президенти Тоҷикистон ҳамчун сардори давлати дӯст ва некхоҳи мардуми Афғонистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарии Ағонистон ҷалб намуданд ва ҳамзамон ба ҳукумати Тоҷикистон супориш доданд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намоянд. Дар ин замина сарвари кишвар ёдрас намуданд, ки ҳоло шаш пули дар солҳои истиқлолият бунёдёфта барои расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон хизмат карда истодаанд. 

Дар мавзӯи марбут ба Афғонистон Пешвои миллат андешаҳои хешро ҷамъбаст намуда истода, бори дигар таъкид намуданд, ки вазъияти Афғонистон ба амният ва сулҳу оромии минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад. Зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хати сарҳад дорад, ки 60 дар сади сарҳади умумии  минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил менамояд. Яъне, тамоми мушкилоти дар минтақаи марзӣ ба вуҷудоянда бар дӯши Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. Бинобар ин, бори дигар таъкид намуданд Пешвои миллат, мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошем. 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика