Дар ҳошияи мақолаи Карим Давлатов: «Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ»

Масъалаҳое, ки Карим Давлатов дар мақолаи «Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ»  ба миён гузоштааст, дар ҷомеаи имрўзаи мо ба хотири тарбияи солими насли ҷавон хеле  маврид буда, аз  аҳамияти калони назариявию амалӣ бархўрдор мебошад. Ин ҷо ҳак ба чониби муаллиф аст, вақте ў байни босмачиҳо ва наҳзатиҳо як айнияти равшанеро мушоҳида менамояд. Чун онҳо ҳомии низоми ақибмондаи феодалӣ ва расму анъанаҳои асримиёнагӣ буданд, инҳо низ баҳри эҳёи он низоми фарсуда талош мекарданд. Онҳо  дар пойдории низоми фарсуда манфиатҳои зиёди моддию маънавӣ доштанд, инҳо низ дар бунёди  он низоми пўсида манфиатҳое махсуси худро медиданд. Онҳо  ҷомеаи дунявии илму маърифатбунёдро душмани хеш қарор медоданд, инҳо низ дар бунёди ҷомеаи дунявӣ душмани қаттоли хешро дида, ҳатто барои бардоштани як калимаи «дунявият» аз «Конститутсия» хеле талош варзида буданд. Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш роҳу усулҳои зиддиинсониро истифода мебурданд, инҳо низ дар ин самт аз ҳаммаслакони як аср пешинаи хеш ҳеҷ камие надошта, баръакс аз онҳо мегузарониданд. Онҳо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ ба қишри бесавод ва торики ҷомеа такя мекарданд, инҳо низ маҳз қишри мазкурро асоси нерў ва такягоҳи хеш қарор медоданд.
Хулоса, бисёр хуб мебуд агар аз тарафи коршиносон ва таҳлигарони ҳодисаҳои таърихӣ дар ин мавзўъ ҳар чӣ бештар мақола чоп мегардиду симои воқеии ин ду қишри ҳам барои миллату дин ва ҳам барои тамоми башарият хатарнок фош мегардид, зеро насли ҷавоне, ки баъд аз ин ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ ворид мегардад, бояд  аз ин хатарҳо,  яъне  таъсири нодурусти нерўҳои манфиатҷўе, чун наҳзатиҳо ва амсоли онҳо дар амон бошад. Сониян, агар хоҳем, ки ҷомеаи тоҷикро як ҷомеаи пешқадам ва барои тамоми ҷомеаи башарӣ намунавӣ муаррифӣ намоем, бояд дар мафкураи насли ҷавон танҳо арзишҳои созандаву замонавӣ ташаккул бояд дод.
 
Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
Абдулҳаев К.А. 
Яндекс.Метрика