Дастурҳои Пешвои миллат масъулияти аҳли баномусу меҳанпарасти илмро дучанд қавӣ мегардонад!

Дар таърихи 30.05.2024с Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами Миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар як вохӯрии барои ҷомеа хеле муҳим ва бамаврид гузаронд. Таваҷҷуҳи пайваста ҷиддӣ ва дурандешонаи Пешвои миллат ба илму маориф ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Қариб дар ҳар як вохӯрии хеш Пешвои миллат дар хусуси зарурати илмомӯзӣ, аҳамияти он, мушкилоти соҳаи маориф, роҳҳои ҳалли он ва дурнамои ҷомеа суханронӣ намуда, аз аҳли бофарҳанг ва меҳанпарасти кишвар даъват ба амал меоварданд, ки дар рушди илму тарбияи маърифатҷӯйии фарзандон саҳлангорӣ нанамуда, ҷиддитар машғул шавем. Вазъи имрӯзаи рушди илму технологияи ҷаҳонӣ пешвои миллатро водор намуд, ки масъалаи мазкурро мушаххасан бори дигар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад, ки албатта, ин бесабаб нест.
Зеро, илм қуфлкушои ҳама мушкилот аст. Илм сарчашмаи пешрафту хушбахтии фард, оила, миллат ва давлат аст. Илм василаи боз ва равшан гардонидани дилҳои торику зангзада аст. Илм маншаи салбаландӣ ва эҳтироми миллату давлат аст. Илм асоси рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволӣ ва таъмини дарознокии умри инсонист. Илм василаи раҳо гардидан аз вобастагиҳост. Илм кафили таъмини бехатарии муътамад барои ҳар фарди ҷомеа дар алоҳидагӣ ва барои миллату давлат дар умум аст. Илм василаи раҳоӣ аз хурофоту таассуб ва зиёдаравиҳои динист. Илм аст, ки имрӯз башарият чун Инсон зиндагӣ менамояд.
Дарки аҳамияти фарогири илм барои инсон ва миллату давлат, махсусан дар шароити имрӯза эҳсоси миллатдӯстию меҳанпарастии Пешвои муаззами миллатро бори дигар эҳё намуда, водор намуд, ки ба масъала бори дигар таваҷҷуҳ намояду баҳри ҳалли мушкилот ва ислоҳи вазъият ибрози ақида намояд.
Пешвои муаззами миллат аз дастовардҳои кишвар дар як шароити барои давлати ҷавон ногувор ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мо бисёр сохторҳои барои ҳастии давлат заруриро аз сирф оғоз намудем ва имрӯз дар арсаи байналмиллалӣ соҳиби эътирофу эҳтиром гардидем. Имрӯз шумори аҳли ҷомеа нисбат ба давраи иғози истиқлол ду маротиба афзудааст. Ба ҳамин монанд шумори кӯдакони ба мактабраванда дар муқоиса бо хатмкунандагон қариб ду маротиба зиёдтар аст, ки ҳамаи ин ҳам таъмини мактабҳоро бо муаллимон ва ҳам бунёди муассисаҳои иловагии таълимиро тақозо менамояд. Ҳамаи ин мушкилотро ҳукумати ҷумҳурӣ зина ба зина бо сифати баланд бо дарназардошти дурнамои рушди кишвар ҳал карда истодааст.
Новобаста аз дастовардҳои назарраси кишвар дар таъмини сулҳу оромӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум имрӯз дар баъзе соҳаҳои илми кишвар мушкилоте чанд шакл гирифтаанд. Ҳатто метавон гуфт, ки дар соҳаи мазкур баъзан саҳлангории хандаовар, ҳолатҳое, ки ба шаъну шараф ва обрӯю эҳтироми олим латма ворид менамояд, дида мешавад. Ашхоси ба чунин амалҳои ношоям ва номатлуб дастзананда дарк намекунанд, эшон бо чунин амалкардҳои худ на танҳо ба пешрафти илми кишвар, балки ба обрӯю шаъни худи олим зарар расонида, қадри илмро дар назди аҳли ҷомеа паст мегардонанд. Аз мост, ки бар мост.- мегӯянд бузургон. Баҳри манфиати андак ё эътибори дӯстию рафиқӣ ё маҳалчигӣ ноогоҳона худ ба решаи худ теша мезанем. Ашхоси дар илм тасодуфӣ ва барои миллату давлат бетарафро ҳамчун донишманд дар ниҳодҳои илмӣ ҷой дода, намеандешем, ки бо ин амалкарди худ гуноҳи азиме дар назди на танҳо илм, балки миллату давлат содир менамоем. Албатта, ин на танҳо аз бемасъулиятии баъзе донишмандон, балки аз бетарафии баъзе роҳбарони ниҳодҳои бо илм сару кор дошта низ вобаста аст.
Дар хусуси масъулияти донишманд дар назди миллату давлат сухан ронда, мехоҳам таъкид намоям, ки пайғамбарои миллати яҳуд, чун Омӯс, Ҳушаъ, Мико, Ишаъё, Исаййӣ, Ҳизқиёл, Дониёл ва ғайра ҳамагӣ донишмандони масъулиятшинос дар назди миллату давлати хеш буданд, ки вазъи ногувори сиёсӣ-иҷтимоӣ онҳоро водор намуд, ки худро пайғамбар эълон намуда, бо истифода аз дин миллати худро аз парокандагӣ ва зулму асорат наҷот дода, миллатро бо ҳам муттаҳид намоянд ва мақому мартабаи бузурги онро дар назди дигар миллатҳо таъкид намоянд. Воқеан муҳити қафомондаи ҷомеа онҳоро пайғамбар номид, дар асл онҳо ашхоси бофарҳангу масъулиятшиноси ҷомеа ҳастанду халос.
Ба ҳамин монанд пайғамбари ислом Муҳаммад(с.) вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии муҳити хешро баҳогузорӣ намуда, барои аз вартаи муҳити танг баровардани халқи худ динро мавриди истифода қарор дод. Андеша намоед, ки вақте Муҳаммад (с.) дар хонаи Абутолиб ба мушрикони Макка мегӯяд, ки як калима – Ло илоҳа иллаллоҳ гӯед, араб ба шумо тобеъ ва Аҷам ба шумо хироҷгузор мегардад, маълум мегардад, ки пайғамбари ислом нисбат ба масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ бетараф набуд. Чунин муносибати ӯ (с.) аз масъулияти баланди қавмдӯстию меҳангароияш дарак медиҳад.
Албатта, муҳити фарсуда ва динзадаи асримиёнагӣ барои ҳадафҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодӣ маҳз истифодаи динро тақозо менамуд. Ва дин дар замони худ вазифаҳои иҷтимоии худро нағз иҷро намуд ва қавмҳоеро соҳибэътибору соҳибманзала намуд. Аммо муҳити садаҳои XX ва XXI аз муҳити садаҳои зикршуда комилан фарқ менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки тамоми пешрафтҳои кишварҳои тараққикардаи дунё дар заминаи рушди илму татбиқи он дар иқтисодиёт таҳаққуқ пазируфтаанд. Матлабро соддатар баён намуда, метавон таъкид намуд, ки асри имрӯз асри илм аст, на асри дин. Бо дин на ҳавопаймо сохта мешаваду на тайёра, на корхонаю на дастгоҳ. Тамоми кишварҳои мутамаддин ва пешрафта рӯ ба илм оварда, сатҳи зиндагии мардуми худро баланд бардоштаанд. Аммо мо бо вуҷуди айён будани дастовардҳои илм дар ҷомеаи имрӯза мо дар самти рушди илм, махсусан улуми табиатшиносӣ саҳлангорӣ намуда, нисбат ба тақдири насли ҷавон ва ояндаи миллату давлат бемасъулиятӣ зоҳир менамоем.
Гумон мекунам, ки дастурҳое, ки Пешвои миллат дар суханронии худ дар вохӯрии зикршуда ироа намуданд, эҳсоси аҳли баномусу меҳанпарасти илми кишварро ба ҷунбиш оварда, масъулияти ватанпарастиию меҳангароии онҳоро дучанд қавӣ мегардонанд. Дар қуруни вусто, ҳангоме ки бузургони мо аз илм сухан мегуфтанд, дигар гӯшаҳои олам дар хоби ғафлат буданд. Муътақидем, ки аҳли баномусу меҳанпарасти илми миллат бори дигар анъанаи ниёгонро эҳё намуда, дар рушди илмии кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика