Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ аз шогирдони мутакаллими тавоно ва зубдаи донишмандони Мовароуннаҳр дар мабоҳиси ақлӣ Абумансури Мотуридӣ (870–944) ва дар баъзе сарчашмаҳои қадимтар аз муосирон ва ҳамдаврони худи вай будааст, вале бо ин вуҷуд ӯро аз уламои насгарои ҳанафӣ донистаанд. «Ас-Саводу-л-аъзам» ӯ дар доираи фиқҳи ҳанафӣ яке аз муътабартарин осори фиқҳӣ дар ҳавзаи фиқҳии Мовароуннаҳр дар замони Сомониён буда, то ин ҷониб ҳамчун сарчашмаи муфид истифода мешавад. Ҳакими Самарқандӣ дар ин асари худ 62 масъалаи фиқҳиро баррасӣ намудааст, ки масъалаи чоруми баррасӣ намудаи эшон “Ҳеч касро аз аҳли қибла кофир нахонанд” мебошад.
Дидгоҳи Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ дар бораи аҳли қибла (дар асоси “ас-Саводу-л-аъзам”-и ӯ)
Масъалаи ба куфр муттаҳам кардани касе дар таълимоти исломӣ, яке аз мушкилтарин масъалаҳост. Аммо имрӯзҳо иддае аз пайравони ҷараёнҳои экстремистӣ-террористӣ ин амалро ночиз шуморида, мусалмонҳоро дар асоси амалҳояшон ба куфр муттаҳам мекунанд. Дар фазои иттилоотӣ низ бисёр вақт дар суханрониҳои он ифротиҳое, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, ба куфр муттаҳам намудани ин ё он нафар дида мешавад. Онҳое, ки як мусалмонро ба амале, ки гӯё хилофи шариат аст ва ё хилофи таълимоти онҳост, ба куфр муттаҳам мекунанд, ба ҷараёни экстремистии салафияи такфирӣ алоқамандӣ доранд.
Бояд зикр намуд, ки Ибни Таймия поягузори андешаи кофир ҳукм кардани як мусалмон дар асоси амалҳояш мебошад, ки аксарияти донишмандон осори ӯро заминае барои ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои экстремистӣ-террористӣ меҳисобанд. Хонандаи закӣ бояд огоҳ бошад, ки дар ҳақиқат Ибни Таймия як андешаеро дар ҷаҳони мусалмонӣ поягузорӣ кард, ки сабаби пайдоиши ин қадар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ бо номи ислом гашт.
Чун бештари мусалмонҳои кишвари моро ҳанафимазҳабон ташкил медиҳанд, бояд донанд, ки дар мазҳаби ҳанафӣ кофир хондани аҳли қибла амали нодуруст аст. Дар ин маврид ба яке аз сарчашмаҳои муътабари мазҳаби ҳанафӣ “ас-Саводу-л-аъзам” руҷуъ намудем. Ҳаким Самарқандӣ дар саршавии ин боб чунин мегӯяд: “Он аст, ки ҳеч касро аз аҳли қибла кофир махонед багуноҳ, зеро ки мазҳаби суннат ва ҷамоат он аст, ки агар мӯъмине сад ҳазор мӯъминро бикушад, ё сад ҳазор бор зино кунад, ё солҳо хамр хӯрад, аз мусулмонӣ берун наравад, то кофир нашавад. Ва мусулмон низ агар ҳама кирдори бад бикунад, аз мусулмонӣ берун наравад, то кофир нашавад. Ва ин далели ақлии назарист.”
Дар ҳақиқат ин сухани Ҳаким Самарқандӣ нишона аз таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ аст. Ӯ ин сухани худро дар асоси оятҳои қуръонӣ собит мекунад: “Ва Ҳақ Таъоло зонӣ ва майхора ва кушандаро тавба фармуд ва ба тавба хонд ва ҳамаро мӯъмин хонду гуфт: “Ва тубу ила-л-лоҳи тавбатан насуҳо (тарҷума: Эй касоне, ки имон овардед, ба сӯи Худованд тавбаи насуҳона кунед) (Сураи Таҳрим, ояти 8)”. Ҳакими Самарқандӣ дар шарҳи ин оят чунин менависад: “Ва ин касон агар ба гуноҳ кофир шудандӣ, боистӣ, ки чунин гуфт, ки «ё айюҳо-л-кофируна тубу ила-л-Лоҳи (тарҷ: Эй кофирон, ба сӯи Худо тавба кунед)”. Дар ҳоле, ки Худованд анҷомдиҳандагони чунин амалҳоро кофир нахонд, чи касе ҷуръат дорад, ки онҳоро ба куфр муттаҳам созад.
Ҳакими Самарқандӣ баъд аз овардани оятҳои бешумор, чунин ривоятеро овардааст: “Пас, бояд донист, ки ҳеч кас ба гуноҳ кофир нашавад. Ва андар хабар аст, ки чиҳил тан аз ёрони Расул, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, аз он касон, ки пайдо ва ҳозир буданд, гуфтанд: «Мо гувоҳӣ диҳем, ки Расул, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: «Ҳафт чиз аз мусулмонӣ аст, ҳар ки аз он ҳафт чиз сар битобад, аз роҳи суннат ва ҷамоат сар битофта бошад: аввал он аст, ки гувоҳӣ надиҳед бар аҳли қибла ба кофирӣ ва на ба ширк ва на ба нифоқ ва сирҳои эшон ба Худои Таъоло бигузоред; дуюм он, ки ҳар ки аз аҳли қибла бимирад, бар вай намоз кунед; сеюм, аз паси ҳар неку бад намоз кунед ва намози идайн ва намози одина бигузоред...”.
Пас, ба ҳақиқат бидон, ки агар касе гуноҳ бисёр дорад ва он гуноҳро гуноҳ донад, ӯ мӯъмин бувад, ҳаққан, бешак. Ва агар тавба кунад, Худои Таъоло онро биёмурзад. Ва агар бе тавба аз ин ҷаҳон берун равад, он дар машийяти Ҳақ бошад, хоҳад биёмурзад ба фазли Хеш ва хоҳад азоб кунад ба адли Хеш ба андозаи гуноҳ ва боз ба биҳишт фиристад вайро ба раҳмати Хеш.
Дар замони Ҳакими Самарқандӣ як идда гурӯҳу ҷараёнҳои хусусияти ифротидошта вуҷуд доштанд, ки Ҳакими Самарқандӣ аз онҳо ёдовар мешавад: “Ҳар ки гӯяд: «Бандаи мӯъмин ба гуноҳ кофир шавад», он ҳарурӣ бошад ва хавориҷ”. Дар ҳақиқат хавориҷ яке аз гурӯҳҳои ифротие буд, ки аксаран пайравони ҷараёни экстремистии салафия дар такя бо андешаҳои хавориҷ фаъолият мекунанд. Дар охири боби мазкур Ҳакими Самарқандӣ чунин мегӯяд: “Ва ҳар ки гӯяд: «Чун мӯъмин гуноҳ кунад, пас тавба кунад, Ҳақ Таъоло онро биёмурзад ва агар бе тавба аз дунё берун равад, ба қадри гуноҳаш уқубат кунад ва боз ба биҳишт фиристад», он кас суннатӣ ва ҷамоатӣ бошад. Ин миқдор бас бувад хирадмандро».
Дар ҳақиқат Ҳакими Самарқандӣ дар такя бо мазҳаби ҳанафӣ андешаҳои таҳаммулпазиронаро дар мавриди мусалмонҳо пешниҳод намудааст ва ҳамин андешаҳо аст, ки миқдори зиёди мусалмонҳои рӯи дунёро пайравони мазҳаби ҳанафӣ ташкил медиҳанд ва дар ҷаҳони мусалмонӣ ҳамчун мазҳаби таҳаммулпазир шинохта шудааст.
Рамазониён Аҳтам Бобосафар – мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи исломӣ