Диде ба ХУРОФОТ

(Дар Ҳошияи Паёми Пешвои миллат аз 21.12.2022)
Вақти он аст, ки аз хоби ҷаҳолат сари хеш,
Бар канӣ, то ба сарат барвазад аз илм насим. Мавлоно
Хурофот вожаи арабист ва решаи он "хараф" ба маънои "чидани мева" ё "пирӣ ва фасод" аст. Хуроф ба маънии гўсфанд, ҷамъи хурофот вожаи арабист, ки ба маънои вожаи шодмоние, ки асоси ботил дорад ва дар форсӣ ба маънии вожаҳои дурӯғ ва афсонаҳое, ки асл надоранд, вале хушоянд ва писандидаанд ва дар зингдагии воқеии мардум нақш доранд, омадааст. Истилоҳи хурофот эътиқоди беасос аст, ки бо ақл, мантиқ, илм, дин ва воқеият созгор нест. 
Хурофот ва андешаву амалҳои марбут ба он таърихи тўлонӣ дошта, дар ҳар як ҷомеа новобаста ба сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ хурофот решаҳои фалсафӣ-равонӣ иҷтимоӣ ва динӣ дорад. Хурофот дар илм ва дин таърифи гуногун дошта, аксарияти ин таърифҳо нисбӣ мебошанд. Мутобиқ бо таълимоти динӣ хурофот бовариҳое мебошанд, ки бар матни аслии дин созгор нестанд ва пайравони он дин ин амалҳоро дар асли диндории худ хурофот меҳисобад. Ё андеша ва амале, ки бевосита бо Худованд пайванд намекунанд, яъне аҳкоми динӣ нестанд. Шарҳи илмии хурофот ин аст, ки ҳар чизе бо илм созгор нест ва бархўрд бо илм дорад ва илм онро дар таҷриба собит насозад хурофот аст.
Аз рӯи таъриф ва вижагиҳои мухталифи он метавон гуфт: «Хурофот маҷмўи силсилабоварҳо, ақоид ва амалҳои шаклгирифтае, ки дар зеҳни мардум ҷой гирифтаанд ва иҷрои онҳо қудсият пайдо кардааст». Ба таври дақиқ шарҳ додани сабабҳои хурофот қариб ғайриимкон аст. Шояд сабаб дар баъзе зуҳуроти табиӣ бошад, ки одамонро бо асрори худ ва ё ҳодисаҳое метарсонад, ва одмон бо ин роҳ мехоҳанд ин зуҳуротро пешгирӣ кунанд. Аз ин дидгоҳ илм майли инсонро барои донистани олами атрофаш тақвият медиҳад. Хурофот эътиқод ба амали қувваҳое мебошад, ки бо қонунҳои табиат шарҳ дода намешаванд ва ба ҳаёти одамон ва ҳайвонот таъсири судманд ё зараровар мерасонанд, 
Ба маврид меҳисобем, ки чанд намунаи таърифи онро баён созам:
Хурофот – Эътиқод ба он ки баъзе падидаҳо зуҳури қувваҳои ғайритабиӣ ё ояндабинӣ мебошанд. Л. Леви-Брюль   
Хурофот - эътиқод ба аломатҳои ғайритабиӣ, пурасрор аст. В. Мезенцева,
Хурофот кӯшиш мекунад, ки воқеиятро ба ягон маъно тобеъ созад. Г.Г. Почепцов 
Хурофот ин хоҳиши маъни додан ба чизест, ки маъное надорад.   Степанов А.М.
Дар аксарияти маврид дар мизони се ченакӣ асосӣ хурофотро муайян мекунанд: 1. Маърифатӣ; 2. Равонӣ; 3. Рафтор ё амалӣ.
Маҷмўи маърифат, дониш, эътиқод ва ақидаҳое, ки дар натиҷаи муносибат бо падидаҳои олам ба даст омада, дидгоҳи инсонро нисбат ба табиат ташаккул медиҳад.
Ангезаҳои равонӣ ин шавқу рағбат, ангеза ва майлҳое, ки дар инсон пас аз донистани падидаҳо ташаккул меёбанд.
Пас аз ба даст овардани маърифат, дониш ва эътиқод, таваҷҷӯҳ ва ангезаи инсон аз рўи он амал ё вазифаҳоро иҷро кунад. 
Дар ҳамаи ҷомеа инсонӣ сабаб ва омилҳои пайдоиши хурофот гуногунанд, вале бархе аз омилҳоро метавон меҳварӣ маҳсуб донист: 
-Мавҷудияти табъиз ва эҳсоси беадолатӣ, ҷаҳолат дар заминаҳои ҷомеа, барои ба хаёлу хурофот рафтани мардум нақши муассир дорад, зеро як навъ ноумедӣ ва шубҳа дар бораи бетаъсир будани омилхои аслии саодати зиндагӣ, яъне ақл, дин, тақво, илм, адолат ва дар мардум пайдо мешавад.  
 - Табиати инсон бо эҳсосоти ботиниаш, ба ду унсур; тарс ва умед побанд, аст, ки муносибат ба ин унсурҳои ҳаётӣ асоси пайдоиши хурофот дар зеҳни ҳар як инсон мебошад.
- Дар таҷриба собит гардидааст, ки агар ягон кори одам барор нагирад, ба ҷои дақиқ кардани сабабҳои объективӣ, кушиш мекунад, натиҷаи нобарор шудани корашро ба чизхои хаёлӣ пайванд карда, рӯҳияи хурофотӣ пайдо мекунад.
-Тақлиди кур-курона ба гуфтору амалҳои беасосӣ динӣ заминаи хурофот аст. Агар иллати ҳодисаро надонад бешак, агар диндор бошад онро мазмуни динӣ медиҳад. 
- Дар тўли ҳаёти инсоният хурофот онро ҳамроҳӣ намуда, дар се самти асосӣ бештар шакл гирифтааст; фалсафӣ-равонӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва динӣ. Аз диди фалсафӣ хурофот таваҷўҳ ба воқеияти замон бар асоси  ривоят ё  хаёлоти равонӣ бидуни таҷриба буда, зеҳни инсон аз ҳар як падида метавонад бардоштҳои нодуруст дошта бошад Аммо бовариҳои дуруст ва нодуруст аз нигоҳи  фалсафа низ ягона набуда, фаҳм ва шарҳи масъалаҳои меҳварӣ аз ҳамдигар фарқ доранд. Зеро масъалаи дарки офариниши инсон, иртиботи инсон ва табиат диди мухталиф мавҷуданд. Бо забони соддатар гўем баъзе мактабҳои фалсафӣ аз нигоҳи илм мавҷудияти Офаридагорро инкор мекунанд, ки дигар на танҳо ҳамаи динҳо, амалҳо ва фаҳмишҳои динӣ аз диди ҳамин илм хурофот маҳсуб меёбанд, балки дидгоҳи мактабҳои фалсафӣ низ хурофот маҳсуб меёбад. Аз дидгоҳи чунин файласуфон дин ба кулли дар назди фалсафа хурофот аст. Дар натиҷа дарки оламро аз диди дин инкор карда, дарки ҳар касро махсуси худ меҳисобад, ки ин ҳам воқеят нест. Дар ҳоле, ки худи фалсафа асосҳои илмии дақиқро бар исботи масъала баён намекунад ва динро хаёлоти зеҳнӣ маҳсуб медонад.  
-Инчунин падидаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фарогири боварҳо, эътиқод одоб расму маросим ҳунарҳои як миллат ё қавм буда, ин арзишҳо ҷузъи фарҳанги як ҷомеа ё миллатанд, вале аз диди дигарон метавон хурофот ном бурд. Чунин баҳогузорӣ ҳангоми истилои ин ё он сарзаминҳо аз ҷониби аҷнабиён, ки ба фарҳанги мардуми бумӣ робита надоштанд, дида мешавад. Масалан, маҳкум шудани мероси тоҷикон аз ҷониби араб ва ё аз ҷониби лашкари мусулмонон зери шиори ислом ба хурофот маҳкум кардани анънаву маросими халқи ҳинду дар вақти истилои ѓазнавиён ва темуриён дидан мумкин аст. 
Дар ин маврид бояд масъала аз диди ҷомеашиносӣ таҳқиқ ва таҳлил гардад, то аз дохили ин фарҳанг омилҳои хурофотиро берун кард. Зеро дар батни ҳар фарҳанг маросим анъана бовариҳо арзишҳо одатҳо ва фаҳмишҳои нодуруст вуҷуд доранд. Аммо дар марҳалаи аввал дар зеҳнӣ инсон дарку фаҳми ин ё он падида бар марҳалаи тафаккури ақлонӣ камтар робита дошта, ба таври стихиявӣ инсон онро қабул ва аз рўи фаҳмишҳои худ амал мекунад. Шояд ин амалҳои аз диди дигарон хурофот, вале ин амалҳо ҷузъи зиндагии фард ё қавм ё миллат мебошанд. Ба андешаи Огиюст Конт хурофот яке аз мароҳили рушди зеҳнӣ, ки  аз назари сатҳӣ аз маҷмўи фаҳму амалҳои ақлонӣ поёнтар аст аст ва он зинаи аввали протсесси тафаккурронӣ қарор дорад. Муаммо дар он аст, ки барои дарки дуруст ва амиқи айни падидаҳо бояд тавре муносибат кард, ки шинохт яктарафа ва дар омўзиши воқеъият таъсире нарасонад. Зеро тақсимбандии арзишӣ ѓайриимкон аст ва  меёри ҷудосозии хурофот аз ѓайрихурофот танҳо агар динро қарор диҳем, ин мушкилоти зиёдро эҷод мекунад. Агар дар тавозуни эътиқоди динӣ муайян намудани ин арзишҳо асос қарор диҳем, пас мероси қабл аз исломии мо ба кулли маҳкум ба хурофот мешавад. Мисол: Баҳс дар бораи се рўзагӣ. Дар мо се рўзагӣ ҳамчун хурофоти динӣ гуфта, онро бо назардошти гуфтори диндорон бекор кардем. Вале дар асл дар мантиқаҳои бисёри Тоҷикистон ин маърака аз даврони меҳрпарастӣ ва зардуштӣ боқӣ монда буд. Дар асл маънояш ин буд, ки  баъди 3 рўз таоми аз гандуми куфта ба мусибатдорон медоданд, ки аломати идомаи зиндагӣ буд. Рўҳи даргузашта бошад  пас дидани иқдому умеди хонавода ба оянда, хонаро тарк мекунад. Бо анҷом додани баъзе амалҳои дигар мардум аз нигоҳи равонӣ ором мешавад, ки вазифаву масъулияти худро дар нисбати арвохӣ гузашта иҷро кардааст. Ва онро мақоли мардумӣ «Худозада бошу арвоҳ зала не» собит мекунад. Дар шаклҳои гуногун маъракаҳои зиёд бо номи бегоҳи серузагӣ машҳуранд. Ин маъракаро дар даврони баъди ислом хотирҷамъӣ номгузорӣ карданд, ки аз асли решаи маънавияш дур нарафт. Бо мурури замон он арзиши маънавии худро аз даст дода, танҳо маънои моддӣ гирифта, ба маъракаи калон табдил ёфт, ки масрафоти беҳудаи зиёд мекарданд. Ҳадаф аз танзим ҳам маънои эҳёи хусусияти маънавии ин маърака буд, на барҳам додани он ҳамчун хурофот, ки ба қисмати модии он дахл дошт. Дар асли решаи маънавияш дар зеҳни мардум ин хурофот набуд, танҳо зиёфати таоми ва масрафот онро аз нигоҳи дин ба хурофот бурд. Албатта аз диди дин ин шояд хурофот бошад, вале ин реша дар фарҳанги то исломии мардум дошт. Агар мо дар тарозўи дин меёри танзим қарор диҳем, дар ин сурат тамоми анъанаву маросими қабл аз исломии мо аз нигоҳи дин маънои хурофот мегирад. Чунин муносибатро имрўз дар тарѓиботи баъзе ҷараёнҳои нави динӣ мебинем. Ин анъанаву маросимҳо воқеиятҳои иҷтимоӣ - фарҳангӣ мебошанд, ки бо фаҳмишҳои мардумӣ пайвастагӣ доранд. Дар даврони баъзе аз халифаҳои арабӣ барои таҷлили Наврўз боҷи иловагӣ ҷорӣ карданд, вале мардум онро таҷлил мекард. Бинобар ин пажӯҳиши решаи иҷтимоии ин падидаҳо зарур аст. Ба андешаи Дюркгейм шинохти объективии ходисахои чамъиятиро вобаста ба арзиши онҳо арзёбӣ кард. Дар ин маврид хурофот он чизест, ки мардум онро хурофот медонанд.
Ахмақ китоб диду гумон кард, ки олим аст,
Худбин ба кишти омаду, пиндошт нохудост.   Мавлоно.
-Хурофот падидаи нохушоянд барои ҷомеа аст ва агар либоси динро ба бар кунад хатараш ба маротиб шадидтар аст. Аз ин рӯ, бадтарин намуди хурофот ҳамеша хурофоти динӣ аст, зеро тамоми афкору аъмоли диндор зери андешаи хурофотӣ қарор гирифта, асли дин он ҷо беарзиш мегардад. Вақте Иброҳим писари Расули Худо (с) даргузашт, гирифтани офтоб рўй дод ва мардум гуфтанд, ки шояд ба сабаби марги писари Паёмбар (с) гирифта шавад; Аммо Расули Худо (с) аз шунидани чунин овозаҳо асабонӣ шуд ва ба минбар баромада гуфтанд, ки гардиши коинот ба иродаи Парвардигор аст ва ин кор ба мусибати ман ягон робита надорад ва аз минбар фуромад ва намоз хонд. Дар аксар маврид инсон ба ҷои боварӣ ба ҳақиқат бо сабабҳои зоҳиру ғайривоқеӣ қаноат мекунад. Чунинанд суннат ва амалҳо, ки на бар ақлу хирад, балки бар хобе, ки касе дидааст ва ё коре, ки аз гузаштагон ва амсоли он ба ёд омадааст амал мекунанд.
Яке аз омилҳои хурофот аз нигоҳи дин ин сеҳру ҷоду аст. Аммо дар ибтидои пайдоиш дин бо ҷодугарӣ бо ҳам омехта буданд ва вазифаи ҳардуи онҳо кўмак ба одам буд. Яъне дар ҳаёти инсоният ҷодугарӣ, дин ва ҳам илм як вазифаро иҷро карданд. Минбаъд дар таълимоти динҳои самовӣ ҷоду ва хурофот мухолифи дин маънидод шуда, таъкиди қатъиян дурӣ ҷустан аз онҳо барои пайравонашон карданд. Алоқаи дину хурофот ва ҷамбастагии ин ду тоифа бо ҳам замоне ташаккул ва тақвият ёфт. Чун давраи паёмбарони илоҳӣ ҳар қадар дарозтар бошад, эҳтимоли олудашавӣ ҳамон қадар бештар мешавад. 
Гап дар сари он аст, ки хурофот ва урфу одатҳо дар байни хамаи нажодхо ва миллатхо пахн шудаанд Аз ин рӯ, ҷомеа ва уммати исломиро набояд аз ин вазъият истисно кард. Дар миёни мусулмонон низ як теъдод андешаҳое ворид шуданд, ки бо далели надоштани дарки дуруст ва ё муѓризона аз масъала аз ҷониби ашхоси манфитҷў суиистифода мешаванд. Паёмбари гиромии ислом (с) дар асоси дустури илоҳӣ талош кард, ки ақл дар меҳвари амал қарор дода, андешаву амалҳои ақибмонда ва беарзиши хурофотиро аз байн барад ва ба ҷои он фарҳанги нави ақлонӣ биёрад, ки Қуръон 7-157 дар мавриди баёни рисолати Паёмбар (с) омадааст: «бори гаронашонро аз дӯшашон бар медорад ва банду занҷирашонро мекушояд». Банду занҷирашон маънои нигоҳ доштан ва зиндон кардани ақл аст, ки инсонро аз фаъолият бозмедорад. Дар ҳоле, ки дар ҳадисе Паёмбар фармуданд: Ҳар кӣ аз ман ҳадиси дурӯғ бигӯяд, аз дурӯғгӯён аст, яъне дар он замон бофтани ҳадиси дурўѓ бар Паёмбар маъмул буд. Инчунин диққати мардумро ба таъкиди Қуръон 13-11: «Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд» ҷалб мекард. 
Хурофот бар пояи номуайян будани моҳияти ин ё он ҳодиса ривоҷ мегирад. Масалан, эътиқоди динии мардум  дар бораи марг ва дунё пас аз он ҳамеша бо тарсу ҳарос алоқаманд аст. Ҳарчанд васфи он дар Қуръон ва ҳадис ва китобҳои динии дигар муайян шудааст, аммо дар ҷомеае, ки аз дин бар пояи ақл нест ривоҷ хоҳад кард. Ҳаёти инсоният пур аз  арзишҳо  меъёрҳо, урфу одатҳо ва эътиқодҳои оқилона, эътиқод ва рафторҳои ғайримантиқӣ ва ѓайридинӣ аст. Вақте ки ин тасаввуроти ғалат дар арсаи дин зуҳур мекунанд, фарқ кардани ҳақ аз ботил  мушкил мешавад. Бо ривоҷи ислом табақаи махсуси соҳибони дин ва шариат пайдо шуданд, ки танҳо онҳо ҳуқуқи аз номи Паёмбар ва Худо ҳарф задан доштанд, балки ҳокмияти мутлақи динро ба даст гирифтанд. Рӯҳониён аз муҳимтарин рукнҳои сохтори амалӣ ва низоми динӣ  ба шумор мерафтанд. Дар кишварҳои мусулмонӣ рӯҳониён дар қонунӣ кардани ҳукумат нақши муҳим бозиданд ва бо унвонҳои муфтӣ, қозӣ, шайхулислом вориди сохтори сиёсӣ гардида, барои машрўъияти динӣ додани низоми сиёсӣ боз як теъдод хурофоту бидъатҳои нав сохтанд.     Пайванди хурофот бо эътиқоди динии ҳукумати сиёсӣ дар кишварҳои мусулмонӣ як амалӣ муқаррарӣ аст. Як теъдоди муайяни расму оинҳоро  ҳамин низомҳои сиёсии динӣ таҳмил карданд. Намунаи ду сулолаи сиёсиро мегирем. Дар даврони Сафавиён бо далели бартарии арзишҳои динӣ дар ҷомеа ва наздикии сиёсат ва дин ҳокимияти сиёсӣ муқаддас ва маъсум медонистанд ва иоъат ба ӯ як амри динӣ буд; Дар натиҷа дин дар ин давра василаи амалӣ намудани ҳокимият шуд. Тарғиби бархе аз хурофотҳо дар шаклу мазмуни динӣ ривоҷ ёфт. Ҳамчунин низоми сиёсии туркҳо дар даврони Салчуқ ва баъди он ҳам чунин хурофотҳои зиёди диниро сохт, ки қудсияти ҳокимияти онро таъмин мекарданд. Тибқи ривоят гўё амир Салҷуқ дар хоб Паёмбарро дидааст ва уламои динӣ онро таъбир карданд, ки Паёмбар аз ҳокимияти амири турк дар ҳокмиятдорӣ розӣ аст. Дар ин маврид худи диндорон хурофот сохтанд ва онро маънои динӣ доданд. Дар натиҷа мухолифат ба қарорҳои подшоҳ ва даст кашидан аз татбиқи онҳо як навъ муқобилият ба ҳукми Худо маънидод мешуд ва албатта ин гуноҳ дониста мешуд на ҷиноят ва барои ин амал одамро ҳамчун душмани дин ҷазо медоданд. Куҷо гуфтори Худо-куҷост фатвои ин муфтхўрон аз номи дини ислом!  Аҷиб!!!  Ислом аз оѓоз бо тамоми тавоноӣ ва қудрати худ бар зидди хурофот мубориза мебурд ва саъй мекард, ки ақли инсонро аз нопокиҳо ва хаёлҳо ва ба сўи ақ, хирад ва мантиқ ҳидоят намояд, ки намунаи амалии онро дар бархурд бо баъзе хаёлҳо метавон ёфт. Дар ин матлаб ба чанд нуктае, ки муборизаи исломро бо хурофот ва хурофотгароӣ нишон медиҳанд, ки тавре дида мешавад, дар Қуръон 135 оят дар мавриди ташвиқ ба «фикр», «ақл», «тафаккур», «омӯхтани ақли пок», «ҳуш» ва «фаҳмиши олӣ» омадааст. Агар хохем, ки вожахои дигареро, ки бавосита таъкиди зарурати таквияти ин падидаҳоро доранд, аз кабили ёдоварӣ, шумори оёти дахлдор аз 300 зиёд мешавад. Моҳияти даъват ба тафаккур инсонро аз пазируфтани нақли беасос ва тақлиди кур-курона ба дигарон ҳушдор додааст. Дин дар баробари илм, маърифат, озодӣ  намунаи  устувори рукни зиндагии  маънавии инсон аст, ки ба ҳаёти инсон маъно, иззату шаъну шараф мебахшад ва аз асорат ва дилбастагӣ ва пайвастагии нафсу ваҳшоният раҳо мекунад. Иштибоҳи  шарҳи дин аз диди як фард шеваи бардошти ў аз дин аст, ки метавонад ба асли дин куллан муқобил бошад. Ҷорӣ кардани хурофот дар дин, нишон додани чеҳраҳои хаёлӣ ва тахайюлӣ ва ғайривоқеии дин як тасвири ғайривоқеӣ ва ғайри қобили қабули динро ба вуҷуд меорад. 
Бинобар ин тақлид дар умдаҳои дин ҷоиз нест ва бояд ин аслҳоро бо андеша, пажӯҳиш ва ақл бипазирад ва ба онҳо мутмаъин бошад. Аз ин рӯ, эътиқод бо омӯзиш ва пажӯҳиш паҳнои иттилооти диниро афзун мегардонад,
Бинобар ин зарурати мубориза ба мукобили хурофот дар замони мо принсипи раднашаванда мебошад. Дар ин роҳ нахуст, замина, шаклҳо ва унсуру маънии хурофотро дуруст фахмидан лозим аст ва дар баробари ин набояд хурофотро танҳо дар мизони динӣ муайян кард. Ин масъала таҳқиқи хурофотро аз ҷомеаро рад накарда, балки зарурати талилу омўзиши ҳамаҷонибаи онро пеш овардааст, ки мероси маънавии фарҳангии миллат ҳифз шавад.
Маҳрам Анварзода - котиби илмии Маркази исломшиносӣ

Яндекс.Метрика