Таносуби дин ва дунё аз муҳимтарин ҷанбаҳои таълимоти фалсафии Ҳамудуддини Кирмонӣ мебошад. Дар осори Ҳамудуддини Кирмонӣ метавон кӯшишҳоеро ҷиҳати «оштӣ додани дин ва дунё» пайдо намуд. Мутафаккир мардумро ба дарки амиқи моҳияти олами воқеӣ, инсон ва фарди алоҳида ҷалб намуда, мақоми инсонро дар ҳаёти моддӣ ва моҳияти умумии вуҷудияти ӯ нишон додааст.
Масъалаи дин ва дунёи инсон ҳамчун машокили фалсафӣ дар таълимоти Ҳамудуддини Кирмонӣ мавзуи алоҳида набуда, танҳо дар доираи мавзуоти фалсафи баррасӣ шудааст. Моҳияти ин масъаларо пеш аз ҳама дар таъвили маърифати олам ва сохтори он бояд ҷуст, зеро мутафаккир чун ҳамаи файласуфони замони худ, мавҷудияти ду навъи олам – рӯҳонӣ ва моддиро эътироф кардааст. Пас, мавҷудияти олами руҳонӣ аз тариқи олами ҷисмонӣ, ки инсон дар меҳвари он аст, субот мепазирад [1, с. 113].
Дар робита ба ин масъала, мутафаккир аввал фаҳмиши моҳияти Худо ва Табиат ва таносуби онҳоро ба миён мегузорад. Тибқи ақидаи мутафаккир, олами мавҷуд ва офаридашуда мабдаъ ва маъоди худро, яъне оғозу анҷом, ибтидо ва интиҳо дорад. Ӯ ин матлабро чунин иброз намудааст: «Чун ҳар маълуле дорои иллате аст, каронаи аввал вуҷуди ӯст ва муҳит бар ӯ қарор дорад, табиат низ ба ҳукми ин ки маълул аст, пас дорои иллат ва каронаи нахустӣ аст, ки вуҷуди ӯ аз он оғоз мешавад. Каронаи аввали табиат ва иллати вуҷуди он ҳамон мубдеъ ё мавҷуди аввал аст. Табиат дорои мавзуе аст, ки иллати вуҷудаш дар он қарор дорад ва мутобиқи тартиби куллии илоҳӣ дар миёни мавҷудоти ҳастӣ аз иллат ба маълуле интиқол меёбад, то дар ниҳоят ба каронаи дувуми ҳастӣ хатм мегардад, каронае, ки муҳот (марказ) аст ва пас аз ӯ дигар маълуле вуҷуд надорад ва дар интиҳои ҳастӣ қарор дорад» [7, с. 84].
Аз иқтибоси боло чунин хулоса намудан ба маврид аст, ки мутафаккир каронаи аввали табиатро ҳамон мубдеъ ё мавҷуди аввал меҳисобад, каронаи дуюм худ ҳамон ҳастӣ ё олами воқеӣ аст ки ба зоҳир инсон онро мушоҳида ва маърифат карда метавонад. Дар ин андешаи мутафаккир майлони ақлонӣ дида мешавад, ки ба дарку фаҳмиши масоили дунявӣ қаробати наздик дорад. Аммо дар маҷмуъ, ин андешаи мутафаккир ҳамон назарияи фаязон (эманатсия) – усули динӣ теологии дарки олами мавҷуд буда, онро аз контекстӣ дин берун овардан маҳол аст. Мутафаккир оид ба тавозуни миёни олами сағир ва олами кабир изҳори назар намуда, табиатро миёни ин ду карона нишон додааст: «Пас тавозун миёни олами сағир ва олами кабир бо олами дин ба таври комил барқарор аст.Чун олами дин мисли олами сағир монанди олами кабир аст ва ҳеҷ тафовуте миёни онҳо нест. Пас, табиат миёни ду карона ё ниҳоят ошкор шудааст: каронаи аввал олами ибдоъ ва каронаи дуввум инсон аст. Инсон мавҷудест, ки тамоми фазоилро дар худ гирд оварда ва тамоми анвори муассири аволии мухталиф ба ӯ хатм мешавад ва ин инсон ақли билфеъл аст, ки аз тариқи инбиоси дувум мунбаис шудааст ва чун ниҳоят аз каронаи дувуми ҳастӣ аст, дуруст монанди каронаи аввали ҳастӣ аз камолот бархӯрдор аст» [7, с. 84]. Аз ин нукот таваҷҷуҳ кунем дарёфтан мумкин аст, ки табиат аз ду тараф намудор ҳаст, олами ибдоъ (олами безамонӣ. – И.Қ.) ва инсон, ҳамон офаринши нахустини олам буда, мавҷуди инсон он фазоилро дорад, ки тамоми ановири муассирро маърифат мекунад. Аз назари дигар, инсон дорои ақли билфеъл буда, аввалин адвор ба ҳисоб меравад [1, с. 114].
Ба андешаи Ҳамудуддини Кирмонӣ табиат офаридагори олами моддӣ набуда, «лобуд ҷавҳар аст, аз баҳри он ки феълан андар ҷавҳари ҷисм аст» ва тибиатро Ҳамудуддини Кирмонӣ ба масал ба «фаррошу канносе» ташбеҳ додааст, ки он «ҳаме оламро аз олоишҳо ва омезишҳои шӯрида бишӯяду покиза кунад» [7. с. 74].
Агар ба ин нукот амиқтар таваҷҷӯҳ кунем, дарёфтан мумкин аст, ки Ҳамудуддини Кирмонӣ табиати куллиро чун як восита ва миёнҷии байни мавҷудоти моддӣ ва Нафси Куллӣ донистааст, ки он оламро аз пайвастагӣ бо «олоишҳо ва омезишҳои шӯрида» – олами маҳсус аз тавлидот то ба мирандагиҳои аносири он нигоҳ медорад.
Дар таълимоти Ҳамудуддини Кирмонӣ Худо тавассути ду миёнрави хеш – Ақли Кулл ва Нафси Кулл аз дахолати бевосита ба умури олами моддӣ, аз имкони олоиш дар касодҳо ва фасодҳои мавҷудоти моддӣ дур шудааст. Ҳамин тариқ, дар силсилаи андешаҳои Ҳамудуддини Кирмонӣ шарҳу баёни ҳувияти Худо ва моҳияти Табиат то ба тафсири вазифаҳои онҳо ҷараён гирифта, он аз тафсири дараҷаҳои болотари маротиби вуҷуди олам то баррасии масъалаи таносуби дин ва дунёи инсон дар олами моддӣ, амиқтараш дар ҷомеъа ва муҳити онро фаро гирифтааст.
Бояд мутазаккир шуд, ки Ҳамудуддини Кирмонӣ дар нисбати «дин» ва «дунё» ҳамчун ду истилоҳе, ки дар таълимоти ӯ ҷуфт истифода шудааст, ду ҷанбаи як масъаларо байн ва шарҳу тавзеҳ намудааст, барои ҳар кадоми онҳо таърифи ҷудогонаи динӣ ё фалсафаии махсусро истифода нанамудааст [1, с. 115].
Аммо ҳангоми тавзеҳ ёфтани ягон мавзуи мушаххас, ҳамон маъние ба миён меояд, ки дар фаҳмиши файласуфони асримиёнагии ислом маъмул буд. Масалан, дар ҷавоби ҳукамои фалосифа дар боби усул ва фурӯъи мавҷудоти олам, Кирмонӣ ақоиди эшонро ҷонибдорӣ намуда, фармудааст, ки «андар ин тафсил хилофе нест, ки фалосифа гуфтанд, валекин ваъзи дини Худой бар мисолаи дунёст, аз баҳри он ки дунёро вуҷуд ба Ақли Худой аст ва динро вазъ ба фармони Худост» [7, с. 56]. Зери мафҳуми Ақл дар ин ҷо таҷаллӣ ва ё фаязони дуввумини Худо-Ақли Кулл дар назар дошта мешавад, ки аз байни мавҷудоти боқӣ танҳо барои инсон муваккал аст ва бо назардошти яке аз чунин бартариаш инсон «андар Замин ноиби Сонеъи олам аст». Дар навбати худ инсон низ дорои ду табиат – моддӣ ва рӯҳонӣ аст, ки мутаносибан аз нафси латиф ва ҷисм-колбади касиф ташаккул меёбад ва он моҳиятан аз таъвили масъалаи дин ва дунё сарчашма мегирад.
Ҳамчунин, Ҳамудуддини Кирмонӣ дар тавофути дин ва дунё ҳадди муайян гузошта, ҳангоми таҳлили мавзуъ равшан ишора мекунад, ки «ин ҷавоби дин аст» ва «аммо сухани мо андар ин савол чунон аст». Дар назари аввал чунин ба чашм мерасад, ки Кирмонӣ миёни дин ва фалсафа рӯирост тафриқаи бузург мегузорад ва ҳақиқатан ҳам дар баъзе саҳифаҳои кутубаш ба чунин майлон бархурд кардан мумкин аст. Масалан, дар «Роҳат-ул-ақл» оварда шудааст: «Ин низ мисли он аст, ки ... чашми басираташро забарҷади дин барканд, то роҳи ҳаққро надид ва бечашм монд. Ва ҳарчанд пеши расул омад, мар ӯро роҳ натавонистӣ намудан... Ин ҷавобе динӣ аст... Ва аммо сухани мо андар ин с суол, к-аз он, яке шикастани сурб гуфт алмосро ва дигарӣ гуфт: «ба шаҳри Аҳвоз аз таб касе холӣ намонад» ва сеюмӣ гуфт: «ба Тиббит андар ҳеҷ кас ғамгин набошад...» ва шарҳу эзоҳи ин масъалаҳо дигар аст [7, с. 54]. Ҳарчанд дар ин ҷо ба маънои фалсафии масъалаҳои зикршуда аз ҷониби Кирмонӣ ишоре нашуда ва ӯ хешро дар ягон ҷо файласуф наномидааст, аммо ҳаққонияти андешаҳои фалсафаи ӯро дарёфтан мушкил нест. Аз ҷониби дигар, андешаҳои ӯ аксар бо ақоиди файласуфон муқобил буда, мутафаккир ақидаҳои файласуфонро ботил шумурдааст [7, с. 44].
Ҳамудуддини Кирмонӣ инсонро дар муқоиса бо маъодин, наботот ва ҳайвонот «гавҳари гаронмоя» номидааст, бо он далел, ки агар пойдории маъодину наботот бар табоеъ ва ҳайвон бар наботот бошад, мардум барои ба даст овардани фоидаи хеш метавонад ҳар сеи онҳоро таҳти тасарруф қарор бидиҳад ва аслиҳаи асосии ӯ дар ин кор илму дониш аст. Албатта, ин фикр он маъноро надорад, ки агар он се мавҷуд таҳти тасарруфи инсон қарор дошта бошанд, пас бибоист хизмати инсонро бе дахолати худаш ба ҷо биёранд. Ба андешаи Кирмонӣ, инсон бояд ҳамеша дар ҷараёни маърифати хеш ва олами ӯро иҳотакарда бошад, бояд биёмӯзад ва бидонад, ки ӯро аз баҳри чӣ офаридаанд. Ва низ набояд рӯзи берун шудан аз ин олам ҳамчуноне бошад, ки ба ин олам омада буд [7, с. 124].
Ҳамудуддини Кирмонӣ тамоми аҳкоми диниро дар таносуб бо аъмоли воқеии инсон дар рӯи замин арзёбӣ намудааст ва инсонро хизматгори дин донистааст. Ин матлабро мутафаккир дар китоби «Роҳат-ул-ақл» дар ҳар як масъалаи баҳскардааш пайваста такрор намуда, таъкид мекунад, ки тамоми савоби кори дунё дар дасти инсон аст. Роҳати инсон аз истифодаи илму дониши андӯхтааш бо хоҳиши «дил ё ҳуши тамом» ва «тани дуруст» дар ихтиёри амали ӯст. Маҳз ба ҳам пайванд сохтани илму амал барои инсон имконият фароҳам меорад, то дурри мақсуд ба даст биёварад. «Ва ҳар касе, ки ӯ донотар аст, аз дунё ҳеҷ бок надорад [7, с. 124].
Дар олами моддию ҷисмонӣ инсон «подшоҳи мавҷудот» аст ва истифода аз онҳо вобастаи ақлу заковати худи ӯст.
Ҳамудуддини Кирмонӣ чунон ки зикр намудем, дар ҳаллу фасли ин ё он мавзуъ ба ҳадди истиғроқ нарафта, ҷанбаҳои онро танҳо дар доираи дин ё фақат дар ҳудуди фалсафа шарҳ надодааст. Тамоми ҳодисоти олами моддӣ, ба ақидаи ӯ, муносибати бинорӣ дошта, маҷмуъан дар ваҳдонияти Худо ҷамъбаст мегарданд. Аз ҷониби дигар, чуноне ки зикр рафт, муносибати дугуна дар таълимоти Ҳамудуддини Кирмонӣ билкулл бо дуализм пайвастагӣ надорад, ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо мустақилияти ду қувва, масалан Худо ва Табиат таъкид мешавад. Дуализме, ки имрӯзҳо дар Ғарб маънидод мешавад, хусусияти тазод ва муқобилгузории ду қувваи баробару мустақилро дорост, ки бо назарияи дугунагии таълимоти Ҳамудуддини Кирмонӣ, ки хусусияти ба ҳам омехтан ва созиш кардани ин қувваҳоро дорад, ҳамоҳанг нест. Дар ҳамин замина, мутафаккир таъкид мекунад, ки бисёриро моя якест ва оғози бисёрӣ ду бошад ва ду аз яке падид ояд, ки пеш аз ӯ чизи дигаре нест [7, с. 90].
Кирмонӣ аз усули масалу мамсул истифода намуда, назарияи санавияти таълимоти хешро дар боби дин ва дунёи инсон ба таври зайл таъбир намудааст: «Ва он чи биёфарид нару модаро амири Борӣ, нар ба ҳақиқат Ақл аст ва мода ба ҳақиқат Нафс аст... Дар олами дин, ҳамчунин дар олами ҷисмонӣ, он чи беҳтари зоиши олам буд, мардум аст, ҳам бар ин сифат ё мард омад чун Ақл, ё зан омад чун Нафс» [7, с. 84].
Дар иртибот бо ин мавзуъ, ба ҳайси далел, Ҳамудуддини Кирмонӣ қабули шариати динро зоҳиран, яъне ба он шакле, ки навишта ва хонда мешавад, аз ҷониби инсон камоли заифии нафси ӯ медонад, ки дар тафсираш чунин амр ба хилқати занон рост меояд. Ба ибораи дигар, бояд маънӣ бардошт, ки қабули шариат ба ҳадди бедонишӣ ё камилмии шахс вобаста аст, яъне фард ҳар қадар аз роҳи илму маърифат дур бошад, ҳамон қадар шариат барои ӯ зарур аст. Ҳарчанд Ҳамудуддини Кирмонӣ ин андешаро ошкоро баён накардааст, аммо маҷози мисоли ӯ, ки шахси нодон монанди бемор аст, ки эҳтиёҷ ба табибу дору дорад: «пас фармони он табиб ва бозгаштани ӯ мар он беморро аз он чӣ ӯ хоҳад, бар мисоли ғӯле бошад бар дасти ӯ ва қайде бошад бар пои ӯ андар вақти беморӣ» [7, с. 67] – даракдиҳандаи ин иддаост. Аз ҷониби дигар, дар мазҳаб, ки Ҳамудуддини Кирмонӣ бар он гаравидааст, чуноне ки зикр намудем, фаҳмиши зоҳири ин ё он масъала номатлуб буда, ба таъвил ва аз тариқи он ба фаҳмиши ботинӣ эҳтиёҷ дорад. Пас, ин далели дигаре бар исботи даъвои фавқуззикр хоҳад шуд. Созиш додани масоили дини ва дунявӣ дар таълимоти Ҳамудуддини Кирмонӣ, билхоссаа аз тариқи муносибати мутақобилаи инсон бо одамони дигар, ки дар ҷомеъаи инсонӣ фаъолият доранд, возеҳ баён ёфтааст. Ин мавзуъ бештар дар доираи масоили ахлоқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба ақидаи мутафаккир, умри инсон тӯлонӣ нест ва дар ихтиёри ӯ ҳама гуна манофеи табиӣ ва рӯҳонӣ қарор дорад, ки истифода аз онҳо амри зарурӣ аст. Ба таъбири дигар, инсон бо камоли ҷисмаш имкон дорад василаи ба даст овардани он неъматҳои дунёро чунон дарёбад, «то ҳалол бошад», зеро ӯ соҳиби ақл аст, ки он «гавҳари ӯст» ва тавассути он «ихтиёри накӯ кунад ва аз зиштӣ дур бошад» ва «некӯкорро дӯст дорад ва аз бадкирдор бигурезад».
Ба назари мутафаккир, «ниҳоди дин бар мисолаи ниҳоди дунёст» ва аз ин рӯ, тамоми ҳаёти мардум низ ба ду шакл аст – динӣ ва дунявӣ, ки маишати дунявии эшон «гоҳе бештар бошад ва гоҳе камтар бар ҳасби истеҳқоқи халқ мар онро» [7, с. 24]. Мутафаккир дар истинод ба ин қазия доир ба масъалаи имкони мавҷудияти баробарии иҷтимоӣ миёни мардум муҳокима меронад, онро ботил мешуморад, зеро ки «агар чунон шавад, ки ҳеҷ кас фармони кас накунад, ҳар касеро кори хеш бояд кардан. Ва чу ҳама ҳамвор шаванд, ҳама ранҷа шаванд ва ҳеҷ кас мар ҳеҷ касро кӯзаи об надиҳад. Ва агар чунин бувад, ҳамаи мардум чун сутурон шаванд ва андар ин ранҷагии ҳамаи халқ бошад, на роҳати ҳама халқ» [7, с. 24].
Ин андешаи мутафаккирро, ки даҳ аср қабл китобат шуда буд, бо таҷрибаи «адолат ва баробарӣ»-и иҷтимоии мардуми шӯравӣ, ки бо утопияи коммунизм шабеҳ шуда буд, метавон муқоиса кард.
Дар ин ҷо масаъалаи дигари ҳассос, ки тақрибан ҳамаи мутафаккирони Шарқ, минҷумла Ҳамудуддини Кирмонӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, рӯи об мебарояд, ки агар чунин ҷамъияти идеалӣ вуҷуд надошта бошад ва мартабаи мардум нобаробар бошад, оё инсон мувофиқи иродаи хеш метавонад амал кунад, оё ӯ мухтор хоҳад буд?
Дар умум, метавон хулоса кард, ки Ҳамудуддини Кирмонӣ барои ба созиш овардани дин ва дунё, аз усулҳои ақлонию мантиқии маърифати ҳастӣ истифода бурда, ин мавзуъро сирф дар доираи фаҳмиши дунявии он баррасӣ кардааст.
Руйхати адабиёт:
1. Қурбоншоев И., Зикирзода Ҳ. Масъалаи ҷабр ва ихтиёр дар таълимоти маъшоияи шарқӣ // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. – 2022. – № 2. – С. 113-118.
2. Қурбоншоев И.Ҷ. Фалсафаи Носири Хусрав дар осори Мусо Диноршоев // Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. – 2023. – № 1. – С. 131-135.
3. Носир Хусрав. Зад ал-мусафирин. – Душанбе, 2005. – 635 с.
4. Носири Хусрав. Хон-ул-ихвон. – Қоҳира, 1940. – 250 с.
5. Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Девони ашъор. – Теҳрон, 1348 ҳ.қ. – 330 с.
6. Носири Хусрави Қубодиёнии Марвазии Юмгонӣ. Ҷомеъ-ул ҳикматайн. Чопи дуввум. – Теҳрон, 1363.ҳ.ш. – 211 с.
7. Ҳамудуддини Кирмонӣ. Роҳат-ул- ақл / Тарҷумаи муҳсин Обид. – Кобул, 1345. – 234 с.
Қурбоншоев И.Ҷ. – мутахасисси пешбари шуъбаи маъхазҳои исломӣ