Дин ва хурофот:умумият ва тафовут

Мавзӯи дин ва хурофот аз ҷумлаи мавзӯъҳои пурбаҳс ва гуногунҷанба дар фазои динии ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Аз тарафи намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа доир ба ин ду падидаи  моҳиятан як ва зоҳиран мухталиф андешаҳои баҳснок ва аксаран дур аз талаботи илмӣ  иброз мегарданд. Яъне, то ба имрӯз доир ба хурофот андешаи ҳам аз лиҳози мантиқӣ ва ҳам аз нигоҳи илмӣ асоснок ва ягона ҳатто аз тарафи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ баён нагардидааст. Тибқи андешаи дар ҷомеаи мо маъмулӣ дин ниҳодест, ки ҳастии он барои ҷомеа ҳатмӣ ва зарурист, хурофот бошад, боварест, ки маҳсули ҷаҳолати аҳли ҷомеа асту аз он бояд худро дар канор гирифт. 

Албатта, ин ҷо мо даъво надорем, ки ба масъалаҳои баёнгардида ҷавоби комили бебаҳс иброз дошта, ба он нуқтаи ниҳоӣ мегузорем. Мо мехоҳем бо баъзе далелҳои раднашаванда ва амалӣ ба таносуби падидаҳои баёнгардида то ҳадди имкони худ равшанӣ андозем. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки доир ба дин таърифҳои мухталиф вуҷуд доранд. Аммо таърифи ба дин додаи Эрих Фромм нисбатан беғаразона ва дақиқтар ба назар мерасад. Тибқи ақидаи ӯ «Дин аз тарафи инсон эътироф гардидани ким-кадом нерӯи олии диданашаванда ба сифати идоракунандаи тақдири ӯст, ки итоат, парастиш ва ибодатро тақозо менамояд». Агарчанде таърифи мазкур дар нисбати тамоми динҳо – аз динҳои ибтидоӣ сар карда то динҳои ҷаҳонӣ - дуруст аст, лекин ин таъриф як нозукӣ дорад, ки тибқи он эҳтимол 95 дар сади диндорони имрӯзаро диндор гуфтан душвор бошад, зеро дар байни диндорони имрӯза ба сабаби зиёд гардидани нақш ва мақоми арзишҳои наву авҷ гирифтани  равандҳои секулярӣ ва рушди босуръати илму технологияи ҷадид шумораи диндороне, ки нерӯи олии диданашавандаро идоракунандаи тақдири худ ҳисобанд, хеле кам ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, чун дин дар шакли аслаш моҳиятан хоси ҷамоаҳои рушднокарда  аст, мо таърифи баёншударо хеле воқеъбинона арзёбӣ менамоем.

Хурофотро бошад, манбаи русии Википедия бо такя ба «Луғатҳои бузурги энсиклопедӣ» ба таври зер таъриф медиҳад: «Хурофот ваҳм ё тахайюли динӣ буда, аз боварӣ ва амале иборат аст, ки  бар қабули нерӯи бо қонунҳои табиат шарҳдоданашаванда асос меёбад, зеро ин боварҳо дар таълимоти динӣ асос намеёбанд». Дар манбаи зикршуда аз номи файласуфи машҳури қарни XX Людвиг Витгенштейн оварда шудааст: «Боварии динӣ ва хурофот аз ҳам тамоман фарқ менамоянд. Яке аз онҳо аз тарс маншаъ мегирад ва як навъи илми дурӯғин аст, дуюмӣ боварӣ аст».

Дар манбаи арабии Википедия доир ба хурофот гуфта шудааст: «Хурофот - эътиқод ё фикрест, ки бидуни мавҷудияти сабаби ақлӣ ё мантиқии бар илм ва маърифат бунёдёфта танҳо ба тахайюлот қоим аст. Хурофот бо фолклори халқӣ алоқаманд мебошад».

Доир ба хурофот дар манбаи англисӣ гуфта мешавад: «Хурофот бовар ё амалест, ки аз ҷаҳолат бармеояд, ва аз нодуруст фаҳмидани  илм ва сабабият, боварӣ ба тақдир, сеҳр, таъсири нерӯи фавқуттабиа, ё тарс аз чизи номаълум иборат аст. Дар умум мафҳуми мазкур нисбат ба боварӣ ва амале истифода мегардад, ки масоили хушбахтӣ, нубуват ва мавҷудоти муайяни руҳиро фаро мегирад. Ба таври махсус вай боварест, ки тибқи он ҳодисаҳои оянда тавассути ҳодисаҳои пештар маълум, вале ба ҳодисаи нав номарбут пешгӯӣ карда мешаванд. Баъзе хурофот гурбаи сиёҳро оварандаи хушбахтӣ ва баъзеи дигар оварандаи бадбахтӣ арзёбӣ мекунанд. Калимаи хурофот нисбат ба дине истифода мегардад, ки аз тарафи аксарияти ҷомеаи мазкур дар ҳаёт татбиқ намегардад, новобаста аз он, ки дини ҳукмрон хурофоти мазкурро дарбар мегирад ё не. 

Агар ба мундариҷаи таърифҳои ба хурофот додашуда нигарем, дар онҳо ба ҷуз ихтилофҳо боз нуқсҳои мантиқиро низ мушоҳида менамоем. 

Таърифи хурофот дар манбаи русӣ  дорои чунин нуқс аст, ки нерӯи дар хурофот мавриди боварибуда, бо қонунҳои табиат шарҳ дода намешаванду нерӯи дардинбуда гӯё бо қонунҳои табиат шарҳ дода мешуда бошанд. Пӯшида нест, ки дар нисбати ҳар ду мафҳум истилоҳи «нерӯи фавқуттабиа» истифода мегардад. Дар таърифи файласуфи машҳур Л. Витгенштейн чунин камбудии мантиқӣ дида мешавад,  ки гӯё дин боварӣ бошаду хурофот бошад аз тарс маншаъ мегирифта бошаду худ як навъи илми дурӯғин бошад. Дар ҳолате, ки ҳар дуи онҳо ба боварӣ асос меёбанд ва дар ҳар дуи онҳо тарс нақши муҳим мебозад. 

Дар таърифи манбаи арабии хурофот чунин бемантиқӣ ба чашм мерасад, ки гӯё хурофот эътиқоде бошад, ки дар он сабаби ақлӣ ё мантиқии ба илму маърифат асосёфта вуҷуд надошта бошаду гӯё дар дин сабаби ақлӣ  ё мантиқии ба илму маърифат асосёфта вуҷуд дошта бошад. Аз нигоҳи илм дар ҳар дуи онҳо чунин сабаби номбаршуда вуҷуд надорад. Аз ҳамин нуқтаи назар, тафовут дар байни онҳо дар он аст, ки дар дин риштаи сабабият нисбат ба дин дарозтару қавитар аст, лекин дар дин низ риштаи мазкур ахиран канда мешавад.   

Таърифи англисии хурофот то андозае ба ҳақиқат наздик аст. Аммо ин ҷо низ бояд таъкид  намуд, ки боварӣ ба тақдир,сеҳр, таъсири нерӯи фавқуттабиа ё чизи номаълум на танҳо барои хурофот, балки барои дин низ хос мебошад. Ин ҷо мо пурра бо манбаи англисӣ мувофиқ ҳастем, ки калимаи «Хурофот» нисбат ба дине истифода мегардад, ки аз тарафи аксарияти ҷомеаи мазкур татбиқ намегардад, яъне қобили қабул нест.

Бояд ёдовар шуд, ки зимни шарҳи хурофот ҳар се манбаъ сурати гурбаи сиёҳро ҳамчун рамзи бадбахтӣ ба намоиш гузоштаанд. Дар робита ба моҳияти хурофот ва акси гурба моро андеша ва мавқеи мутафаккири машҳури фаронсавии нимаи дуюми қарни XIX Леви-Брюль ба ёд меояд, ки дар асари машҳураш «Тафаккури ибтидоӣ» дар бораи қонунияти хоси зуҳури диният дар ҷамоаи ибтидоӣ – ассотсиатсия сухан меронад. Ӯ зикр месозад, ки агар мардуми ибтидоии Танна зимни аз роҳ гузаштан бинанд, ки море аз дарахт фаромад, ва баъд аз як рӯз ё ҳатто як ҳафта касе фавтид, ҳатман ҳодисаи мазкурро бо фаромадани мор алоқаманд менамояд. Ҳодисаи мазкур чун аз пеши шахс гузатани гурбаи сиёҳ унсури дини ибтидоӣ маҳсуб меёбанд, лекин имрӯз онҳо хурофот арзёбӣ мегарданд. Яъне, барои диндори сатҳи тафаккури ибтидоӣ зуҳури қонуни ассотсиатсия хос мебошад. Дар робита ба мавзӯи матраҳшаванда маро ҳодисае аз даврони ҷавонӣ пеши назар меояд. Вақте дар овони ҷавонӣ бо футбол машғул мешудем, падарам, ки дар колхоз ронанда кор мекарданд, мегуфтанд, чаро мо каллаи пайғамбарро пеш-пеши по мезанем. Яъне, мафкураи динии замона тӯби футболро ба каллаи пайғамбар шабоҳат медод. Масъалаи дигаре, ки имрӯз дар доираи таълимоти дини ислом пайваста мавриди баҳс қарор дорад, баъд аз пайдоиши ҷараёни навбунёди салафия ба хурофот мубаддал гардидани зиёрати қубур ва мадфани шахсиятҳои бузург мебошад.  Агарчанде зимни зиёрати қубур ва мадфани бузургон ҳадафи аслӣ эҳтиром ва ёд овардану шод гардонидани рӯҳи гузаштагон аст, тафаккури мутаассибонаи салафия онро ибодати объекти эътиқод ба қалам дода, ширк арзёбӣ менамояд. Ҳамин тавр, анъанае, ки ҷузъи дини ислом буд, дар ҳолати мубаддалшавӣ ба хурофот қарор дорад. Падидаи дигари хусусияти динидошта, ки аз лиҳози арзёбӣ аз мавқеи дин ба маросими зиёрати қубур шабоҳат дорад, мамнуъ будани амали сурати ҷондореро кашидан ва ё сурати онро дар хона нигоҳ доштан аст. Тибқи  фармудаи ҳадис амали зикршуда амали номатлуб ҳисобида мешавад, зеро шахси сураткашидаро зарур мегардад, ки мувофиқи таълимоти дин ба он ҷон диҳад. Бояд гуфт, ки анъанаи мазкур то ба қарибӣ ҷузъи муҳими таълимоти дини ислом маҳсуб меёфт. Аммо имрӯз пешрафти дастгоҳҳои навин ва қулайи суратбарорию акснигоҳдорӣ, чун телефонҳои мобилӣ ва шомили аҳамияти бузурги тарбивӣ гардидани сурати бузургон ва бад-ин васила дар ҳаёти инфиродию ҷамъиятии ҳар шахс мавқеи муҳим доштани сурат таълимоти фавқуззикр моҳияти динии худро аз даст дода, бидуни таълимоти мушаххасе ба хурофот табдил ёфтааст. Аз ин нуқтаи назар, метавон итминон дошт, ки бо пешрафти ҳаматарафаи ҷомеа ва дигаргуниҳо дар ҳаёти моддию маънавии аҳли ҷомеа унсурҳои дигари дин низ тадриҷан ба хурофот табдил хоҳанд ёфт.     

Хулоса, агар таърифҳои мухталифро доир ба хурофот ҷамъбаст кардани шавем, мебинем, ки мавҷудияти нерӯи фавқуттабиа унсури муттаҳидкунандаи дин ва хурофот маҳсуб меёбад.  Агар нерӯи фавқуттабиа аз тарафи дини расмӣ эътироф гардад, вай дин аст ва агар эътироф нагардад, пас вай ба хурофот мубаддал мегардад. 

Бинобар ин, хурофот - боварест ба ҳамон нерӯи фавқуттабии диданашаванда ва маросиму анъъанаҳои марбут ба он, ки онҳоро низоми динии расмӣ ва фазои маънавии ҳукмрон ба сабаби таноқузашон ба ҳукми ақлу арзишҳои дунявии ҷомеа қабул надорад. Яъне, моҳиятан ҳар дуи онҳо як чизанд. Мавҷудияти нерӯи фавқуттабиа ва таъсири он ба инсон ҷанбаи умумии онҳо маҳсуб меёбад. Ҷанбаи тафовутбахши онҳо аз тарафи дини расмӣ ва ё фазои маънавии ҳукмрон қабул нагардидани унсури хурофотӣ аст.     

Абдухалилзода К.А.    

Яндекс.Метрика