Домуллоҳои суннатӣ чаро хомӯшанд?

Огоҳӣ бо чанд  байти яке аз домуллоҳои шинохтаи кишвар, ки ҳоло дар ќайди ҳаёт нестанд, ин ҷонибро ба андешаи амиќ водор намуданд ва барои рӯи коғаз овардани сатрҳои зерин сабаб гардиданд.  Пеш аз ҳама зарур ҳисобида мешавад, ки худи байтҳои домулло бидуни зикри номи ӯ оварда шаванд, зеро бузургон гуфтаанд:

Мангар, ки кӣ мегӯяд,

Бингар, ки чӣ мегӯяд.

Инак, байтҳои домулло:

           Гуфта он Абдулваҳҳоби тирадил,

           Баҳрае нобурда ҷуз обу гил.

           «Бар фарози Арш биншинад Худо

           Мисли мо дорад сару ҳам дасту по.

           Ҳар тараф бо завќ бинмояд назар, 

           Аз назарҳо баҳра гирад чун башар».

           Ин аќида бар кӣ мебошад ќабул?

           Назди аќли солимин бошад удул.

           Ҷисм ќоил гар шавад ҳар бандае,

           Бар Худои хештан шармандае.

           Боќии ин баҳс  назди олимон,

           Медиҳам таҳвил, на назди ҷоҳилон.

           Аз Худо хоҳам: тамоми одамин,

           Роҳ ёбанд ҳамчу роҳи аввалин.

Чӣ хеле ки хонанда аз мундариҷаи байтҳо пайхас намуд,  домуллои мазкурро номуси ватандорӣ ва мазҳабдории шадид авҷ мегираду  афкор ва аќоиди динии барои мазҳаби бузург ва таҳаммулгарои ҳанафӣ бегонаро зери тамасхури ҷиддӣ ќарор медиҳад ва  далерона он аќоидро зери тозиёнаи танќид гирифта,  моҳиятан бидъат меномад. Ин ҷо барои хонанда равшан менамоем, ки ба Худо ба таври воќеӣ мансуб донистани  узвҳои  инсонӣ барои ҷараёни ифротии салафия хос мебошад ва домуллои муҳтарам чунин андеша ва мавќеи динии салафиҳоро  мавриди тамасхуру истеҳзо ќарор додааст. Дар робита ба чунин андешаҳои соддалавҳонаи салафиҳо ёдовар мешавем, ки донишмандони ҳанафии ќуруни вусто низ бар зидди  андешаҳои ифротии поягузори ғоявии салафия – Ибн Таймия, ки «Худованд аз осмон фуруд меояд, чуноне ки ман фуруд меоям»  гуфта буд,  сахт мубориза бурда, ҳатто ӯро дучори маҳбас гардонида буданд. 

Дар ҷомеаи имрӯза бошад, дар Курдистони Ироќ Мавлавӣ Абдуллоҳ Абдулазизи Ҳарталӣ бо  номи «Салафиҳо, ваҳҳобиҳо ва хавориҷро беҳтар бишиносем»  китобчае таълиф намуда, дар он ғояҳои ҷараёнҳои ифротии фавќуззикрро хеле асоснок ва ба таври боваринок танќид намудааст. Хушбахтона китоби мазкур ба забони тоҷиќӣ тарҷима гардид,  вале афсӯс, ки онро дар фурӯшгоҳҳои китоб дида намешавад.   Донишмандони ҳанафимазҳаби Ҳиндустон бо номи «Иълои сунан» китоби бисёлҷилдае ба чоп расонида, таълимоти ҳанафиро аз афкору ғояҳои ифротии ҷараёнҳои навбаромади аҷнабӣ ҳифз намудаанд. 

Дар кишвари мо бошад, бар зидди ин ҷараёнҳои навбаромади аҷнабӣ, чун салафия, Ихвонулмуслимин, ҳизби таҳрир ва амсоли онҳо ба таври назариявӣ ғайр аз ду-се равшанфикри ҷомеа касе муборизаи идеологӣ намебарад. Хушбахтона, ҳамон домуллои марҳум будааст, ки андешаю ғояҳои ифротии ҷараёну ҳаракатҳои аҷнабиро, ки ба ҳувияти динӣ ва миллии кишвар  таъсири харобовар мерасонанд, зери мазаммату танќид ќарор додааст.  Ин ҷо масъалаи асосӣ аз он иборат аст, ки чаро домуллоҳои имрӯзаи кишвар нисбат ба ҷараёну ҳаракатҳои ифротии зикршуда  бетарафӣ зоҳир менамоянд.  Магар онҳо ќудрат надоранд, ки дар мавъизаҳои худ – хутбаи намози ҷумъа, марҳилаи омодагӣ ба намози таровиҳ, амри маъруфи сари ќабри майит ё пеш аз намози ҷаноза дар хусуси ҷанбаҳои манфии ҷараёну ҳаракатҳои ифротии аҷнабӣ ҳарф зада, ҷавонони кишварро аз шомилшавӣ ба ин ҷараёну ҳаракатҳои ифротӣ боздоранд?  Албатта, метавонанд. Аммо аз чӣ бошад, ки эшон дар мавридҳои зикршуда танҳо аз азоби ќабру пурсиши Мункару Накир  сухан меронанду халос. Яъне, эшонро бештар масъалаи зиёд намудани шумори ҳаводорони хеш бештар ҷалб менамояд. Бо маќсади зиёд намудани шумори ҳаводорони хеш – дуогирандагон (клиентҳо) эшон як ривояти камарзишро бо чунон овози гиряолуд ба самъи шунавандагон мерасонанд, ки гӯё дунё ба охир мерасида бошад. Онҳо бо ин роҳ ба таври сунъӣ «устуворӣ»-и хешро дар мазҳаб ба намоиш мегузоранд.  Аммо ба ҳувияти мазҳабии онҳо, ба нуфузи динии онҳо дар байни аҳли ҷомеа, ба шумори ҳаводорони  онҳо ҷараёну ҳаракатҳои навбунёди ифротии аҷнабӣ тавассути роҳу василаҳои мухталиф пайваста зарар расонида истодаанд, онҳо парвое надоранд.  Пас, барои эшон  манофеи шахсӣ аз манофеи миллӣ ва мазҳабӣ авлотар, муќаддамтар  маҳсуб дониста мешавад. 

Дар ҳолате ки эшон  бояд дарк намоянд, ки манофеи шахсии онҳо дар дохили манофеи миллӣ ва мазҳабӣ нуҳуфта аст.  Манофеи миллӣ ва мазҳабиро ҳифз намуда, онҳо манофеи шахсии худро ҳимоя менамоянд.  Эшон набояд фаромӯш созанд, ки амали роҳбаладии диниро дар фазои динии ҷомеа ба он ду-се ҷавони дар хориҷ таҳсили дин намудаи салафӣ, ки таблитғгари асосии ҷараёну ҳаракатҳои ифротӣ маҳсуб меёбанд, супоридан маънои аз даст додани маќому нуфузи динии худро дорад. Ваќте аз ҳисоби ҷавонони ҳанафимазҳаб шумори ҷараёну ҳаракатҳои ифротӣ меафзояд, раванди мазкур ҳамзамон коста гардидани маќому нуфузи домуллоҳои суннатиро ифода менамояд. Авҷ гирифтани раванди мазкур барои дар ҳошия ќарор додани эшону домуллоҳои суннатӣ ва ба меросхона супоридани анъанаву маросимҳои миллию мазҳабӣ замина мегузорад. Барои пеши чунин раванди номатлубро гирифтан эшону домуллоҳои суннатиро зарур аст, ки ба номус бошанд ва якҷоя бо равшанфикрони ҷомеа фазои динӣ-мазҳабии худро далерона аз таъсири марговари ҷараёну ҳаракатҳои навбунёди аҷнабӣ ҳифз намоянд ва ниҳодҳои давлатӣ низ дар навбати худ ин равандро бояд дастгирӣ намоянд.

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика