Достони мӯрча ва Сулаймон (а)

Рӯзе ҳазрати Сулаймон (а) мӯрчаеро дар пойи кӯҳе дид , ки машғули ҷо ба ҷо кардани хокҳои пойини кӯҳ буд.
Аз у пурсид: чаро ин ҳама сахтиҳоро таҳаммул мекунӣ?

Мӯрча гуфт: маъшуқам ба ман гуфтааст агар ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунӣ ба висоли ман хоҳӣ расид ва ман ба ишқи висоли у мехоҳам ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунам.

Ҳазрати Сулаймон (а) фармуд : ту агар умри Нӯҳ ҳам дошта бошӣ, наметавонӣ ин корро анҷом диҳӣ.

Мӯрча гуфт: тамоми саъю талошамро хоҳам кард.

Ҳазрати Сулаймон (а), ки аз азму иродаи устувор ва ҳиммату сахткӯшии мӯрча хӯшаш омада буд, барои у кӯҳро ҷо ба ҷо кард.

Мӯрча рӯ ба осмон карду гуфт: Худовандро шукр мегӯям, ки дар роҳи ишқ, пайғамбареро ба хидмати муре дар меоварад.

Худованд дар Қуръон фармудаанд:
"Бихонед маро то иҷобат кунам Шуморо"
Баргардон аз хатти форсӣ:
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика