Достон аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддинӣ Балхӣ

Дидори Луқмон бо Довуд (а)

Рафт Луқмон  сӯи Довуди Сафо,

Дид, к-ӯ мекард з-оҳан ҳалқаҳо.

Ҷумларо бо ҳамдигар дармефиканд,

З-оҳани пӯлод он шоҳи баланд.

Санъати заррод ӯ кам дида буд,

Дар аҷаб монд, васвосаш фузуд.

Луқмон ба дидори Довуди паёмбар рафт. Дид Ӯ аз оҳан ҳалқаҳое месозад ва онҳоро дарҳам меканад. Луқмон зиреҳ надида ва аз санъати зиреҳсозӣ бехабар буд. Аз ин рӯ, надонист Довуд чӣ мекунад ва чӣ месозад? Хост суол кунад, аммо бо худ гуфт: -Сабр кардан беҳтар аст, зеро сабр инсонро зудтар ба мақсуд мерасонад:

Боз бо худ гуфт: -Сабр авлотар аст,

Сабр то мақсуд зутар раҳбар аст.

Чун напурсӣ, зудтар кашфат шавад,

Мурғи сабр аз ҷумла парронтар бувад.

В-ар бипурсӣ дертар ҳосил шавад,

Саҳл аз бесабрият мушкил шавад.

Луқмон хомӯш монд ва танҳо наззора мекард. Дар ҳамон замон Довуд аз кори зиреҳсозӣ фориғ шуд. Ӯ аз он ҳалқаҳои тӯ дар тӯ(қабат ба қабат, печ дар печ) зиреҳе сохт ва дар баробари чашмони шигифтзадаи Луқмон онро бар тан кард. Луқмон бо дидани ин манзара посухи худро ёфт.

Дувуд алайҳиссалом гуфт: -Ин танпӯш ҳангоми набард ва дар майдони корсоз либоси хубест ва бо он метавон аз газанди (зарар) зарбаҳои шамшер дар амон монд. 

Луқмон низ дар посух гуфт: -Сабр низ инсонро аз газанди ғаму андӯҳ дар амон нигоҳ медорад: 

Гуфт Луқмон: -Сабр ҳам некӯ дамест, (нафаси хубу хуш, дами некӯ)

Ки паноҳу дофеъи ҳар ҷо ғамест.

Таҳияи  Садуллоев Аҳмадҷон

Яндекс.Метрика