Дунявият ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ

Дар таърихи 31.05.2022 Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Дунявият ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ» конфронси илмӣ- амалӣ барпо намуд. Дар кори корнфронс  мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Одинашоҳ иштирок намуда суханронӣ намуданд. 

Дар кори конфронс мутахассисон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, зарурати давлатдории дунявиро ҳамчун роҳи ягонаи халосӣ аз буҳрони динӣ-сиёсӣ дар ҷомеа таъкид намуданд. Директори Маркази исломшиносӣ профессор Холиқзода А.Ғ. баромади хешро бо масъалаи шинохти ислом оғоз намуданд. Номбурда таъкид намуданд, ки бо пайдоиши гурӯҳҳои мухталифи динӣ-сиёсӣ шинохти ислом душвор гардидааст. Интихоби мавзӯи конфронс ҳадафмандона буда, барои пешгирии тамоюлҳои сиёсисозии ислом нигаронида шудааст. Холиқзода қайд намуданд, ки дар таърихи навини давлатдории мо кӯшишҳои сиёсисозии ислом ҷой доштанд ва он бо чӣ анҷомид, ҳама медонанд. Дар баромади устод қайд гардид, ки дар ҳар ҷомеа дин ҳаст, давлат ҳаст, ахлоқ ҳаст, сиёсат ҳаст-ҳамаи онҳо аз ҳам фарқ менамоянд. Мутассифона, дар ҷомеа гурӯҳҳое ҳастанд, ки ҳамаи онҳоро омезиш медиҳанд. 

Холиқзода хеле ба маврид таъкид намуданд, ки дар ҷомеа афкору ақоид ва тафаккурҳои зиёд ташаккул меёбанд ва ҷавҳари дунявиятро эътирофи зарурати ҳаққи зиндагии онҳо ташкил менамояд. Дунявият ба онҳо озодӣ медиҳад, лекин дар доираи қонун.

Маркази исломшиносӣ,-қайд намуданд Холиқзода А.Ғ.,- аз моҳи май то имрӯз бо аҳли ҷомеа 33 вохӯрӣ гузаронд ва дар ин вохӯриҳо кормандони Марказ ба аҳли ҷомеа моҳияти масъалаҳои дунявият, худшиносии миллӣ, пешгирии ифротгароии динӣ, оқибатҳои манфии сиёсисозии ислом ва ғайраро фаҳмониданд.

Профессор Холиқзода А.Ғ. суханони худро хулоса намуда, таъкид намуданд, ки имрӯз ҷомеаи мо бо роҳи давлатдории  дунявӣ пеш меравад ва кафили он Конститутсия ва Пешвои муаззами Миллат ба ҳисоб меравад. Аммо, - қайд намуданд профессор Холиқзода А.Ғ.- бо як нафар давлат сохта намешавад. Зарур аст, ки ҳамаи мо масъулият дошта бошему дар дар рушди давлатдории дунявӣ саҳмгузор бошем.  

Мудири кафедраи диншиносии факултети фалсафаи ДМТ, н.и.ф. Нурулҳақ Қамар дар мавзӯи «Хатари ҳаракати салафия барои давлати дунявӣ « баромад намуда, хатарнок будани ҷараёни мазкурро барои ҳар гуна давлати миллӣ бо далелҳои муътамад нишон доданд. 

Котиби илмии Маркази исломшиносӣ Маҳрамбеков М. дар мавзӯи «Бархӯрди идеологии давлати дунявӣ бо низоми динӣ» баромад намуда, созгор набудани давлати дунявиро бо низоми динӣ ба таври муътамад асоснок намуданд. Номбурда махсус таъкид намуданд, ки дар Афғонистони ҳамсоя, ки низоми диниро ҷорӣ намудаанд, имон аллакай арзиши динӣ ба ҳисоб намеравад. 

Дар баробари дигар маърӯзаҳо инчунин маърӯзаи Сафарзода Ҳаёт-корманди Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Паёмадҳои ногувори экстремизми динӣ ба давлатддории миллӣ» хеле пурмуҳтаво ва таъсирбахш буд. Номбурда дар маърузаи хеш далелҳои зиёди илмӣ, таърихӣ ва мантиқиро истифода намуда, моҳияти зиддиинсонӣ ва зиддимиллии экстремизми миллиро кушоданд.

Баъд аз анҷоми кори конфронс музокираҳои хеле пуршиддат сурат гирифтанд. Декани факултаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Каримов А. ҳам бо далелҳои таърихӣ ва ҳам оятҳои қуръонӣ ба кори конфронс ҳусни дигар бахшид. 

  Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика