ДУНЯВИЯТ - ИН БЕДИНӢ НЕСТ

Қисми I.

(Як хулосаи мантиқӣ дар заминаи таҳлили муқоисавии таълимоти сарчашмаҳо ва афкори уламои исломӣ дар боби муносибати дин бо дунявият)

Дар замони ҷорӣ дар байни муҳаққиқон баҳсҳои тӯлонӣ дар мавриди таносуби дунявият ва диёнат дар давлат ҷараён доранд. Баъзе иштирокчиёни чунин баҳсҳо аз он меҳаросанд, ки ҷудошавии давлат аз дин метавонад ба атеизатсияи он, яъне бединишавӣ ё зиддидинишавии давлат бурда расонад, ки он дар навбати худ боиси таназзул ва буҳрони ахлоқию маънавии ҷомеа мешавад. Яке аз саволҳои асосие, ки дар ин баҳсҳо фаъолона баррасӣ карда мешаванд – дурустӣ ё нодурустии дахолати дин ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти ҷомеа мебошад. Умуман, идеяи ҷудогии дин ва давлат дар кишварҳои гуногун ба таври гуногун фаҳмида ва қабул карда мешавад.

Ин андеша, ки мусулмонон дар давлати дунявӣ низ ба дини худ содиқ монда метавонанд, ба ҳегуна исботи илмӣ ниёз надорад. Дурустии ин андешаро на танҳо таҷрибаи диаспораҳои мусулмонони Арупои Ғарбӣ, Амрико ва Автралиё, балки таҷрибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, Туркия ва кишварҳои дигари аксарияти мутлақи аҳолиашон мусулмон низ собит менамояд .

Дар баробари ин, чунин андеша низ вуҷуд дорад, ки ислом худ ҳам дин аст ва ҳам давлат (ал-Ислам ҳува ад-дин ва ад-давла), ва давлати дунявӣ бо таълимоти ислом созгор нест, аз ин рӯ ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ бояд бо қонунҳои шариат идора ва танзим шаванд.

Андешаи мазкур  барои дарки пурра ва дурусти мафҳуми демократия халал мерасонад. Ҳол он, ки ба тасдиқи бисёре аз уламо ва фуқаҳои мусулмон, чунин арзишҳои демократӣ, аз қабили интихобот, раъйпурсӣ, овози ҳалкунандаи аксарият, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, кафолати озодии баёни фикри мухолифин дар ВАО, дахолатнопазирии судҳо ва дигар атрибутҳои ҷудонашавандаи демократия тибқи мазмун ва моҳияти худ бо таълимоти ислом зид нестанд, баръакс бо он аз бисёр ҷиҳат мутобиқ мебошанд .

Алалхусус, дунявӣ будани ҳокимиятро усулҳои зерини исломӣ талаб мекунанд:

-якум, сарвари давлатро худи умма интихоб мекунад;

-дуввум, сарвари давлат кишварро на ба таври мустақил ва худсарона, балки тавассути маслиҳат ва машаварат идора мекунад;

-саввум, фаъолияти сарвари давлат давра ба давра мавриди тафтиш ва таҳлил қарор мегирад ва ба он мутобики натичаҳои тафтиш баҳо дода мешавад. 

Аммо, фикри дигаре низ вуҷуд дорад, ки тибқи он, усулҳои зикршуда бо фаъолияти «сарвари давлати динӣ» мутобиқат намекунанд  ва шиори «ал-Ислам дин ва давла» ҳеҷ гуна мисдоқи таърихӣ надорад, балки танҳо дар оғози садаи ХХ в. дар Мисри мустамликавӣ пайдо шуда, давраеро инъикос мекунад, ки дар он давра таҳти ин шиор ба муқовимат бо ҳокимиятҳои истеъморӣ (мустамликавӣ) бархостан имкон дошт ва чунин имкониятро махсусан аҳли «Ихвон-ул-муслимин» хеле моҳирона истифода мебурданд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар замони муосир озодии эътиқоди динӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳои муҳиме мебошад, ки дар Эъломияи ҳуқуқи башар сабт гардидаанд ва дар ҳамаи давлатҳои дорои низоми демократӣ кафолат дода мешаванд. Ин консепсияи демократӣ, аз як тараф, суъиистифодаи дин барои татбиқи ҳадфҳои сиёсиро маҳкум менамояд, аз ҷониби дигар, намегузорад, ки ба дин яктарафа ва сатҳӣ, ҳамчун омили таассубу каҷрафторӣ муносибат карда шавад .

Бо ҳам ҳамчун падидаҳои бо ҳам зид ва якдигарро инкоркунанда муқобил гузоштани мафҳумҳои дунявият ва диёнат корест нодуруст. Зеро  ин ду мафҳум танҳо воситаҳоеро ифода мекунанд, ки инсон тавассути онҳо оламро, муҳити зисти худро дарк мекунад.  Мафҳуми дунявият принсипи ҷудогии  итиҳодияҳои динӣ аз ташкилотҳои сиёсиро тасдиқ намуда, зимнан, татбиқи иҷбории диёнатро рад мекунад. Диёнат ин ҳиссиёте мебошад, ки ба рӯҳи инсон, ҳаёти ботинии ӯ, ҷанбаи равонию маънавиии ҳастии инсонӣ   дахл дорад. Аз ин рӯ, тибқи усули динӣ, аз берун, бо роҳи зӯрӣ ва маҷбуркунӣ ба қабули дин водор кардани инсон амали номатлуб ва номумкин маҳсуб мешавад. 

Дар давлатҳое, ки роҳи дунявии рушдро пеш гирифтаанд, дин аз давлат ҷудо мебошад, аммо ин маънои аз ҷомеа ҷудо будани динро надорад. Дар чунин давлатҳо мероси миллӣ ва динӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувият ва фарҳанги маънавии халқҳо шуморида мешавад. Таҷрибаи таърихӣ  аз он гувоҳӣ медиҳад, ки арзишҳои дунявӣ ва динӣ танҳо тавассути ҳамгироӣ ва яке дигареро пурра кардану тақвият додан, ба мушкилот ва талаботи ҷомеаи муосир мувофиқ ва посухгӯ буда метавонанд. 

Мафҳуми дунявият барои ислом бегона нест, зеро усули дунявиятро мо ҳанӯз дар сарчашмаҳои нахустин ва асосии ислом – Қуръон ва Сунна ба таври равшан метавонем дарк кунем. Масалан, дар ояти 201-уми сураи «Гов» гуфта мешавад: «Ва аз мардумон касе ҳаст, ки мегӯяд: «Эй Парвардигори мо, ба мо дар дунё неъмат ва дар охират неъмат бидеҳ ва моро аз азоби дӯзах маҳфуз дор» . Дар ин оят ба инсон талқин карда мешавад, ки ӯ бояд дар фикри ин дунё низ бошад ва ба хотири беҳдошти вазъи ҳаёти модии худ меҳнат кунад. Дар ояти 256-уми сураи «Гов» яке аз муҳимтарин аслҳои дунявият инъикос ёфтааст: «Барои дин ҷабр кардан раво нест» Тибқи мазмуни ин оят,   бо роҳи фишору зӯрӣ дигаронро барои қабули дину эътиқодоти худ  маҷбур кардан мумкин нест. Худи Парвардигор намехоҳад, ки инсонро барои имон овардан ба Худ маҷбур кунад. Пас, давлатҳо  низ дар тарвиҷи дину эътиқодоти динӣ набояд зулму фишор ва зӯровариро ба кор баранд. 

Ҳамчунин, дар ояти 77-уми сураи «Қасас» гуфта шудааст: «Ва дар он чи Худо ба ту ато кардааст, (салоҳи)  сарои охиратро биҷӯй ва аз дунё ҳиссаи худро фаромӯш макун». Ин оятро муфассири мовароуннаҳрӣ Абу Лайси Самарқандӣ чунин тафсир кардаст: «Ҳиссаи худро дар ин дунё магузор, зеро он ба ту дар ҳаёти ухравӣ ба кор хоҳад рафт» .

Моҳияти оят дар он аст, ки инсон бояд охиратро ба хотир оварад, аммо ин  дунёро, ки  дар он қарор дорад, низ набояд фаромӯш созад. Зеро, ҳар як инсон дар назди ҷисми худ, оилаи худ, ҳамсояи худ, ҷамъият ва ҳамбастагони худ масъулиятҳо дорад ва бояд он масъулиятҳоро ба иҷро расонад. 

Инчунин, дар Қуръон оятҳои зиёде мавҷуданд, ки на танҳо масоили динӣ, балки масъалаҳои оддию маишии  ҳаёти ҳаррӯзаи дунявиро  низ танзим мекунанд. Барои мисол, ояти калонтарини сураи «Гов» (ояти 282) маҳз ба танзими масоили қарзӣ дахл дорад. 

Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии мукоисавии Маркази иломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон

Яндекс.Метрика