ДУНЯВИЯТ - ИН БЕДИНӢ НЕСТ

Қисми II.

Муаррихони мусулмон зимни таҳқиқи роҳи зиндагии Паёмбар Муҳаммад (С) ба шарҳи лаҳзаҳое, ки баёнгари ҷанбаи дунявии фаъолияти Паёмбар мебошанд, таваҷчуҳи махсус зоҳир кардаанд. Паёмбар воқеан ҳам роҳбар ва муршиди маънавии мусулмонон дар масоили динӣ буд, аммо дар масоили дунявӣ, тибқи маълумоти таърихнигории исломӣ, ӯ фикру мулоҳизаи мутахассисону коршиносонро мепурсид ва ба инобат мегирифт. Рузе Паёбар ба ансориҳо гуфт: «Ҳой, мардум, ба ман маслиҳат диҳед (яъне, фикру мулоҳизаҳои худро баён кунед». Рӯзи ҷанги Бадр, ҳангоме, ки Паёмбар ба интихоби макони ҷойгиршавии  лашкари худ машғул буд, саҳоба Ҳубаб ибни Мунзир, ки мутахассиси  корҳои ҳарбӣ буд, назди вай омад ва гуфт: «Ё Расулуллоҳ, оё ин маконро Оллоҳ интихоб кардааст ва мо ҳақ надорем, ки макони дигареро интихоб кунем, ва ё ин фикри шахсӣ, худи Шумост?».  Паёмбар дар ҷавоби ӯ гуфт: «Не, ин фикри шахсии , ман аст». Он гоҳ Ҳубаб ибн Мунзир гуфт: «Ин тавр бошад, пас ин маконҷандон ҳам макони қулай нест» ва макони аз ҳама мувофиқро барои ҷо ба ҷогузории ҷузву томҳои лашкар нишон дода, фикрои худро бо далелҳо асоснок намуд. Паёмбар низ ин пешниҳоди ӯро қабул кард.  Ҳамин тавр, истифодаи  усули машварати ҳарбӣ ба лашкари мусулмонон имконият дод, ки дар ҷанги Бадр бар рақибон ғолиб оянд. Айнан ҳамин тавр, Паёмбар дар воқеи машҳури «гардолудкунии дарахтони (хурмо)» пайравонашро насиҳат мекунад, ки дар корҳои марбут ба ин дунё ба фикри мутахассисон гӯш диҳанд. Ин воқеаро Имом Муслим аз забони саҳоба Анас чунин ҳикоят мекунад: «Паёмбар алайҳиссалом, ҳангоми убур кардан аз назди қабилае, ки ба гардолуд кардани дарахтони хурмо машғул буд, ба онҳо гуфт, ки ин корро бас кунанд. Ва ҳамон сол ҳосили дарахтон хеле кам шуд. Бори дигар, аз назди онҳо гузашта пурсид, ки ба дарахтони хурмо чӣ ҳодиса рӯй дод. Онҳо ҷавоб доданд, ки тибқи фармудаи вай амал карданд, дар натиҷа ҳосили дарахтон кам шуд. Паёмбар гуфт: «Шумо корҳои дунёиро бештару хубтар медонед».

Тибқи маълумоте, ки дар ҳадисҳо дарҷ ёфтааст, ҳангоме ки Паёмбар дар бораи ин ё он масъала ҳукм мебаровард, саҳобагон аз вай пурсида аниқ мекарданд, ки ин ҳукм аз ҷониби Худованд нозил шудааст, ё Паёмбар онро шахсан ва мустақилона, бо такя ба донишу таҷрибаи шахсии худ содир кардааст. Агар Паёмбар ин ҳукмро мустақилона содир карда бошад, дар он сурат саҳобагон метавонистанд ба вай маслиҳат диҳанд ва роҳхои ба мақсад мувофиқтари ҳалли масъалаи мавриди назаррро пешниҳод кунанд. Паёмбар низ тибқи маслиҳату машварати саҳобагон ҳукми худро тағйир ва ислоҳ менамуд. Яъне, Паёмбар зимни баррасӣ ва ҳалли  масоили марбут ба ҳаёти  дунявӣ (сиёсӣ. иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ ва ғ.) бо саҳобагон ва ашхоси кордону таҷрибадор маслиҳат ва машварат мекард.  

Пас аз реҳлати Паёмбар ин суннати вайро хулафои рошиддин ва умуман саҳобагони вай идома доданд. Халифа Умар мегуфт: «Беҳтарини шумо онҳоянд, ки барои (ободии) ҳар ду ҷаҳон талош мекунанд».  Тибқи як ривояти машҳур, халифаУмар ҷавонеро, ки шабу рӯз  масҷидро тарк намекард ва танҳо ба тоату тиловат машғул буд, бо чӯбдаст аз масҷид берун ронд. Алӣ ибни Абу Толиб гуфтааст: «Барои ин ҷаҳон чандон бикӯш, ки гӯё пагоҳ ҳаме мурда бошӣ, ва барои он ҷаҳон тавре рафтор кун, ки гӯё ҷовидон зинда бошӣ (ҳеҷ гоҳ нахоҳӣ мурд)». Вақте ки баҳс дар бораи таносуби дунявият ва дин меравад, ногузир дар бораи давлат низ сухан рондан лозим меояд. Тибқи андешаи улами исломӣ, давлати динӣ дар ислом танҳо дар замони Паёмбар вуҷуд дошт. Паёмбар на танҳо пешвои динии уммати мусулмонон буд ва  аз номи Парвардигор ҷанбаи маънавии хаёти умматро танзим  менамуд, вай инчунин корҳои ҳарбӣ, қазоӣ, молиявӣ ва соири умури дигари марбут ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти умматро низ сарварӣ мекард. Вай умматро мустақиман тавассути ҳокимитяте, ки аз ҷониби Парвардигор ба вай ато шуда буд, идора мекард. Аммо, пас аз реҳлати Паёмбар умматро хулафои рошиддин сарварӣ карданд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо аз Худованд ба таври мустақим дастуре нагирифтаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки пас аз реҳлати Паёмбар дар давлати таъсисдодаи ӯ  тақсимшавии ҳокимият ба амал  омад. .

Дар фаъолияти Паёмбар пас аз муҳоҷират ба Мадина ва таъсис ёфтани аввалин давлати мусулмонӣ, унсурҳои зиёди дунявиятро дарк кардан мумкин аст. Масалан, дар «Саҳифат ал-Мадина» - санаде, ки Паёмбар пас аз муҳоҷират ба Мадина тартиб дод ва онро муаррихони муосир «Конститутсияи Мадина» низ ном мебаранд, унсурҳои зиёди дунявиро метавонем мушоҳида кунем. «Саҳифат ал-Мадина» аввалин ҳуҷҷати таъроихӣ  мебошад, ки муносибатҳои ҳуқуқию мадании байни пайравони дину мазҳабҳои гуногуни ҷомеаи Мадинаро  танзим  менамуд.  Санади мазкур аз  52 банд иборат буд, он барои пайравони ҳамаи дину мазҳабҳои маскуни Мадина, ҳам муҳоҷирон ва ҳам ансориҳо (мусулмонони маҳалии Мадина – қабилаҳои Авс ва Ҳазраҷ), аҳли Китоб (насрониҳо) ва яҳудиҳо ҳамчун шаҳрвандони як давлат-шаҳр, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробари маданӣ ва барои ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои ҳамаи онҳо муҷозоти баробару якхеларо кафолат медод.  Ҳадафи аслии «»Саҳифат ал-Мадина» таъмини сулҳу якдигарфаҳмӣ байни гурӯҳҳоли гуногунии иҷтимоии маскуни Мадина маҳсуб мешуд. 

«Саҳифат ал -Мадина» баробарҳуқуқии ҳамаи ҷамоатҳо ва гурӯҳхои иҷтимоиро новобаста аз мансубияти динӣ ва қавмии онҳо  кафолат дода , масъулияти шахсин фарди ҷинояткорро барои ҷинояти содиркардааш таъйин намуд.  Ба таври қонунӣ дар амалияи қазоӣ ҷорӣ гардонидани усули ҷавобгарии шахсӣ барои ҷинояти содиркардашуда ба ҷинояткор имконият намедод, ки аз дастгирии авлод ва қабилаи худ бархӯрдор бошад, аз ин рӯ барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ихтилофу бархӯрдҳои байниқабилавӣ мусоидат мекард. Дар санади мазкур ҳамаи аҳолии Мадина ҳамчун як ҷомеаи ягона  тавсиф ёфта буд .

Дар банди 25-уми «Саҳифат ал-Мадина» озодии дин ва эътиқоди динии аҳолии Мадина кафолат дода шудааст: «Ба ростӣ, яҳудиёни Бани Авф – маволии онҳо ва худи онҳо бо мусулмонон аҳли як ҷамоатанд, аммо дини худро доранд ва мусулмонон низ дини худро доранд» . Дар банди дигари «»Саҳифат ал-Мадина» гуфта шудааст, ки ҳуқуқҳои ба Бани Авф додашуда ба қабилаҳои дигари яҳудӣ низ дахл доранд. Дар санади мазкур як силсила қоидаву меъёрҳои ҳамкорӣ ва ҳамёрии ҷамоатҳо ва авлоду қабилаҳои гуногуни динию этникии маскуни Мадина дар соҳаи муҳофизати давлат низ дарҷ гардидаанд. Бисёр ҷолиб аст, ки Паёмбар Муҳаммад дар ин санади таърихӣ дар маркази таваҷҷуҳи худ муносибати байни мусулмонон ва пайравони динҳои дигарро  гузоштааст. Ҳуқуқу уҳдадориҳои барои сокинони Мадина муқаррарнамудаи санади мазкур ҳамаро қонеъ месохтанд,  онҳоро ҳамаи шаҳрвандони Мадина одилона меҳисобиданд ва риоя мекарданд. Хамин тавр, «Саҳифат ал-Мадина» баробарҳуқуқӣ ва ҳамзистии осоиштаи иҷтимоии пайравони дину мазҳабҳои гуногун, намояндагони қавму қабилаҳои мухталиф ва одамони дорои эътиқоду андешаҳои мутафарриқи динию сиёсиро дар ҳудуди як давлат ва таҳти идораи ҳокимияти ягонаи давлатӣ  кафолат медод. .

Имрӯз низ кишварҳои муосир асосҳои давлатии худро на тибқи усулҳои динӣ-эътиқодӣ, балки тибқи усули шаҳрвандӣ, яъне ҳамон усулҳое бунёд мекунанд, ки дар «Саҳифат ал-Мадина» дарҷ ёфтаанд. Дар ин санади муҳим, ки ба масъалаи бунёди ҷомеаи нав ва идораи давлатии он дахл дошт, унсурҳои дунявият ба ьтаври хеле равшан ифода ёфта буданд. Тибқи он, бо роҳи зӯрӣ  ба дигарон таҳмил кардани эътиқоди динӣ мумкин набуд, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз мансубияти динӣ вобастагӣ надоштанд.  Як нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар «Саҳифат ул-Мадина» мафҳуми «умма» фақат мумулмононро не, балки кулли аҳолии Мадинаро ифода мекунад. 

Нуктаи дигари муҳим ин аст, ки Паёмбар ҳеҷ нафареро аз ёрону наздикони худ валиаҳди худ таъйин ва эълон накардааст, то   пас аз вай давлатро идора кунад. Вай ин ҳуқуқ, яъне ҳуқуқи интихоби сарвари давлатро ба худи саҳобагон вогузоштааст. Маълум буд, ки интихоби роҳбари нави давлат ба тариқи дигар сурат хоҳад гирифт, на ба тариқи интихоби сарвари аввали давлат - паёмбар Муҳаммад, ки интихобаш асли илоҳӣ дошт. Пас аз он ки Абубакри Сиддиқ сарвари давлат интихоб шуд, ӯ аз ёронаш хоҳиш кард, ки агар ягон кори хато кунад, ӯро ислоҳ кунанд. Дар мисоли зикршуда ба таври хеле равшан ғояи назорати ҷамъиятии фаъолияти роҳбари давлат инъикос ёфтааст, ки он яке аз принсипҳои муҳими давлатдории дунявӣ маҳсуб мешавад. 

 

Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии мукоисавии Маркази иломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон

Яндекс.Метрика