ДУНЯВИЯТ - ИН БЕДИНӢ НЕСТ

                                                                     Қисми III.

        Дар сарчашмаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ ва умуман дар таълимоти исломӣ, ҳеҷ дастури мушаххасу возеҳ дар бораи шакли  низоми сиёсии давлат вуҷуд надорад. Олимони мусулмон танҳо принсипҳои умумии зеринро муайян кардаанд: баробарӣ, озодӣ, адолат, машварат ва ғайра. Агар ин принсипҳо дар давлат муқаррар карда шуда бошанд, пас чунин давлат, сарфи назар аз шаклҳои идоракунӣ ё системаи сиёсии он,  бо дини ислом мувофиқ дониста мешавад. Чуноне ки бисёре аз уламои дин эътироф мекунанд, парлумон, ки як атрибут ё сифати ҷавҳарии  давлати дунявӣ ба ҳисоб меравад, бо  аҳкоми исломӣ низ мувофиқ мебошад. Дар ҳақиқат, Худо ба Паёмбараш дар сураи «Оли Имрон», ояти 159  амр кардааст, ки  корҳоро бо машварат ва тавассути дастуру ҳидоят анҷом диҳад. Дар оёти 36-39 сураи «Шӯро» Худо нӯҳ фазилатеро, ки барои ба  даст овардани «неъматҳои беҳтарину бепоён» мусоидат мекунанд, зикр намуда, сипас мефармояд, ки мусулмонон корҳои худро бо маслиҳату машварат анҷом диҳанд. Яъне, дар Куръон зарурияти маслиҳату машварат дар ҳалли масоили иҷтимоӣ барои мусулмонон таъкид шудааст. Бо ҳамин асос, уламои муосири исломӣ парлумонро ҳамчун як шакли татбиқи амалии усули дар Қуръон таъкидшудаи машварат тавсиф мекунанд ва онро мувофиқи шариат меҳисобанд. 

          Бо таваҷчуҳ ба мисолҳои зикршуда, метавон гуфт, дар давраи хулафои рошиддин низоми идоракунии  хилофати исломӣ хусусияти дунявӣ касб намуд. Дурустии ин андешаро ин далел низ собит мекунад, ки барои ифодаи мафҳуми «сарвари давлат» аз давраи ҳукмронии халифа Умар (634-644) сар карда, титули «Амир ал-Муминин» (ҳокими муъминон)  мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. . Вале, принсипи дунявият  дар Хилофати исломӣ, ки аслан, давлати  теократӣ буд, мутобиқ ба меъёрҳои шаръӣ ва ахлоқӣ дар амал татбиқ карда мешуд.  Дар ин давра, бо истифода аз таҷрибаи бои давлатии мардуми форс ниҳодҳои гуногун дар шакли девонҳо (муассисаҳои маъмурӣ) таъсис ёфтанд ва вазифаҳои давлатӣ дар байни онҳо тақсим карда шуд. Аксарияти ин ниҳодҳои маъмурӣ – (девони ал-барид (почта), девон ал-ҳараҷ (молия ва андоз), девон ал-ҷунд (артиш) ва ғ.) вазифаҳои дунявии давлатро ба иҷро мерасониданд.  Афкори ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои динӣ на халифаҳо, балки олимон ва фақеҳони мусалмон ташаккул медоданд, халифаҳо дигар ҳамчун пешвоёни маънавии дорои ҳокимияти мутлақ ҳисоб намешуданд. 

Тибқи суннати ҳанафӣ-мотуридӣ, давлатдории теократӣ пас аз Паёмбар ғайри қобили қабул дониста мешавад.  Чуноне ки Тафтазонӣ дар асари худ «Шарҳ ал-Ақоид ан-Насафия» овардааст, дар ҳадисҳои саҳеҳ   пешгӯӣ шудааст, ки мавҷудияти хилофат пас аз Паёмбар Муҳаммад танҳо 30 – сол идома ёфта,  сипас давраи ҳукмронии подшоҳону амирон сар мешавад.  Бо марги Алӣ ибни Абӯтолиб даврони халифаҳои рошиддин, ки расо 30 сол идома кард, хотима ёфт. Муовия ва дигарон, ки баъд аз онҳо омадаанд, халифа ҳисобида намешаванд, балки шоҳон ва амирон мебошанд .

Тавре таърих гувоҳӣ медиҳад, кӯшишҳои баъзе халифаҳо барои дар дасти худ нигоҳ доштани зимоми ҳокимияти  динӣ ва дунявӣ боиси оқибатҳои ислоҳнопазир гардидаанд. Масалан, кӯшиши халифаи аббосӣ Маъмун (солҳои ҳукмрониаш 813-833), ки ба интишору таҳкими таълимоти муътазилия дар ҷомеа аз тариқи табдил додани он ба макураи расмии давлатӣ равона карда шуда буд, боиси пайдоиши ошӯбҳо, ихтилофу муноқишаҳо, кашмакашу ҷангҳои зиёди дохилӣ шуда, худ низ оқибат ба нокомӣ анҷом ёфт. То имрӯз ин амалҳои халифаро олимону фақеҳони  мусалмон танқид мекунанд.

Ғояи дар дасти пешвои динӣ нигоҳ доштани ҳокимияти динӣ ва дунявиро олимону фақеҳони аҳли ташайюъ нисбатан сарсахтона таблиғ ва пайравӣ мекунанд ва барои исботи дурустии ин ғоя мегӯянд, ки ҳокимияти динӣ табиати илоҳӣ дорад ва пешвоёни дин (имомҳои аҳли ташайюъ)-ро Худованд интихоб кардааст .

         Имрӯзҳо бархе аз уламои мутаассиб ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои динӣ дар давлатҳои дорои низоми ҳуқуқии муосир зиндагӣ кардани мусалмононро ғайри қобили қабул медонанд. Аммо,  аксарияти уламои муосири исломӣ дар мавриди қонунҳои дунявии муосир фикри мусбат дошта,  чунин мешуморанд, ки қонунҳои дунявӣ  мутобиқи талаботи муосири ҷомеа қабул шудаанд, аз ин рӯ, онҳо агарчӣ бевосита аз шариат барнамеоянд, вале  ин маънои хилофи шариат будани онҳоро надорад, баръакс, ин қонунҳо бо дарназардошти моҳияту мазмуни одилона ва ҷавобгӯи талаботи муосири иҷтимоӣ  буданашон, мувофиқи шариат ҳисобида мешаванд. Дар байни онҳое, ки ба дунявият мухолифанд, ақидае мавҷуд аст, ки қонунҳои баровардаи инсон нокомил ва номукаммал мебошанд, яъне қонунҳои инсонӣ мувофиқи замон ва макон тағйир меёбанд ва чунин хусусияти онҳо онҳоро аз қонунҳои илоҳӣ фарқ мекунонад. Ба ин изҳорот чунин посух додан мумкин аст: барои инсоният ва ҷомеаи инсонӣ арзишҳо ва талаботҳое хос мебошанд, ки  ки бо тағйирёбии давр ё муҳити атроф тағйир намеёбанд, мисли: озодӣ, адолат, баробарӣ, шафқат, муқовимат ва мубориза бо  зулму ситам, зӯроварӣ , ҷинояткорӣ, экстремизм, терроризм ва амалҳои дигари зиддинисонию зиддиҷамъиятӣ ва ғ. Барои татбиқи ин арзишҳо ва қонеъ сохтани ин талаботҳо дар тӯли асрҳо қонунҳо таҳия мегардиданд.Имрӯз онҳое, ки ба таъсиси давлати динӣ даъват мекунанд, мафҳумҳои доимӣ ва гузарандаро, ки дар дин мавҷуданд, омехта кардаанд. Дар натиҷа, он «ислом», ки онҳо мефаҳманд, муътақиданд  ва таблиғ мекунанд, бо исломе, ки дар Қуръону Суннат ва осори фиқҳи ҳанафӣ дарҷ гардидааст, куллан мухолиф буда, воқеан ҳам барои рушди ҷамъиятию иқтисодии ҷомеа монеъ мешавад ва  онро ба ақиб, ба давраи тираи асримиёнагӣ  мекашад. 

Тибқи мазмуни баъзе ҳадисҳои саҳеҳ, инчунин, ба ақидаи аксарияти уламои муосири исломӣ, шахси мусулмон, дар ҳар дилхоҳ кишваре, ки барои озодона намоз хондан ва фароизи дигари диниашро иҷро кардан монеаи ҳуқуқӣ вуҷуд надорад, метавонад кор ва зиндагӣ кунад.  Ибни Ҳиббон дар китоби «Саҳеҳ» аз номи саҳоба Фудайқ чунин ривоятро овардааст: Фудайқ  тасмим гирифт, ки ба Мадина ҳиҷрат кунад. Аҳли қабилааш, ки дини исломро қабул надошанд, аз ӯ хоҳиш карданд, ки онҳоро тарк накунад ва ваъда доданд, ки ба имони ӯ дахолат нахоҳанд кард. Аммо Фудайқ ба исрори онҳо тан надод ва ба Мадина кӯчид,  назди Паёмбар Ҳазрати Муҳаммад ома два пурсид: «Рост аст, ки мардум мегӯянд,  ҳар кӣ ҳиҷрат накардааст, пас вай ҳалок шудааст (гуноҳи азиме кардааст)?». Паёмбар Муҳаммад посух дод: "Ҳой, Фудайқ, намоз бихон, аз гуноҳ дур бош ва дар замини қабилаи худ дар куҷое ки хоҳӣ, зиндагӣ кун!». 

Аз мазмуни маводҳои дар боло баррасишуда мо метавонем хулоса барорем, ки дар ислом ҳаёти дунявӣ бо бединӣ баробар карда намешавад. Таълимоти динӣ ба мусулмонон он корҳои дунявиро, ки ба манфиати одамон ва ҷомеа иҷро мешаванд ва бо усулҳои динӣ мухолиф нестанд,  ташвиқ мекунад. Дин ҷанбаи ахлоқии ҳаёти дунявиро ба танзим медарорад ва муайян мекунад, ки кадоме аз корҳо ва амалҳо савоб аст, кадоме аз онҳо гунох ва мамнӯъ маҳсуб мешавад.

            Меъёрҳои конститутсионӣ дар низомҳои демократӣ ду нуктаи ҷудогонаро пешбинӣ мекунанд:ба дин ҳамчун арзиши маънавӣ, ки одамонро ба ахлоқи баланд, тозагии ботинӣ, адолат даъват мекунад ва манбаи рушди маънавии инсон мебошад, ҷой дода мешавад;

истифодаи дин барои  ҳадафҳои ғаразнок тавассути омезиши дин бо сиёсат, инчунин истифодаи омили динӣ барои ба даст овардани ҳокимият иҷозат дода намешавад.

Аз тарафи дигар,  дар таҳлилу баррасии масъалаи дунявият ва татбиқи арзишҳои он дар ҷомеаҳои исломӣ  хеле мӯшикофона ва эҳтиёткорона муносибат кардан зарур мебошад.Таҷрибаи секуляризатсияи Ғарбро на ҳамеша ва дар ҳама ҷо ҷойгир кардан мумкин аст. Бояд ба назар гирифт, ки дар Ғарб дунявият ҳамчун аксуламал ба пурзӯршавии калисо ба миён омадааст. Секуляризатсия дар ҷомеаҳои мусулмонӣ тақсимоти ҷисмонӣ ва метафизикӣ, динӣ ва дунявӣ нест, балки ҷудогии дин ва сиёсат аст .

        Роҳи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи арзишҳои демократӣ  дар ҷаҳони ислом, чӣ дар асри гузашта ва чӣ дар асри ҷорӣ,  на ҳамеша росту ҳамвор буда метавонад. Барои бехатар ва ҳамвор кардани ин роҳ  масъалаи таносуби байни диёнат ва дунявиятро аз мавқеи нейтралитети ратсионалистӣ  ё ратсионализми мӯътадил (ғайриатеистӣ) таҳқиқ ва таҳлил кардан ба мақсад мувофиқ мебошад. . . Ғайр аз он, кӯшишҳо барои радикализатсия ва сиёсисозии шуури динии мусулмонон, ки  ҳанӯз ҳам идома доранд, низ барои таҳкими арзишҳои дунявият дар ҷомеаҳои анъанавии исломӣ халал мерасонад.

            Дунявият динро рад намекунад. Дин дар соҳаи ахлоқ ва тарбияи маънавӣ нақши бузург дорад. Аммо суъиистифода аз дин  барои  ғасби ҳокимияти давлатӣ,   ташкили давлати динӣ ва ҳадафҳои дигари сиёсӣ  на танҳо ба принсипҳои дунявият, балки ба таълимоти ислом низ мухолифат дорад.

        Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии мукоисавии Маркази иломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон

Яндекс.Метрика