Ин моҳи шариф аз раҳмату мағфирати Парвардигори олам саршор аст, зеро Худованди таъоло бо фарорасии ин моҳ дарҳои дўзахро баста, дарҳои биҳиштро мекушояд. Ин моҳи қабули дуоҳо, моҳи эҳсону саховат ва моҳи озод шудан аз оташи дўзах аст. Дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст ва ҳар касе онро дарёбад, хайри бисёреро ноил шудааст.
Моҳи шарифи Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи хабардор шудан аз ҳоли беморону муҳтоҷон ва дастгирии ятимону ниёзмандон аст. Бояд ҳар як мусулмон ҳурмати моҳи Рамазонро ба ҷо оварда, аз ҳама бадиҳою гуноҳҳо худдорӣ кунад ва дигаронро низ ба роҳи ростӣ ва некўкорӣ роҳнамоӣ намуда, ҳар хайру некиеро, ки аз дасташ барои бандагони Худо меояд, дареғ надорад. Худованди меҳрубон дар китоби осмонии хеш мефармояд:
«…Ва эҳсон намоед, ҳамоно Худованд накўкоронро дўст медорад». (Сураи «Бақара», ояти 195).
А.Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ