ДУЪОИ МӮРЧА

Соле дар мулки Сулаймон алайҳиссалом хушксолӣ омад. Ҳамон сол борон наборид ва сабаби қаҳтиву хушк шудани дарахтон ва нобуд гаштани зиёди зироат гашт.
Сулаймон алайҳиссалом бо тамоми умматони худ (муру деву парӣ) ба биёбоне баромад то бо дуъои дастҷамъона аз Худованд неъмати Ӯ - борон бихоҳанд.
Сулаймон алайҳиссалом мӯрчаеро дид, ки сари дӯ пой рост шуда сӯи Худованди Мутаъол дуъову тазарруъ мекард ки: Иллоҳо! Ай Худованди Бузургу Меҳрубон! Холиқе ки «дарёи раҳматат» беканор аст! Мо мӯрчагон аз ҳама кучактарин «халқи Тӯ» ҳастем. Агар карам нафармоиву аз неъматат набахшоӣ, яқинан мо нобуд хоҳем шуд. Худовандо ба мо ризқу рузӣ ато фармо ва бо сабаби гуноҳони Инсон моро низ санҷишу азоб макун. Ба даргоҳат рӯи ниёз дорам ва илтиҷо менамоям бар мо борон равон кун то дарахтон бисабзанд, замин сабзазор гардад ва зироатҳо ҳосил диҳанду мо ризқу рӯзие пайдо кунем».
Ҳазрати Сулаймон чун ин дуъои мӯрча бишнид бар умматону пайравони худ гуфт :
Бармегардем, дуъои ҳамин як мӯрча, ки аз сидқ ба даргоҳи Худованди Меҳрубон намуд, кофист».
Замоне пас борон шурӯъ шуд ва ҳама ҷо серобу муаттар гашта ба сабзидану нумӯъ даромад. Пас Сулаймон алайҳиссалом ин мӯрчаро икром намуд ва пурсид:
Монанди шумо дар рӯи ҷаҳон халқе ҳаст?
Ин мӯрча гуфт:
- Инсонҳо дар ниҳоди худ аз ҳар халқи Худо чизе доранд ва аз кадом халқе чизе бештар дошта бошанд, ҳамон сифат бештар ба чашм зоҳир мегардад. Масалан аз саг чизе бештар дошта бошад сагиву ҷангарагии ӯ пайдост. Аз хар чизе дошта бошад, харигарии ӯ, аз хирс хирсии ӯ, аз хуг хугии ӯ ҳувайдост. Аз булбул овози хуши ӯ, аз гург гургии ӯ... Лекин монанди мӯрчаҳо ман се тоифаро номбар мекунам: Модашер, модагург ва лӯлизанак.
Шери нар дар як баландӣ истода манзили зисташонро (теретория) наззора мекунад, модашер шикор мекунад, шербаччаҳо калон мекунад.
Модагург чун таваллуд кард он гургбаччаҳоро нигоҳ карда "хонашин" мешавад, гурги нар шикор меравад. Баъди шикор омада дар офтобаке ғел зада мехобад. Шиками сер парвои гушна дорад! Вале модагург омада хобашро заҳри танааш мекунад, аз бари гарданаш мегазад: Қай кун падарнаълат барои сағираҳот. Ва ӯ нав хурдагиҳоша ночор қай мекунад очаи сағираҳош мехурад.
Лӯлӣ то чанде зани бисёр гирад бой мешавад, зеро марди онҳо дар қатори мурда аст. Ин лӯлӣзанакҳо хурҷин дар сари китф дар ба дар гашта, талбида он чорпаҳлуи мурда ҳисобро мехӯронанд.
... Девҳо ғаввосӣ мекарданд ва аз қаъри баҳр сангҳои қимматбаҳо барои Сулаймон алайҳиссалом берун меоварданд, дегҳои калонтарини беназир месохтанд. Ҳазрати Сулаймон ба асояш такя намуда ба кори девҳо наззора менамуд. Девҳо беист саргарми кор буданд, бехабар аз он, ки дар сари асо такя зада Сулаймон алайҳиссалом кайҳо ҷон додаст. Чун кирми чубхор асои ӯро аз мобайн хӯрда шикоф карданд ва асо дӯ ним шуда шикаст ва Сулаймон алайҳиссалом ба замин афтод.
"Месохтанд (девҳо) барои Сулаймон қалъаву суратҳо ва косаҳо ба андозаи (ҳаҷми) ҳавз ва дегҳои собит бар ҷойи худ (яъне дегу косаҳои ниҳоят бузург). Гуфтем: Ай хонадони Довуд шукру сипос гуед ва бисёр кам касоне аст аз бандагони ман, ки шукркунанда бошад. Ва чун муқаррар кардем ба Сулаймон маргро, огоҳ накард девҳоро аз марги ӯ (касе) магар кирми (чубхор) ки (як сол инҷониб) мехурд асойи Сулаймонро, пас чун бияфтод асо, маълум шуд ба девҳо, ки агар медонистанд илми ғайбро таъхир намекарданд барои халос шудан аз азоби хориовар (Сураи Сабаъ, ояҳои 13, 14). Бойтарин фарди рӯи замин, паёмбари инсу ҷин, донандаи забони ҷумла мурғон, дарандагон, девон, париён мӯрон ... , ки зери нигини ангуштарии ӯ баҳру бар дар итоату фармон буд, чун маргаш фаро расид, дар сари асо ҷон бохт, ки ин боиси андешаи амиқ аст ва аз бевафоии дунё дарак медиҳад.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика