ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО!

Васоити ахбори оммаи ҷониби муқобил (Қирғизистон) низоъро якҷониба инъикос мекунанд. Хусусан дар соатҳои аввали оғози низоъҳо. Нашрияҳои маҳаллӣ дар мақолаҳои худ андешаҳои ҷониби мухолифро намеоранд, барои ба даст овардани шарҳу назароти сокинон ё мансабдорони кишвари ҳамсоя талош намекунанд.

Дар ҳоли ҳозир раванди баррасии масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишвар, аз ҷумла масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ идома дорад, ки ҳалли он ба таҳкиму таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон такони тоза хоҳад бахшид.

Масъалаҳои марзии ҷойдошта танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гурўҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда мешаванд.

Агар ба гузаштаназар андозем, дар китобҳои таърихро варақ бизанем воқеан мебинем, ки таърих ва китобҳои таърихи гувоҳӣ онанад, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар ҳазорсоҳои гузашта соҳиби мулку давлат буда, сулҳофаринӣ, ваҳдатороӣ ва дустӣ самараи фарҳангмеҳварии он мебошад.

Аз ин хотир, сулҳ муҳофизаткунанда ва ҷанг маҳвкунанда аст. Сулҳ – ин лабони пурхандаи модарон. Ҷанг – ин ашки сӯзони нолаи ҷонгудози модарон аст. Сулҳ ин сохтан, бунёд кардан, обод кардан. Ҷанг - ин сӯхтану шикастан ва хароб кардан аст. Меваи сулҳ ширин асту меваи ҷанг талх. Аз сулҳ боғ мемонаду аз ҷанг доғ.   

Ҳақиқатан сулҳ амниятест, ки ҳар як фарди ҷомеа бо бардошти хеш онро тасаввур мекунаду арҷ мегузорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд. Имрӯз, бо заҳмати беандозаи Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати бонангу номӯси тоҷик Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстӣ дорад.

Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,

3-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам.

Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,

Такя бар онҳо намояд қавми соҳибманзилам.

Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо калимаи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир гардид.

Сулҳу ваҳдат аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро танҳо бо якдигарфаҳмию ваҳдат ва дӯстии ҷовидонӣ сулҳ барқарор шуда метавонад.

Сулҳ ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Дарҳ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам.

 

Таҳияи Наботов М.

Яндекс.Метрика