Миллати куҳанбунёди тоҷик дар тӯли мавҷудияти хеш шебу фарози зиёдеро тай намуда, чандин империяҳои бузурги оламро ташкил намудааст. Дар ин росто бо шарофати фарҳанги воло ва назму насри оламгир шоирону нависандагон, олимону мутафаккирон ва файласуфони сатҳи ҷаҳониро дар домони худ парварида, ба оламиён муаррифӣ намудааст. Асарҳои безаволи «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, «Ал-қонун фи-тибб»-и А. Сино, «Маснавии маънавӣ» - и Ҷ. Балхӣ ва садҳо асарҳои амсоли онҳо ба забонҳои гуногуни олам тарҷума шуда, имрўзҳо серхонандатарин асарҳо дар ҷаҳон маҳсуб меёбанд.
Аммо бо гузашти айём, бо сабабҳои объективию субъективӣ давлатҳо ва империяҳои ташкилнамудаи тоҷикон суқут карданд ва бо ин далел хатари аз байн рафтани миллати тоҷик низ аз эҳтимолият дур набуд.
Дар хотираи таърих чунин саҳифаҳои дарднок хеле зиёд сабт аст, ки масалан кишварҳое чун Миср, Ироқ замони зуҳури дини ислом ва тасарруфи арабҳо на танҳо давлату марзу буми худ, балки забони модарӣ ва ҳувияти миллии худро аз даст дода, дар дохили давлатҳои абарқудрат ҳазм шуда, дар ниҳояти кор забон ва миллати он давлатро иҷборан қабул намуданд. Чунин хатарҳо баъди заволи давлати Сомониён дар тӯли ҳазорсолаҳо миллати тоҷикро низ пайгирӣ мекард.
Вале маҳз ҳамин оламшумул шудани забони модарии тоҷикон тавонист миллати тоҷикро аз фаношавӣ нигаҳ дошта, ба ў бақо бахшад. Ҳамин матлабро шоири шаҳир Бозор Собир бисёр дарднок ва воқеъбинона ба риштаи назм кашида, мегўяд:
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод.
Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ Девони Мавлоно гирифт,
Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.
Баъди пирўзии давлати Шуравӣ дар Осиёи Миёна ва ташкил шудани ҷумҳуриҳои бародар то андозае ноадолатиҳои таърихӣ ислоҳ гардиданд. Тоҷикон низ баъди ҳазор соли фосилаи таърихӣ ва интизорӣ дар як гӯшаи хурди марзи паҳновари собиқи хеш соҳибдавлат гардид, аммо бисёр маҳдудиятҳои марзӣ, идеологӣ давлати ҷавони тоҷиконро мисли дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, пайгирӣ мекард. Худихтиёрӣ ва мустақилият дар идоракунии ҷумҳурӣ хеле маҳдуд ва ба салоҳияти соҳибмулк вогузор гардида буд. Қариб тамоми корҳои муросилоти байниидоравӣ ва давлатӣ бо забони русӣ сурат мегирифт. Танҳо баъд аз эълони ислоҳотҳои Горбачёвии соли 1985, то андозае насими форами озодиву истиқлолият ба машом мерасид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 15 ҷумҳурии собиқ Шўравӣ аввалин шуда, кӯшиши ба забони модарии худ додани мақоми давлатиро намуд. Дар ин кори заҳматталаб, он замон саҳми зиёиёни тоҷик хеле назаррас буд. Маҳз бо кӯшишу заҳмати зиёди онҳо 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ» қабул гардид. Тибқи муқаррароти Қонуни мазкур забони тоҷикӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Шурўъ аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.
Бо баракати даврони истиқлол, дар баробари мустаҳкам намудани дигар пояҳои давлатдорӣ, марҳилаи нави рушду нумӯи забони тоҷикӣ фароҳам гардид. Барои такмили забон чанд маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид ва ин раванд то ҳол идома дорад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд ва он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, мавриди амал қарор гирифт.
Баъдан Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид намуда, рӯзи 5 октябрро -Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009, № 699) эълон намуд. Аз ҳамин давра сар карда, ҳамасола 5 октябр ҳамчун “Рузи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад.
Баъди андешидани чунин тадбирҳои муҳим забони тоҷикӣ тавонист дар муҳити хеле мувофиқ қарор гирад ва мавқеъи худро мустаҳкам намояд. Дар баробари ин, дар замони ҷаҳонишавии бесобиқа, ки ба арзишҳои миллии фарҳангӣ хатару таҳдидҳои махлутшавию бегонапарастӣ таҳдид мекунад, забони тоҷикиро низ дар канор нагузоштааст.
Аз ин хотир дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ҳар шахси соҳибзабонро зарур аст, баҳри поку беолоиш нигаҳ доштани забонамон, ки миллатамонро дар тӯли ҳазорсолаҳо нигаҳ дошта, ба ин рӯзҳои нек расонид, бетараф набошем.
Рўзи забон ба ҳама ҳамватанон муборак бошад.
Мирзозода А.Ф. - мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон