ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АЗ ХОНАВОДАИ ЗАБОНҲОИ ҲИНДУ АВРУПОӢ

Забони тоҷикӣ дар Эрон  форсӣ, дар Афғонистон дарӣ ва дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ гуфта мешавад.

Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду - аврупоӣ дохил шуда, яке аз забонҳои бостонии ҷаҳон ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ки зиёда аз 44 миллион нафар аҳолии курраи замин ба ин забон ҳарф мезананд. Давраи инкишофи он дар асрҳои 7 - 8 оғоз ёфта, шоирону нависандагони бузурге чун Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ,Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон бо ин забон асарҳо эҷод кардаанд.

Забони тоҷикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ - точикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд.

Забони тоҷикӣ забони мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Бо забони тоҷикӣ намояндагони миллатҳои дигар низ ҳарф мезананд. 27 дарсади аҳолии Aфғонистон, ки аз лиҳози этнологӣ бо забони форсии тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд, валекин забони хешро расман форсии дарӣ ном мебаранд.

Тайи солҳои охир забони тоҷикиро аз муҳоҷирони миллаташон тоҷик дар гушаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан  Русия ва дар шаҳрҳои Эрон, Туркия, мамолики Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада шунидан мумкин аст. 

 

 

Мутахассиси пешбари шӯъбаи                                  

пажўҳиши маъхазҳои исломӣ                                                                                       Исоев Н.

Яндекс.Метрика