Забон муҳимтарин василаи муошират, иртиботи байни халқҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои мухталифи башар маҳсуб мегардад. Омӯзиши забон, омӯзиши фарҳангу тамаддуни башар буда, дар пешрафту тараққии ҷомеа нақши бориз дорад. Маҳз, тавассути забон ҷомеаҳо аз урфу одат ва таъриху фарҳанги якдигар ошноӣ пайдо мекунанд ва ба воситаи он ҳамеша дар иртибот қарор гирифта, ҳамзамон, ҳамкориҳои худро ба роҳ мемонанд. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забон аз муҳимтарин талаботи ҷомеаи имрӯзаи инсонист.
Тибқи иттилои сарчашмаҳо дар ҷаҳони имрӯз ҳудуди 6 ҳазор забон мавҷуд аст, ки василаи иртибот ва мубодилаи афкори ҷомеа мебошад. Аз ҷумлаи чунин забонҳои василаи муошират ва таваҷҷуҳи ҷомеа қарордошта, забони форсӣ-тоҷикист.
Агар ба таърих ва таъсири забони форсӣ-тоҷикӣ дар инкишофи илму адаби ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ шавад, бояд эътироф гардад, ки ин забон забони сулҳу созанда ва фарҳангу тамаддун аст. Бе шак, хусусияти шефтагӣ ва ширинии забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ буд, ки то имрӯз арзиши таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои мухталифи он кам нагардидааст. Иқболи Лоҳурӣ чи хуб гуфта:
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шакар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Забони тоҷикӣ яке аз ширинтарин забонҳои ҷаҳони имрӯз ва ҳамзамон забони сулҳ шинохта шудааст. Чун, ҳар куҷо аз сулҳ ёд шавад, дақиқан бо забони тоҷикӣ садо медиҳад. Мусаллам аст, ки маҳз, мавҷудияти забони тоҷикӣ тавонист дар тӯли асрҳо новобаста аз ҷангу кашмакашиҳо номи миллати тоҷикро боқӣ гузорад. Маҳз, бо ин забони дорои вижагиҳои барҷаста, олимону шоирон, коршиносону муҳаққиқон маҳсули тафаккури худро рӯи коғаз овардаанд. Таклифу пешниҳодоти Пешвои миллат дар Шӯрову иҷлосияҳои СММ ва дигар ҷаласаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо забони тоҷикӣ аз вижагии хос ва нуфузи барҷастаи ин забон дарак медиҳад.
Ба таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик таваҷҷуҳ гардад, яқин мегардад, ки мероси ғании фарҳангу адабиёт, афкори илмию фалсафӣ бо ин забони шево офарида шудааст. Бузургии забон ва ҷасорати далерони илму адаби тоҷик тавонист пояи боэътимоди тамаддуни башариро устувор гардонад.
Забони тоҷикиро набояд як забони минтақа ва ҷуғрофиёи муайян шинохт, балки ин забон забони илму ойин ва фарҳангу тамаддуни ҷомеаи инсонист. Ҷои шак ва тардид нест, ки ин забон дар нашри дини ислом нақши бориз гузоштааст, зеро оламиён маҳз аз даричаи забону адаби форсӣ-тоҷикӣ ба ойину фарҳанги исломӣ нигаристаанд. Нуфузу қудрати забони форсӣ-тоҷикӣ буд, ки дар империяи исломӣ баъди забони арабӣ забони форсӣ-тоҷикӣ забони дин, шариат, мазҳаб, дарбор шинохта мешуд. Бе шак, метавон гуфт, ки дар рушд ва интишори дини ислом маҳз илму адаби мардуми Хуросону Мовароуннаҳр нақш гузоштааст, зеро давраи боландагии дини ислом ва паҳн гаштани он ба дигар манотиқ ба давраи шукуфоию боландагии тафаккури илмию фикрӣ, санъат, фарҳанг, адабиёт ва дигар соҳаҳои иҷтимоиёти мардуми форсу тоҷик рост меояд. Бисёре аз ҷомеаҳо забони форсӣ-тоҷикиро василаи шинохти дини Муҳаммадӣ медонистанд ва таваҷҷуҳ ба омӯзиши ин забон доштанд. Чун забони форсӣ-тоҷикӣ забони илму сиёсат, шеъру адаб, ахлоқу санъат буд, таваҷҷуҳи бештари ҷомеаҳо ба омӯзиши ин забон мушоҳида мегардид. Имрӯз низ, ин таваҷҷуҳ кам нагардида, дар Тоҷикистон бо меъёрҳои забони адабии муосири тоҷикӣ, дар Эрон бо меъёрҳои забони адабии форсӣ ва дар Афғонистон бо номи дарӣ шинохта, мавриди омӯзиш қарор гирифта истодааст.
Бояд иқрор кард, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳарчанд забони форсӣ-тоҷикӣ забони маҳаллӣ ва миллии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон шинохта шавад ҳам, вале фаромӯш набояд кард, ки дар арсаи байналмилалӣ оҳанги сулҳу осоиштагӣ ва авлавияту қудсияти арзишҳои волои инсонӣ бештар бо забони шевои тоҷикӣ ва аз номи миллати тоҷик садо медиҳад.
Фасоҳату балоғат, ҷаззобиву шефтагии забони форсӣ-тоҷикист, ки то имрӯз забони сиёсат, эҷоди фикрӣ, интиқоли илмҳо, шинохти фарҳанги исломӣ ва дар умум, забони тамаддуни башарӣ шинохта мешавад.
Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ