Мусаллам аст, ки забон яке аз асоситарин ва муҳимтарин воситаи муошират дар байни иртибототи ғайрикаломӣ, монанди ишора кардан, сар ҷунбондан, бо расмҳо иртибот барқарор кардан ва ғайра, маҳсуб ёфта, пайвандгари наслҳои гузашта бо наслҳои имрўза дониста мешавад.
Забони ҳар як миллат баёнгари таърихи куҳанбунёди он ба шумор меравад, ки тамоми марҳилаҳои бурду бохти миллатро дар худ таҷассум намуда, барои насли оянда ҳамчун дарси ибрат хидмат менамояд.
Маҳз, тавассути забон дастовардҳои фарҳангии миллат аз насл ба насл, аз як замон ба дигар замон, аз як давра ба дигар давра, аз як қарн ба қарни дигар интиқол меёбад. Аз ин рў, забон бузургтарин ёдгории маданӣ ва маънавии миллат мебошад.
Нуктаи муҳими дигар ин мебошад, ки дар ҷаҳони муосир миллату халқият ва қавмеро камтар метавон пайдо намуд, ки забони имрўзаи он бо забони беш аз ҳазорсолаҳояш пайвастагии наздик надошта бошад.
Вобаста ба бузургию асолат ва забони илму фарҳанг будани забони тоҷикӣ дар дарозои таърих Ҳеродот дар аҳди Ҳахоманишҳо ба илму фарҳанг пайванд будани мардуми форсу тоҷикро хотирнишон сохта, дар рӯҳияи хирадварзӣ, инсонсолорӣ ва ростгӯйӣ тарбия намудани ҷавонони марзу буми аҷдодиро аз асолатҳои ин хонадони таърихӣ дониста аст.
Дар баробари он, ки фарҳанг таърих ва тамаддуни ҳар як миллатро таҷассум мекунад, мавқеи илмии донишмандони он миллатро дар арсаи ҷаҳони муаррифӣ намуда, ҳамзамон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки забони ин миллат дар тўли ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта, то имрўз арзи ҳастӣ кардааст.
Дар ҳақиқат мо дар шеъру ғазалҳои шоирони гузаштаи худ мушоҳида кардем, ки маъниҳои амиқу инсонпарварона сиришти созандаи миллатро бо забони ноби ҳувиятсозаш иникос менамоянд. Маънии мазкурдар шеър хеле барҷаста ифода ёфтааст.
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Шеъри Мавлоно пеш аз ҳама хусусияти гуманисти дошта, ки тамоми инсониятро, новобаста аз қавму қабоил, барои ваҳдату ҳамбастагӣ фаро мехонад.
Ончуноне, ки имрўз ба ҳамаатон маълум аст, пешайвони Созмони Милали Муттаҳидро маънии фавқуззикр ҳусну ҷамоли ҷовидона мебахшад.
Бани одам аъзои якдигаранд
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рўзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Дар пешайвони Созмони Милали Муттаҳид навишта шудани маъниҳои баланарзиш бо забони тоҷики магар нишонаи соҳибфарҳангӣ, соҳибтамаддунӣ, соҳибмаърифатии ҳамон миллат нест, ки бузургони илму адабаш аз худ осори гаронбаҳо боқӣ гузоштаанд.
Инчунин, дигар донишмандон ва мутафаккирони миллати тамаддунофари мо ба монанди Ибни Сино, Носири Хисрав, Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Фирдавсӣ, Форобӣ, ва ғайра, бо забони ноби тоҷикӣ дар илмҳои тиб асар офариданд. Фарҳанги миллати ирфонпарвари худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.
Сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.