Закот навъе аз роҳандозии адолати иҷтимоӣ.

Дар ҳамаи давру замон вақте, ки мавзӯе мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад пеш аз ҳама зарурат ва мубрамияти онро дар ҳаёти ҳамонвахта бояд ба назар гирифт, нақш ва таъсири онро дар пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои онро равшан сохт. Низоми моли ва системаи иқтисодиёти ҳар як сохти ҷаъмияти аз якдигар фарқ, дошта дар асосӣ он сохти ҷаъмияти ба танзим дароварда мешавад. Масалан системаи иқтисодиёти сотсиалистӣ аз низоми иқтисодӣ ҷаҳони сармоядори (капиталисти) фарқ дорад. Пас низоми молӣ ва системаи иқтисодиёти ҳар сохти ҷаъмиятӣ аз дидгоҳи ҳамон сохтор нисбат ба молу сарват, муайян намудани арзишу ҷойгоҳи пулу сарват дар ҳаёти фарди ва иҷтимоӣ ҷомеа ва усули танзим ва нигоҳ доштани гардиши мол дар иқтисодиёти кишвар иборат мебошад. Ислом бо назардошти тамоми паҳлуҳои зиндагонии инсон системаи пардохтҳои молиеро ба роҳ андохтааст, ки ҷомеаро аз чунин паёмадҳои ногувори иҷтимоӣ ва буҳрони иқтисодӣ нигоҳ медорад.

Дар баробари он бо асос гузоштани системаи падохти молии худ ҳуқуқи қишрҳои камбизоати ҷомеаро низ таъмин намудааст, ки он аз байн барандаи фақру тангдасти  ва ноумеди аз ояндаи онҳо мебошад.

                  Таърифи аҷиберо шариат барои закот зикр кардааст, ки маънои фалсафӣ ва иҷтимоии он боз ҳам равшантар, ҳарчанд бештар мавриди омӯзише қарор мегирад, ҳамон қадар паҳлуҳои иҷтимоии он (ошкортар) беандоза возеҳтар мегардад ва роҳандозиҳои наверо эҷод мекунад.

Закот яъне “Ба моликият даровардани дорои ва моли мушаххас, барои фарди вожа ва мушаххас”.

Ҳикматҳои закот

 

 1.Тарбияи руҳии инсон ҷиҳати накукорӣ, саховатмандӣ ва дури ҷустан аз ҳирс ва ангезаҳои бухл, як тарафагӣ, дархуд печидагӣ.

2.Муҳимтарин ҳикмати он, шакли иҷтимоипазирии ва дар ҷамъият амали гаштани дастгири молӣ аст, ки ин эҳсоси масъулият дар мавриди мустамандон, бенавоён  мебошад.

3.Эҷоди ҳад ва ҳудуд барои сарватҳое, ки дар ихтиёри сарватмандҳо ва бозаргонон ва санъатгарон, то  амвол ва сармоя танҳо дар ихтиёри гуруҳи хосе набошад ва дар миёни сарватмандон даст ба даст нагардад.

         Закот бо вуҷуди хусусияти эътиқодӣ доштан ва яке рукнҳои муҳими дини будан, дар айни ҳол,эҳтиёҷи ниёзмандони ҷомеаро бароварда месозад, фазои иҷтимои ҷомеаро дастгири мекунад, созгор барои рафъи эҳтиёҷи ниёзмандон мебошад. Ва арзишҳои инсониро комил месозад.

Поксозии зербинои шахсияти инсон яке роҳҳои такомул ва созандагии шахсияти инсон дар амал ҷори намудани ин амали хайр мебошад, ки бунёдкориро дар тазкияи руҳ ва сохтани шахсияти инсон ҷомаи амал мепушад, шахситяти инсонро дар ҷойгоҳи арзандае гузошта ақлу заковаташро ба руи ҳама чиз мекушояд, дар сарнавишти наслҳои миллат ва тақдири ояндаи кишвар дилсузона саҳм мегузорад. Ин амали хайр шахсиятҳои такомулёфтаи иҷтимоиро ба бор меоварад, ки фидокорию эҳсонро барои пешрафти ҷомеа ҷомаи амал мепушонанд.

Ҷомеае, ки дар он мардум ба ду табақа: табақаи фақиру бенаво ва табақаи молдору сарватманд тақсим мешаванд, дар он  ҷомеа табақае, ки зери тоқатфарсогирии шароити зиндаги ба сар мебаранд ва ҳеч рузе осудаеро намебинанд, ҳатто дар назарашон тираву тор мегардад, на дилсуз ба ояндаи худ мебошанд ва чашми неке ба ҷомеаи худ доранд. Инчунин ашхос умеди беҳбудие дар оянда надоранд, шахсияти маънавии онҳо аслан дар он вазъ фурсати рушду шукуфои намеёбанд. Аз ин ҷост, ки ислом  дар баробари ҷонибдори ва эҳтиром  гузоштан ба моликияти хусуси боз асосҳои амалиеро бино гузоштааст, ки муҳити солимии ҷомеаро ҳама ҷониба ҳифз менамояд. Дар баробари он бо асос гузоштани системаи падохти молии худ ҳуқуқи қишрҳои камбизоати ҷомеаро низ таъмин намудааст, ки он аз байн барандаи фақру тангдасти  ва ноумеди аз ояндаи онҳо мебошад.

Дар чунин ҳолатҳо бо чунин иқдомоти хайрхоҳона ва барномаҳои саховатмандона метавон обрӯву каромати инсонии ҳамдиёрони худро ҳифз намуд.

Аммо дар ҳолатҳои буҳрони иқтисодии ҷомеа, ки ногузир ба фуру рехтани пояи шахсияти қишри бенавои он меанҷомад, ҳар гуна мактабҳои гумроҳкунандаи фикри ва ҷараёнҳои бегонаи фарҳанги андешаҳои қишри азими ҷомеаро мавриди тохту тозҳои фарҳангии худ қарор медиҳанд. Онҳо бо ба шубҳа афкандани афкори мардум нисбат ба тамадуни дурахшони динӣи ва фарҳонги азими миллии худ заминаҳои бегонагии фарҳангӣ ва шикасти маънавӣро дар зеҳни онҳо омода месозад ва бо ҳамин асос ваҳдати миллиро халалдор месозанд ва аз ҳолати фақру дангдасти ва маъюсии қишри бенавои ҷомеа суиистифода намуда, заминаи ҳаргуна гароиши фикрӣ ва эътиқодии нодурустро фароҳам месозанд. Чи тавре мушоҳида менамоем ин навъи системаи пардохти молли бо суръати ҳакимон ва миёнаравонае падидаи бенавоиро аз байн бурда ҷомеаи солимеро роҳандози мекунад.

Ваҳдатгароии он (закот) эҷоди ваҳдату як порчагӣ бо вуҷуди он, ки  ин эҳсонкори бар асос ғаризаи дини анҷом дода  мешавад. Аммо бешубҳа  ҷанбаи  иҷтимои он пеш аз ҳама ва дар мадди аввал дар назар дошта  шудааст, ки  бо воситаи шахсиятҳои сарватманди миллатдуст ва даст ба хайр бо анҷом додани ин амали хайр миёни ҷомеа ваҳдати иҷтимои ва якпорчагии миллиро пойдор менамояд. Эҷоди ваҳдату якпорчагӣ дар миёни мардум яке аз муҳимтарин амал ва  масъулиятҳои  иҷтимои ба шумор меравад. Вақте қисмате аз молу сарвати шахси пулдор ба дасти қишри ниёзманд ва мустаҳиқи ҷомеа мерасад ва онҳоро дар он ҳамаги фикру тангдасти аз маҳрумияту маъюси мераҳонад, ҳамаи онҳо нисбат бо афроди ҷомеаи худ хушбин мегардад. Бо ҳамин замина ҳамкориву таъовун дар миёни афроду ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд меояд..

              Дар айни ҳол низоми иқтисодии ислом ба андозаи дақиқона поягузори гардидааст, ки аз як тараф шароратҳои моландузиро дар ҷомеа пешгири мекунад аз тарафи дигар шароити шукуфои ва рушди иқтисодиёти кишвар ва молу мулки сармоядорони хусусиро таъмин менамояд. Аз як су эҳтикор ва роҳҳои номашруъӣ ба даст овардани сармояро қатъиян маън менамояд ва аз ҷониби дигар бо ба роҳ мондани низоми пардохтҳо ва молиёти солона ва сари насли заминаҳои гардиши мутаодили молро дар ҷомеа фароҳам намудааст.

Дар молҳо ва пулҳои нақд, молҳои тиҷоратӣ ва сарватҳои ҳайвонӣ пардохтҳои солонаро ба номи закот фарз гардонидааст. Дар маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҷоту асал, ки бахше аз молҳои закот ба шумор мераванд ушурро дар бар дошта ҳосили ҷорӣ намудааст. Дар поёни умри ҳар насле вақте соҳиби мол аз дунё мегузарад, барои тақсими сармояи дар як насл гирд омада-қонуни меросро таъсис додааст. Ба ҳамин  тартиб ислом гардиши молро дар ҷомеа ба танзим даровардааст, то тамоми молу дорои дар дасти ашхоси муайян қарор нагирад ва як қутби дар он сурат нагирад, балки доимо миқдоре аз дорои ва иқтисодӣ ҷомеа дар миёни тамоми қишрҳои мардум дар гардиши башар ва ҷараёни зиндагонии онҳо ҳеҷгоҳ мутавақиф ва халалдор нагардад. Вақте, ки заминаҳои ваҳдат, ҳамкори ва хушбиниии афрод ва қишрҳои гуногуни ҷомеа нисбат ба якдигар ба вуҷуд омад амнияти иқтисодӣ, фикрӣ ва иҷтимоӣ низ таъмин мегардад

 

                                                  Шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ.

Яндекс.Метрика