Дар баробари таъсири бевосита расонидан ба ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа, робитаҳои мутақобилаи зуҳуроти динӣ- ифротгароӣ дар ҷомеа вуҷуд доранд, ки дар мавридҳои муайян ба тағйироти иҷтимоӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ба таҷдиди назари анъанаҳову таълимоти динӣ ва вазъияти динии ҷомеа мусоидат мекунанд. Дар зери мафҳуми “таъсири омили динӣ”, ки дар тадқиқоти мо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, мазмунҳои зер дар назар дошта мешаванд: маҷмӯи фаъолияти субъектҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ, тавсифоти арзишҳо, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва намунаи муносибатҳои асосии ин фаъолиятро ташкилкунанда, ҳамчунин раванди таъсири мутақобила дар байни таркиботи номбурда, ки тавассути онҳо таъсири ҳамдигарии таълимоти исломӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ- иқтисодии ҷомеа таъмин мегардад.
Омилҳои васеъ паҳн гаштани ифротгароии динӣ- сиёсиро дар ҳудуди Тоҷкистон ошкор намудан хеле душвор аст. Дар тӯли се даҳсолаи давраи истиқлолият дар ҳаёти ҷомеаи тоҷик тағйироти куллӣ ба амал омад ва тамоми соҳаҳои фаъолияти иҷтимоӣ дучори дигаргуниҳо шуд, бахусус сатҳи шуури ҷамъиятӣ, аз ҷумла сатҳи диндории мардуми кишвар боло рафт. Гардиши куллӣ ба сӯйи муносибатҳои бозорӣ бо афзалиятҳои арзиши модии он ба вуқӯъ пайваст. Барои ҳар як сокини кишвар интихоби яке аз ин ду роҳ ба миён омад: агар ту бою бадавлат бошӣ, қадру қимат дорӣ; агар не, арзише надорӣ. Аз даст додани нишонаҳои қаблии ҳокимият дар нишонаҳои фардӣ, яъне, дар мақоми хонаводагӣ ва муносибат ба насли куҳансол низ инъикос ёфтанд. Чунин вазъияти ногузир ба тамоми муносибатҳои инсонӣ бетаъсир намонд. Акнун фарқияти байни одамон аз рӯи даромадҳои пулӣ, дороию нодориашон муайян мегардад.
Масъалаи меҳнат ва бекорӣ ҳамчун масъалаҳои соф иқтисодӣ ба рӯзгори одамон дахлнопазир маънидод карда мешаванд. Дарвоқеъ, меҳнат ва дуршавӣ аз меҳнат, қабл аз ҳама, душвории вуҷудӣ ва бунёдии рӯзгори муосир ба шумор меравад. Ин маънӣ он далелро собит месозад, ки дар тӯли тамоми таърихи мавҷудияти тамаддуни инсонӣ меҳнат ченаки муқаддас ба шумор мерафт, дар сурате, ки мафҳуми “самаранокии иқтисодӣ” фақат бо пайдоиши иқтисоди бозорӣ дар даврони нав ба майдон омад.
Бояд қайд кард, ки ифротгароии динӣ- сиёсӣ зуҳуроти иҷтимоӣ-иқтисодӣ буда, зимнан, дар сохтори кунунии ҷамъиятӣ заминаҳои махсуси пайдоиш ва шароитҳои хосси мавҷудиятро доро мебошад. Масъалаи мазкур аз дигар зуҳуроти ба он монанд фарқ мекунад ва дорои заминаҳои бузурги методологӣ, иҷтимоӣ, ғоявӣ, сиёсӣ, миллатгароӣ ва миллатпарастӣ мебошад. Майлу рағбат ба ҷаҳонбинии динӣ-ифротгароӣ, қабл аз ҳама, хосси он ҷавононе мебошад, ки онҳо мақоми устувори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ надоранд.
Таҳлили омилҳои иҷтимоӣ- иқтисодии пайдоиши ифротгароии динӣ- сиёсӣ пешбинӣ менамояд, ки ҳолати имрӯзаи минтақавии Тоҷикистон, бахусус рушди иҷтимоӣ- иқтисодии онҳо, ба ҳайси яке аз далелҳои асосии минтақавӣ-қавмӣ, бояд мавриди таҳлил қарор гирад, зеро ин омилҳо дар зуҳуроти ифротгароии динӣ - сиёсӣ дар минтақаҳо нақши муҳим бозидаанд. Чунончи, С. Олимов сабабҳои пайдоиш ва фаъол гардидани ифротгароии динӣ – сиёсиро дар муҳити буҳрони иқтисодии минтақаҳои ҷудогонаи Тоҷикистон шарҳ додааст.
Ба ҳайси омилҳо ва шароитҳои иқтисодӣ чунин гурӯҳбандии омилҳоро номбар кардан мумкин аст:
1. Ба гурӯҳи аввал омилҳои зеринро метавон мансуб донист: бекорӣ, даромади ночизи аҳолӣ, ба ҳар сари аҳолӣ коҳиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, коҳиш ёфтани дастрасӣ ба хонаҳои истиқоматӣ, баланд будани ҷинояткориҳои иқтисодӣ. Мавриди зикр аст, ки душвориҳои иқтисодӣ ба рушди бисёр намудҳои ҷинояткориҳо ва шиддати иҷтимоӣ, аз ҷумла ба ифротгароии динӣ – сиёсӣ ва тероризм бурда мерасонанд.
2.Омили дувуми иқтисодиро, ки ба зуҳуроти ифротгароии динӣ – сиёсӣ боис мегардад, аз рӯйи нишондиҳандаҳои тақсимоти минтақавӣ таҳлил намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Бояд қайд кард, ки бенавоӣ ва тафриқаи иҷтимоӣ дар шароити тағйиротҳои гуногуни иҷтимоӣ ба бегонагии сиёсӣ боис гардида, дар ҷомеа ҳолати ихтилофангезро ба миён меорад ва одамонро водор месозад, ки робитаро бо ҳамақидаҳои худ баркананд. Фардҳои алоҳида дар ин ҳолатҳо сафҳои гурӯҳҳои динӣ - ифротиро пурра мегардонад. Ба зудӣ таҳти таъсири ғояҳои тундрав қарор мегиранд. Дар чунин мавридҳо, ба ифодаи пурмаънои файласуфи машҳури англис Ф. Бекон “аввалин доруи дардмон он хоҳад буд, ки бо тамоми воситаҳои мавҷуда бояд сабабҳои моддии сар задани ошӯбҳо, яъне маҳз сабабҳои гушнагӣ ва қашшоқӣ дар кишвар бартараф карда шаванд” Ба ҳамагон маълум аст, ки агар талаботи қонеъ гардониданашудаи биологӣ ба мубориза баҳри зист бархезонад, талаботи қонеъ нагаштаи иҷтимоӣ ба фавқулмубориза баҳри фавқулзист такон медиҳад. Дар ҳақиқат вақте, ки омилҳои сар задани ноадолатӣ, гушнагӣ ва қашшоқӣ вуҷуд доранд, гурӯҳҳои ифротгароӣ аз онҳо ба фоидаи худ истифода бурда, ҷомеаро ноором месозанд. Аз ин рӯ, ягона роҳи наҷот ҳал кардани омилҳои мазкур, яъне ислоҳи вазъияти иҷтимоии аҳолӣ ва махсусан, ҷавонон мебошад.
Сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ ИсоевН.