Заминаҳои пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ дар ҷаҳони мусулмонӣ

Дар асрҳои миёна  муборизаҳои сиёсӣ барои ҳокимият дар хилофат, аз як тараф, ва муборизаи халқҳои дар натиҷаи истилои араб  мусулмоншуда барои ба даст овардани истиқлолияти миллию бунёди давлати миллӣ, аз тарафи дигар, сабаби ба равияву фирқаҳои мухталиф ҷудо шудани ислом гардида буд.  Дар садаи xx бошад чунин муборизаҳо ба пайдошавии ҳизбҳои сиёсии хусусияти  динидошта  асос гузошт.  Он манфиатҳои гурӯҳӣ, этникӣ ва миллие, ки дар гузашта дар шакли низоъҳои мазҳабӣ ифода мегардиданд, ҳоло дар шакли муборизаҳои ҳизбӣ-сиёсии динӣ  зуҳур  меёбанд. Азбаски  пайдоиши аҳзоби сиёсии хусусияти динӣ дошта низ  дар кул давоми  пайдоиш ва ташаккули аҳзоби сиёсӣ мебошанд, зарур аст, ки нахуст дар бораи пайдоиш, моҳият ва аҳзоби сиёсӣ чанд сухане баён созем. 
Ҳарчанд пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ ба маънои имрӯзааш асосан хоси даврони тараққиёти капитализм аст, вале ин мафҳум дар фарҳанги сиёсии Аврупо зери унвони «партия» ва дар фарҳанги сиёсии шарқи исломӣ таҳти унвони «ҳизб» таърихи куҳан дорад. «Партия» аз истилоҳи лотинии «pars» («partis»-қисми ягон чиз) ба вуҷуд омада, дар ибтидо  маънои мувақатан  муттаҳидшавии  гурӯҳи одамон барои ҳифзи ягон шахсиятро дошт. Баъдан дар атрофи ягон фаъоли сиёсӣ тарафдорон ва пайравони ӯ ҷамъ омада фаъолияти худро  бо ҳамдигар мувофиқат менамуданд, то ки мақсади ба миён гузоштаашонро амалӣ созанд. Ҳанӯз дар замони Арасту гурӯҳҳои сиёсии ба таври бенизом ба вуҷуд омадаро «партия» меномиданд. Тыцит Карнелий дастаҳои мусаллаҳи калони аскарони давраи ҷанги шаҳрвандии ҷумҳурии Римро дар садаи 1 мелод, ки байни ҳамдигар адовату низоъ доштанд, партияҳои Юлианӣ ва Помпеянӣ номида буд.[17: 206]
Дар илми сиёсатшиносӣ доир ба пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ назарҳои мухталиф  вуҷуд  доранд. Баъзеҳо  Никола  Макиавелиро асосгузори назарияи ҳизбҳои сиёсӣ меҳисобанд.Ӯ дар асараш «Таърихи Флоренсия» муборизаи  ҳизбҳоро  омили муҳими рушди ҳаёти сиёсӣ ҳисобида, дар бораи ғалабаи ҳизби «гвельфҳо» ва мағлубияти  ҳизби  «гибелинҳо» нақл мекунад. Н.Макиавелли бори аввал ин масъаларо аз нигоҳи назарӣ таҳқиқ карда, яке аз қонуниятҳои сиёсати ҳизбиро баён намудааст. Ба ақидаи ӯ «майдони муборизаҳои ҳизбӣ  холигиро тоқат надорад. Ҳар кадом, ҳатто ҳизби комилан ғолибомада зуд рақиби мувофиқи худро пайдо мекунад»[18: 206]
Ба  ақидаи  баъзе  сиёсатшиносони рус эҷоди назарияи сохторҳои ҳизбӣ аз нимаи дуюми асри 19 дар Амрико оғоз ёфтааст, ва ИМА то имрӯз се давраи сохтори ҳизбиро аз сар кардааст. Якумин сохтори ҳизбӣ дар солҳои 1788-1824  аз  ҳизбҳои  ҷумҳурихоҳон ва федералистҳо, дуюмин сохтори ҳизбӣ дар солҳои 1924-1956 аз ҳизбҳои демократӣ ва миллӣ-ҷумҳуриявӣ иборат буда, сеюмин сохтори ҳизбӣ аз соли 1854 оғоз ёфта, то имрӯз давом меёбад ва он аз ҳизбҳои демократӣ ва ҷумҳуриявии муосир иборатанд. [18: 206- 207]
Аз  назари Р.Т.Мухаев бошад, ҳизбҳо  ба  маънои ҳозирааш дар асри 18 аввал  дар  Британия ва баъд дар ИМА ташаккул ёфтаанд. Ҳизбҳои нахустини  Британияи Кабир ҳизби «торҳо» ва ҳизби «вичҳо» буданд. Ба ақидаи ӯ то пайдоиши аҳзоби номбурда донишмандони асри 17 англис ба ҳизбҳо назари хайрхоҳона доштанд. Ҳизбро таҷассумгари манофеи миллӣ меҳисобиданд. Масалан, Э Бок гуфтааст, ки ҳизб чунин ташкилоти одамони бо ҳам ба мувофиқа  омада мебошад, ки бо мақсади пешбурди манофеи миллӣ  дар асоси ба роҳбари гирифтани як қатор принсипҳои махсус  мутаҳид шудаанд [12: 263].
Вақте ки манфиатиҳои  гурӯҳҳои  мухталифи ҷомеа дар натиҷаи афзудани  фарқиятҳои  иҷтимоӣ-иқтисодӣ амиқ гардада ва ихтилофи байни онҳо  афзуд, вазифаи пешинаи ҳизбҳо, ки таҷассумгари манофеи умумимиллӣ буданд, низ тағир ёфта, ба механизми ифодакунандаи имтиёзу афзалияти гурӯҳҳои  алоҳида  табдил  гардиданд. Баъдан  дар ҳамин замина нисбат ба ҳизбҳо  муносибати  манфии  одамон ба вуҷуд  омад. Ба ақидаи муҳақиқи тоҷик Махмадов А.Н. бошад, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ дар асри XIX ба вуҷуд омадаанд. Ҳамчунин доир ба фаҳмиши мафҳуми ҳизб низ назарҳои мухталиф мавҷуданд[9:197].
Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки намунаҳои аввалин ҳизбҳои сиёсӣ дар замони тараққиёти  муносибатҳои капиталистӣ, ки ба пайдоиши усули идоракунии демократии  давлат замина  гузоштанд, дар Аврупои Ғарбӣ ва Амрико  ҳанӯз дар асрҳои 17-18  пайдо  шуданд. Вале миқдори чунин ҳизбҳо бисёр набуданд ва ҷанбаи сохторию ташкилии онҳо ҳанӯз нокомил буда, хусусияти  омавӣ  надоштанд,  чуноне ки ҳоло ҳаст. Бинобарон,   он вақт онҳо дар ҳаёти ҷомеа нақши муайянкунанда надоштанд. Ҳизбҳои «гвельфҳо»,  «гибелинҳо»  ва «вичҳо» навъҳои нахустини ҳамон гурӯҳҳои  сиёсие  буданд, ки ба  пайдоиши ҳизбҳои сиёсии замони муосир асос гузоштанд.
Асри 19 дар таърихи башар давраи таҳаввулотҳои азими сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Зеро дар Аврупо  симои  иҷтимоӣ-синфии ҷомеа ба куллӣ тағир ёфт, зеро  тараққиёти  истеҳсолоти  капиталистӣ синфи коргарро  ба вуҷуд овард, ки нисбати дигар гурӯҳҳои иҷтимоии поёнии ҷомеа  бошууртар  ва  муташшаккилтар  буд. Дар худи таркиби синфи сармоядор низ тағиротҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд, ки симои иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеаро  дигаргун  сохта,  ба тағйирёбии  таркиби  ниҳодҳои  ҷомеа  мусоидат намуд.  Пайдоиши  ҳизбҳои  сиёсии  муосир намунаи барҷаситаи ҳамин тағиротҳои  иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеаи сармоядорӣ  дар Аврупои  Ғарбии садаи 19  мебошанд. Дар айни замон, талабот ва манфиатҳои фардию гурӯҳии одамон  дар  баробари ҳизбҳои сиёсиро ба миён овардан ба вазъи иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа, махсусан раванди демократикунонии он, таъсири муфид расониданд, ва  ба шаҳрвандон имконият доданд, ки бо роҳи  ба ҳокимият  таъсир расонидан  олами сиёсатро хеле тағир диҳанд. Дар аввалҳо ҳуқуқи интихобкунандагон  бо  анҷом  ёфтани  маъракаи интихобот ба охир мерасид. Номзади интихобшуда вазифадор набуд, ки ба иродаи интихобкунандагони худ итоат кунад. Зеро ӯ намояндаи ҷомеа ба ҳисоб мерафт. Бо пайдо кардани ҳизбҳои сиёсӣ ин ҳолат тағир ёфт. Шахси интихобшуда дигар ифодакунандаи  ташаббусу иродаи махсуси худ  нест, балки иродаи ҳизбро ифода намуда,  ба дастгирии он такя менамояд.
Дар байни қувваҳои сиёсии воқеӣ, ки ошкоро дар майдони сиёсат амал мекунанд ва метавонанд вазифаи худро иҷро намоянд,  неруҳои аз ҳама бонуфуз аҳзоби сиёсӣ мебошанд, ки унсури асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд ва дар раванди  демократикунонии  ҷомеа, таъмини волоияти қонун нақши бориз мебозанд. Нақшу мақоми ҳизби сиёсиро дар сохтори сиёсии ҳар  кадом  ҷомеа  ва хусусияти робитаи байни аҳзоби сиёсиро таъсири равандҳои этнофарҳангӣ, демографӣ, анъанаҳои таърихӣ, дин ва ғайра  муайян месозанд.
Азбаски аҳзоби сиёсӣ дар Аврупои Ғарбӣ пайдо шудаанд, сарчашмаи ҳизбҳои сиёсии диниро низ бояд дар он ҷо ҷустуҷӯ кард. Дар Аврупои асримиёнагӣ калисои католикӣ ба мутамарказшавии давлат монеа эҷод менамуд. Дар мамолики протестантӣ бошад ин ихтилоф дар раванди ҳаракати ислоҳхоҳӣ (Реформатсия) ҳалли худро ёфта буд. Дар кишварҳои католикӣ, дар он ҷое ки калисо мавқеи худро нигоҳ дошт, махсусан дар он давлатҳое, ки католикҳо  маҷбӯр  буданд, бо пратсестантҳо ҳамзистӣ намоянд, ҳизбҳои хусусияти динидоштаи зиёд низ ба вуҷуд омаданд. Аз рӯи ҳисобу китоби Ричард Роуз ва Дерек Эрван дар Аврупои Ғарбӣ ҳизбҳои тамоюли динӣ дошта аз ҳизбҳои  хусусияти  синфӣ дошта кам набуданд. Зиёда аз ин, дар заминаи низоъҳое, ки миёни  католикҳою  пратестантҳо вуҷуд дошт, ҳизбҳои тамоюли зиддидинӣ дошта низ пайдо шуданд.[18: 211]
Дар Россия бошад аз асри 17 сар карда калисои провославӣ ба мутамарказшавии давлат монеъ намешуд. Бинобарон дар ин кишвар ҳизбҳои динии бонуфуз пайдо нашудаанд. Нахустин системаи ҳизбии Россия ташкилотҳои Черносотни (1905-1918) буданд, ки ҳукумати подшоҳии Россияро фаъолона дастгирӣ  мекарданд.  Россия дигар шакли ҳизбҳои сиёсии хусусияти динӣ доштаро  то кунун  надидааст.  Бинобарон дар Россияи муосир низ зидияти  байни  калисову давлат амалан  вуҷуд надорад, ки  он аз хусусияти калисои православӣ бармеояд.
Таълимоти сиёсии православия дар асоси матнҳои Инҷил ташаккул ёфтааст, ки махсусан ба ду порчаи машҳури Аҳди Ҷадид такя мекунад:
1. Дар паёми мубалиғи таълимоти Исои Масеҳ-Павел ба римиҳо омадааст: Насронии  ҳақиқӣ  он аст, ки ба ҳар  кадом ҳокимияти дунявӣ итоат мекунад, вале  дар  ҳар ҳолат истиқлолияти диниро нигоҳ медорад. (Рим 13:1) 
2. Дар масале   доир ба  динор ба саволи форисиён (аҳли риё) дар хусуси он, ки оё ба Қайсар-Императори Рим додани андоз ҳатмист?,  Исои Масеҳ ҷавоб медиҳад: «ба Қайсар бидиҳед, он чӣ саҳми Қайсар аст ва ба Худо бидиҳед, он чӣ саҳми Худост».  
Ҳамин тариқ, мувофиқи таълимоти  калисои   православӣ итоат кардан ба ҳар кадом ҳокимияти дунявӣ  ва  риоя намудани истиқлолияти динӣ  амри  зарурист. Бинобарон дар  Рими қадим ҳангоми ҷамъ омадан дар калисо  барои  ибодат ҳама ба ҳақи Қайсар дуои хайр мекарданд, аммо ба Қайсар додани сифатҳои илоҳӣ манъ  буд.
Баъди ба қисматҳои ғарбию шарқӣ ҷудо шудани империяи Рим дар насроният низ  ду таълимоти динӣ-сиёсии мутақобил ба вуҷуд омад. Дар қисмати шарқии империя, ки Взантия ном гирифт, мазҳаби православӣ  ғолиб омад ва анъанаи цезаригароӣ, яъне афзалият доштани ҳокимияти императорӣ аз ҳокимияти калисоӣ ташаккул ёфт. Дар ҳудуди Византия якчанд шаҳрҳои калон митрополияҳо ба монанди Фаластин, Антиохия, Александрия, Костантинопол ба вуҷуд омаданд, ки сарруҳонии онҳо патриарх ё папа номида мешаванд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо даъвои мустақил буданро   накарда,  ҳама  дар   мувозина фаъолият мекарданд, вале барои ҳама император як кас буд. Дар замони император Юстиниан (527-565) истилоҳи «симфония», яъне «ҳамоҳанги»-и ҳокимияти дунявӣ ва рӯҳонӣ пайдо гардид, ки ҳар  кадоме  вазифаи  худро дошт. Вазифаи калисо  наҷот додани  рӯҳӣ ҷовидонаи  фарди насронӣ ва вазифаи ҳокимияти дунявии император ин ҳифзу идораи ҷисми пургуноҳи насрониён ба ҳисоб мерафт
Ба назарияи «симфония» такя карда, калисои православӣ ягон вақт  дар назди ҳокимияти шоҳӣ даъвоҳои  сиёсӣ ба миён нагузоштааст, ба ақидаи калисои мазкур  шоҳ бо роҳи ба ҷо овардани анъанаи «чиликкашӣ» (маросими  ба пешони бо равғани муқаддас кашидани чиллик ҳангоми тоҷгузории шоҳон)  ҳокимиятро аз  Худо  қабул мекунад. Ҳамин тариқ, мувофиқи  таълимоти  проволавӣ ҳокимияти дунявӣ ва калисо паҳлӯ ба паҳлӯ вуҷуд дошта, барои фарди насронӣ чунин дастури Инҷил ҳамеша раҳнамо будааст. «дар итоати шоҳе бош, ки Худои ту интихоб кардааст.» (Второзаконние.17,15). Шоҳ ҳамчун  интихобкардаи  худо  дар  назди  худо  ҷавобгӯ  мебошад,  на дар назди мардум. Ҳокимияти шоҳӣ на  танҳо иродаи  худост, ҳамчунин дар тимсоли ҳокимияти илоҳӣ сохта шудааст.
Аз ин рӯ, таълимоти сиёсии православия ҳокимияти мутлақи монархиро ягона шакли  имконпазири  идоракунии  ҷомеа меҳисобад. Тағир додани ҳокимияти  мутлақи  манархӣ  на танҳо ҷинояти сиёсӣ, инчунин ҷинояти динӣ ба ҳисоб меравад. Дар айни замон, аз рӯи эътиқод православ будани монарх  ҳатмист ва ҳуқуқи тағир додани дини худро надорад. Бо ҳамин сабаб дар кишварҳои православӣ калисо ягон вақт барои дар корҳои сиёсӣ иштирок  кардан  мубориза   накардааст. Ҳатто дар давраи Инқилоби Октябр ва ҷангҳои гражданӣ дар Россия  калисо ширкат наварзидааст.  Барои ҳамин ҳам  рӯҳониёни  православӣ ба мисли дигар гурӯҳҳои   аксулинқилобӣ  ба «террори сурх» гирифтор нагардида, бештар  муҳоҷир  шудаанд. Аз ҳамин сабаб И.В.Сталин низ баъдтар ҳамаи рӯҳониёни дар маҳбас бударо озод намуд ва  калисои праваславӣ дар давраи Шӯравӣ бо сабаби  дахолат накарданаш ба корҳои  давлатӣ  тавонист  дар  паҳлӯи ҳокимияти дунявӣ мавҷудияти худро таъмин карда ояд. Баъди пошхӯрии давлати Шӯравӣ низ   православия   ба мисли дигар динҳо ҳамчун як падидаи маънавӣ-ахлоқӣ аз нав эҳё гардида, сиёсати дахолат накардан ба ҳаёти  сиёсии давлатро идома медиҳад.
Бар  хилофи  православия калисои католикӣ дар қисми ғарбии собиқ империяи Рим роҳи таърихии дигарро аз сар кард. Ҳанӯз дар соли 476 дар Ғарб ҳокимияти дунявӣ таназзул ёфт. Ғарби асримиёнагӣ ягон давлати муттамарказро  намедонист. Харитаи сиёсии ин қисмати Аврупоро давлатҳои майдаи зиёд ташкил медоданд ва онҳоро калисои католикӣ муттаҳид  месохт. Сохтори  зинавии  калисои  марказонидашуда амал мекард, ки бар хилофи цезаригароии Аврупои шарқӣ папацезаризм, яъне идеяи афзалият доштани ҳокимияти динӣ аз ҳокимияти дунявӣ ҳукмрон буд.
Аз асри IX-X сар карда дар Ғарб бар хилофи назарияи «симфония»-и ҳокимияти динию  дунявии  православӣ   назарияи  «ду шамшер» тараққӣ ёфт, ки мувофиқи  он  гӯё  барои  ҳимояи  насроният Худо ду шамшер-калисоӣ ва дунявиро ато кардааст ва ҳардуро ба ихтиёри калисо вогузоштааст. Бинобарон ҳокимияти дунявӣ бояд ба калисо итоат намояд. Вазифаи ҳокимияти дунявӣ он аст, ки  танҳо  амру фармони попро иҷро намояд. Шоҳе, ки ба  поп итоат намекунад,  ӯро на танҳо  бояд иваз кард, ҳатто метавон қатл намуд.
Аммо ин ҳолат дур давом накард. Бо пайдо шудани давлатҳои миллӣ ҳокимиятҳои динӣ тадриҷан ба зери таъсири ҳокимиятҳои дунявӣ афтоданд. Назарияи «ду шамшер» низ тадриҷан ба мақсади ҳақ баровардан мустақилияти ҳокимияти дунявӣ истифода мегашт.
Танҳо баъди дар Аврупои Ғарбӣ густариш ёфтани  ҳаракати ислоҳхоҳӣ (Реформатсия)  ва ҷудо шудани дин аз давлат ва мактаб аз калисо мавқеи  калисои католикӣ суст шуда, баъди ғалабаи инқилоби бузурги Франсуз он мақоми пешинаи худро аз даст дод ва раванди секуляризация (дунявикунонӣ) оғоз гардид. Ҳарчанд дар ибтидо калисои католикӣ ба ин муқобилияти  сахт  нишон  медод, аммо баъди мағлубияти худро  дарк кардан, калисои  католикӣ  аз охири асри  XIX сар карда тактикаи фаъолияти худро иваз намуд. Калисо аз пайравони худ талаб мекард, ки давлати дунявӣ, конситутсия, қонунҳои онро эътироф намоянд ва дар баробари ин бояд ҳизбу ташкилотҳои ҷамъиятии худро низ таъсис диҳанд, то ки дар ҳаёти сиёсии ҷомеа фаъолона ширкат варзанд.
Ба тағир ёфтани усули кори калисои католикӣ дар баробари раванди сукуляризация, ки аз давраи ҷудо шудани дин аз давлат ва мактаб аз калисо оғоз ёфта буд, пайдо  шудани  ҷаҳонбинии  марксистӣ  ва инкишофи ҳаракати коргарӣ, ки барои ҷомеаи сармоядорӣ хатарзо буд, низ мусоидат намуд. Вақте  ки дар охири асри XIX дар як қатор давлатҳои аврупоӣ дар партави   идеалогияи марксистӣ ҳизбҳои коргарӣ зуҳур карданд, мавқеи калисои  католикӣ  дар  қишрҳои поёнии ҷомеа аз  ҳарвақта дида бештар заиф гардид. Акнун бар муқобили ин ҳаракатҳои нав калисо чораҳои қатъӣ меандешид. Дар кишварҳои католикӣ на танҳо ҳизбҳои сиёсии динӣ, ҳамчунин  маҳфилҳои коргарии католикӣ, ташкилотҳои мухталифи омавии католикӣ  ба  монанди  ташкилотҳои хайрия, ҷавонон, занон, варзишӣ ва ғ. ба вуҷуд омаданд. Сармоядорони  аврупоӣ ва ҳукуматҳои онҳо ин ташкилотҳоро бо хушӣ қабул карда дастгирӣ менамуданд. Дар шакли нав ҳамкории давлатҳои дунявии аврупоӣ ва калисо ба вуҷуд омад.
Нахустин ташкилоти коргарии католикӣ дар солҳои 60-уми садаи 19 дар Германия, баъди Комунаи Париж дар Франсия, пас аз 10 сол дар Белгия пайдо шуданд. Баъди нашр шудани паймони Поп Леа XIII «Rerum пouarum» (1991с.) дар Германия, Австрия, Белгия, Италия федератсияи миллии итифоқи касабаи насрониҳо (марказаш Цюрих) ташкил шуд[22: 95]. Калисои католикӣ дар байни  коргарон  мунтазам  фаъолият карда, таълимоти ахлоқию иҷтимоии насрониро тарғиб мекард. Вале калисои католикӣ иштироки  бевоситаи  худро  дар  ҳаёти сиёсии кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дар ташкил намудани аҳзоби сиёсии насронӣ медид. Ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри 19 дар 42 кишвари аврупоӣ аҳзоби сиёси-динӣ дар ҳаёти сиёсӣ  нақши  муайянро  мебозиданд. Ҳизбҳои демократии насронӣ дар Италия ва Германия ба вуҷуд омада, бо иттиҳоди ҳарбии давлатҳои империалистӣ робитаи зич  барқарор намуданд ва қаноти рости онро ташкил медоданд. Баъдтар аҳзоби сиёсии  насронӣ-демократӣ дар мамолики Америкаи Лотинӣ Бразилия, Чилӣ, Уругвай, Перу, Эквадор ва ғ. таъсис ёфтаанд. Баъзе ҳизбҳо бо мақсади бевосита ошкор  накардани  мансубияти динии худ унвонҳои ғайридиниро  низ интихоб  мекарданд, ба монанди ҳизби халқӣ дар Австрия ва ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявӣ дар Франсия. Ҳарчанд калисо зоҳиран мустақил будани  ин  аҳзобро  дар нисбати калисо вонамуд месохт, аммо дар асл калисо дар ташкил  кардани  ҳизбҳои  насронӣ  нақши роҳбарикунанда дошт. Ҳамин тариқ, таъсису фаъолияти ҳизбҳои насронӣ дар Аврупои Ғарбӣ ба ҳукми анъана даромаданд. Ҳизбҳои насронӣ-демократӣ дар садаи 20 дар мамолики Аврупо ба нерӯи бонуфузтарини сиёсӣ табдил ёфтаанд[22; 97-98].
Муаллифони асари «Теория  политики» (2008) дар чунин ақидаанд, ки ҳоло  аҳзоби  насронӣ-демократии Аврупоро набояд аҳзоби клерикалӣ номид, зеро идеалогияи  ин аҳзоб  ба насроният  бештар на ҳамчун дин, балки ҳамчун анъанаи бузурги таърихӣ муносибат мекунанд.
Аз ин нигоҳ, аҳзоби насронӣ-демократиро  имрӯз  аҳзоби интерконфессионалӣ меноманд, чунки онҳо дар сафи худ намояндагони конфессияҳои мухталиф,  ҳатто атеистонро, муттаҳид месозанд[18: 378-379]. Аз ин ҷо бар меояд, ки аҳзоби мазкур имрӯз хусусияти дунявӣ низ касб карданд ва ин имкон  медиҳад,  ки онҳо  ҳоло таъсири худро дар ҷомеа ҳар чӣ бештар вусъат диҳанд ва ба раванди  ҷаҳонишавӣ  мутобиқ  гарданд. Ба андешаи мо яке аз омилҳои  хатари  таъсиру  фишори  насроният ба олами ислом маҳз дар мутобиқшавии насроният ба раванди ҷаҳонишавӣ мебошанд. Зеро ҷаҳонишавӣ  хоҳ-нохоҳ  тадриҷан ба  тафаккуру  ҷаҳонбинии инсонияти садаи нав таъсир расонида, оқибат биниши вайро ба олам дигар месозад. Дар ин раванд ҳамон  анъана, дин ва ҷаҳонбинӣ ба  муваффақият даст меёбад, ки ба ин раванд сари вақт худро мутобиқ соха тавонад.
Аз ин далелҳо чунин  бармеояд, ки ҷомеаи демократӣ-дунявии муосир ба насроният таъсири зиёд расонидааст. Калисо кӯшиш мекунад, ки дар баробари иҷро кардани вазифаҳои динии худ ба воқеияти замони нав мутобиқ гардад. Ҳоло маҳз намояндагони равияи консерватии насроният-католикҳо тавонистанд ба тадриҷ дар барномаҳои сиёсии аҳзоби худ тибқи тақозои ҷомеаи демократӣ-дунявӣ ислоҳоти ҷиддие ворид созанд. Аз ҷумла ба инсон пеш аз ҳама ҳамчун ба шахсият (на аз рӯи аломати диндорӣ) муносибат кардан, эътирофи гуногунандешӣ дар афкор ва фаҳмиши либералии худкифояи шахс, ҳамкории инсонҳо дар доираҳои гуногун ҷанбаҳои асосии ин ислоҳотро ташкил медиҳанд. Ворид кардани меъёрҳои сиёсии ҷомеаи демократӣ ба барномаҳои аҳзоби сиёсии насронӣ-католикӣ ин аҳзобро ба воридсозандагони идеалҳои демократияи ғарбӣ дар қишрҳои поёнии ҷомеаи ғарбӣ табдил дод. Маъруфтарини ин аҳзоб бо номи «Иттифоқи насронии демократӣ» (ХНС) ва «Иттифоқи насронии сотсиалистӣ» (ИНС) машҳуранд.
Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки ин масъала дар кишварҳои протсестантӣ ранги дигар дорад, ки он аз хусусияти претестантизм бармеояд. Маълум аст, ки равияи протестантӣ бар хилофи калисои католикӣ зарурати калисои зинавӣ (иерархия), миёнаравиро  дар байни Худо ва инсон,ки хоси  калисои насронӣ аст,  рад мекунад. Дар он ҳамаи диндорон ҳуқуқи баробар дошта, ҳар кас  метавонанд  дар  шарҳу  тарғиби  дин ширкат варзад. Аз ин рӯ протестанҳо талабҳои сиёсии зиёд надоранд, онҳо аҳён-аҳён чунин талабҳоро ба миён мегузоранд ва бештар ба демократия майл доранд. Принсипҳои демократӣ аз ибтидо дар протестантизм ҷой дошт. Маҳз эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи ақалият, риоя кардани ҳуқуқи баробар ба ҳамаи одамон дар ҳалли масоили динӣ ва ғайра  сабаби асосии хусусияти демократӣ касб кардани аҳзоби насронӣ-демократӣ дар кишварҳои пратестантӣ мебошад. Аммо таъқид бояд кард, ки анъанаи таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ дар кишварҳои  протестантӣ  ба мисли кишварҳои католикӣ ривоҷ  наёфтааст.
Хулоса, имрӯз дар зиёда аз 70 давлатҳои ҷаҳон аҳзоби насронӣ амал мекунанд ва баъзе аз онҳо ба гурӯҳи аҳзоби ҳоким шомиланд ё дар идораи кумитаи эътилофи (коалиатсионӣ) дар қатори ҳизбҳои дигар ширкат меварзанд. Ҳамаи инро  аҳзоби  насронӣ  туфайли мутобиқ шудан ба шароити сохторҳои демократӣ ва эътироф кардани арзишҳои демократию дунявӣ ба даст оварданд.
Анъанаи таъсис додани ҳизбҳои сиёсии динӣ дар Аарупои садаҳои XIX-XX минбаъд ба олими ислом низ таъсир расонид ва аз ин таҷриба идеологҳо ва сиёсатмандони исломӣ истифода карданд. Ҳатто баъзе аз аҳзоби сиёсии исломӣ  ба мисли «Ҳизби адолат ва тараққиёт»-и Туркия кӯшиш ба харҷ доданд, ки таҷрибаи аҳзоби сиёсии калисои католикиро  дар коркарди  принсипҳои  деократии барномаи худ истифода баранд ва аз ин роҳ ба сари қудрат оянд.
Дар масъалаи таъсиси ҳизби сиёсии динӣ дар олами ислом дар айни замон ду ақидаи ба ҳам мухталиф вуҷуд доранд. Дар ин маврид махсусан назари рӯҳониёни Тоҷикистон ва баъзе аз кишварҳои мусулмонӣ, ба монанди Малайзия ва ғ. қобили зикр аст. 
Ҷонибдорони ақидаи аввал асосан идеологу  рӯҳониён ва  сарварону намояндагони аҳзоби сиёсӣ-диние мебошанд, ки имрӯз дар молики мусулмонӣ доман паҳн кардаанд. Ин гурӯҳи рӯҳониёну сиёсатмадорон  кӯшиш ба харҷ  мкдиҳанд, ки заминаи ақидавии таъсиси аҳзоби сиёсии диниро бо далелҳо аз Қуръон асоснок намуда, фаъолияти аҳзоби сиёсиро аз номи  Қуръон  қонунӣ  созанд. Масалан, собиқ сарвари ТЭТ ҲНИ  шодравон Саид   Абдуллоҳи Нурӣ  шаръӣ  будани  таъсиси  ҳизби   мазкурро  бо  ояи 104 сураи «Оли Имрон»  асоснок кардааст(13), ки ин оя  чунин аст: «Ва бояд аз  шумо гурӯҳе бошанд, ки  ба  сӯи накӯкорӣ  бихонанд ва ба кори писандида  бифармоянд ва аз нописандида  манъ  кунанд. Ва он  гурӯҳи растагоронанд» (3:104). Масалам аст, ки дар ин оя ишораи «аз шумо гурӯҳе  бошад» ҳадаф ҳамон гуруҳи рӯҳониён аст, ки ҳанӯз аз давраи густариши ислом дар байни мардумон «амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро» дар масҷиду мактабу мадорис ва ҳар ҷое, ки мувофиқ афтад, анҷом медоданд ва медиҳанд. Дигар ин, ки агар   дар ислом ба ҳизбсозӣ зарурате  ҷой  медошт,  дар  Қуръон аз вожаи «ҳизб» истифода мешуд, зеро ин вожа дар аъроб ҳанӯз пеш аз ислом маълум буд ва дар ин ояи Қуръон ҳатман вожаи «ҳизб» истифода мегардид, на «гурӯҳ» ва ё «уммат» ва Қуръон намефармуд «латакун минкум умматун, балки мегуфт «латакун минкум ҳизбун». Зиёда аз ин, агар умматро ба маънии гурӯҳ (ҳизб) гирам ин тафсир хилофи ояи қаблӣ (яъне 3:103) хоҳад шуд, ки дар он равшантар аз офтоб фармудааст: «Ваътасиму биҳаблиллоҳи ҷамиъан вало тафарақу», яъне  «ва чанг занед ба дини худо (яъне Қуръони карим) ҳама якҷову  муттаҳид ва пароканда мешавед». Гурӯҳе  ё «уммате», ки дар ояи 104 ишора  шудааст, манзур  ҳамон  уммати   мусулмоншуда  ҳастанд   ҳам аз аҳли китоб, ки ин даъватро пазируфтаанд ва ҳам мусулмонон, на гурӯҳе ва ё ҳизбе мушаххас. Барои фаҳмидани  мазмуни ин  калима  бояд мазмуни ояҳои 98-114-ро мавриди таҳлили герменевтикӣ (таъсири маънои матн) қарор дод,  чунки баъд аз ин оя дар ояҳои 113-114 омадааст:  «  Аз  аҳли Китоб ҳама баробар   нестанд: гурӯҳе,  дар вақтҳои шаб истода оятҳои  Худоро мехонанд  ва саҷда мекунанд (3:113).  Ва онҳое, ки Худоро ва  рӯзи қиёматро  бовар медоранд  ва  кори писандида  мефармоянд ва аз нописандида манъ мекунанд ва  дар  некиҳо  шитоб мекунанд; ва   онҳо аз  шоистакоронанд» (3:114).Чуноне ки дидем, дар матни Қуръон ин ояҳо маънии васеътаре доранд,  назар ба он тафсирҳое, ки баъзе  муфассирон кардаанд.Ҷонибдорони аҳзоби сиёсии  исломӣ зиёданд, ба монанди доктор Юсуф ал-Қарзовӣ, Уссома-Бен-Лодан, Шайх Абулҳодӣ Аванд ва дигарон.
Аз ҷумла раиси ҳизби исломии Малайзия Шайх Абулҳодӣ Аванд дар мавриди шаръӣ будани аҳзоби  сиёсӣ дар ислом баҳс карда гуфтааст: « Қуръон ҳаракати исломиро васф кардааст. Оёти бисёрест дар ин мавзӯъ мисли ояҳои сураи «Оли имрон». Дар ин оят худованд калимаи «минкум» (баъзе аз шумо)-ро кор фармудааст. Аз ин бармеояд, ки бахусус касоне, ки шомили  ҳаракати  исломианд, гурӯҳи баргузидаи  илоҳӣ Худо мебошанд ва аз дин дифоъ мекунанд, ки ин як амри илоҳӣ ва Қуръону Суннат аст»[13]. Дар асл бошад дар сураи мазкур вожаи «баъзеи шумо» ҳамагӣ дар ду-се ҷой истифода шудаст, ки он ҳам на ба маънои «ҳизб», балки ба маънои дигар омода ва вожаи «ҳизб» истифода нагардидааст. Масалан, дар ояи 140 дар ибораи «баъзеи шуморо шоҳид гардонид» сухан дар бораи мусулмононе меравад, ки шоҳиди ҷанги Бадр буданд. Дар ояи 185 бошад дар вожаи «баъзеи шумо» сухан дар бораи касоне меравад, ки дар роҳи дин шаҳид шудаанд ва худо рӯзи қиёмат онҳоро барои амали некашон подош медиҳад. Дар ояҳои 155,166 ва 167 бошад вожаи  «гурӯҳ» ба  маънои  гурӯҳи кофарону мусулмонон  истифода  шудааст ва ба вожаи «ҳизб»  рабте  надорад. Баръакс дар сураи мазкур, чуноне ки дар боло низ ишора шуд, дар чанд маврид пароканда нашудану мутаҳид гардидани мусулмонон таъқид гардидааст. Ҳамин тариқ, ҳамаи онҳое, ки таъсисдиҳандагони ҳаракату ҳизбҳои гуногун дар пояи исломанд, ҳизбиятро дар ислом ҷоиз медонанд.
  Баръакси  ақидаи боло дар доираҳои динӣ ақидае низ вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ҳарчанд ислом худ ба ҳизб ниёз надорад, вале дар ҷаҳони муосир мусулмонон ба ҳизбу созмонҳои исломӣ ҳамчун як зарурияти шаръӣ ниёз доранд. Масалан, яке аз рӯҳониёни  Тоҷикистон Тӯраҷонзода Х.А. дар ин маврид  чунин  ибрози ақида кардааст: ислом ба ҳизб ниёз надорад, зеро соҳиби он «Худои қодиру яктост ва он зоти бениёз мебошад. Аммо мо мусулмонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ниёз дорем, то аз ҳуқуқҳои сиёсӣ ва динии хеш дифоъ намоем. Дар низоми сиёсии муъосир фақат аз ҳамин тариқ вориди парлумон мешаванд ва манофеъи сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва динии мусулмононро ҳимоя мекунанд» [19].
Ҳарчанд дар андешаҳои Тӯраҷонзода Ҳ.А. як ихтилофи мантиқӣ ва кӯшиши модернизатсия кардани ислом дар масъалаи мазкур ба мушоҳида мерасад, аммо агар масъала бевосита дар матни таълимоти ислом мавриди таҳқиқ қарор гирад, дар маҷмӯъ ӯ қоил ба он аст, ки ислом ниёз ба ҳизбе надорад ва ҳизбгароӣ дар таълимоти ислом пешбинӣ нагардидааст. Зеро ҳама гунна мазҳабтарошию  ҳизбгароӣ мантиқан на танҳо  хилофи  ваҳдати  мусулмонон, пеш аз ҳама  хилофи тавҳиди  исломӣ аст. Бинобарон, вақте  ки назари  исломро доир ба масъалаи шаръӣ будан ё набудани таъсиси аҳзоби сиёсӣ мавриди таҳқиқ қарор медиҳем, маҳз ҳамин назари Тӯраҷонзода Ҳ.А.аҳмияти муҳим дорад, на ақидаи ӯ дар бораи ниёзи мусулмонон ба аҳзоб. Зеро агар ниёзе барои таъсис додани аҳзоби сиёсӣ ба вуҷуд ояд, сарфи назар аз шаръи будан ё набудан   мусулмонон метавонанд онро аз рӯи зарурати таърихӣ ва бо роҳи мувофиқи манофеи гурӯҳи ва сатҳи фаҳмишу биниши худ тафсир додани Қуръон ва таҳти унвони исломӣ ташкил диҳанд. Инро мо аз таҷрибаи зиёда аз ҳазорсолаи пайдоиши равия , мазҳабу фирқа ва созмонҳои сиёсӣ дар олами ислом хуб медонем ва ҳатто ҷои баҳс надорад, чуноне ки худи Тӯраҷонзода дар мақолаи номбаршуда ба ҳизб ниёз надоштани исломро тасдиқ намуда, дар як вақт созмонҳои исломиро зарурати шаръӣ ҳисобидааст[19]. Воқеан  чун сухан дар бораи ба аҳзоб ниёз доштан ё надоштани ислом меравад, дар ояҳои Қуръон аз ҷумла дар ояҳои сураи «Оли Имрон»ва ғ. далелҳои зиёде мавҷуданд, ки мусулмононро аз пора-пора шудан огоҳ ва ба муттаҳидшавӣ даъват менамоянд,  ки ин худ мантиқан хилофи ҳизбгароӣ дар ислом буда, аз асли тавҳиди исломӣ  сарчашма  мегирад. Аз ин нигоҳ, метавон гуфт, ки ҳамон ҳизби  сиёсии  исломие  метавонад ба асли ислом  ихтилоф наварзад, ки тамоми қишрҳои мусулмононро бо назардошти манофеи умумимиллӣ аз паст то боло мутаҳид сохта тавонад. Вале, муттаассифона, ягон ҳизби сиёсӣ  аз уҳдаи  ин кор  баромада  наметавонад. 
Акнун бармегардем ба масъалаи таъсисёбии аҳзоби сиёсӣ  дар олами ислом ва назари ислом доир ба мавзӯъ: 
Ташкилёбии аҳзоби сиёсӣ дар олами ислом тақрибан як аср баъдтар аз Аврупои Ғарбӣ  сурат  гирифт. Вале гурӯҳҳои сиёсӣ дар қаламрави ислом хеле пештар ба вуҷуд омада буданд, ки аз онҳо нахустин гурӯҳи сиёсӣ «Шиатул Али (гурӯҳ ё тарафдорони Алӣ) мебошанд. Баъзе муҳаққиқони Араб пайдоиши гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҳаводиси он давраро бо мафҳуми ҳизб (ҷамъаш аҳзоб) баён мекунанд: Масалан, китоби Муҳаммад Амора «Ал-хилофат ва нашъатул-аҳзоби-л-исломия» номида шудааст. Калимаи ҳизб аз забони арабӣ ҳанӯз пеш аз ислом вуҷуд дошта ва дар Қуръон ба маънии гурӯҳи мушаххаси бо ҳадафҳо, фаъолиятҳо ва ҷиҳатгирии муайян ва созмонёфта ба кор рафтааст. Дар забони арабӣ калимаи ҳизб ба маъниҳои вирд ва зикр, бахше ё порае аз матни Қуръон низ ба кор меравад [15].
Аммо дар чанд маврид истифодаи аҳзоб ҳамчун лашкари мухолифони Паёмбар  омадааст. Муфассирон дар маънию мӯхтавои калимаи «аҳзоб» дар Қуръон онро ба панҷ маънӣ тафсир кардаанд: 1 аҳзоб: дар ояҳои 36 аз сӯраи «Ар-раъд», 17 аз «Ҳуд», 11 аз «Сод» ишора ба гурӯҳҳое аз Бани Умия, бани ал-Муғийра ва Оли Абиталҳа мебошад; 2-аҳзоб: масеҳиёни настурӣ ва яъқубӣ дар ояи 65 сураи «Зухруя»; 3-аҳзоб: ишора ба қавми Нӯҳ, Од, Самуд ва дигар ақвоми гузашта дар ояҳои 12-13 сураи «Сод», ояи 30 сураи «Ал-Мӯъминин» омадааст; 4-аҳзоб: ишора ба тарафдорони Абӯсӯфиён ибни Ҳарб ва қабилаҳое аз араб ва яҳуд, ки аз се сӯи шаҳри Мадина дар соли 5-уми ҳ.қ. ба Паёмбари ислом ҳуҷум карданд, то исломро нобуд  кунанд. Номи сураи «Ал-аҳзоб» низ, ки чанд бор калимаи «аҳзоб» дар он ҷо омадааст, ба ҳамин маънии ахир аст, яъне гурӯҳи муттаҳидаи душманони Паёмбари ислом  ва мусулмонон (Ал-Аҳзоб:20-22). Ва ниҳоят панҷумин маврид дар Қуръон аҳзоб онҳое мебошанд, ки ҳақиқатро инкор мекунанд: «ва аз аҳзоб кассе ҳаст, ки инкор мекунад баъзеи онро» (Раъд:36), «пас ҳар, ки аз аҳзоб (гурӯҳҳо) ба он кофир шуданд» (Ҳуд:17);
Гузашта аз он, дар Қуръон вожаи «Ҳизбуллоҳ» ба маънии мӯъминон ва бандагони солеҳи Худо ва баръакс «ҳизбушшайтон» ишора ба мункирон, мулҳидон ва кофирон ба Худо ба таври равшан баён ёфтааст (Ал-Муҷодала: 19-22).
Муҳим он аст, ки дар ҳар панҷ мавриди дар боло зикр шуда вожаи аҳзоб ба маънии манфӣ, яъне душманони ислом ва Паёмбар омада, чунин амал асоси ихтилофу нифоқ дар ислом муаррифӣ  шудааст: « Пас дини худро фирқа-фирқа карданд  ва ҳар фирқае (ҳизбе) ба равише, ки баргузида буданд, дилхуш буданд (53)». Дар сураи «Ар-Рум» ояи 32 низ пас аз он, ки дар ояи пештар таъқид шудааст, ки « Пас рӯй ба дини яктопарастӣ (ҳаниф) овар, ки он фитратест, ки Худо ҳамаро бад-он фитрат биёфаридааст ва дар офариниши Худо тайғире нест. Дини поку пойдор ин аст…(30)», сипас дар ояи баъдӣ омадааст: «Аз онон мабош, ки дини худро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа  шуданд ва ҳар фирқае (ҳизбе) ба ҳар чи дошт дилхуш аст (32)».
Ифшои  забунӣ  ва  нотавонии  ин ҳизбсозон  дар тазъифи ислом дар сураи «Сод» бо қасам ба Қуръон оғоз гардида, дар он баъд аз баршуморидани тааҷҷубу шакку шубҳаҳое, ки кофирону мунофиқон ба ояҳои Қуръонӣ мекунанд, дар ниҳоят омадааст: «Онҳо лашкари шикастхӯрдаи бечорае аз аҳзобанд», ки аз дасташон коре сохта нест (Сод:11). Он қасами аввали сура марбут ба тасдиқи ҳамон оят аст[4: 251]. Дар ояи 13-и ҳамин сура низ чунин маънӣ мавҷуд аст ва далолат бар он мекунад, онҳое  ба аҳзоб  тааллуқ  доранд,  ки алайҳи ҳақиқати ошкоркардаи илоҳӣ ба мубориза мехезанд.
Аммо дар мавриди раво набудан ё мамнӯъ будани ташкили аҳзоб аз мазмуни  сураи  «Ал-аҳзоб» ва наҳйи  ҷанги аҳзоб, агар қиёс кунем, ҳизбсозӣ дар Қуръон мазаммат шудааст. Гузашта аз он чи дар сураҳои «Ал-Мӯъминун» (ояи 53), «Ар-Рум» (ояи32) баён шуд, маънии манфӣ  доштани ҳизбсозӣ дар исломро метавонем ҳамчунин дар асоси қиёс аз ҳадиси маъруфи Паёмбар  исбот  кард: «Яҳудиён 71 фирқа шуданд, насоро 72 фирқа, пайравони ман ба 73 фирқа тақсим мешаванд ва танҳо яке аз онҳо наҷотёфта аз оташи дӯзах аст». Аз ин ҳадис метавонем қиёс кунем, ки Паёмбар  пайдоиши  ихтилоф  дар  дохили  исломро  ҳамчун  ҳодисаи манфӣ, номатлуб   пешгӯӣ кардааст.
Пайдоиши ҳар кадом ҳизби сиёсии исломӣ низ заминаи барҳам задании ваҳдати мусулмонон дар як кишвар шуда метавонад, чунки манфиати  сиёсии он ҳизб метавонад бо манфиати сиёсии ҳамаи мусулмонон мухолиф  бошад.  Аз ин рӯ, пайдоиши аҳзоби сийсии исломӣ дар ҳукми ҳамин ҳадис аст, ки кадоме аз онҳо наҷот меёбанд, он ба тақдиру хоси Худованд аст. Яқинан онҳое  ки наҷот меёбанд, ки ваҳдати мусулмононро ҳифз мекунанд. Ин қиёс мисли он ҳукмест, ки дар мавриди маводи мастиовар чун хамр (шароб) шудааст. Дар Қуръон ҳаром будани хамр ба равшани баён гардида, вале дар бораи героин, тарёк, ҳашиш ва ғайра чизе гуфта нашудааст. Дар фиқҳи исломӣ бо қиёс ба ояи марбута, ки ҳукми ҳаромияти  хамр  бар асоси  мастиовар ва зиёновар будани он ба саломатӣ ва зиндагии одамон  содир  шудааст, оид ба ин мавод низ ҳукми ҳаром исбот мешавад.
Далели дигар доир ба заминаи ақидатӣ надоштани таъсиси аҳзоби сиёсӣ дар ислом он нуктае шуда метавонад, ки ҳанӯз мударриси «Ҷомеаи Ал-аҳзар» шайхи махруфи мисрӣ Абдуррозиқ оварда буд. Ин гуфтаи ӯро муҳаққиқи Эронӣ Ҳамид Иноят овардааст: «Агар Худованд мехост, ки Паёмбар, гузашта аз роҳбари динӣ, роҳбари сиёсии мусалмононро низ дошта бошад, дар Қуръон он ҳама оят дар таъқиди ин маънӣ намеомад, ки Паёмбар танҳо вазифаи роҳнамоӣ ва андарзгӯии мардумонро дорад ва вакилу соҳиби ихтиёри онон нест» [4: 251] Шайх Абдуррозиқ пас аз ин таъқид ояҳои зерин: Нисо:80; Анъом:66; Юнус:108; Шӯро:48; Ғошия:21,24; Тағобун:12-ро барои гуфтаҳояш далел меоварад.
Хулоса, ба ҳар сурат аз мазмуни ояҳои  Қуръонӣ ва ҳадиси пайғомбар бармеояд, ки ҳар амале, ки сабаби пайдоиши ихтилофу зидият дар байни мусулмонон ва нифоқу нооромии ҷомеа гардад,  дар ислом нописанд ва номашрӯъ аст. Он таҷрибаи ҳизбсозие, ки дар садаи XX ба ҳукми анъана даромадааст, аз воқеъияти мустамликадорӣ ва муборизаи миллӣ-озодихоҳии  мусулмонон  ва вобаста ба он раванди сиёсисозии дин сарчашма мегирад. Чунки дар  шароити  мустамликавӣ ҳама гунна омиле, ки ба муборизаи  зидди истеъмор мусоидат  мекард, машрӯъ буд. Кишварҳои мусулмонӣ дар он замон аксарият ҳамин ҳолатро доштанд ва пайдо шудани аҳзоби сиёсии исломӣ тақозои воқеияти ҳамон замон буданд. Дар ҳамон вақт аҳзоби сиёсӣ, ки дар заминаи  талаботҳои  муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ ба  вуҷуд  омада  буданд, падидаи мусбӣ ба ҳисоб мерафтанд. Шояд ба ҳамин маънӣ дар ҳамон шароит мавҷудияти аҳзобу созмонҳои сиёсии исломро зарурияти шаръӣ донист, ҳарчанд аз Қуръону суннат бевосита сарчашма  намегирифтанд, аммо онро  ҳифзи  манфиати  мусулмонон  тақозо  менамуд. Ҳамин сабаб буд, ки дар давраи муборизаҳои озодихоҳӣ уламои  ислом ба  ақидаи Абдкррозиқ вокуниши манфии сахт нишон доданд. Вале ТЭТ ҲНИ ин  падидаи дар замонаш нисбатан хусусияти мусбӣ доштаро баъди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баръакс ба мақсади пиёда сохтани манфиатҳои геосиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳии худ истифода бурд.
Ҳарчанд бо гузаштани давраи муборизаҳои озодихоҳӣ зарурият ва мавҷудияти  аҳзоби  сиёсии  исломӣ  низ бояд аз байн мерафт, вале ин раванд бо ҳукми анъана то кунун идома дорад ва аз онҳо  қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои пиёда сохтани манфиатҳои геосиёсии худ дар ҷаҳони ислом истифода мебаранд. Имрӯз дар олами ислом зиёда аз 500 гурӯҳу аҳзоби сиёсии динӣ вуҷуд доранд. Шояд  мамлакате  нест, ки дар он ягон ҳизби сиёсии динӣ вуҷуд надошта бошад. Гузашта аз ин, имрӯз дар  кишварҳои мусулмонӣ чандин ҳизбҳои сиёсии исломӣ ва ё дар ғояҳои исломӣ гурӯҳҳои алоҳида амал мекунанд. Масалан, дар Эрон қариб  200 ҳизб ва дар Афғонистон 7 ҳизби исломӣ фаъолият доранд, ки меҳвари асосии идеалогияи онҳо дини ислом мебошад. Дар кишварҳои аврупоӣ низ аҳзоби  исломӣ амал мекунанд, аммо ривоҷ ёфтани фаъолияти аҳзоби сиёсии динӣ дар олами ислом ба садаи XX рост меояд. Бо вуҷуди амалкарди аҳзоби сиёсии динӣ аксари ин ҳизбҳо аз навъи ҳизбҳои сиёсии ғарбӣ нестанд, зеро сохтор, барномаву оминномаи муайян, нашрия ва ғайра надоранд. Баъди муборизаҳои милли-озодихоҳӣ ҳарчанд таъсис ва фаъолияти ҳизби сиёсӣ дар мамолики мусулмонӣ ба ҳукми анъана идома дорад, вале  бояд  гуфт, ки идеяи ривоҷ  ёфтани ин раванд як қатор сабабҳои дохилӣ ва берунӣ низ дорад. Сабабҳои дохилии идома доштани фаъолияти аҳзоби мазкур ин минбаъд дар заминаи демократия ва бисёрандешӣ таъсис ёфтани аҳзоби дунявию динии мухталиф ва авҷ гирифтани мубориза дар байни онҳо барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Мусаллам аст, ки дар ҷомеаи анъанавӣ ба мисли ҷомеаи мусулмонӣ, ки тафаккури динӣ нисбати тафаккури дунявӣ афзалият ва таъсири зиёд дорад, таъсис додани ҳизби сиёсӣ бо унвони динӣ ва истифода аз шиорҳои динӣ роҳи аз ҳама осонтар аст барои расидан ба ҳадафи сиёсӣ. Таҷрибаи давлатдории кишварҳои мусулмонӣ дар чанд даҳсолаи охир собит сохт, ки одатан ашхоси манфиатҷӯ ё дар атрофи ҳизби ҳоким ё ҳизби динӣ муттаҳид мешаванд. Махсусан дар ҷомеаҳои анъанавӣ ба монанди кишварҳои Осиёи Миёна, ки дар сари қудрат аҳзоби дунявӣ қарор доранд,  вале таъсири аҳзоби дунявӣ ба таффаккури ҷомеа заиф аст. Дар ин вазъият  нуфузи аҳзоби сиёсии динӣ метавонад баланд гардад.
Сабаби берунии вуҷуд доштани аҳзоби сиёсии динӣ дар ин давра он аст, ки давлатҳои абарқудрате, ки дар гузашта мустамликадорони кишварҳои аз юғи мустамлика озод шуда буданд, дар натиҷаи соҳибистиқлол шудани онҳо манфиатҳои зиёди иқтисодию сиёсӣ ва геополитикии  худро  аз даст доданд. Барои давлатҳои абарқудрат зарурате пеш омад, ки бо кадом роҳе набошад, минбаъд низ манофеи худро дар ин давлатҳои  навистиқлол  ҳифз  намоянд, то ки мамлакатҳои  рушдкунанда ба давлатҳои абарқудрату пешрафта вобастагии иқтисодию сиёсӣ дошта бошанд. Ҳамчунин, дар худи  нуктаҳои  гуногуни ҷаҳони ислом давлатҳе низ ҳастанд, ки мехоҳанд дар минтақаи муайяни олами мусулмонӣ бояд нуфузи геополитикӣ  дошта бошанд. Чуноне  ки ҳамин гуна мавқеъро  дар минтақаи  Шарқи Наздик Арабистону Туркия , дар минтақаи Ховари Миёна Эрон, дар минтақаи Осиёи Миёна Ӯзбакистон мехоҳанд дошта бошанд.
Яке аз роҳҳои ба даст овардани чунин нуфуз ин таъсис додану маблағгузорӣ  кардани аҳзобу ҳаракатҳои нави динӣ ва интиқол додани онҳо ба кишварҳои мусулмонӣ ва ҳамчунин дар дохили ин кишварҳо таъсис додани аҳзоби сиёсӣ-динӣ ё ба худ ҷалб кардани чунин аҳзоб ба мақсади нигоҳ доштани як манбаъи низоъ дар олами ислом ва истифода кардан аз онҳо мебошад. Чуноне ки д-р Ҷон Колеман нишон медиҳад, давлатҳои абарқудрат бо мақсади пиёда сохтани тартиботи нави ҷаҳонӣ талабҳои  инсоният ба эътиқоди диниро ба  маҷрои  барои худ лозима ворид месозанд. Ба ин мақсад онҳо аҳзобу ҳаракатҳои динии навро ба мисли «Ихвонулмуслимин» ва  дигар  ҷараёнҳои нави  бунёдгарии исломиро таъсис дода, ба кишварҳои мусулмонӣ интиқол медиҳанд ва бо роҳи паҳн кардани идеяи «озодии динӣ» асосҳои динҳои имрӯз маъмулро вайрон месозанд [5: 17-18].
Давлатҳои қудратманди  Ғарб баъзеи чунин ҳизбу ҳаракатҳоро бо мақсади вайрон кардани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз дар солҳои 70-уми садаи 20  дар кишварҳои  мусулмоншини Шӯравӣ пинҳонкорона таъсис дода буданд, ки онҳо ба мисли ТЭТ ҲНИ бо истифода аз  сиёсати демократикунонии гарбачиёвӣ  дар охирҳои солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-уми садаи XX аз вуҷуди худ  эълон дода, ба саҳнаи муборизаҳои сиёсӣ ворид шуданд. ТЭТ ҲНИ ба яке аз ташкилотхои экстримистӣ-тераристии хусусияти байналмилалӣ ва зиддибашарӣ маҳсуб меёбад.ТЭТ ҲНИ  ҳанӯз соли 1973 аз ҷониби давлатҳои қудрадманди Ғарб бо мақсади мубориза бурдан бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш пинҳонкорона таъсис ёфта буд ва  дар асоси идеяҳои ваҳҳобияи  ҷиҳодӣ  пинҳонкорона  фаъолият мекард. 
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти  хадамоти  махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ)  табдил ёфт ва аъзоёни он шиъаи имомия-идеологияи расмии ҶИЭ-ро қабул карданд. ҶИЭ тавассути   ТЭТ ҲНИ соли 1992 «инқилоби исломӣ»-ро  дар кишвар интиқол дода, хост дар Тоҷикистон ҷумҳурии исломии навъи ҶИЭ-ро таъсис диҳад. Аммо ТЭТ ҲНИ дар ҷанги шаҳрвандӣ шикаст хӯрда, бо ҷонибдорони худ ба Эрону Афғонистон муҳоҷират кард ва низои тоҷикон то соли 1997 идома ёфт. Бо иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  оқибат  27-уми  июни  соли 1997 протоколи ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Тибқи  талаботҳои  созишнома ТЭТ ҲНИ бояд  низоми  дунявии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  эътироф менамуд ва ҳукумати ҷумҳурӣ бошад, дар асоси ин шартнома фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро дар  кишвар  қонунӣ сохт ва намояндагони он дар сохтори ҳукукмат 30%-и мансабҳоро ишғол карданд. Вале ТЭТ ҲНИ бар хилофи созишномаи сулҳ амал карда, бо дастгирии ҶИЭ  ҳадафҳои муғризонаи худро бо роҳи паҳн кардани шиъагароӣ ва заминаи иҷтимоӣ муҳайё сохтан барои «инқилоби исломӣ»-и оянда  пайгирона тарҳрезӣ намуд. Оқибат ТЭТ ҲНИ 4-5-уми сентябри соли 2015 ба табаддулоти давлатӣ даст зад, аммо ба он муваффақ нашуд. Бинбар он бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти экстримистӣ-террористӣ дар қаламрави кишвар манъ намуд. Ҳоло сарварону баъзеи аъзоёни фаъоли он дар кишварҳои хориҷӣ  фаъолият карда, ҳар замон номи ҳизби худро бо мақсади эҳё шудан тағйир медиҳанд. Дар айни замон, Салафия, Ҳизбуттаҳрир, Таблиғ ва ғ.аз ҷумлаи чунин ҳаракатҳоянд. Ҳоло дар байни як қатор давлатҳои абарқудрат, махсусан ИМА, давлатҳои Ғарб, Чин ва Россия барои таҳти нуфузи худ қарор додани кишварҳои навистиқлолӣ Осиёи Марказӣ муборизаҳои ошкрою пинҳонӣ идома дорад. Албатта, барои ИМА ва баъзеи давлатҳои пешрафтаи дигар маҳз ҳамон ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсие, ки дар байни мусулмонон нуфузи бештар доранд, метавонанд ҳамчун омили муттасаниҷ  сохтани ҷомеа хизмат намоянд. Маврид ба ёдоварист, ки давлатҳои номбурда дар ин кишварҳо  наметавонанд  ба аҳзоби дунявӣ такя  намоянд, зеро ин аҳзоб, ба ҷуз ҳизбҳои ҳоким, дар ҷомеъаи анъанавӣ ҳанӯз нуфуз ва нақши бориз надоранд.
Ҳамин тариқ,  раванди сиёсисозии дин дар асрҳои миёна агар боиси ба равия,  мазҳаб ва фирқаҳои мухталиф тақсим шудани ислом гардида бошад, дар замони муборизаҳои озодихоҳӣ ва дар раванди интихоби роҳи минбаъдаи  тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои мусулмон дар замони истиқлолият  ин раванд сабаби пайдоиши ҳаракат ва аҳзобу созмонҳои сиёсии исломӣ низ гардид. Ин ҷараён, ки аз садаи хх оғоз ёфтааст, имрӯз сиёсати  «исломсозии сиёсат» ва «сиёсисозии ислом»-ро ба воқеъият табдил дод ва он идома дорад. Дар натиҷаи таъсису фаъолияти аҳзобу  ҳаракатҳои  сиёсиро ба таълимоти  ислом асоснок ва мувофиқ сохтан ҳоло ислом беш аз пеш ба як таълимоти сиёсӣ табдил меёбад, ки он баъзан ба таҳриф гардидани аслу моҳияти ислом низ мусоидат мекунад.
Мусаллам аст, ки бисёр низомҳои сиёсии ҳоким дар мамолики мусулмонӣ сиёсати дохилию берунии худро низ тавассути ислом асоснок мекунанд. Уламои динӣ бошанд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шиорҳои динии ҳукуматдорон ва аҳзобу ҳаракатҳои сиёсиро аз нигоҳи илоҳиёти исломӣ асоснок намоянд. Аммо созмонҳои динӣ-сиёсие, ки бо ҳукуматҳо дар мухолифат қарор доранд, низ дар асоси ақидаи исломӣ барномаҳои ба худ хоси азнавсозии ҷомеаро пешбарӣ  мекунанд, ки дар натиҷа боиси пайдоиши  низоъҳои мухталиф ва баъзан оштинопазир дар фазои сиёсӣ-идеологии ин кишварҳо мешавад. Вуҷуд доштани аҳзобу ҳаракат ва нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар заминаи тафсирҳои мухталифи ақидаҳои исломӣ на танҳо фаҳмишҳои ихтилофнокро дар масоили сиёсӣ ба бор меояд, ҳамзамон чунин тарзи исломикунонии ҳаёти сиёсии ҷомеа метавонад сабаби ба вуҷуд омадани муборизаи байниҳамдигарии ҳизбу созмонҳои мазкур гардад. Дар ба вуҷуд омадани чунин ихтилофҳои ақидавӣ дар байни аҳзобу созмонҳои сиёсӣ дар ҷомеаи мусулмонӣ метавон мисолҳои зиёде овард. Хотиррасон бояд кард, ки дар хусуси ташкилотҳои динӣ-сиёсии ғайриҳукматӣ дар ҷаҳони мусулмонӣ муҳақиқи арабшинос А.А.Игнатенко дар рисолаи «Халифы без халифата» (м.1988) маълумоти хеле муфасал додааст. Вале  ин ҷо ба овардани ду далел, яке доир  ба  муносибати  ТЭТ ҲНИ ба «Ҳизбуттаҳрир» ва дигаре мавқеи ҳизби «Ансоруллоҳ» ба  ТЭТ ҲНИ маҳдуд мешавем. Масалан, ба гуфтаи муовини раиси ТЭТ  ҲНИ Саидумар Ҳусейнӣ,  вақте  ки ТЭТ ҲНИ  бо ҳукумати Тоҷикистон созишномаи сулҳро имзо мекунад, сарвари  зерсохтори ҳизби «Ансоруллоҳ» дар Тоҷикистон, ки баъзеҳо онро як қаноти ҳаракати «Ал-Қоида» низ меноманд, Мулло Амриддин сарварони  ТЭТ ҲНИ-ро бо суханони ноҷо таҳқир карда, бо пайравӣ аз идеяҳои «Ҷамоати такфир», онҳоро «кофир» номидааст (20). Ё худ  дар  мавриди  фарқияти  ақидавии ТЭТ ҲНИ  аз Ҳизбутаҳрир сарвари феълии  ТЭТ ҲНИ М. Кабирӣ чунин баён доштааст: «ҲНИТ фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрирро дар Тоҷикистон чӣ аз нигоҳи ақидавӣ ва чӣ аз нигоҳи қонунӣ номуносиб медонад… Ҳадафи стратегӣ ва асосии Ҳизби таҳрир таъсиси хилофати  исломӣ мебошад…  Оё метавонад ин ҳадаф бо ҳодисаҳои стратегии ҲНИТ қаробате дошта бошад?... фикр  мекунам, не… мавзӯи демократия ва ислом мудатҳоест, ки мавриди баҳс ва фикррониҳои ҳам гурӯҳҳои исломӣ ва ҳам муҳақиқҳо (исломшиносон) қарор гирифта аст. Оё ин ду бо ҳам созиш карда метавонанд, як ҳастанд, ё ду ҷаҳонбинии аз якдигар ҷудо ва фарқкунанда мебошанд?… Баҳс ва ҷустуҷӯ  давом дорад.  Вале  Хизби таҳрир ва ҲНИТ дар ин масъала мавқеъҳои худро комилан равшан  карданд, ки онҳо комилан зидди якдигар мебошанд. Ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон  китобчаеро дар  ҳаҷми 80  саҳифа ба забони тоҷикӣ паҳн намуд, ки «Демократия  низоми  куфр  аст» ном дорад… Ғояи асосии китоб ин аст, ки аз худ кардан, татбиқ намудан ва ба демократия даъват кардан ҳаром аст»… ҲНИТ демократияи воқеиро роҳи ягонаи пеш рафтани Тоҷикистон ва беҳтар  гаштани вазъи мардуми он медонад… Ислом дар худ заминаи ақидавӣ ва таҷрибавии татбиқи демократияи воқеиро дорад.
Инчунин фарқи ҷиддие, ки байни ду ҳизб вуҷуд доранд, муносибати онҳо оид ба озодиҳои  сиёсӣ ва ҳуқуқи инсон мебошад. Ҳизби таҳрир дар ин масъала низ мавқеи хеле мушаххас ва муайян дорад. Абдулқодири зулум мегӯяд: «Озодиҳои сиёсӣ» гуфта чаҳор озодиҳои зеринро ифода мекунанд: 1) озодии эътиқод; 2) Озодии раъй; 3) Озодии моликият; 4)Озодии шахсият. Аз ин чаҳор навъ озодиҳои асосӣ ҳеҷ навъе дар ислом вуҷуд надорад…Ин чаҳор озодӣ ба ислом ва аҳкоми он дар ҳама чиз тамоман зид ҳастанд… Табиист, ки ҲНИТ наметавонад, бо ин мавқеъ розӣ бошад. Аз нигоҳи ҲНИТ, озодиҳои асосие, ки имрӯз барои башарият қабул шудааст, бо ақоид ва меъёрҳои исломӣ мавофиқат намуда, ягон зидияти ҷиддӣ ба он надорад»[8: 244-249].  Албатта,  паҳн шудани чунин ақидаҳои  пурихтилоф аз мавқеи ислом ва пайравӣ кардан аз онҳо, ки аз ҷониби аҳзоби гуногун тарғиб мегарданд ва ҳар кадоме худро ҳомили  асосии арзишҳои исломӣ меҳисобанд, метавонад  ҳамчун  манбаъи  низоъ  боиси ноустувор гардидани вазъи сиёсии ҷомеа гашта, ба амнияти кишвару давлат хатарзо бошад.
Аҳзоби сиёсӣ-исломии муосирро аз рӯи нақш ва хусусияташон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, ба андешаи мо, метавон ба се гурӯҳ тасниф кард: аҳзоби  сиёсӣ-динии мӯътадил, аҳзоби сиёсӣ-дини мӯътадили  маҳдуд; аҳзоби сиёсӣ-динии ифратгаро. Ба аҳзоби сиёсӣ-динии мӯътадил «Ҳизби адолат ва тараққиёт»-и Туркия «Ҳизби исломии Малайзия», «Ҷамъияти миллии тағйир»-и Миср, ассосиатсияи «Ал-адл вал-Эҳсон», «Ҳизби Эҳё ва накӯкорӣ»-ии Марокаш ва ғайраҳо дохил мешаванд. Аҳзоби  мазкурро бо он далел «мӯътадил» намудан мумкин аст, ки онҳо арзишҳои демократиро қабул  карда, тарафдори роҳи ҳалли осоишта,  яъне аз тариқи интихобот ширкат кардан ба муборизаи сиёсӣ мебошад. Онҳо ҳуқуқи инсонро риоя карда сиёсати дарҳои кушодро дар ҳизб  роҳандозӣ менамоянд ва ба арзишҳои  дунявӣ  ихтилоф  надоранд. Бештар ба арзишҳои умумибашарӣ такя намуда, дар ба амал баровардани барномаҳои иқтисодию иҷтимоии миллӣ-давлатӣ ширкат меварзанд ва хусусияти прагматикӣ доранд. Махсусан Ҳизби адолат ва тараққиёти Туркия ва «Ҳизби исломии  Малайзия»  бештар ин хусусиятро доро мебошанд.
Дар Туркия аз солҳои 70-уми асри гузашта инҷониб исломиён тавонистанд бо вуҷуди борҳо аз ҷониби ҳукумат манъ шудани фаъолияташон боз аз нав бо  номҳои дигар эҳё гардида, ба ҳизби сиёсӣ-динии муқтадире табдил ёбанд ва бо иштирок дар ҳукуматҳои эътилофӣ нуфузи худро дар байни мансабдорон ва ҳатто зиёиёну шаҳрвандон мустаҳкам кунанд. Исломиён дар тӯли ин муддат чандин бор дар интихоботҳо на танҳо дар музофотҳо, балки дар шаҳрҳои бузург низ муваффақ шуда, ҳанӯз солҳои 70-уми садаи 20 дар симои Реҷаб Эрдоган курсии раиси ш. Истанбулро ба даст оварданд.
Дар соли 1970 Неҷметин Эрбакан «Ҳизби наҷоти миллӣ»-ро таъсис дод. Аммо баъди табадулоти ҳарбии соли 1971 суди конситутсионӣ ин ҳизбро барои давлати дунявии Туркия хатарзо ҳисобида, фаъолияташро манъ кард. «Вақте  ки соли 1980 Туркия аз нав табадулоти ҳарбӣ ба вуҷуд омад, сарварони ҳарбӣ стратегияи «синтези исломии Туркӣ»-(Турецко- исламского синтеза)-ро ба роҳбарӣ гирифтанд, ки он идеяи ислом ва миллатгароёнро ба ҳам омезиш медод. Туркия акнун кӯшиш мекунад, ки принсипҳои исломиро барои амалӣ сохтани ҳадафҳои миллатгароии худ истифода барад, то ки ба зуҳури коммунизм дар кишвар муқобилият намояд. Аз фурсат истифода карда дӯстони Н. Эрдоган ҳизби «Наҷоти миллӣ»-ро бо унвони ҳизби «Рефах» таъсис доданд, ки он соли 1984 дар интихобот 4,4% овози  интихобкунандагонро соҳиб шуд ва аз ҳамон вақт инҷониб дар ҳаёти сиёсӣ нуфузи баландро ноил шудан гирифт. Дар интихоботи  соли 1995 бошад, бо роҳбарии Эрдоган  ғалабаи гӯшношунид ба даст оварда, бо «Ҳизби роҳи ҳақиқат»  коалитсияи ҳукуматро ташкил дод. Соли 2001 собиқ раиси шаҳри Истамбул Р. Эрдоган бо ҳамроҳии аъзоёни  ислоҳхоҳи  «Рефак» аз қаноти анъавии ҳизб ҷудо шуда ҳизби адолат ва тараққиётро сохтанд. Ҳизб дар барномаи идеалогияи худ принсипҳои  демократия, волоияти  қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон, ҷаҳонишавӣ ва ғайраро дохил карда, ворид шудани Туркияро ба Иттиҳоди Аврупо  эълон дошта,  дар  муқобили  қувваҳои сиёсии исломии пешин эълон намуд, ки он дар доираи низоми сиёсии мавҷудаи дуняаӣ амал мекунад ва нияти дигар кардани низоми дунявӣ ва ҳамчунин бо Ғарб ягон зиддият надорад. Дар натиҷа ҲАТТ соли 2002 40%овози интихобкунандагонро соҳиб шуда ба ҳизби ҳоким табдил ёфт. Соли 2007 бошад  45%  овозҳои  интихобшудагонро ба даст оварда нишон дод, ки он  қобилияти ҳалли масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсиро дорад. Ҳизб тавонист ҷараёни беқурбшавии асъори миллиро боз дорад, инвеститсияи хориҷиро ҷалб намояд, дар соҳаҳои маорифу илм ва тандурустӣ ислоҳотро татбиқ кунад, дар музокирот бо ИА ба пешравӣ ноил гардид, фасод ва ошнобозиро  хеле маҳдуд созад. Имрӯз ҳизби мазкур кӯшиш дорад, ки арзишҳои  исломӣ ва либералӣ-демократии Ғарбро бо ҳам пайвандад. Дар натиҷа Ҳизб тавонист аз ҷониби на танҳо кишоварзону муҳоҷирон, ҳамчунин аз ҷониби ислоҳотхоҳону синфи миёна ва ҷавонон низ дастгирӣ ёбад. Дар айни замон, ҳизб бо ду аломати хоси худ-ислоҳот ва тараққиёт дар саҳнаи сиёсати кишвар фаъолият дорад. Ҳизб на танҳо дар дохили Туркия, имрӯз берун аз он ҳам обрӯю эътибори зиёд касб кардааст. Бисёр ҳизбҳои  сиёсӣ-динии кишварҳои мусулмонӣ мехоҳанд, ки онро пайгирӣ намоянд. Дар Туркия як сабаби  муваффақияти  ҳизби  сиёсии исломӣ дар он буд, ки он тавонист  донишҷӯёнро ба сафҳаи худ фаро гирифта, бо пайравони равияи тасаввуф робитаи наздик барқарор намояд ва ниҳоят дар миёни шахсони  бонуфузи  сиёсии  кишвар  намояндагони  худро  ҷой намояд ва бо дастгирии онҳо пеш равад. Дар ин самт исломиёни Туркия тавонистанд сиёсатро ба фарҳанг пайваст намоянд, махсусан дар давраи фаъолияти «Рефах». Дигар ин ки аҳзоби сиёсии исломӣ дар Туркия  бо ҳамдигар зид набуданд, балки ба тадриҷ  исломиён танҳо бо иваз кардани номи ҳамон як ҳизб ҳастаи асосӣ- (ядро)-и худро ҳифз мекарданд, ки исломиёнро аз заиф шудан ҳифз мекард[(15]
Ҳамин тариқ, таҳаввули исломи сиёсӣ дар симои ҳизби АТТ бо роҳи қабул кардани идеяҳои демократия, ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва масъулият дар назди ҷомеа роҳандозӣ мегардад. 
        Дар давлати Малайзия дар муносибати байни дину давлат диндорон асосан бетарафӣ нишон медиҳанд. Ҳарчанд давлат исломист, вале он нисбат ба динҳои дигар бетараф буда, ҷомеаҳои будоия, насронӣ ва мусулмонон, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, агар хоҳанд,  дар асоси қонунҳои шариат ва ҳуқуқи одати (сунатӣ) ҳал мекунанд. Вале дар ҳуқуқи ҷиноятӣ тавассути қонунҳои дунявӣ муносибатҳо танзим мегарданд. Дар байни ҳукумат ва ҷомеаҳои динӣ ҳамкорӣ  вуҷуд дорад. Малайзия  давлати бисёрҳизбӣ аст. Дар он ҷо ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад. Дар парлумон асосан комисияи бисёрҳизбии ҷабҳаи миллӣ ҷойҳоро ишғол менамояд ва ҳизби сиёсии исломӣ низ дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши муайян дорад.
«Ҳизби Исломии Малайзия» соли 1951 ташкил шудааст. Дар бораи заминаи пайдоиши ҳизби мазкур раиси он Шайх Абдулҳодӣ Аванд чунин мегӯяд: «уламои мо бештар дар маҷмаъи қимору шароб бо ҳам ҷамъ омада баҳс мекунанд ва ин ҷамъомади онҳо боис шуданд, ки як ҳаракати муназзам барои дифоъи мусулмонон таъсис ёбад, ва баъдтар ин ҳаракат табдил кард ба як ҳизби сиёсӣ»[15]. ҲИМ солҳои 1959ва 1999 дар ду вилоят дар интихобот ғолиб омада,  дар парлумон ва ҳукумат курсиҳои муҳимро ишғол кардааст. Дар он вилоятҳое, ки намояндагони ҳизб курсиҳои ҳукуматро ишғол кардаанд, бо истифода  аз  усулҳои  демократӣ фаъолият кардаанд. Масалан, дар масъалаи бастани  қиморхонаву шаробхона ва фоҳишахонаҳо ба шаҳрвандони ғайримусулмон низ ҳамкорӣ карда, аз онҳо розигӣ пурсидаанд. Вақте ки ин ҳизб дар ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ин вилоятҳо нуфузе ба даст овардааст, диққати ғайримусулмононро ба худ ҷалб кардааст ва онҳо хоҳиши ба ҳизб аъзошавиро изҳор кардаанд. Ҳизб дари худро ба рӯи онҳо напӯшонида, дар назди худ барои онҳо ҷамъиятеро созмон дод, ки ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошад. Ва ҳатто ҳизб ҳангоми интихоботҳои парлумонӣ аз ҳисоби ин ҷамъият низ  номзадҳоро  барои  интихоб  шудан  пешбарӣ менамояд. Ҳоло ин ҳизб дар парлумони кишвар 23 ҷойро  ишғол намуда, дар се вилоят афзалият ба даст овардааст.[15]
Малайзия давлати манархии исломӣ буда, дар он ҳам қонунгузории дунявӣ ва ҳам динӣ  амал мекунад,  ки бо назардошти ҳайати динӣ-этникии он ба амал бароварда мешавад. Озодии виҷдон дар асоси принсипҳои демократӣ риоя мегардад, ки он яке аз омилҳои суботи ҷомеа мебошад. Давлат бо вуҷуди исломӣ будан  хсусияти дунявӣ низ дорад ва дину дунявият дар  якҷоягӣ фаъолият доранд. Ҳоло ҲИМ бо ташкилоти Иттиҳоди миллии  Малайзӣ,  ки ҳизби ҳоким аст, рақобат дорад. Ҳарду ҳизб барои ба даст овардани монаполияи тафсири дурусти ислом мубориза мебаранд. Вале ТИММ (объеденения малайзиская национальная организация) асосан дар доираи талаботҳои контитутсия амал менамоянд. ҲИМ  хоҳони тағйир додани конситутсия  бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷорӣ намудани меъёрҳои исломӣ мебошад(14). ТИММ бошад вазифаи худро аз ҳифзи манофеи халқ, ислом, кишвар ва адолат медонад. Тарафдори бақои манархияи  конситутсионӣ  ва  низоми  идоракунии  демократӣ буда, исломро  ба  сифати  дини  расмӣ  тарғиб менамоят, адолати иҷтимоиро риоя мекунад. Аз ҳамин сабаб ҳоло ин ҳизб нисбат аз ҲИМ мақом ва нуфузи баланд дошта, дар парлумон  бештари ҷойро ишғол кардааст. 
Дар баъзе кишварҳо ба монанди Марокаш аҳзоби мӯътадиле низ ҳастанд, ки  дар сатҳи аҳзоби дуняӣ амал мекунанд ва сохтани давлати исломиро  зарур намедонанд. Зеро ба ақидаи онҳо бе ин ҳам Марокаш  давлати  исломӣ  мебошад, дар  он  қонунҳои  шариат амал менамоянд. Ба ин аҳзоб «Ҳизби наҳзат ва порсоӣ» ва ташкилоти  сӯфиён бо номи «Ал-адл вал-эҳсон» дохил мешаванд. Аҳзоби  сиёсии динии мӯътадили маҳдуд он ҳизбҳои сиёсӣ-диние мебошанд, ки асосан хусусияти  таҳаммулпазирӣ дошта, ифротгароиро  намепазиранд, вале арзишҳои дунявиро анъанаи ғарбӣ ҳисобида, онро инкор мекунанд ва ҷонибдори ваҳдати дину давлат мебошанд.  Баъзеи  ин ҳизбҳо ҳамкорӣ  кардан бо давлати дунявиро  хилофи идеалогия  ва фаъолияти  худ намедонанд, он арзишҳои миллию умумибашарие, ки хусусияти дунявӣ доранду ба асли дину шариат хилоф нестанд, низ эътироф мекунанд, ба монанди  ҳизби «Ҷамъияти  исломии Афғонистон»,  ки сарвараш шодравон Б Раббонӣ буд, низ метавон аз ҷумлаи аҳзоби таҳаммулпазир ҳисобид. Он ба ҳизбҳо ва ҳаракатҳои ифротгарои исломӣ ҳамкорӣ надошта, фаъолиятҳои худро дар асоси меъёрҳои исломи ҳанафӣ, ки таҳаммулпазиртарин маҳзаб дар масоили ислом аст, ба роҳ монд.  Соли 2004, 26-уми январ давлати исломии Афғонистон  конситутсияи  нави  худро  қабул кард, мувофиқи  моддаи 35 он «барнома ва оинномаи ҳизб  набояд ба  принсипҳои дин ва арзишҳои дар  конситутсия  ифодаёфта ихтилоф дошта бошад:… 
Таъсиси ҳизб дар асоси принсипҳои этникӣ, минтақавӣ, забонӣ ва динӣ иҷозат дода намешавад». Ҳизби «Ҷамъияти исломии Афғонистон» калонтарин  ҳизб  ба  ҳисоб  рафта, соли 2005 аз нав  сабти ном гардид ва бонуфузтарин  ҳизб дар  Афғонистон ба ҳисоб мерафт. Ҳоло ин ҳизб ба ҳизбҳои «Наҳзати миллии  Афғогнистон», «Ҳизби Афғонистони навин» ва «Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон» ҷудо шуда, сабти ном шудаанд. Ин ҳизбҳо дар  ҳамкорӣ бо ҳизби «Ҷамъияти исломии Афғонистон» барои  пайдо  намудани  сулҳу  амнияти Афғонистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 
Ба ҳаракату аҳзоби сиёсии динии ифротгаро ҳаракат ва ҳизбҳои зеринро дохил кардан мумкин аст: Ҳаракати Салафия, ҳизбҳои  Ихвонул муслимин,  ТЭТ ҲНИ,   Ҳизбуттаҳрир, Даъвати исломӣ, Ҳизбуллоҳи Эрон   ва ғайраҳоро, ки дар бисёр кишварҳои мусулмонӣ зерсохторҳои худро доранд, ба мисли «Ҳизби исломии Афғонистон» (ҲИА),  «Толибон» ҳизби исломии «Ал-наҳда»-и Тунис, «Ал-қоида» «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» Ҳизбҳои радикалӣ-экстримистии «Ҷиҳодия салафия» ва «Ҷамоъати ансор- Маҳдӣ»-и Марокаш, ҳизби «Ҷабҳаи наҳзати исломӣ»-и Урдун, «Созмони озодибахши исломӣ»,  «Ат-такфир в-ал-ҳизра» ва «Созмони ал-ҷиҳод»-и Миср,   «Ансоруллоҳ» ва ғ.
Ҳизби Ихвану-л-муслимин ҳам аз назари идеологӣ ва ҳам ниҳодӣ барнуфузтарин созмон дар олами ислом, махсусан дар кишварҳои Араб, мебошад. Ҳизби мазкур дар бисёр кишварҳои мусулмонӣ таҳти унвонҳои мухталиф зерсохторҳои худро драд[6: 1-116]. Нуфузи маънавию сиёсии он дар тамоми мамолики араб ва берун аз он эҳсос мегардад. Имрӯз доир ба ҳаракатҳои гуногуни бунёдгарои дар олами ислом сухан мегӯянд. Баъзе муҳақиқон  дар  он ақидаанд, ки бидуни дарки қатъии решаҳо ва таҳаввулоти Ихвону-л-муслимин шинохти бунёдгароии суннии муосир  ғайриимкон аст. Шинохти куллияи ҷилваҳои бунёдгарии муосир, ба вижа дар кишварҳои арабӣ,  бо мазҳаби суннӣ, ба шинохти Ихвону-л-муслимини Миср алоқаманд аст[10: 40]. Ҳарчанд  ин андешаи баҳснок мебошад, зеро бунёдгароии муосир дар  ислом  анъанаи  қадимтар дорад, ҳеҷ  набошад  решаи онро бояд аз  таълимоти  ибни Таймияю наҳзати Ваҳобия бояд ҷустуҷӯ кард, вале  ҳизби мазкур воқеан дар бунёдгароии суннии муосир нақши муассир дорад.
Доир  ба  пайдоиши  Ихвону-л-Муслимин назарҳо  мухталифанд. Баъзе  муҳақиқон дар он назаранд, ки ҳизби мазкурро «фишорҳои мутазодди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва идеалогӣ»-и Ғарб ба Миср ва андешаҳои  миллатгароӣ ва  исломии равшанфикрони Мисрӣ бо мақсади «аз юғи истеъмор ва нуфузи фарҳангӣ ва иқтисодии ғарб наҷот» додани он ба миён овардааст[10: 40-41].  Худи  асосгузори  ҳизб  Ҳасани  Бано бошад, дар бораи Ихвону-л-Муслимин чунин гуфтааст: «Ихвону-л-муслимин даъвати салафӣ, тариқаи суннӣ, ҳақиқати сӯфия, ҳайати сиёсӣ, гурӯҳи риёзаткашида, пайванди  илмию  саққофӣ, ширкати иқтисодӣ ва мафкураи иҷтимоӣ  аст»[11: 47]. Шиори асосиаш бозгашт ба «исломи ноб» буда, мехоҳад зиндагии мардумонро дар асоси қоидаҳои шариат бунёд созад.
Аммо ба ақидаи Ҷ. Колеман таъсисдиҳанда ва сарпарасти ин ҳизб Британияи Кабир мебошад. Он дар вақташ бо мақсади пешгирӣ кардани таъсири социализм дар Миср ва дигар кишварҳои исломӣ созмон дода шудааст.[5: 17-20] Бо далелҳои зер мо андешаи охириро пайгирӣ менамоем. Аввал ин, ки Колеман ҳамчун  корманди  бевоситаи  разведкаи англис, ки дар бисёр кишварҳои аврупоию исломӣ фаъолият доштааст, ин назари худро дар асоси  ҳуҷҷатҳои  расмии  махфӣ  баъди ба истеъфо рафтанаш баён намудааст. Дигар ин, ки худи далели ба зудӣ дар бисёр кишварҳои мусулмонӣ  созмон  ёфтани  зерсохтори ҳизби мазкур ва тӯли зиёда аз даҳ сол маблағгузорӣ кардани онҳо худ онро собит месозад. Чунки давлати Миср, ки ин ҳизбро  сахттарин рақиби худ медонад, наметавонад чунин созмони минтақавии бонуфузро маблағгузорӣ намояд. Сониян, баъди пошхӯрии  ИЧШС   ҳизби  мазкур  барои  пиёдасозии манфиатҳои  геосиёсии қудратҳои  ҷаҳонӣ  дар  кишварҳои мусулмонӣ  истифода  гардид.   Ба он даст доштани  Ихвону-л-муслимин  дар ҳаводиси «баҳори араб» дар соли 2011 ва таъсиси собиқ «Давлати исломӣ» шаҳодат медиҳад.
         Ихвону-л-Муслимин, ки соли 1928 дар Искандарияи Миср бо сарварии Ҳасан-ал-Банно таъсис ёфтааст, барои он ба зудӣ пайравон ва нуфузи зиёдро ба даст овард, ки ҷомеа дар ҳолати бӯҳрон қарор дошт ва ихвониён тавонистанд аз ин амал зери парчами ислом мардумро ҷониби худ ҷалб созанд.Вақте ки қишрҳои мухталифи ҷомеа бо ин созмон пайвастанд, он бонуфузтарин ҳизби сиёсии Миср гардид. Тавассути дастгоҳи таблиғотии ниёзманд ақидаҳои бунёдгароии исломӣ ба шуури сиёсии ҷомеа таъсири фаровон расонидаанд.
Баъди ҷанги дуюми  ҷаҳон  фаъолияти Ихвон-л-муслимин  густурдатар гардид ва бо дастгирии  Ангиля  дар  Миср вориди мубориза шуда, соли 1948 кӯшиши дар Миср барпо кардани ҳукумати исломӣ намуд ва ҳамон сол фаъолияти он аз ҷониби ҳукумат манъ карда шуд. Вақте  ки созмони мазкур ба  террори  аъзоёни  ҳукумат  даст зад,  аъзоёни ҳизб низ аз ҷониби ҳукумат террор шуданд ва саранҷом соли 1949 Ҳасан ал-Банноро низ террор карданд.
Пас аз табадулоти ҳарбии соли 1952 Ҷамол Абдуносир ба сари ҳокимият омад. Дар ибтидо  Ихвону-л Муслимин бо низоми нав робитаи хуб дошт. Аммо вақте ки Ихвону-л Муслимин дид, ки Носир ҳукумати исломӣ барпо  карданӣ  нест ва майл ба Давлати Шӯравӣ дорад, миёни онҳо ихтилоф  афтод ва соли 1954  ҳизби мазкур қасд ба ҷони Носир намуд, вале бенатиҷа монд. Ин ҳодиса боиси аз ҷониби  ҳукумат  дастгир  шудани сарвар ва  чаҳор ҳазор  аъзои он гардид. Ҳизб соли 1964 аз нав эҳё шуд. Вале чун соли 1965 кӯшишҳои аз  нав табаддулоти давлатӣ кардани  Ихвон ошкор шуд, Носир бисёр аъзоёни ҳизбро дастгир ва зиндонӣ кард. Назарияпардозӣ  онҳо  Саид Қутб  низ  кушта шуд. Баъди он соли 1967 Миср ҷангро ба Исроил бой дод ва обрӯи эътибори Носир коста гардид, Ихвон аз нав нуфуз пайдо кард.
Пас аз  марги  Носир  соли 1970  Анвар  Содот  ба сари ҳокимият омад ва исломро дини расмии кишвар эълон намуда, барои густариши исломи сиёсӣ  роҳро  ҳамвор  сохт. Содот аз Ихвону-л Муслимин бо мақсади дилҷӯӣ,  зеро ҳизби қудратманд буд, дастгирӣ мекард,  ки ин ба нуфузи сиёсӣ  касб кардани Ихвон мусоидат намуд. Анвар Содот майл ба Ғарб  дошт ва соли 1977 бо  Исроил  паймони сулҳ баст ва сиёсати дарҳои бозро пеша кард. Сулҳ бо Исроил, диди ғарбгароёна ва  сиёсати ӯ дар мавриди  ҳимояи масеҳиён аз ҷониби Содот сабаби вайрон гардидани муносибати Ихвон бо Содот шуд. Ин низоъ бо террор шудани Содот соли 1981 анҷом ёфт. Дар давраи Ҳусни Муборак, ки низ ғарбгаро буд, муносибати Ихвон бо ҳукумати Миср беҳ нашудааст.[10: 40-44] Ҳизби мазкур ҳарчанд дар тазоҳуротҳои сиёсии Миср дар  солҳои 2010-2011 бевосита ширкати густарда надошт, аммо  имрӯз  низ яке аз нерӯмандтарин  ҳизбҳои  сиёсӣ-динии Миср ва олами араб ба ҳисоб меравад. 
Ҳоло як қатор ҳизбу  ҳаракатҳое  дар мамолики мусулмонӣ фаъолияти густурда доранд, ки дар  ибтидо  ҳамчун зерсохтори «Ихвону-л-муслимин» бо унвонҳои мухталиф таъсис ёфтаанд. Яке аз чунин ҳизбҳо, ки имрӯз дар бисёр  кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои  навистиқлоли  Осиёи Марказӣ пинҳон корона фаъолият дорад, «Ҳузбут-таҳрир-ал-исломия» мебошад. Дар баробари «Ал-Қоида» Ҳизбуттаҳрир  низ имрӯз як созмонҳои бонуфузи сиёсӣ-динии экстримистии суннӣ дар олами ислом ба ҳисоб меравад, ки асосгузораш судяи суди апелятсионии шариатии Байтулмуқаддас Тақеуддин ан Набҳонӣ  (1909-1977) мебошад. Сарварони мазкури он Ато Абдурашид , ворисаш Абдулқадим Заллум мебошанд ва маънояш ҳизби озодихоҳи исломӣ аст. Қароргоҳи он дар Лондон ҷойгир шудааст.  Соли 1952 дар Байтулмақаддас ба сифати шӯъбаи ҳизби «Ихвону-л-Муслимин ташкил ёфтааст. Бинобар он дар байни коршиносон чунин ақида сайр дорад, ки таъсисдиҳандаи ин ҳизб  Англия  мебошад ва  он бо мақсади ноором сохтани вазъи  сиёсӣ дар  кишварҳои  мусулмонӣ ва ба ин роҳ  таҳти нуфузи худ нигоҳ доштани онҳо ташкил дода шудааст. Шиори Ҳизбуттаҳрир ин аст, ки мегӯяд: «Ҳизбуттаҳрир ин ислом аст, ислом ин Ҳизбуттаҳрир мебошад». Ин яке аз тарзҳои ба шуури мусулмонон ба осонӣ таъсир расонидан аст. Ҳарчанд ҳизбҳои сиёсӣ-динии дигар низ дар асоси таълимоти  ислом амал  кардани  худро  таъқид  месозанд, аммо нагуфтаанд, ки «ислом ин моем ё худ мо исломем». Ҳизбуттаҳрир як созмони бунёдгарои исломӣ буда, дар кишварҳои зиёди мусулмонӣ аъзоёни худро дорад  ва  даъвои онро дорад, ки ҳар  кадом  сухани онҳо ба қонунҳои динӣ  (шариат) баробар, ҳамвазн мебошад. Ҳадафи асосии худро ин ҳизб дар бунёд намудани «хилофат» медонад ва хилофи вуҷуд доштани давлатҳои миллӣ мебошад, дар он асос, ки дар ислом танҳо як миллат, яъне уммати ислом вуҷуд дорад. 
Чунин ақида  вуҷуд доранд, ки ҳизби мазкур  дар ибтидо ба муқобили сионнизм, ки  Фаластинро  забт  карда  буд, таъсис ёфтааст. Вале ин биниш шубҳаовар аст, зеро қароргоҳи он дар Лондон, ки яке аз такягоҳҳои сионизм аст, ҷой дорад. Барномаи ҳизб дар се зина амалӣ мегардад. 1. Ташаккул додани ядрои ҳизб, яъне омода сохтани одамоне, ки ба мақсад, вазифа, усулҳои муборизаи ҳизб боварӣ доранд. 2. Бояд ба уммати ислом робитаи фаъол барпо кунад. 3. Сохтани  давлати  исломӣ ва тарғиб кардани ислом дар ақсои олам. Аз рӯи  баъзе  маълумотҳо 1 млн. аъзо дорад[23]. 
Вале ба сабаби  он, ки давлатҳои  араб  барномаи онро дастгирӣ накарданд ва СММ низ тавонист  ба бӯҳрони  Фаластин таъсири  судманд расонад, барномаи сиёсии ҳизб тағир ёфт. ХТИ дигар масъалаи эҳёи хилофатро тарғиб мекардагӣ шуд. Идеяи «хилофат» як навъ аксуламал ба муносибати   мамолики  мусулмонӣ ба  масъалаи Фаластин буд. Гап дар сари он буд, ки дар натиҷаи ташаккул ёфтани низоми нави байналмилалӣ (низоми Ялта-Постдам, 1945-1990) дар олами ислом миқдори давлат-миллатҳо афзуд ва онҳо бо мақсади ҳифзи низомҳои сиёсӣ ва манофеи милии худ  ХТИ-ро ғайриқонунӣ  эълон карданд. Бо ҳамин  сабаб  ҳизб  ба  фаъолияти  пинҳонкорона  гузашта,  идеяи «хилофат»-ро  эълон  намуд. «Ин идея на танҳо ба муқобили Исроил, ҳачунин бар зиддӣ низомҳои мавҷудаи мамолики  мусулмонӣ  нигаронида  шуда  буд, зеро онҳо манфиатҳои миллӣ-давлатии худро аз маъалаи Фаластин боло  медонистанд  ва аз ҷониби  мамлакатҳои  мусулмонӣ дастгирӣ  нашуда, ба нокомӣ дучор гардад. Дар айни замон, ин ҳизб аз ҷониби хадамоти махсуси баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла доираҳои сионистӣ-массонӣ ҳамчун фишанг барои пиёда сохтани ҳадафҳои геополитикӣ ва дигар манфиатҳояшон истифода  мегардад»[20: 125] Ҳоло «Ҳизбуттаҳрир» аз ҷониби на танҳо доираҳои сайҳунистӣ,  ҳамчунин давлатҳои абарқудрат барои ҷудоандозӣ дар байни халқҳои мусулмон истифода мегардад. Доираҳои номбурда умед ба он доранд, ки тавассути ин ҳизб сохторҳои айнии  сиёсӣ ва динии ҷаҳони  исломро вайрон сохта, ҳадафҳои геополитикии худро дар ин кишварҳо ҳифз менамоянд ва ба рушди кишварҳои  мусулмонӣ  монеа  мешавад, то ки онҳоро аз нигоҳи иқтисодию сиёсӣ  побанди худ  созанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯз дар як қатор давлатҳои Ғарб қароргоҳҳои ҳизби мазкур озодона амал мекунанд. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи миёна, махсусан Тоҷикистону Ӯзбакистон, ҳоло пайравони «Ҳизбуттаҳрир» пинҳонкорона фаъолият доранд. Ба андешаи коршиносон дар Тоҷикистон пайравони ин ҳизб бештар дар вилояти Суғд фаъолият дошта, он хусусияти ошкорои зиддимиллӣ дорад ва бо ҳар роҳ мекӯшад,  ки ба рушди ҷомеаи демократию давлати миллӣ монеа эҷод менамояд. Соли 2003 мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ш Хуҷанд матбааи махфии ҳизби номбурдаро ошкор сохтанд, ки аз соли 1999 фаъолият доштааст. Матбаа ва таҷҳизоти он ба сокини ш. Хуҷанд Абдуваҳобов Зайниддин таалуқ дошт. Тафтишот нишон дод, ки Абдуваҳобов З. масъули қисмии  молиявии  ҳизб  буда, 20-уми январи соли 2002 аз шаҳри Нию-Йорки ИМА аз банки «Морган Чейтс», ки  5995 долари амрикоӣ ба банки ш. Москва «Алфа- банк» ва аз онҷо ба Бонки «Эсхата»-и ш. Хуҷанд интиқол дода шуда буд, қабул кардааст. Ҳамин тариқ, ошкор шуд, ки ХТИ бо роҳҳои гуногун аз созмонҳои байналмиллалии пинҳонкор (сионистӣ  ва массонӣ)  ба ҳаҷми калон  воситаҳои  пулӣ  мегирад.[3: 14]  Худи ҳамон далел аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳарчанд «Ҳизбуттаҳрир» аз номи ислом ва дар зери шиорҳои исломӣ  фаъолият  карда, қишрҳои ноогоҳи ҷомеаи мусулмонӣ, дар айни вақт тоҷикро, ба ҷониби худ ҷалб менамояд, аммо дар асл дастнишондодаи доираҳои сионистию массонӣ ва давлатҳои абарқудрат буда, бо мақсади ҷудоиандозӣ ва барангехтани низоъ дар байни мусулмон ба кишварҳои Осиёи марказӣ ва дигар мамолики мусулмонӣ интиқол дода шудааст. Ин ҳизб хусусияти ошкорои ифратгароӣ дорад,  зеро террор ва ҷиҳодро василаи асосии эҳёи «хилофат» ва «ҳифзи ислом» медонад. Бинобарон фаъолияти он аз ҷониби СудиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. 
Ҳизби  исломии  Афғонистон,  бо  сарварии  Гулбуддин  Ҳикматёр низ яке аз ҳизбҳои сиёсии-динии радикалӣ, ифратгаро буда, он имрӯз як ташкилоти ҳизбӣ-сиёсии  исломӣ  ба ҳисоб  меравад. Ҳизби мазкур соли 1975 дар Покистон таъсис ёфтааст ва шакли афғонии ҳаракати Ихвонул муслимин мебошад. Ҳизби исломии Афғонистон солҳои 1979-1989 бар алайҳи вуруди артишӣ шӯравӣ ба Афғонистон ва ҳукуматҳои шӯравигарои Бабрак Кормалу  Наҷибулло  муборизаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ кардааст. Соли 1990 нерӯҳои опозитсионии Тоҷикистонро низ дастгирӣ намудааст. Ин ҳизб бо вуҷуди «исломӣ» ном доштан асосан манфиатҳои миллати паштуро ҳифз менамояд ва дар айни замон бо ҳаракати Толибон ҳамкорӣ  дорад. Ҳикматёр ҳамеша кӯшиш дошт ва дорад, ки ҳизби худро ба  ҳизби ҳоким табдил диҳад. Ҳайати  иҷтимоии онро асосан синфи миёна ташкил медиҳад ва намояндагони рӯҳонияти анъанавӣ дар ҳайати ҳизб хеле каманд. Соли 1992 баъди  барқарор  кардани низоми исломӣ дар Афғонистон ва бо вуҷуди намояндаи  ин  ҳизбро сарвазир таъин кардан Г Ҳикматёр бо ҳар баҳона Кобулро зери оташ қарор медод.  Соли 1993 бо мақсади он, ки ҷанг хотима ёбад, худи ӯро сарвазир эълон намуданд, аммо вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ боз ҳам бадтар гардид.
Соли 2001 ИМА ба «толибон» ғолиб омад ва Ҳикматёрро аз ҳайати ҳукумати  нави  Кобул  хориҷ  намуд. Ҳикматёр маҷбӯр шуд, ки аз «Толибон» ва «Ал-қоида»  ёриву  пуштибонӣ  пурсад. Бинобар он соли 2003 аз ҷониби ИМА ӯ  террорист эълон гардида, дар қатори Мулло Умар ва Бен- Лоден дар  рӯйхати  сиёҳи  ИМА ворид  карда шуд. Соли 2010 Ҳикматёр нерӯи худро бо «Толибон» ҳамҷоя (муқоисашаванда) муаррифӣ намуд.
Тунис дар олами ислом яке аз кишварҳои бисёрҳизбӣ буда, дар он ҳизбҳои сиёсии хусусияти демократӣ, сотсиалистӣ ва исломӣ дошта фаъолият доранд. Дар байни ҳизбҳои сиёсии исломӣ ҳизби «Ан-Наҳда» бо доштани хусусиятҳои  радикалӣ, ифратгароӣ фарқ мекард, ки соли 1980 ба вуҷуд омадааст. Он асосан дар заминаи Ҳаракати  исломӣ ва табдили ном кардани он ба вуҷуд омадааст. Ин ҳизб  ягона нерӯи бо ҳизби ҳокими Иттиҳоди конситутсионии демократӣ рақобаткунанда  мебошад,[2:56]  ба ҷуз ислом дигар намуди идеалогияро қабул надорад. Ҳизб тавонист намояндагони худро дар артиш, политсия, муассисаҳои давлатӣ ҷойгир намояд, дар байни ҷавонон ва камбағалон кор барад. Мақсади асосии исломиён ғасби ҳокимият буд. Онҳо барои ба амал баровардани мақсади худ ҳатто  аз муборизаи ошкорои  террористӣ истифода мекарданд. Соли 1987 Зайн-ал-обидин Бен алӣ ба сари ҳокимият омад ва тактикаи хоси идоракунии худро ҷорӣ намуд. Ӯ қонун дар бораи ҳизбҳоро қабул карда, таъсис додани ҳама гуна ташкилотро аз рӯи аломатҳои динӣ ва нажодӣ манъ намуд. Ҳамчунин Бен Алӣ авфи умумро эълон дошта аз маҳбасҳо ҳамаи маҳбусоне, ки дар ҳаракатҳо зидди ҳукуматӣ вазифаи роҳбарикунанда доштанд, озод намуд ва аз онҳо талаб кард, ки бо ҳукумат «аҳдномаи миллӣ»  байни  ҳизбҳову ҳукумат банданд, ки онро «Кодекси номусу вмҷдон» низ меномиданд. Исломиёни оштинопазир  ин таклифи  ҳукуматро  рад  карданд. Президент низ дар назди исломиҳо талабҳои худро гузошт. Аз ҷумла ҳамкории «Ан-наҳда»-ро бо ҳизби ҳоким маҳдуд сохт. Тундгароии пайдарҳами исломиён Бел Алиро маҷбӯр сохт, ки тактикаи  кори  худро нисбати  онҳо тағир диҳад. Аксарияти пешвоёни ҳизби «Ан-Наҳда», ки ба барҳам додани ҳукумат ва дар Тунис бунёд кардани ҷумҳурии исломиро даъват мекарданд, бо айби зери хатар гузоштани амнияти давлат ва кӯшиши дигаргун сохтани сиёсати конситутсионӣ ба  ҳабс  гирифта  шуданд. Ҳукумат дар муассисаҳои давлатӣ ва артиш  маъракаи «тозакуни»-ро гузаронида,  ҳамаи  сохторҳои  давлатиро аз исломиёни ифротгаро тоза намуд[16: 70-71].  Ҳамин тариқ, имрӯз исломи бунёдгаро (фундаменталистӣ) аз ҷониби Ҳукумати Тунгис дастгирӣ намеёбад ва исломи сиёсӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ  нуфузи  назаррас  надорад. Ҳоло қароргҳи ҳизби «Ан- Наҳда» дар Лондон ҷойгир шудааст.
Яке  аз  калонтарин ташкилотҳои исломӣ дар Осиёи Марказӣ  имрӯз ин «Ҳаракати  исломии  Ӯзбекистон» мебошад, ки соли 1996 ташкил гардидааст. Ба ақидаи таҳлилгарон ва хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадафи  асосии ҲИУ бунёд кардани давлати исломӣ аввал дар води Фарғона, сипас дар тамоми Ӯзбакистону Осиёи Марказӣ ва ҳатто қисми ҳудудҳои  Чин, он ҷое ки Ӯйғурҳо сукунат доранд, мебошад. Аз ин рӯ, ин ҳаракат ё ҳизбро бисёр ташхисгарону сиёсатмандони дохилу хориҷ ҳаракати ифротгаро, радикалӣ меноманд. Ҳизби мазкурро ӯзбаконе, ки ҳукумати Шӯравиро қабул  накарда ба Афғонистон, Туркия муҳоҷират намуда буданд, яъне ворисони собиқ амири Бухоро Саид Олимхон ва баъзе созмону мақомотҳои Покистон, фондҳои исломии байналмиллалӣ ва ғ аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунанд. Ин ҳаракат  алайҳи низоми Ислом Каримов мубориза мебурд, дар сафи худ ибтидо миллатҳои гуногун-ӯзбакҳо, тоҷикон, татарҳо, қазоқҳо, туркменҳо ва ӯйғурҳоро муттаҳид месохт.
Баъди аз ҷониби ҳукумати Ислом Каримов оғоз ёфтани маъракаи зиддисломӣ фаъолони ҲИУ ба Тоҷикистону Афғонистон, аз рӯи баъзе маълумотҳо 5000  нафари онҳо, ба лагерҳои терористии  кишварҳои исломии ҳамсоя рафта ҷойгир шуданд. УВКБ СММ дар соли 1999 дар Тоҷикистон 3000  ӯзбакони гурезаро (бо зану фарзандонашон) ба қайд гирифтаст. Ба ин ҳайат аъзоёни ҲИУ дохил намешаванд. Бисёр аъзоёни ҲИУ мактаби ҷангиро дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз тарафи мухолифони мухталифи муттаҳидаи  Тоҷикистон  ташкил ёфта буд, иштирок карда омӯхтаанд. Дар ҳайати  мухолифони  тоҷик  ҲИУ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфт, дар асоси «Баталиони Намангон» соли 1992 ташаккул ёфтааст. Баъди анҷом ёфтани ҷанги Тоҷикистон  ҲИУ  натавонист  мустақиман дар сохтори махсус муттаҳид гардад, маҷбӯр шуд, ки ба Афғонистон фирор намояд ва бо «Толибон» забон ёбад. Сарвари ҲИУ Тоҳир Юлдошев мухолифати Тоҷикистонро ба хиёнат  муттаҳам  сохта  гуфтааст, ки «то Душанде понздаҳ  км  роҳ  монда, ғалаба аз мо буд, аммо мухолифати тоҷик  хиёнат кард». Вале муҳоҷирати қисмҳои асосии ҲИУ аз Тоҷикистон танҳо соли 2001 ба охир расид.
Дар Афғонистон мувофиқи маълумотҳои рӯзномаҳои афғонию покистонӣ силоҳбадастони ҲИУ, ки бисёрашон бо ҳамроҳи оилаашон омада буданд, имконият ёфтанд, ки лагерҳои ҳарбии худро ташкил даҳанд.
Ҳукумати Ӯзбакистон  дар ҳамаи амалийтҳои терористӣ, ки дар Ӯзбакистон рух медод, ҲИУ-ро гунаҳкор менамуд. Лекин ташхисгарони беғараз ба ин  маълумотҳо назари танқидӣ дорад. Ба андешаи онҳо чунин бадномкуниҳо аз муносибати ғаразноки И. Каримов ба Т. Юлдошов бармеомад. Масалан, дар солҳои 1999-2000 гурӯҳҳои мусалаҳи хеле хуб омадашуда  ба  Ӯзбекистону Қирғиситон ҳуҷум оварданд. Ҳукуматдорони ин давлатҳо дар ин ҲИУ-ро гунаҳкор карданд.  Тобистони соли 2000 дар ҳақиқат гурӯҳҳои мусаллаҳи ҲИУ ба воситаи шимолии Тоҷикистон ба ҷониби Қирғисистон, вилояти Сурхандарёи Ӯзбакистон ворид шуда, ба артиши ҳукуматии ин давлатҳо ҷанги думболадороро анҷом дода буданд.
Дар Афғонистон аъзоёни ҲИУ дар муқовимат ба нерӯҳои коалитсияи амрикоӣ  иштирок  карданд. Ҳангоми  бомбаборон  кардан ноябри соли 2001 пешвои ҳарбии  ҲИУ  Ҷуъма Хоҷаев фавтид. Дар моҳҳои аввали амалиётҳои Амрико дар Афғонистон дар ҲИУ мухолифат ба вуҷуд омад. Дар натиҷа соли 2002 аз он гурӯҳи «Ҷиҳоди исломӣ» ҷудо шуд, ки баъдан  таркишҳои соли 2004-ро ба ӯҳдаи худ гирифт. Аз соли 2006 «Ҷиҳоди исломӣ» дар сарҳади  Афғонистону Покистон-Вазиристон  маскан гирифт ва кӯшиш кард, ки дар Исломобод якчанд таркишҳоро  роҳандозӣ намояд. Ҳамон  сол  қариб 100 оилаи онҳо аз фаъолият даст кашида ба Эрону Туркия гурехта рафтанд.
Нерӯҳои коалитсияи зиддитолибӣ мавқеи аъзоёни ҲИУ-ро дар Вазиристони ҷанубӣ танг карданд ва дар натиҷа онҳо бо «Ал-Қоида» робита намуданд. Ин боиси аз ҷониби артиши Покистон танг намудани мавқеи онҳо гардид. Соли 2004 фармондеҳи артиши Амрикоӣ дар Афғонистон Дэвид Барно изҳорот дод, ки садҳо силоҳбадастони ӯзбак такягоҳи  мудофиаи  «Ал-қоида»  дар Вазиристони  ҷанубӣ мебошанд. Онҳо ба ҷои арабҳо хизмат мекарданд. Бо «Ал-қоида» муттаҳид шуданд, вале ин дур давом накард. Фишори  артиши  Покистон  нисбати онҳо зиёд мегардид. Аз тарафи дигар муносибати Толибон низ ба ҲИУ тағир ёфт. Байни онҳо низоъ ба вуҷуд омад ва оқибат ҲИУ ба чор гурӯҳ тақсим шуд: гурӯҳи Т.Юлдошов; «гурӯҳи Ҷиҳоди исломӣ», гурӯҳе ки ба Эрону Туркия, Покистон ва дигар кишварҳо ҳиҷрат кард: гурӯҳи чорум ба Ӯзбакистон баргашт. Баъдтар  онҳоро  ҳукумати Ӯзбакистон  авф  намуд. Доир ба марги Т.Юлдошов маълумотҳои ихтилофнок вуҷуд доранд.  
         Дар ҷаҳони муосири исломӣ  яке аз созмонҳои сиёсии динии бонуфуз, ки чӣ  дар Амрикою Ғарб ва чӣ дар Шарқи Наздику Ховари  Миёна ва Шимоли Африко ва қисме  аз Осиё  фаъолият менамояд, “Ал-қоида” ба ҳисоб меравад. Маънои луғавии «ал-қоида» «асос», «банд», «асл», «принсип» буда, ҳамчун созмони сиёсӣ-динӣ таҷассумгари идеяи бунёдгароии исломӣ мебошад. Бозгашт ба исломи асл, бунёдиро воситаи асосии  мубориза  алайҳи  нуфузи Ғарб дар кишварҳои мусулмонӣ медонад. Он ба ташкилоти терористии ҷараёни исломии салафӣ дохил мешавад. Онро ҳамчунин ҷабҳаи фронти ҷиҳоди исломӣ низ  меҳисобанд, ки хусусияти байналмилалӣ дорад. 
«Ал-қоида» баъди  артиши  Шӯравиро аз Афғонистон баровардан соли 1988 таъсис ёфта, сарвари он Уссома Бен Лоден буд. Мувофиқи маълумотҳои  ВА-и ҷаҳон ва асари илмии дар ин мавзӯъ навишташуда «Ал-Қоида» созмони сиёсӣ-динии ҳарбиест, ки барои мубориза бурдан алайҳи ҳузури ИМА ва дигар давлатҳои ғарбӣ дар ҷаҳони ислом сохта шудааст. Мақсади он аз байн  бурдани  низомҳои дунявӣ дар кишварҳои мусулмонӣ ва эҳё кардани «хилофати исломӣ» мебошад. Бинобарон зерсохторҳои он дар бисёр давлатҳои мусулмонӣ фаъолият доранд. Баъди соли 1998 дар Кения ва Танзания  сафоратхонаҳои онҳоро таркондан ба «Ал-қоида» мақоми ташкилоти терористии рақами 1-ро муносиб донистанд.(17-170) бисёр амалҳои терористии дар ҷаҳон рӯй дода, аз ҷумла терори сентябри соли 2011 дар ИМА ба вуҷуд омадаро ба «Ал-қоида» нисбат медиҳанд.
Бисёр таҳқиқгарон ва коршиносон  заминаи  пайдоиши «Ал-қоида»-ро ҷанги Афғонистон (1979-1989) медонанд. Дар ибтидо пайдоиши ин созмон ба ихтилофи ИМА ба муқобили ҳузури артиши Шӯравӣ дар Афғонистон буд. ИМА ва ҳамкоронаш ба Афғонистон ворид  шудани артиши Шӯравиро ҳамчун амалиёти агрессия ва амали ғосибона эълон намуда, ба воситаи Покистон  ҳама  гуна  ёрӣ,  аз ҷумла ёрии молиявиро, ба муҷоҳидони афғон мерасониданд. Ба муқобили артиши Шӯравӣ ҷиҳод эълон гардида буд. Ёрӣ аз ИМА, Ғарб ва давлатҳои мусулмонӣ тавссути ташкилотҳои байналмиллаллии исломӣ фиристода мешуд, ба монанди «Мактаб-ал Хилофат»,  ки  соли 1984  дар Пешовараи Покистон Абдулло Аъзам ва Усома бини Лодан ташкил карда буданд. «Мактаб-ал Хилофат» дар Пешовар лагерҳои  тайёр  намудани ҷангиёнро ташкил дод. Усома бини Лоден барои ёрӣ ба ин ташкилот воситаҳои лозимиро мефиристод. Аз соли 1987 чунин лагерҳо дар худи Афғонистон низ ташкил карда мешуд. Ба воситаи ин мактаб 35 ҳазор ҷангиён аз 43 давлати ҷаҳон тайёр карда шудаанд. Баъди марги Аъзам соли 1989 мактаби мазкур пароканда шуд. Қисми зиёди аъзоёни он аъзои «Ал-Қоида» шуданд.
Иттиҳоди Шӯравӣ дар давраи роҳбарии М.С.Гарбачев эълон карда буд, ки артиши Шӯравӣ то соли 1989 аз Афғонистон мебарояд. Як қатор роҳбарони олимартабаи «Ҷиҳоди исломии Миср»,  Абдулло Аъзам ва Усома бини Лодан вохӯри гузаронида, ба хулоса омаданд, таҷрибаи Бини Лоданро бо таҷрибаи «Ҷиҳоди исломии Миср» баъди аз Афғонистон баромадани артиши  Шӯравӣ бо мақсади дар тамоми ҷаҳон ҷиҳод кардан бояд пайваст ва ҳамин тариқ 11-ми августи соли 1988 «Ал-Қоида» ташкил ёфт[17-170].
Баъди аз Афғонистон баромадани артиши Шӯравӣ Бен Лоден ба Арабистони Саудӣ баргашт. Августи соли 1990 артиши Ироқ Қувайтро ишғол кард, ки ба майдонҳои нафтӣ Саудӣ хатарнок буд. Ба шоҳи Саудӣ Лоден ёрии худро пешниҳод  кард. Хост муҷоҳидони Афғонистонро ба ин ҷо интиқол диҳад, то ки имконияти ҳуҷуми Эронро пешгирӣ намояд. Вале шоҳ розӣ  нашуд, барои  ёрӣ  ИМА-ро хост. Артиши Амрикоӣ ва иттифоқчиёни он ба Арабистони Саудӣ ворид шуданд.
Усома ба ин муқобил баромада, ин амалро ҳаром кардани «замини ду масҷид (ҷойҳои муқаддас-Макаю-Мадина) номид.  Ҳукумати  Сауд  Усомаро аз Арабистони Саудӣ ронд. Ӯ ба Судон рафт ва он ҷо исломиҳо ба сари ҳокимият омаданд. Усома дар он ҷой лагерҳои тайёр намиудани ҷангиёнро ташил дод. Соли 1994 ҳукумати  Сауд  ӯро  аз ҳуқуқи шаҳрвандии Арабистони Саудӣ маҳрум кард ва сулҳи Фаластину Исроилро дастгирӣ намуда ,  хешу табори Усомаро  таз нафақаи  ҳармоҳа, ки 7 миллион доларро ташкил  медод, маҳрум сохт, ҳамчунин суратҳисобҳои Усомаро қатъ гардонид. Хешу табори Усома маҷбур шуданд, ки аз  ӯ расман даст кашанд. Ҳизби «Ҷиҳоди исломии Миср» солҳои 1993 ва 1995 ба президенти Миср сӯйи қасд ташкил намуд. Бо ҳамин ҷурм аъзоёни ин ҳизб аз Миср бадарға карда мешаванд. Ҳукумати Судон низ Усомаро аз мамлакат меронад. 
Солҳои 1996-2001 Усома дар Афғонистон  қарор дошт ва бо «Толибон» ҳамкорӣ мекард. Баъди он ки «Хамос» Ғазаро  соли 2006 гирифт, дар онҷо низ шӯъбаи «Ал-Қоида» ташкил шуд. Ҳоло зерсохторҳои «Ал-Қоида» дар  зиёда аз 35 кишварҳои мусулмонӣ вуҷуд доранд. Ҳадафи «Ал-Қоида» бунёди хилофат буда, ИМА-ро душмани асосии ислом медонад. Соли 1998 Усома таъсис додани ташкилоти муттаҳидаи ҷангиёни исломӣ-Ҷабҳаи ҷаҳонии исломро барои мубориза бурдан бо яҳудиён ва «салибдорони сурх» эълон кард. Бо ин роҳ ӯ ИМА-ро аз Халиҷи форс бароварда ва Исроилро нест кардан мехост.
Ҳизби «Ансоруллоҳ», ки онро «Ҷамоати Анссруллоҳ» низ мегӯянд нисбати ҳизбҳои дигар навтаъсис буда, соли 2008 дар қисми ғарбии Ғаза ташкил ёфтааст. Муассис ва сарвари он собиқ табиби мисрӣ Шайх Абдул Латиф Мӯсо мебошад[7]. Он алакай дар бисёр кишварҳои мусулмонӣ зерсохтор ё худ намояндагии худро дорад. Ҳадаф дар тамоми кишварҳои исломӣ бунёд намудани давлати исломӣ аст. Ин ҳаракат бештар хусусияти зиддисионистӣ дошта, яҳудиёнро душмани асосии муслимин медонад ва зери шиори тавҳид амал мекунад. Шиори ин ҷомеа чуни наст: «Сарбозони воҳид  истироҳат надоранд… то он даме, ки тамоми сарзамини мусулмонон озод  нашаванд,  то  замоне  ки зиндони мо Ақсо (масҷид) аст, яҳудиёни палид  ва  малъунро нобуд мекунем»[7].  «Ансоруллоҳ» арзишҳои демократӣ-дунявиро қабул надорад, ин арзишҳоро ғарбӣ медонад. Он бар алайҳи давлатҳои демократӣ-дунявии кишварҳои мусулмонӣ қарор дорад. Ба ақидаи онҳо ҳатто фарде, ки намоз мехонаду рӯза медорад ва маросимҳои ҳаҷро ба ҷо овардааст, агар давлати демократиро ҷонибдорӣ кунад, кофир аст.
Ба ақидаи  баъзе  коршиносон  ин гӯрӯҳ дар ҳудуди Тоҷикистон низ  амал мекунад. Он як қаноти  ТЭТ ҲНИ-ро ташкил  медод. Махсусан он ҷавононе, ки дар макотиби олӣи динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, олудаи андешаҳои «Ансоруллоҳ» мебошанд. Амалиёти тераристие, ки 3 сентябри соли 2010 дар назди бинои раёсати мубориза бо ҷинояткориҳои мутташакилонаи ш. Хуҷанд руй додааст, ин ҳизб ба ӯҳдаи худ гирифтааст[1].
Баъзеҳо  чунин меҳисобанд, ки Мулло Абдулло, ки бо гӯрӯҳи худ дар ноҳияи Рашт амалиётҳои терористӣ мебурд, аъзои ҳамин ҷамоа аст. Байрақи «Ансоруллоҳ» дар ҷойи задухӯрди мусаллаҳона бо гӯрӯҳи муҷоҳидони гурӯҳи Мулло Абдулло соли 2011 дастрас шудааст, ки аз мавҷудияти гурӯҳи терористии мазкур дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Мулло Абдулло  аъзои фаъоли  ТЭТ ҲНИ буд ва ин далел аз шӯъбаи  ТЭТ ҲНИ будани «Ансоруллоҳ» дарак медиҳад. Вале аз рӯи маълумотҳои хадамоти махсуси Тоҷикистон Мулло Абдулло танҳо сардори гурӯҳи мусаллаҳ (командир) мебошад. Сарвари идеявии ин гурӯҳ дар Тоҷикистон Мулло Амриддини 60 солаи Нурободӣ мебошад. Мулло Амриддин солҳои 90-уми садаи XX аъзои  ТЭТ ҲНИ будааст. Лекин баъди сулҳи тоҷикон ӯ аз мухолифати Тоҷикистон ва ТЭТ ҲНИ барои бо ҳукумати ҷумҳурӣ созиш карданаш аз он рӯй тофта, баъд ба кишвари Покистон рафтааст ва он ҷо бо оилаи худ зиндагӣ  мекунад.
Вале аз ТЭТ ҲНИ  рӯй тофтани ӯро аъзои ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ дар ҳамкории мухолифати Тоҷикистон бо Ризвон Сидиров донистааст. Мулло  Амриддин бо  Саид Абдуллои Нурӣ доири ҳамин масъала баҳс намуда,  хостаст, ки  ТЭТ  ҲНИ аз ҳамкорӣ бо Ризвон даст кашад. Баъд Мулло Амриддин аз  ТЭТ ҲНИ  ранҷида ба Покистон рафтааст ва он ҷо идеяҳои «Ҷамоати Такфир»-ро дастгирӣ   карда, аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро «кофир» эълон намудааст.[21] Мулло Амриддин пеш аз оғози ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон дар Миср таълим гирифта, соли 1993 ба Афғонистон омада, ҳамон ҷо ба ТЭТ ҲНИ  пайванд шудааст. Баъди он, ки байни ӯ ва роҳбарияти ТЭТ ҲНИ  низоъ меафтад,  ӯ ба Покистон рафта бо сохторҳои мухталифи «Ал-Қоида» пайванд мешавад. Аз рӯи  баъзе  маълумотҳо ӯро дар рутба аз сарвари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон баландтар буда, таъсираш аз таъсири Мулло Умар-собиқ  роҳбари «Толибон» кам набудааст. Вақте  ки Толибон дар Афғонистон ба қудрат даст ёфтанд, ӯро танзимгари «Ал-Қоида» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Кавказ ва Чин таъин кардаанд. Ӯ дар назди «Толибон» ва «Ал-Қоида» нуфузи баланд доштааст. Баъди марги Усома бини Лоден ӯро яке аз намояндаҳои имконпазир  барои  роҳбарии «Ал-Қоида» меҳисобанд.  Ҳамаи он  гурӯҳҳои  терористие,  ки ба Тоҷикистон  интиқол дода шуданд, (гурӯҳҳои Алии Бедакӣ, Мулло Абдуллоҳ ва исломиҳои Кавказ) аз ҷониби Мулло Амриддин сарпарастӣ  ва ёрии  молиявӣ карда мешуданд[24]. 
Аз рӯи маълумотҳои дигар (бештар ғайриисломӣ) гурӯҳи «Ансоруллоҳ»-е, ки дар Тоҷикистон амал мекунад, аз соли 2009 инҷониб як қаноти «Ал-Қоида» ба  шумор  меравад ва ҳадафи он мубориза ба ҳукматҳои  давлатҳои  Осиёи  Миёна барои барқарор кардани собиқ Аморати  Бухоро  бо  номи  Ҷумҳурии  Исломии  Бухоро  мебошад. Бинобар он метавон гуфт, ки «Ансоруллоҳ»  ҳарчанд  зоҳиран як ҳизб ё ҷамоаи мустақил ба ҳисоб меравад, дар асл яке аз зерсохторҳои «Ал-Қоида» ба назар мерасад. Зеро барномаи ҳизбии онҳо аз бисёр ҷиҳат ба ҳам монанд буда, онҳо бо ҳам ҳамкорӣ ва пайванди зич доранд, бисёр мавридҳо ҳамроҳ фаъолият менамоянд.
Хулоса, ҳарчанд пайдоиши аҳзоби сиёсии динӣ дар олами ислом заминаи ақидавӣ дар Қуръон ва Суннат надоранд, вале ба сабабҳои зерин дар садаи XX ин падида ба як воқеияти таърихӣ табдил ёфт.
1. Пеш аз ҳама бояд таъқид, ки пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ дар ҷаҳони мусулмонӣ ба табиати бунёдии ислом, яне хусусияти сиёсӣ доштани он робитаи зич дорад. Мусаллам аст, ки зуҳури ислом ба раванди пайдоиши худшиносии миллии араб ва кӯшиши араб барои таъсиси давлати миллӣ ва баъдан бунёди хилофат алоқаманд буд. Ислом ҳамин равандҳои таърихиро таҷассум карда, аз ибтидо ҳамчун дини сиёсӣ ташаккул ёфт, кт минбаъд пайванди дину сиёсатро дар ислом устувор сохт. Бинобарон нерӯҳои мухталифи сиёсӣ барои пиёда сохтани манфиатҳои муғризонаи худ ҳамеша аз ислом истифода мекарданд ва ин анъана дар садаҳои XX-XXI низ идома дорад. 
2. Ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар кишварҳои мусулмонӣ барои раҳоӣ  ёфтан аз истеъмори давлатҳои қудратманди Ғарб, ки дар таҳти шиорҳои  исломӣ  пиёда  мегардиданд. 
3. Ҷустуҷӯ ва интихоби  роҳи дурусти тараққиёти  иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии давлатҳои  навистиқлол  дар ҷаҳони  ислом, ки ҳанӯз дар ҳолати бӯҳрони иқтисодию сиёсӣ қарор доштанд.
4. Дар зери таъсири давлатҳои аврупоӣ кӯшиши аз ҷониби зиёиён ва сиёсатмадорону идеологҳои кишварҳои мусулмонӣ аз тариқи бунёди давлати дунявӣ расидан ба ҳадафҳои миллӣ, ки ба паҳн шудани арзишҳои дунявии ғарбӣ дар ҷомеаи мусулмонӣ мусоидат мекард ва онҳо ҳамчун арзишҳои ғайрирасмӣ шинохта шуданд.
5. Муборизаи байни  давлатҳои  пешрафтаи Ғарб ва ҷаҳони комунистӣ барои ба зери нуфузи худ даровардани  кишварҳои  мусулмонӣ баъди истиқлолияти миллӣ, ки аз роҳи таъсис додани аҳзобу ҳаракатҳои мухталифи сиёсии хусусияти  динӣ ва дунявӣ дошта ба амал бароварда мешуд.
6. Манфиатҳои  геосиёсии  қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ  дар ҷаҳони  мусулмонӣ,  ки  тавассути таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ-динӣ ва ба вуҷуд  овардани  низоъҳои  мазҳабӣ  пиёдасозӣ  мегардад.
Ҳамин тариқ, имрӯз  аҳзобу  ҳаракатҳои  сиёсӣ-динӣ  дар олами мусулмонӣ ба ҷузъи воқеъияти  ҳаёти  сиёсии ин кишварҳо табдил ёфтааст ва қисме аз онҳо аз ҷониби ҳукматҳои ин кишварҳо  расман шинохта  шудааст,  бинобар он  қонунӣ  сохтани фаъолияти онҳо,  ба мисли ТЭТ ҲНИ, дар низомҳои демократӣ-дунявӣ метавонад душвориҳо ва бенизомиҳои  сиёсиро  ба бор орад. Аз ин рӯ,  роҳи дурусти ҳалли ин масъала  дар интихоби низоми дунявии давлатдорӣ мебошад.
 
Феҳристи адабиёт
1. Азия плюс, 16 сентября 2011.
2. Василев Л.С. История Вастока. Т. 2, М. 1998;  Комарс С.П. Севернвя африка: национальная модели политической культуры. М. 1997.
3. Гоибов Г. Чего добивается Хизб-ут-тахрир. Душанбе , «Эр-Граф», 2004.
4. Доират-ул-маорифи ташайюъ. Ҳизбуллоҳ.
5. Д-р Джон Колеман. Комитет 300: тайны мирового правительства. Минск. «Витязь», 2000.
6. Игнатенко А.А. Халифы без халифата. М. 1988.
7. Имрӯз News 16.06.11.
8. Кабирӣ ҲНИТ ва Ҳизб-ут-таҳрир// «А.К. Зайферт, А.Крайкемайер. Дар бораи мувофиқати исломи сиёсӣ ва амният дар қаламрави САҲА». Душанбе-2004.
9. Маҳмадов А.Н. Сиёсатшиносӣ. Душанбе, 2010.
10. Мирзоев А. Саиди Искандарии Шаҳронӣ. Ҷунбиши «Ихону-л-муслимин» ва масъалаи бунёдгароии исломӣ дар ҷаҳони муосир.// Ахбори АИ ҶТ. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ. 2011,№ 2.
11. Монеъ ибни Ҳаммол. Шинохти адён ва мазоҳиби муосир. Аз арабӣ тарҷумаи М. Т. Атоӣ. Покистон. Маркази фарҳангии исломии Бухоро, 2001. 
12. Мухаев Р.Т. Теория политики. М. 2005.
13. «Наҷот» 29 апрели 2004.
14. «Наҷот» октябри соли 2011.
15. «Наҷот», 6 октябри соли 2011.
16. Навейшая история стран Африки. М. 1990.
17. Полянский Д.С. Терроризм как палитические явление в современной России, 2006. 
18. Теория политики. Под ред. Б.А. Исаева, М., 2008. 
19. Тӯраҷонзода Ҳ. А. Ислом ва мусулмонон ба ҳизб ниёз надоранд. // «Наҷот», 2 майи 2011. 
20. Умаров Фаррух. Республика Таджикистан и мусулманкий мир: осебенности сотрудничество. Душанбе 2011.
21. «У таджикских боевиков новый лидер» http://umma-org.
22. Эзрин Г.И. Государство и религия. М. 1974.
23. http;(umma.org.ua/ru/artile/publications/2011/05/24/11 
24. http;(umma.org.na/ru/artile/publications/2011/05/24/11 
Нурулҳақов Қамар
Яндекс.Метрика