ЗАРАРИ ҲАМҶИНСГАРОӢ АЗ НАЗАРИ ДИНИ МУБИН ИСЛОМ

Ҳамҷинсгароӣ амали кабеҳу зишт буда, дар ҳамаи динҳои ҷаҳон ҳаром дониста шудааст. Ин амали қабеҳу мазмум аз ҷумлаи гуноҳони кабира ва бадтарин роҳи баровардани ниёзҳои ҷисмӣ ва таъмини майлҳои шаҳвонӣ мебошад. Худованд барои ҳифзи иффат ва домани поки инсоният ба онҳо дастур медиҳад, ки ба муҳити ин амали манфур наздик нашаванд. Майлу хоҳишҳои табиӣ ва эҳтиёҷҳои ҷисмонии инсон дар вуҷуди ҳар шахс фитрӣ ва решадор мебошанд ва дини мубини Ислом барои таъмини онҳо ва баровардани ниёзи табии онҳо роҳҳои дуруст ва машрӯъи онро муайян намудааст. Ҳамзамон баён намудааст, ки ба роҳи ноҳақ ва ғайри табии истифода кардани ғаризаи ҷинсӣ бадтарин ва зиёнбортарин роҳи баровардани ин майлу хоҳиши инсон мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёнҳои ҳамҷинсгароӣ ва ҷазои онро бо гирифторӣ ба бадтарин бемориҳои дармоннопазир мечашанд ва бо чашмони худ мушоҳида мекунад. Омӯзиш ва таҳқиқоти тиббӣ собит кардаанд, ки ҳамҷинсгароӣ ба ҷисму ҷон ва ақлу идроки инсон хатар дошта, ӯро ба зиёну зарарҳои зиёд мувоҷеҳ месозад. Тибқи гуфтаи мутахассисони тиб анҷомдиҳандаи ин кирдори ношоям ба бемориҳои гуногуни ҷисмӣ ва равонӣ мубтало хоҳад гашт. Ҳамҷинсгароӣ яке аз роҳҳои паҳн шудани бемориҳои ҳалокатовар мебошад, монанди сифлис, ҳерпеси таносулӣ (herpes genitalls), сӯзок (gonorrhea), трихомониаз (trichomoiasis), илтиҳоби пешоброҳ (urethritis). Гузашта аз ин,  интиқоли  вируси СПИД, AIDS (дарҳам задани воситаҳои дифоъӣ ва муқовиматӣ дар бадани инсон), ки хатарноктарин вирус дар дунёи муосир аз ҷониби пизишкон эътироф шудааст, дар байни ҳамҷинсгароён чанд баробар болотар мебошад. 

Яке аз хатарҳои дигаре ки ҷомеаи башариро таҳдид мекунад, зери таҳдид қарор гирифтани оилаи солиму саодатманд ва хавфи аз байн рафтани насли башарият мебошад. 

Дар ҳоле, ки оилаи саодатманд барпо кардан ва аз худ насли солим боқӣ гузоштан муҳимтарин вазифаи инсон дар рӯйи замин мебошад.

Офаридагори олам ин масъулияти муҳимро ба души инсон гузоштааст. Чуноне, ки дар сураи Наҳл ояти 72 мефармояд:  

«Ва Худованд барои шумо аз (ҷинси) худатон занонро офарид ва аз занонатон барои шумо писарону наберагонро офарид ва ба шумо аз покизаҳо рӯзӣ дод. Оё ба ботил имон меоранд ва ба неъмати Худо носипосӣ менамоянд?!»

 Ҳангоме, ки мард бо мард ва зан бо зан ниёзи ғаризаи ҷинсии худ ва шаҳваташро бароварда созад, ангезаи дигаре барои барпо кардани хонадони саодатманд, ҳифзи насл ва идомаи он боқӣ намемонад. Дар баробари ин анҷом додани ин амали ношоям баъди хонадоршавӣ принсипҳои одобу ахлоқи оилавиро аз байн рабуда, ҳар фарди оиларо ва махсусан ояндаи фарзандонро ба бадбахтӣ хоҳад кашонид.

Дар оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ зиёнҳои гуногун ва оқибатҳои бади ҳамҷинсгароӣ ба тафсил баён гардидааст:

Худованд дар сураи Анкабут ояти 28 то 30-юм фармудааст: 

«Ва Лутро (фиристодем), вақте ки ба қавми худ гуфт: «Ҳамоно шумо он кори беҳаёиро мекунед, ки пеш аз шумо ҳеҷ кас аз оламиён онро накардааст. Оё шумо (ба қасди шаҳват) ба мардон меоед ва роҳзанӣ мекунед ва дар маҷлиси хеш кори нописандида ба амал меоред?» Пас, ҷавоби қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Агар ту аз ростгӯён ҳастӣ, азоби Худоро пеши мо биёр!». (Лут) Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бар қавми фасодкорон нусрат деҳ!» .

Барои панду ибрат гирифтани инсон Қурони карим дар сураи Намл, дар ояти 54-ум то 58-ум ин ҳодисаро таъкид карда мефармояд:

«Ва (ба ёд овар) Лутро, чун ба қавми худ гуфт: «Оё дидаву дониста кори беҳаёиро ба амал меоред? Оё шумо ба иродаи шаҳват ба ҷои занон ба мардон наздик мешавед? Балки шумо қавми нодонед. Пас, ҷавоби қавми ӯ ба ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Аҳли хонаи Лутро аз деҳаи хеш берун кунед, ба дурустӣ ки онҳо мардуми покиталабанд!». Пас, ӯ ва аҳли ӯро наҷот додем, магар занаш, ки Мо ӯро аз боқимондагон муайян кардем. Ва бороне (аз санг) бар сари онҳо боронидем. Пас (чӣ) бад аст борони тарсонидашудагон!».

Дар ҳадиси шариф аз саҳоби ҷалил Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) гуфт: «Худо ҳафт тоифа мардумро лаънат кардааст». Он гоҳ Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, бар ҳар яки онҳо се бор лаънатро такрор карда, гуфт:

 «Худованд лаънат кардааст, Худованд лаънат кардааст, Худованд лаънат кардааст мардонеро, ки амали қавми Лутро анҷом диҳанд (яъне ҳамҷинсбозӣ кунанд). 

Худо лаънат кардааст мардеро, ки духтар ва модари духтарро бо ҳам дар никоҳи худ дарорад.

 Худо лаънат кардааст касеро, ки падару модарашро фармонбардорӣ накунад.

Худо лаънат кардааст касеро, ки ҳайвонеро барои бузург доштани ғайри Худо забҳ кунад.

Худо лаънат кардааст касеро, ки бо ҳайвонот алоқаи ҷинсӣ кунад. 

Худо лаънат кардааст касеро, ки замини каси дигарро ғасб кунад (яъне замини ҳамсояро бар замини худ биафзояд).

Худо лаънат кардааст касеро, ки аз насаби худ нанг дорад». Мустадраки Ҳоким, китоби ҳудуд, боби ҳудуд, ҳадиси 8053, ҷ.4, с.396. 

Албатта дар олами ҳастӣ ҳеҷ дарде нест, ки давое надошта башад. Худованд, ки Худ офарандаи инсон аст вақто, ки падари башарият Одам алайҳиссаломро офарид баъд аз муддате ногаҳон тавассути васвасаи шайтон аз ӯ лағжише сар зад. Пас чун дарк намуд, ки шайтон ӯро фиред додааст, аз кардаи худ пушаймон шуда гуфт: … «Эй Парвардигори мо, бар хеш ситам кардем; ва агар моро наомурзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта, аз зиёнкорон бошем!». Сураи Аъроф, ояти 23. Сипас Худованд тавбаи ӯро қабул карда, ӯро абулбашар (падари башарият) гардонид.   

Дар ҳақиқат Худованд бахшояндаи меҳрубон аст, раҳмати Ӯ ончунон васеъу фаровон аст, ки агар шахсе, ки бо чунин амали ношоям олуда гаштааст, ба сӯи Ӯ Таъоло аз самими дил рӯ орад ва аз ин амали палид даст бикашад ва ба амалҳои шоиста машғул шавад, на танҳо Худованд гуноҳони чунин шахсро мебахшад, балки Ӯ Таъоло ҷавонмардӣ ва олиҳиматии бандаашро хуш истиқбол карда,  ӯро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ин ваъдаест, ки онро Худованд барои касоне, ки тавбаи насуҳ мекунанд, туҳфа намудааст, чунон ки дар сураи Фурқон, аз ояти 68 то 70 мефармояд:

«(Бандагони Худованди Раҳмон) ононанд, ки ба ғайри Худо ҳеҷ маъбуди дигарро намепарастанд ва ҳеҷ нафсеро, ки Худо ҳаром кардааст, намекушанд – магар ба ҳақ; ва зино намекунанд; зеро ҳар ки ин (корҳои ношоист: ширк ва қатл ва зино)-ро бикунад, ба уқубати душвор бармехӯрад. Рӯзи қиёмат азоб барои ӯ дучанд карда шавад; ва он ҷо хор шуда, ҷовид монад. Магар он касе, ки тавба кунад (ва аз корҳои зишт даст бикашад) ва имон оварад ва амали шоиста намояд – пас, ин ҷамоаеанд, ки Худованд (гуноҳонашонро мебахшад ва) бади¬ҳои (гузаштаи) ононро ба некиҳо табдил хоҳад сохт; ва Худо¬ванд Омурзандаи Меҳрубон аст». 

 

Ӯ барорад аз кудуратҳо сафо

Мар ҷафоҳои туро гирад вафо. (Маснавӣ)

 

Яъне Худванди меҳрубон тирагиҳои амалҳои зиштро ба сафои аъмоли солеҳ мубаддал мекунад ва ситамгориҳои туро вафодорӣ қабул хоҳад кард.

 

Наҷотзода Мутеъуллоҳ - муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои забоншиносӣ. 

Яндекс.Метрика