Зарурати афкори ислоҳгаронаи мутафаккирони Ҳиндустон барои дингароёни ҷомеаҳои мусалмоннишин

Ҳама гуна ҷомеа аз шахсиятҳо ташаккул меёбад. Ҳар қадаре аҳли ҷомеа соҳибилм, бофарҳанг, равшанфикр ва ҳамқадами замон бошад, ба ҳамон андоза ҷомеаи мазкур пешрафт намуда, осудагию хушбахтиро барои мардуми худ таъмин менамояд. 

Имрӯз чун ба пешрафти кишвари Ҳиндустон назар меандозем, беихтиёр озодфикрии мардуми Ҳиндустон, аз ҷумла талошу кӯшишҳои мусалмонони модернгарои кишвар пеши назар меояд. Донишмандони мусалмони Ҳиндустон аллакай 100-150 сол пеш тағйиротҳои куллиро дар ҷаҳони пешрафта дарк намуда, дар пайи ворид намудани тағйирот дар ҷомеаи худ, алалхусус дар ислоҳи шуури динии мардумси мусалмони кишваври худ гардидаанд. 

Дар Ҳиндустон баъд аз Сайид Аҳмад Хон чунин як шахси равшанфикр ва нисбат ба тақдири мардум масъулиятнок  Сайид Мумтоз Алӣ маҳсуб меёбад. Дар нимаи дуюми садаи 19  Сайид Мумтоз Алӣ бо андешаҳои хеле солим ва оқилона баромад намудааст. Ӯ пеш аз ҳама,  аз ҷумлаи ҳомии қавии ҳуқуқҳои занҳо буд ва муътақид буд, ки ислом мақоми занҳоро нисбат ба мардҳо паст намедонад. Вай мегуфт, ки аз нигоҳи Қуръон занҳо ва мардҳо баробаранд. Дар шахсияти вай ҳамин ҷанба хеле ҷолиб аст, ки вай инсони маълумоти муосирдошта набуд, балки Дорулулуми Девбандро хатм намуда буд ва Қуръон ва фиқҳро дар назди Мавлоно Қосим Нанавтавӣ омӯхта буд. Новобаста ба ин, Сайид Мумтоз Алӣ доир ба занҳо нигоҳи инқилобӣ дошт, ки инро руҳонияти замонаш хуш надоштанд. Нигоҳу ғояҳои ӯ то андозае пешқадам буданд, ки ҳатто Сайид Аҳмад Хон ба ӯ маслиҳат медод, ки китобашро чоп накунад. Аммо ӯ китобашро зери унвони «Ҳуқуқ-ун-нисван» ба чоп расонд.  

Сайид Мумтоз Алӣ ҳамчунин тафсири шаш ҷилдаи Қуръонро бо номи «Тафсир-ул-баён фи мақосид-ил-Қуръон»  навиштааст, ки аз тарафи донишмандони бузурги исломӣ, мисли Анваршоҳ Кашмирӣ, Мавлоно Абулкалом Озод ва Сайид Сулаймон Надвӣ баҳогузорӣ шудааст.

Сайид Мумтоз Алӣ инчунин маҷалаеро барои занон бо унвони «Таҳзиб-ун-нисван» интишор менамояд, ки ба чоп расонандааш ҳамсараш Муҳаммадӣ Бегим буд.  

Ҳамин тавр, Сайид Мумтоз Алӣ ҳамчун донандаи хуби дин тамоми изҳороти донишмандони динро дар хусуси мақоми поёнии занҳо бо такя ба оёти Қуръон рад намуда, ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя менамояд. 

Дар қатори ислоҳгарони дини мусулмонони Ҳиндустон инчунин саҳми Муҳаммад Насируддин, ки соли 1918 маҷалаи «Шавқат»-ро дар Бенгалӣ ба чоп расонда буд, дар самти огоҳии иҷтимоии занҳои Бенгал набояд нодида гирифт. Дар маҷаллаи мазкур вай занҳои мусулмонро барои навиштани мақолаҳо дар бораи мушкилоташон дастгирӣ намуда, илҳом мебахшад. Дар он рӯзҳо занҳои мусулмон барои шавқ пайдо намудан ба адабиёт дастгирӣ намеёфтанд. Он занҳое, ки дар бораи ҳувияти худ пинҳонӣ менавиштанд, навиштаҳои онҳо бо номи мустаор ё номи шавҳарҳояшон ба чоп мерасид. Масалан, навиштаҳои Рокия Бегим зери унвони Р.Ш. Ҳусейн (Рокия Шақават Ҳусейн) чоп мегардид. Илова ба ин, чопи суратҳои занҳои саҳмгузор табу буд. Аммо чопкунандаи «Шавқат»  ин анъанаро мешиканад. Вай навиштаҳои занҳоро бо номи воқеӣ ва суратҳояшон ба чоп мерасонд. Ин ҳолат муллоҳоро ноором мегардонд. Онҳо Муҳаммад Насируддинро барои интишори бешармӣ дар байни занҳо ва вайрон намудани талаботи ҳиҷоб зери танқид мегиранд. Бо вуҷуди ин, бисёр занҳои нависанда бо номҳои шахсии худ менавиштагӣ шуданд. 

Муҳаммад Насируддин ҳатто ба Фазилатуннисо, аввалин зани мусулмон, ки донишгоҳи Дҳакаро хатм намуда, барои таҳсили минбаъда ба хориҷа меравад,  илҳом мебахшад. Ин ҳолат муллоҳоро ба хашм меорад ва  дар зери таъсири иғвоҳои онҳо баъзе мусулмонон дар кӯча Муҳаммад Насируддинро зери лату куб қарор медиҳанд. 

Барои рушди интеллектуалии мусулмонони Ҳиндустон ҳамчунин Мавлоно Абулкалом Озод низ тавассути китобҳо ва маҷаллаҳои худ саҳмгузорӣ намудааст. Вай бар зидди таассуби динӣ мубориза бурда, ҷаҳонбинии либералиро дар байни мусулмонони Ҳиндустон тарғиб менамуд. С. Аршад менависад, ки «Ба шарофати таъсири идеологияи миллӣ ва дунявии ӯ буд, ки мусулмонони Ҳиндустон тавонистанд симои ҷомеаи мусулмононро, ки рӯҳияи дунявию либералӣ дошта, аз тафаккури ифротию тундгароӣ озод буд,  ҳифз намоянд».  

Дар хусуси саҳми маорифпарварони Ҳиндустонӣ дар интишори ғояҳои дунявигароӣ сухан ронда мо наметавонем андешаҳои пешқадам ва дунявигароёнаи Зиёуддини Сардори  покистониро аз мадди назар дур қарор диҳем. Қобили зикр аст, ки Зиёуддин Сардор, ки андешаҳои хешро бо номи « Ҷустуҷӯи исломи дунявӣ»  дар маҷаллаи «Ҳуманист», ба табь расонидааст, зуҳури дунявиятро дар таърихи ислом бисёр ҷолиб нишон додааст. Қобили зикр аст, ки зимни баррасии масъалаи мазкур худи раванди фаолияти  ҳаётии ӯ қобили таваҷҷӯҳи махсус мебошад. Ӯ дар солҳои 70-ум дар даврони донишҷуии худ вазифаи Муншии  Умумии  Иттиҳодияи Ҷамоаҳои Исломии Донишҷӯён  (FOSIS) – ро ба  уҳда доштааст.  Чун дигар аъзоёни ҷамоа ин ҳангом ӯ дар зери таъсири сахти «Ихвон-ул-муслимин»-и Миср ва «Ҷамоати исломӣ»-и Покистон  қарор доштааст, ки бар онҳо ҳамеша хуб будани ислом ва бад будани дунявиятро талқин менамудаанд. Танҳо баъд аз он ки ӯ таърихи исломро меомӯзад, дарк менамояд, ки таносуби мазкур, яъне муносибати  байниҳамдигарии ислом бо дунявият на он қадар пурихтилоф аст. Дунявият ба ислом бегона нест. Вай  дар таърихи ислом на танҳо мавқеи устувор доштааст, балки дар ташаккули афкори классикии исломӣ нақши интегралиро  низ бозидааст.

Чизе, ки аслан ӯро ба тааҷҷуб овардааст, ҳамин будааст, ки давлатҳои исломӣ дар таърихи ислом на ҳамчун як ҳодисаи зарурӣ, балки чун ҳодисаи тасодуфӣ вуҷуд доштаанд. Империяҳои бузурги Уммавиҳою Аббосиҳо(661-1258) дар асоси қавоиди шахсию авторитарӣ устувор будаанд. Мутобаатии  онҳо ба дин  комилан расмӣ будааст. Ҳадди  ақал онҳо давлатҳои нимдунявӣ будаанд. 

Ба андешаи З.Сардор дунявият дар ислом барвақт зуҳур намудааст. Ақлгароёне, ки дар таърихи ислом бо номи муътазила, фалосифа, шуаро, худамои давлатӣ ва ғ. фаъолият намудаанд, аз зуҳури дунявият дарак медиҳанд. Чунин андешаи ақлгароён, ки  тавассути  ақли холис шахс медонад,  ки чӣ тавр хушахлоқона  рафтор  намояд, нишонаи равшани дунявият  мебошад. 

Ба таври мухтасар, ҷанбаи дунявии фаъолияти ислоҳгарони дини мусулмонони Ҳиндустон дар нукоти зерин ифода меёбад:

- онҳо кӯшиш менамуданд, ки дини исломро ба талаботҳои илму тағйиротҳои нави ҷомеаи муосир мутобиқ гардонанд;

- саросар маърифатноккунии аҳли  ҷомеаро яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеа ба қалам медоданд;

- ҳиҷобро барои пешрафти занҳои мусулмон ҳамчун монеа арзёбӣ мекарданд;

- кӯшиш мекарданд, ки дар ҷомеа байни занҳо ва мардҳо баробарӣ вуҷуд дошта бошад. Бо ин мақсад оятҳои Қуръонро аз диди худ шарҳ медоданд;

- нақши занҳои мусалмонро баланд бардошта, саъй менамуданд, ки фаъолияти онҳо дар рушди ҷомеа назаррас бошад.

 

Абдухалилзода К.А.

 

 

Яндекс.Метрика