ЗАРУРАТИ ТАНЗИМИ РАВАНДИ АФЗОИШИ АҲОЛӢ ВА ТАКРОРИСТЕҲСОЛИ НАСЛИ МИЛЛАТ ДАР ПАРТАВИ ТАҶРИБАИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ДАР САМТИ ТАНЗИМ (таҳлили муқоисавии умумифалсафӣ, иҷтимоӣ ва диншиносӣ)

Қисми 1. Шарҳи мухтасари хусусиятҳои раванди афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва мутараққии ҷаҳон. 

Танзими афзоиши аҳолӣ яке аз вазифаҳои асосии таъмини рушди устувори ҳар як давлат ва ҷомеаи миллӣ мебошад. Тибқи баъзе пешгӯиҳо дар сайёраи мо то 30 миллиард нафар одамон зиндагӣ карда метавонанд. Аммо, бархе олимон - экологҳои воқеъгаро (реалист) чунин мешуморанд, ки аҳолии кураи заминро дар сатҳи 8—12 миллиард нафар муътадил гардондан лозим аст. Шумораи маҳдуди аҳолӣ аз ҷиҳати қобилияти дастгирии сайёра (ва экосистемаҳои инфиродӣ) ҳамчун маҳдудияти қобилияти буферии он барои муқовимат ба фаъолияти иқтисодии инсон муайян карда мешавад. Муҳаққиқон исбот кардаанд, ки аз оғози давраи милодӣ то замони ҷорӣ, суръати зиёдшавии шумораи ахолии рӯйи замин торафт афзоиш ёфтааст. Дар ибтидои давраи милодӣ шумораи аҳолии Замин 270 миллион нафар буд. Соли 1800 шумораи аҳолии рӯйи замин ба 1 миллиард,  соли 1938 – ба 2 миллиард, соли 1960 – ба 3 миллиард, соли 1975 – ба 4 миллиард, соли 1987 – ба 5 миллиард, соли 2000-ум ба 6 миллиард расид. Агар барои аз 270 миллион ба 1 миллиард расидани шумораи аҳолии ҷаҳон 1800 сол гузашта бошад,  барои илова шудани ҳар як миллиарди минбаъда ба шумораи аҳолии ҷаҳон мутаносибан: 138–22–15–12–12 сол гузаштааст. Баъди ба 5 миллиард нафар расидани аҳолии курраи замин суръати зиёдшавии шумораи аҳолӣ афзоиш наёфтааст, ки ин аз оғози раванди суст шудани суръати афзоиши аҳолӣ шаҳодат медиҳад. Афзоиши босуръати аҳолии кураи Замин боиси пайдоиши бисёр мушкилоти мураккаби экологӣ ва иқтисодӣ - гуруснагӣ, кам шудани захираҳо (пеш аз ҳама об), паст шудани гуногунии биологӣ ва нобудшавии хок, афзоиши ифлосшавии тамоми муҳити зист, муносибатҳои мураккаби байни намояндагони миллатҳои гуногун шудааст. Нишондиҳандаи асосии раванди демографӣ сатҳи таваллуд - шумораи таваллуди кӯдакон мебошад. Имрӯз, ин коэффитсиент дар ҷаҳон 3,6, дар кишварҳои пешрафта тақрибан ба 2, дар кишварҳои африқоӣ (Руанда, Замбия) ба 8 нафар кӯдак барои ҳар як зан баробар аст. Сатҳи таваллуд дар ҷаҳон тамоюли коҳишёбӣ дорад ва агар дар соли 1968-ум 4,6 бошад, пас соли 1987 ба 3,6 расидааст. Сатҳи таваллуд бо давомнокии умр, фавти кӯдакон ва хусусияти пирамидаи синну сол алоқаманд аст. Дар мамлакатҳое, ки сатҳи таваллуд баланд аст, давомнокии миёнаи умр 40—50 сол ва фавти кӯдакон 200 нафар аз 1000 нафарро ташкил медиҳад. Дар кишварҳое, ки сатҳи таваллуди паст ва баланд доранд, пирамидаҳои синну солӣ фарқ мекунанд: дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки сатҳи баланди таваллуд  доранд, шумораи нисбатан ками онҳо то пиронсолӣ зинда мемонанд, дар кишварҳои пешрафта, сатҳи таваллуди нисбатан паст доранд, фавти кӯдакон хеле камтар ва давомнокии умр бештар мебошад. Ҳамин тавр, проблемаи аз ҳад зиёд афзоиш ёфтани аҳолии сайёра, ки дар бораи он Т. Малтус навишта буд, глобалӣ нагардидааст, балки проблемаи тезу тундтарини минтақавии мамлакатҳои тараққиёбанда мебошад. Танзими афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои аз ҷиҳати демографӣ камбизоат вазифаи ниҳоят душвор аст, зеро усулҳои пурқувват бесамар будани худро исбот карданд. Танҳо баланд шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва маърифати аҳолӣ вазъияти демографиро беҳтар мекунад. Дар танзими афзоиши аҳолӣ дараҷаи мавҷудияти воситаҳои контрасептивӣ нақши калон мебозад. Чунин ақидае мавҷуд аст, ки мадади давлатҳои бой ба давлатҳои камсарват ва қафомонда бояд маҳз ба хамин соҳа равона карда шавад. Раванди ба эътидол овардани афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои аз ҷиҳати демографӣ камбизоат бояд се марҳиларо гузарад:

1.Суботи ибтидоӣ - сатҳи баланди таваллуд ва фавт, қариб ҳамаи кишварҳо аллакай ин марҳиларо гузаштаанд,

2.Афзоиши босуръати аҳолӣ сатҳи баланди таваллуд, кам шудани фавт аз ҳисоби рушди иқтисодии кишварҳо ва омилҳои дигари мусоидаткунанда.

3.Суботи мутамаддин — сатҳи пасти таваллуд ва фавт (равандҳои демографӣ дар  мамлакатҳои мутараққӣ дар ҳамин марҳила ҷараён дорад).

 

Давом дорад...

 

Шоев Зиёвиддин – мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика