ЗАРУРАТИ ҲИФЗИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҲОҶУМИ ФАРҲАНГӢ

Либос аз ҷумлаи ниёзҳои аввал ва асосии инсон, ба мисли манзил, хӯрок ва ғайра ба ҳисоб меравад. Он дар фарҳанги асили тоҷикӣ аз навъҳои гуногуни зиёде бархӯрдор аст. Ин гуногунӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва тоҷикнишин дар байни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ бар ҳасби ҷойгоҳи иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷинсӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дида мешавад. Собиқаи фарҳанги ғании либоси мардуми тоҷикро бояд дар анъанаҳои пӯшиши мардумони минтақаҳои мухталиф ҷустуҷӯ кард.
Он чӣ масъалаи асосии имрӯз дар пӯшиши исломӣ ва миллӣ-тоҷикӣ ба вижа барои бонувон матраҳ аст, боиси нофаҳмиҳои афроде гаштааст, ки гӯё ин ду пӯшиш аз ҳам фарқ мекунанд. Дар ҳоле, ки дар ислом ва дигар динҳо либоси махсус вуҷуд надорад. Тамоми динҳо дар асоси таълимоти худ пӯшиши иддае аз аъзои баданро матраҳ намудаанд ва ҳар миллат вобаста ба хусусиятҳои иҷтимоию иқлимии худ либос ба бар мекунад ва метавонад бо ҳамон либос пӯшиши динию фарҳангии худро қонеъ созад. Аммо тоифае аз бегонапарастон бар зидди либоси миллӣ баромада, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои мардуми тоҷик, ки аксарият мусулмонанд, бо номи либоси динӣ, либосҳои туркӣ, покистонӣ, арабӣ ва ҳатто аврупоиро ташвиқ мекунанд. Ин ташвиқи нодуруст дар фаромӯш шудани фарҳанги ғанӣ ва пурбори либоси анъанавии миллати тоҷик бе шак таҳдиди ҷиддие дорад.
Бояд донист, ки либос нишондиҳандаи ҳастии миллатҳо мебошад, дар сурати зери таъсири падидаҳои бегона қарор гирифтанаш метавонад аз байн равад ва агар либоси миллӣ тағйир ёбад, ҷомеа ва фарҳанги ӯ низ тағйир меёбад. Аз ин рӯ, пос доштани ин арзиши фарҳангӣ аз ҳама олудагиҳо дар замони ҷаҳонишавӣ кори ҳадафманд аст. Ин нуқтаро роҳбарияти олии кишвар ба инобат гирифта, тарҳи наверо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20 июни соли 2024) ворид намуданд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ барои ҳифзи либоси миллӣ як такони ҷиддие дар ҷомеа бахшид. Пӯшиши либос ҳам, бояд низоми худро дошта бошад, зеро либос ифшогари ҳолати ботинӣ ва ифодаи «бесухан»-и нияту хоҳишҳои инсон мебошад.
Дар тарҳи ҳозираи либос хусусиятҳои хос мавҷуд ҳастанд, аз қабли муҳофизатӣ, эстетикӣ, иттилоотӣ, ки ҳар яке аз онҳо вазифаи худро иҷро менамоянд. Ҷанбаи иттилоотии либос аҳамияти фарқкунандаи мансубияти иҷтимоӣ ва фаъолияти касбии инсонро дорост. Ҷанбаи эстетикии либос – ҳамчун ашёи фарҳанги моддии инсон таҷассумгари хусусиятҳои давраи муайяни таърихӣ, вижагии миллӣ ва эҷодии фард мебошад.
Аз қадим либос бо тарзи ҳаёти инсон қаробати наздик дорад, ба ҳаёти иҷтимоии инсон таъсиргузор аст. Либос, ки аслан нишондиҳандаи камолот, фурутанӣ, хоксорӣ ва инсонияти мост, мутассифона дар замони муосир барои баъзе аз аъзои ҷомеа чун инъикосгари боигарӣ, воситаи ҳавобаландӣ ва худписандии инсон шуда мондаааст. Он бояд дар чаҳорчӯби зарурат ва ниёз, мувофиқи шароит, анъана ва урфу одат мувофиқу шинам ва зебо бошад. Дар ҷомеаи пешине, ки ҷомеаи суннатиаш мегӯем ва зебоиву зебоипарастӣ хосси он буд, суннати либоспӯширо қотеъона риоя мекарданд ва либос як рукне аз фарҳанги волои ниёгонамон ба шумор мерафт. Дар муҳити мухолифати мазҳабӣ либос фарогири маълумот барои шинохти худиву бегона буд ва либоси сиёҳро умуман ба бар намекарданд.
Ҳоло дар муҳити таъсири неруи нарм ва ҷаҳоншумулӣ бояд диққати асосӣ ба ифодаи самти идеологии образсозии инсон равона шуда бошад. Ватандӯстӣ, ҳисси ифтихор аз миллат ва ватан бояд дар шакли либос ҳам зоҳир гардад. Тарҳи либосдӯзӣ ва анъанаи либоспӯшии дорои хусусиятҳои хоси миллат дастовардҳои зиёде дорад, ки аз ҷониби давлатҳои пешрафтаи соҳибфарҳанг эътироф ва пазируфта шудааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд.
Ҳамин тариқ, либоси миллӣ шоҳиди зиндаи таърих ва маънавиёти мардум аст, ки ба насли ҷавон кӯмак мекунад, то ба решаҳо ва мероси фарҳангии худ пайванд шаванд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифз, риоя ва эҳтироми либоси миллӣ барои таъмини волоияти халалнопазирии арзишҳои миллӣ ва ҳувияти миллӣ шарт ва зарур мегардад.

Қурбоншоев Илҳом Ҷумахонович– мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши махазҳои исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа

Яндекс.Метрика