Зиндагиномаи Абдулҳайи Лакнавӣ

Абулҳасанот Муҳаммад Абдулҳай ибни Муҳаммад Абдулҳалим ал-Ансорӣ ал-Лакнавӣ ал-Ҳиндӣ яке аз донишмандони бузурги ҳанафимазҳаб дар соли 1848 (мутобиқ ба 1264-и ҳиҷрӣ) ба дунё омадааст. Падари эшон Муҳаммад Абдулҳалим мударриси мадрасаи Наввоб буд ва насаби Абдулҳай ба Абуайюби Ансорӣ мерасад. Гузаштагони ӯ аз Мадина ба Ҳирот, баъдан ба Лоҳур, сипас ба Деҳлӣ ва дар охир ба Лакнав омадаанд.

Лакнавӣ дар синни 5-солагӣ дар назди Қосим Алии Лакнавӣ баомӯзиши Қуръон шурӯъ кард. Дар синни ёздаҳсолагӣ дар шаҳри Ҷанпур (Джаунпур), ки падараш дар он ҷо муаллим буд, ба омӯзишиилмҳои динӣ шурӯъ намуд ва то синни 17-солагӣ бисёре аз илмҳои динӣ, аз қабили фиқҳ, ҳадис, усул, тафсир, адабиёт ва дигар илмҳоро фаро гирифт.

Абдулҳай илмҳои тиб, риёзӣ ва фалсафаро низ дар назди устодон омӯхта буд. Лакнавӣ бо истеъдоди саршоре, ки дошт, дар ҷавонӣ ба тадрис ва таълиф шуруъ кард ва ҳеҷ китобе нахонда буд,магар ин ки баъд аз хондан аз он китоб дарс мегуфт. 

Лакнавӣ ду бор ба зиёрати хонаи Худо рафтааст, бори аввал дарсинни понздаҳсолагиаш, замоне ки падараш дар мадрасаи Низомия муаллим буд, баъдан дар синни сисолагиаш сафар намудааст. Ӯ дар бораи ин ду сафар дар  китобаш “ат-Таълиқоту-с-сания” ба пуррагӣ маълумот додааст. Вақте ӯ аз ҳаҷ бармегардад, падараш дар Ҳайдаробод зиндагӣ мекард ва дар он ҷо қозӣ буд. Ҳангоме ки падараш вафот мекунад, ин вазифаро ба Абдулҳай пешниҳод мекунанд, аммо ӯ ин пешниҳодро намепазирад.

Лакнавӣ дар Макка аз Зайнии Деҳлон - муфтии Макка тамоми санадҳои “ал-Ҳидоя” ва аз китобҳои ҳадис “ал-Муваттаъ”-и Муҳаммад Шайбониро аз устодонаш омӯхт. 

Абдулҳайи Лакнавӣ китобҳое дар илми сарф, наҳв, мантиқ, фалсафа, таърих, фиқҳ, сират ва ҳадис навиштааст, ки дар маҷмӯъ ба 100 китоб мерасад. Шайх Абдулфаттоҳи Усомӣ овардааст, ки Аллома Муҳаммадзоҳиди Кавсарӣ ба Абулфаттоҳ Абуғуда супориш додааст, то китобҳои Лакнавиро мутолиа намояд. 

Сухани донишмандон дар бораи Лакнавӣ. Абдулҳайи Ҳасанӣ Толибӣ дар бораи Лакнавӣ менависад: “Лакнавӣ дар илмҳои маъқул ва манқул мутабаҳҳир, огоҳ бар масоили шаръ ва мунфарид дар илми фатово будааст. Ҳамчунин дар усул дониши вофир доштааст ва аз аҷоиби замони мо ва бузургони Ҳиндустон буда ва тамоми уламо эътироф ба фазлаш доштаанд”.

Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ал-Ҳанбалӣ дар бораи ӯ чунин гуфтааст: “Қалби инсон бо ҳамнишинии Лакнавӣ хушҳол мешавад, чун Лакнавӣ бар аҳодиси набавӣ мусаллат ва дар улуми мухталиф мутабаҳҳир буд”.

Сиддиқ Ҳасанхон бо вуҷуди он, ки мухолифи Лакнавӣ аст, баъд аз шунидани марги Лакнавӣ гиря карду гуфт: “Имрӯз хуршеди илм ғуруб кард”.Кавсарӣ дар бораи Лакнавӣ чунин мегӯяд: “Лакнавӣ донишманди бузурги замони худ дар илми ҳадис буд”. Абулҳасан Надавӣ мегӯяд: “Лакнавӣ алломаи Ҳинд ва фахри ояндагон аст“. Бисёре аз донишмандон Лакнавиро васф кардаанд ва доктор Валиюддини Адавӣ каломи донишмандони бузургро дар китобаш “ал- Имом Абдулҳайи Лакнавӣ” ҷамъ кардааст.

Дидгоҳи Лакнавӣ. Абдулҳайи Лакнавӣ яке аз донишмандони бузурги ҳанафимазҳаби Ҳиндустон ва мухолифи ғайри муқаллидин (касоне, ки тақлидро аз имомони чаҳоргонаи мазҳабҳои фиқҳии аҳли суннат ҷоиз намедонанд ва ҳатто ширк меҳисобиданд) будааст. Ӯ тақлид аз имомони чаҳоргонаро воҷиб медонист. Сафар барои зиёрати турбати Паёмбар (с) аз эътиқодоти Абдулҳайи Лакнавӣ будааст. Аз ин рӯ, эшон се рисола ба унвони раддия бар касоне навиштааст, ки ба ҳаҷ рафта, вале ба зиёрати қабри Паёмбар (с) нарафтаанд. Ҳамчунин ривоятҳои зиёрати қабри Паёмбар (с)-ро саҳеҳ ё ҳасан медонад.Имом Абдулҳайи Лакнавӣ дар тӯли ҳаёти худ се мартаба ба бемории сахт гирифтор мешавад. Ин ҳолатҳоро шогирди эшон Муҳаммад Ҳафизуллоҳ ал-Бандавӣ чунин баён кардааст: Имоми бузург се мартаба бемор шуданд. Мартабаи аввал ин ки ҳангоми баргаштан аз ҳаҷҷи дуюм мубтало шуданд. Вақте ба ватан баргаштанд, дардашон чунон шиддат гирифт, ки ҳеҷ боварии зинда мондани эшон набуд. Ба бемории дарунравӣ гирифтор шуда буданд,ки ҳеҷ табибе давои онро наёфт, магар ин ки табиби машҳур Ҳаким Муҳаммад Боқир ӯро табобат карданд ва ӯ шифо ёфт.

Мартабаи дуюм дар Ҳайдаробод бемор шуданд ва боз шифо ёфтанд, аммо мартабаи сеюм ӯ 27-уми декабри соли 1886 дар синни 38-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Мардум бовар надоштанд, ки ӯ вафот кардааст, зеро эшон ҳеҷ гоҳ дарди худро ошкор намекард ва пайваста дар лабонаш табассум буд. Вақте табиб аз дар баромаду огоҳ кард, ки Абдулҳайи Лакнавӣ ба ҷивори Ҳақ пайваст, ҳама чошу парешон ва бениҳоят ғамгин ба ҳар тараф рафтанд. Ва ӯро дар оромгоҳи гузаштагонаш бӯстони Мавлоно Шайх Аҳмади Анвор ал-Ҳақ ба хок супориданд.

Муаллифи зиндагиномаи ӯ Валиюддини Надавӣ овардааст: Ба зиёрати оромгоҳи Абдулҳайи Лакнавӣ рафтам ва дар бари оромгоҳи эшон дар сангпораи сафед, яке аз шогирдонаш бо номи Абдулҳай ал-Мадорисӣ баъд аз каломи Худо ва дуруд ба Паёмбар (с) дар васфи ӯ чунин навиштааст:

 

أَيُّهَا الزُّوَار قِفْ وَ اِقْرَأْ عَلَى هَذَا المَزَارِ،

سُوْرَةٌ الإِخْلَاصِ وَ السَّبْعُ الْمَثَانِي و الْقُنُوْتِ.

 

فِيْهِ عَبْدُالْحَي مَوْلَانَا الاِمَامِ العَالَمِين،

إِنَّهُ عَلَامَةٌ فِي كُلِّ عِلٌمٍ بِثُبُوْت.

أَرَّخَ الآسِى أسياآسفا فِي فَوْتهِ،

فَاتَ عَبْدُ الْحَيِ و الْقَيُوم حَيٌّ لا يَمُوْت.

Тарҷума:

Эй зиёраткунандагон, биистед ва бар ин мазор бихонед,

Сураи Ихлос, Фотиҳа ва дуои қунутро.

Дар он (мазор) Абдулҳай мавлоямон имоми ҷаҳониён аст,

Ва ӯ алломаи тамоми илмҳо буд.

Таърих гувоҳ аст, ки гунаҳгору бегуноҳ дар маргаш афсӯс хӯрд,Абдулҳай вафот кард ва Қайюм (яке аз номҳои Худованд) зиндааст ва ҳаргиз намемирад. 

 

Рамазониён А.Б. сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика