Зиндагиномаи Баҳоуддини Нақшбанд

Солҳои 1318 дар оилаи форс - тоҷик ва дар маҳаллаи «Қасри Орифон»-и Бухоро таваллуд шудааст. Хонаводаи Баҳоуддини Нақшбанд ба нақш бастани нақшҳои мусаввар дар порчаҳои кимхоб машғул буда, аз ҳамин сабаб касби нақшбанд ба вай мансуб будааст. Баҳоуддини Нақшбанд ба деҳқонӣ низ шуғл дошта, дар замини худ ҷаву мош кишт мекард.

Шогирди хоҷа Бобои Самосӣ ва Амири Кулол. Аҳволу осори Баҳоуддини Нақшбанд дар асарҳои шогирдонаш Хоҷа Муҳамади Порсо — «Рисолаи қудсия», «Мақомоти Хоҷа Баҳоуддин», Абулҳасан Муҳаммад Боқӣ — «Мақомоти Ҳазрати Хоҷаи Нақшбанд», Мавлоно Яъқуб ибни Усмони Чархӣ — «Мухтасар дар баёни силсилаи нақшбандия», Шаҳобуддин ибни Амир Ҳамза — «Мақомоти Амир Кулол» гирд оварда шудаанд.

Баҳоуддини Нақшбанд тарғиб мекард, ки ҳар кас бояд аз касбу кор баҳра барад ва «ба зоҳир бо халқу ба ботин бо ҳақ» бошад Аз як тараф, ӯ дар таълимоти худ аз баъзе мутафаккирони тасаввуф, монанди Мансури Ҳаллоҷ дурӣ меҷуст, ба зуҳду тақво зид мебаромад ва ин ақидаҳояшро ба воситаи ҳашт усули асосии ин таълимот, ки идомаи ғоявии ақоиди тасаввуфии тариқаи хоҷагонанд: «хилват дар анҷуман», «сафар дар ватан», «ёд кард», «ёддошт», «ҳуш дар дам», «назар бар қадам»,"бозгашт", «нигоҳдошт» ва се усули дигари иловакардаи худ: «вуқуфи қалбӣ», «вуқуфи замонӣ» ва «вуқуфи ададӣ» паҳн менамуд.

Маъно ва моҳияти таълимоти Баҳоуддини Нақшбанд аз он иборат аст, ки ҳар як аз узви ин тариқа бояд ба касбу кор ва ҳунаре (зироаткорӣ, тиҷорат, котибӣ, дурудгарӣ, ҳаҷҷорӣ (деворгарӣ), мусиқӣ ва ғайра) машғул бошад.

Таълимоти Баҳоуддини Нақшбанд аз андешаҳои салафони ғоявиаш, махсусан аз ақидаҳои Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ ғизои маънавӣ гирифта, ғанӣ гаштааст ва бо бовари комил метавон гуфт, ки тариқаи нақшбандия идомаи мантиқӣ ва ғоявии таълимоти силсилаи хоҷагонаст. Албатта, дар байни ин ду тариқа ба ғайр аз умумиятҳои ғоявӣ фарқият ҳои назаррасе низ вуҷуд доранд, ки онҳоро моҳиятан аз ҳамдигар фарқ мекунонад.

Ҷиҳати дигари таълимоти худи Хоҷа Баҳоуддин ин аст, ки дар суханони вай аз шатҳиёти суфия ҳеч осор ва нишоне наметавон пайдо кард. Бо вуҷуди он ки ӯ ба бузургӣ ва азамати чунин род-мардони тасаввуф, ба мисли Мансури Ҳаллоҷ, Боязиди Бистомӣ, Шиблии Истаравшанӣ ва диг. (дар мақолот ва ибороти онҳо шатҳиёт мавқеи муайяне доштанд) қоил буд, вале суханони шатҳомези онҳоро намепазируфт.

Дар яке аз суҳбатҳои худ роҷеъ ба шатҳи маъруфу машҳури Мансури Ҳаллоҷ «Анал-Ҳақ» (Ман ҳақам) сухан ронда мегӯяд: «Дар овони убури манозил ва мақомот ду карат сифати Мансури Ҳаллоҷ дар вуҷуди ман пайдо омада буд ва наздик шуд, ки он садо, ки аз вай ба зуҳур омада буд, аз ман низ ба зуҳур ояд».

Дар бораи шахсияти Баҳоуддини Нақшбанд на танҳо тазкираву мақолот ва адабиёти ба аҳволу осори ӯ бахшидашуда арҷи беандозаро қоил будаанд ва каромоти гуногунро ба вай нисбат додаанд, балки дар замони ҳозир низ дар байни аҳли суннат ва ҷамоат ба ун-вони «Хоҷа Баҳоуддини балогардон» маъруфу машҳур аст ва дар зарурат аз рӯҳи ӯ мадад металабанд.

Таълимоти Баҳоуддин пурра ва ҳаматарафа дар доираи таълимоти дини расмӣ қомат афрохта, аз Қуръон, суннат, аҳкоми шариат ва таълимоти тасаввуфӣ ғизои маънавӣ гирифтааст.

Адабиёт :

Мухаммедходжаев А. Идеология нақшбандизма. Душанбе, 1991.

Муҳаммадхоҷаев А. Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор. Душанбе, 2007.

Гирдоварандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Аз гурӯҳи آل سامان

Яндекс.Метрика