То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
Мардумони бохирад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Илму дониш дар ҳар давру замон нерӯи тавоно, офаранда, пуриқтидор ва наҷотбахши ҷомеа мебошад. Ҳастии инсон тавассути илму дониш ва ақлу хирад зебу зиннат ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгорро комёб шудааст. Низому пешрафти ҷомеа, таъмини амният, сулҳу субот, бунёдкориву созандагӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии миллат ба нерӯи илму дониш ва фазилати инсон алоқаманд мебошанд. Соҳиби илму дониш будан яке аз фазилатҳои бузург аст, ки инсон ба воситаи он ба мартабаҳои баланд мерасад. Пешрафту тараққиёти ҷамъият низ аз он вобастааст.
Миллати мо дар тӯли қарнҳо бузургони зиёдеро ба воя расонидааст: ки ҳеҷ миллати дигарро чунин шуҳрат дастёб нашудааст. Мутафаккирони бузурги миллати мо ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Аҳмади Дониш Айнӣ ва дигарон бо шеърҳояшон мардумро ба хулқи нек, инсондустӣ, парҳезкорӣ ҳидоят намудаанд. Пас, моро мебояд пайваста илму дониш омӯзем ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифгари фарҳангу тамаддун ва мероси ниёгони худ гардем.
Агар барои омӯхтани илму ҳунар накушӣ, ҳеҷ гоҳ наметавонӣ муроди дилро ба даст оварӣ, олиму тавонгар гардӣ. Ҳанӯз аз қадимулайём бузургон, донишмандон ва фозилони даҳр танҳо тавассути омӯзиш, мутолиаи фарҳанги ғании гузаштагонамон донишу маҳорати хешро сайқал дода, машҳур гардидаанд. Инсони бофазл мекӯшад, ки ҳамеша намунаи ибрати дигарон бошад, дар гуфтор, рафтор ва кирдору фаъолият аз дигарон фарқият дошта бошад.
Агар хоҳӣ шудан бар сарварон сар,
Биомӯзу биандешу биофар.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қайд мекунад, ки «Ҷавонон ояндаи миллат, ояндаи ҷомеаанд ва ояндаи Тоҷикистони азизи мо дар дасти онҳост ва аз онҳо вобаста аст». Барои бунёди ҷомеаи солим, ҳаёти осиштаи мардум ва сулҳу суботи ватани азизамон ҷавонон бояд пайваста илму дониш омӯзанд. Чунки мо ҷавонони насли истиқлолем ва ояндаи ватанамон аз мо вобастагӣ дорад. Мо бояд баҳри гулгуншукуфоии ватанамон талош варзем.
Илму дониш инсонро аз рафтору кирдори бад нигоҳ дошта, бо хулқу атвори нек ба мартабаҳои баланд мерасонад. Илм ба заковати инсон, ба қувваи ақлӣ ва қобилияти кории инсон таъсири мусбат мегузорад. Дар ин замина Мавлоно Румӣ чунин қайд менамояд:
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
Ҳар халқу миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, он миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша саъйю кӯшиш мекунад, ки мақоми хосаи илму дониш ва ҷойгоҳи баланди устоду омӯзгорро дар ҷомеа таъмин созад. Зеро рушди тамоми соҳаҳои кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани ҷомеа вобаста мебошад.
Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар ҳадисҳояш ба масъалаи илму дониш аҳамияти хоса дода, мақоми инсони боилму донишро ба авҷи аъло расонидааст: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй», «Ман фазилати илмро аз фазилати ибодат дӯсттар медорам», «Илм нур аст ва ҷаҳл қубҳ», «Арзандатарин мерос аз падар барои фарзанд илму дониш аст», «Ҳар ки барои талаби илм дар роҳе қадам мениҳад, Худованд аз барои ӯ роҳе ба сӯи ҷаннат мекушояд», «Беҳтарин садақаҳо он аст, ки марди мусулмоне илмро биомӯзад ва ба мусулмони дигаре таълим бидиҳад».
Илму дониш чашму дили касро равшан месозад ва инсонро аз ҳама корҳои бад, гаравидан ба ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, хурофотпарастиву тундгароӣ нигоҳ медорад. Дар ин замина Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд. «Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созанд».
Илму дониш чароғи роҳи ҳар яки мост. Аз ин рӯ месазад, ки ҳар фарди ҷомеа дар рӯҳияи илм омӯхтан, рӯ ба китобхонӣ овардан тарғибу ташвиқ намоем. Бояд қайд намуд, ки тайи чанд соли охир бо сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» роҳандозӣ шудааст, ки дар он аз хурдсолон то калонсолон ҳуқуқи маънавии иштирок карданро доранд. Ин ташаббусҳои некбинонаи Сарвари давлат ба он заминаю асос мегузорад, ки сатҳу савияи дониши мо баланд шаваду мардуми кишвар рӯз то рӯз бо маърифату бофарҳанг гардида, дар оянда мутахассисони донишманду болаёқат ба воя расанд.
САҶҶОДИ Муҳаммадшарифзода - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир