Имрӯз, 15- уми сентябри соли 2023 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ҷашни зодрӯз доранд.
Аз номи Роҳбарият ва кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо некутарин таманниёту эҳтиромоти қалбӣ 56-умин баҳори умратонро сидқан шодбош мегӯем.
Бо боварӣ изҳор медорем, ки Шумо минбаъд низ ин рисолати фархундаи хешро идома бахшида, баҳри амалан рӯйи кор овардани сиёсати воқеан созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат тамоми нерӯ ва донишу маҳорататонро равона месозед.
Бори дигар Шуморо бо ин рӯзи мубораку ҳумоюнфар табрику таҳният гуфта, барои амалӣ гаштани ниятҳои некатон тавфиқи кор ва рӯзгори пурфайз таманно дорем.
Хайриддин Усмонзода 15 сентябри соли 1967 таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҳавоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбӣ намудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Латвияро бо ихтисоси тарҷумон-ҷомеашинос хатм намудааст. Пас аз анҷоми таҳсил ба фаъолияти омӯзгорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва пажуҳиши масъалаҳои иҷтимоӣ дар Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ҳамзамон, дар ин муддат дар аспирантураи Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда, соли 1997 рисолаи номзадиашро дар риштаи фалсафаи иҷтимоӣ дифоъ намудааст. Соли 2005 бо анҷоми таҳсили докторантура дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов рисолаи докториашро дар мавзуи "Ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии равандҳои трансформатсионӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон" дифоъ кардааст. Соли 2005 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) Федератсияи Русия ба дарёфти унвони профессор аз рӯйи ихтисоси "фалсафаи иҷтимоӣ" ноил гардид. Соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Хайриддин Усмонзода дар вазифаҳои ассистент, омӯзгори калон, дотсент, профессор, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ходими пешбари илмӣ, мудири шуъбаи фалсафа ииҷтимоӣ, муовини директории Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм (дар ду давра, аз соли 2000 то 2002 ва 2005-2017) фаъолият намуда, дар тарбия, омода намудани мутахассисони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва пешрафти таҳқиқоти амалию бунёдӣ дар ин самт кӯшишу талоши назаррас кардааст.
Хайридддин Усмонзода соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъйин гардида, дар ин вазифа то соли 2020 фаъолият намуд. Дар ин муддат бо иқдоми ӯ дар донишкада ду факултаи нав (санъати мусиқии мардумӣ, режиссура, кино ва телевизион) ва 3 кафедраи тахассусӣ таъсис дода шуд. Ихтисосҳои нави ҷоришуда дар самти низоми иттилоотӣ дар фарҳанг, драматургия, кинотелеоператор, телеоператор, менеҷменти муносибатҳои байналмилали фарҳангӣ, веб-журналистика, бойгонии аудиовизуалӣ ва ғайра барои ба рушди имрӯзаи ҷомеа мувофиқ сохтани соҳа нигаронида шудаанд.
Аз соли 2020 то соли 2022 ба симати намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини Раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот фаъолият намудааст.
Хайриддин Усмонзода тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, №336, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид, ки то ба ҳол ин вазифаи муҳимми давлатиро ба зимма дорад.
Ӯ тайи фаъолияти хеш дар тарбияи мутахассисони соҳаи ҷомеашиносӣ саҳм гузоштааст. Таҳти роҳбарии ӯ 14 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаҳои доктории худро дифоъ кардаанд. Устоди муҳтарам яке аз олимони варзида ва пурмаҳсули кишварамон ба шумор мераванд. Ӯ муаллифи 6 монография, 7 китоби дарсӣ ва мақолаҳои зиёди дар нашрияҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашршуда мебошад. Хайриддин Усмонзода узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст.
Устоди муҳтарам Хайриддин Усмонзодаро ба муносибати зодрӯзашон аз самими қалб табрику муборакбод намуда, барояшон сарсабзиҳо, умри дарози бобаракат ва дар ҷодаи илму пажӯҳиш ва омӯзгорӣ фатҳи қуллаҳои навро ба навро таманно дорем ва мегӯем:
Рӯзи мавлуди Шумо шоиста бод,
Хуррамию хушдилӣ пайваста бод.
Армуғони мо дар ин рӯзи мурод,
Даста-даста ҳадяву гулдаста бод.
Бо арзи эҳтирому самимият
Роҳбарият ва кормандони Маркази
исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон