ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД!

Дирӯз, устод Мирзозода Азизулло ҷашни зодрӯз доштанд.

Аз номи худ ва ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон устод гиромиро ба ин санаи муборак табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок барояшон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияташон комёбиҳои беназирро таманно дорем.

Дар ҳақиқат, фаъолияти хуби кордонӣ, малакаи баланди роҳбарӣ, муносибати самимӣ бо дӯстону пайвандон, ҳамкорону зердастон он касро обрӯманду соҳибэҳтиром гардонидааст.

Маҳз бо доштани хислатҳои накӯи инсонӣ, амсоли хоксорию фурӯтанӣ, оромтабиатию таҳаммулгароӣ, малакаи баланди муошират, соҳибдилию соҳибмаърифатӣ миёни ҷомеа обрӯву иззати боризро соҳиб шудаанд.

Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои Помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шуҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед!

Бигузор дар умратон баракат ва дар касбатон муваффақият пайваста амалӣ гардад.

Зодрӯз муборак бошад, устоди азиз!

Ҳолу молу солу фолу аслу наслу тахту бахт,
Бар муродат бод ҳар ҳашт, эй амони рӯзгор:
Ҳол–некӯ, мол–вофир, сол–фаррух, фол–саъд,
Асл–собит, насл–боқӣ, тахт–олӣ, бахт–ёр.

Яндекс.Метрика