Зоҳирпарастӣ то ба ҳол

Пеш аз он ки ба масъалаи даст задани соҳибкорон ба эҳтикор (баланд кардани нарху наво вобаста ба мавсим) сухане гуфта бошем, сараввал аз зоҳирпарастию хуруфотпарастии худ тафаккуре карда бошем. Халқи тоҷик ҳамчун халқи созанда, бунёдкунанда, тамаддунофар, посдорандаи арзишҳои динию миллӣ муаррифӣ шудаанд, аммо, мутаассифона то ба ҳол баъзеҳо аз зоҳирпарастию хурофопарастӣ, зиёдаравию исрофкорӣ даст накашидаанд, ки ин ҳама ҳам дар омӯзаҳои динӣ ва ҳам дар баёнияҳои башарӣ манъ шуда, амали зишт баён шудаанд. Чанд рӯз пеш дар саросари ҷумҳурӣ Иди саиди Фитр таҷлил шуд, ки фазилати ин иди муборак аз хайру эҳсон иборат аст. Як чиз мусаллам аст, ки ҳар фарди мусулмон, ба хусус мардуми шарифи Тоҷикистон аз фазилатҳои инсонӣ, чун: эҳсонкорӣ, кӯмакрасонӣ, саховатмандӣ ҳамеша пайравӣ мекунанд. Вале ҷои тассуф ва нигаронӣ дар он аст, ки дар баробари анҷоми ин фазилатҳои ҳамида, ба зоҳирпарастию худнамоишдиҳӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ даст мезананд. Албатта ин гуна амали онҳо бештар ҳангоми таҷлили иду маъракаҳои ҳам динӣ ва ҳам миллӣ ба назар мерасад. Ба хусус оростани дастурхони идона дар ҳар як хонадони тоҷик бараъло мушоҳида мешавад, ки ба ягон рукни дини Ислом рост намеояд, ба ҷуз зоҳирпарастию худнамоишдиҳӣ чизи дигаре нест. Бояд зикр кард, ки ин амали онҳо аввал ба сар задани муноқишаҳои оилавӣ, сипас ба сатҳи камбизоатӣ сабаб мегардад. Вобаста ба ин амали зишти инсонӣ сарвари давлат ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкидҳо медоранд, ки: "Ҳаргиз ба зоҳирпарастию исрофкорӣ, оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо роҳ надиҳед"! 

Агар як сабаби боло бурдани нархи маводи хӯрокворӣ дар камёфт шудани он мавод вобаста ба мавсим ва вазъи ноороми сиёсати хориҷӣ дида шавад, сабаби дигараш ин зоҳирпарастӣ ва худнамоишдиҳии худи мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки иқтисодиёт маълум кардааст, ки талаботҳои инсон номаҳдуд ва арзишҳо маҳдуданд ва инсон бояд аз он арзишу неъматҳо шукргузор бошад. Дар Қуръони карим низ ин нукта дар сураи Намл ояти 73 ва сураи Ёсин оятҳои 35 ва 73 баёни худро ёфтааст. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон, ки худро пайрави дини Ислом медонем, пас вақти он расидааст, ки аз зоҳирпарастию худнамоишдиҳӣ ва исрофкорию зиёдаравӣ даст кашида бошем ва ба некӯаҳволии ҳаёти худ замина гузорем.   

Одинаева Ш. - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ 

Яндекс.Метрика