ИДИ НАВРӮЗ ЯКЕ АЗ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баробари тамадуни тоҷику форс ду тамаддуни ҷаҳонӣ, шумерӣ ва мисрӣ ин идро бо тасаввуроти худ аз қадим ҷашн гирифтанашро оғоз намуданд. Аммо бо шукуҳу шаҳомате, ки тамаддуни тоҷику форс Иди Наврӯзро ҷашн гирифтанашро оғоз намуда, то ба ин рӯзҳо онро чун гавҳараки чашм нигоҳ медорад, ягон тамаддуни ҷаҳонӣ то ҳол ба анҷом нарасонидааст. Иди Наврӯз маҳз иди мардуми тоҷику форс, иди тоҷикон, иди ориёнтабор аст.

Олимону муаррихон пайдоиши Иди Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед, аввалин подшоҳи оламу аҷам мансуб медонанд. Иди Наврӯз падидаи табиию фарҳангист. Иди Наврӯз – иди шинохти табиат аст. Иди Наврӯз – иди аз нав зинда шудани табиат аст. Иди Наврӯз – иди аз нав оғоз шудани ҳаёт аст. Иди Наврӯз – иди аввали сол аст. Иди Наврӯз – иди аруси сол, иди баҳор аст. Иди Наврӯз – иди ҷашн гирифтани фасли баҳор аст.

Иди Наврӯз дар худ як қатор арзишҳои умумиинсониро дар бар мегирад. Иди Наврӯз таҷассумгари арзишҳои фарҳангии инсон аст. Иди Наврӯз яке аз арзишҳои миллӣ аст. Иди Наврӯз – иди некиҳо кардан, иди бахшидани гуноҳон, иди ҳамдигарфаҳмӣ аст. Иди Наврӯз – иди созанда аст. Иди Наврӯз яке аз идҳои меросӣ аст. Иди Наврӯз – иди баробар шудани рӯзу шаб аст.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифтани Иди Наврӯз бо як шукуҳу шаҳомати худ аз нав оғоз гардид. Эҳёгари Иди Наврӯз – иди миллии тоҷикон маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз 23 феврали соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО дар ҷаҳон «Иди байналмилалии Наврӯз» эълон карда шуд. Дар муаррифгарии Иди Наврӯз ба ҷаҳониён, эҳё гардонидани он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон аст.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович - сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика