Иди Қурбон ва фалсафаи он

Иди Қурбон яке аз ду иди динии мусулмонони дунё мебошад, ки ҳар сол даҳуми моҳи дувоздаҳуми ҳиҷрии қамарии Зулҳиҷҷа аз замони нузўли дини мубини ислом то ин замон таҷлил мегардад. Барои мардуми мусулмони кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар даврони истиқлоли кишвар  муяссар гардид, ки   идҳои Рамазону Қурбонро ба таври расмӣ бо рўзи истироҳат таҷлил карда шавад. Ин падидаро дар баробари дигар дастоварҳо аз чумла: анҷоми фаризаи ҳаҷи шаҳрвандон, зиёдшавии теъдоди масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, нашри китоби Қуръони маҷид бо ҳуруфи кириллӣ аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун дастоварди динии даврони истиқлол арзёбӣ мегардад, чунки насли калонсол хуб дар ёд доранд, ки дар даврони шўравӣ таҷлили идҳои динӣ қатъиян маън буд. Имрузҳо дар арафаи иди Курбон қарор дорем, бинобар ин чанд андеша дар ин маврид тақдими шумо мегардад.
 
Таърихи иди Қурбон.
 
Иди Қурбон дар мамолики мусулмонӣ бо номҳои Ид-ул-аҳзо, Қурбон-байрам, Қурбонӣ ахтар, Ид-ул-акбар, Ид-ул-кабир ва ғайра  маъруф аст. Ба андешаи мутахассисон иди мазкур таърихи чорҳазорсола дошта, реша ба се дин: яҳудӣ, масҳӣ ва ислом дорад. Достони қуръонии ҳазрати Иброҳиму Исмоил ба  ҳамагон маълум аст, ки зикри он зарурат надорад. Танҳо ҳаминро зикр кардан ба маврид, ки баъди ин қурбонии инсон ба поён мерасад, ки ҳикматҳои зиёди  омўзандаро доро мебошад. Якум, ҳозир будани ҳазрати Иброҳим ба озмоиши  иллоҳӣ, матину боирода ва доштани имони қавиро таъкид мекунад.  Дуюм эътибори амри иллоҳи ва сухани падар ба зан ва фарзанд, ки барои ҷомеаи имрўза хеле омўзанда мебошад.   
 
Ҳикматҳои иди Қурбон
 
Дар Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ  оиди идҳои динӣ дастурҳои мушаххас  дода шудааст, ки донистану риояи онҳо ҳатмӣ аст.  
Қурбонӣ аз калимаи қурб ба маънии наздики ва қаробат кардан ба Офаридгорро дорад. Яъне шахс беҳтарин моли худро дар роҳи худо ба шахсони нодору ниёзманд, пирону барҷомондагон, мусофирону маъюбон садақа мекунад ва ба ҳамин васила наздикӣ ба офаридгорро ба даст меорад.  
 
Мутаасифона баъзе шаҳрвандон моҳияти ин идҳоро танҳо дар оростани дастархонҳои пурдабдаба, худнамоишдиҳию шикамсеркунӣ ва  вақтгузаронӣ медонанд, ки комилан амали хато ва аз нигоҳи ислом  зиёдаравию исрофкорӣ аст. Барои пешгирии зиёдаравиву исрофкориҳо махсусан дар ин ду иди мазҳабӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» меъёре бо ибораи «дастархони маънавӣ» истифода шудааст, ки моро водор мекунад, ки аз ин зиёдаравиҳо худдорӣ намоем. Дар рўзҳои ид рафтан ба аёдати падару модар ва дусту бародар ва махсусан ба хонаводаи шахсони азодор амалест накў. Ин дидорбинӣ ба хотири хушҳол намудани наздикон ва изҳори тасаллият ба шахсони азодор бояд бошад, на баҳо додани дастархони идона.
 
Шартҳои Қурбонӣ.
 
Шарти асосии Қурбонӣ он аст, ки  шахси қурбоникунанда бояд болиғ,  мустакил,  ба андозаи кофи доро бошад ва мусофир набошад танҳо шахсони доро ва молашон ба нисоб расида метавонанд қурбонӣ кунанд. Шахсони нодору қарздор аз ин масъулият озоданд, яъне қарз гирифта қурбонӣ кардан ҷоиз нест. Ва ниҳоят чорвои забҳшуда бояд ба се қисм ҷудо карда шавад, ки як қисмаш аз соҳиби чорво, дуюми аз хешу табор ва қисми сеюми ба шахсони ниёзманду нодор дода шавад. То иди Қурбон рузҳои ба шумор мондааст, агар мо тибқи фармудаҳои Қуръону ҳадис ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» амал намоем, ҳам ризоияти офаридгор ба даст меояд ва сабукие дар рузғорамон ба даст хоҳем овард.
 
Иди Қурбон дар шароити кунунӣ
 
Имрӯзҳо дар атрофи идҳои диниамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гуногун ҷараён дорад. Яке аз ин адешаҳо гуё тибқи тағйирот ба қонун таҷлили идҳои исломӣ маън шуда бошанд, ки комилан воқеият надорад. Аввал ин ки то ҳол тарҳи нав ба ҳукми қонун надаромадааст, дуюм ин ки дар лоиҳаи қонун идгардаки тифлонро дар алоҳидагӣ бе роҳнамоии калонсолон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуби садамаи нақлиётӣ ва гум шудани тифлон, пешгирӣ менамояд. Гардиши тифлон бо волидайн ва бародарони калонсол ба хонаи хешу табор ва ёру дуст боқӣ мемонад.
 
Тавсияи мутахассис оиди дастархони идона.
 
Масъалаи дигари мубрами ин шабу руз ва чанд соли охир, болоравии нарх дар бозорҳо мебошад, ки аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Дар ҳақиқат чунин як қоидаи нонавишта дар арафаи идҳои исломӣ ҷорӣ шудааст, ки он хариди бебаркаши маводи хўрока ва болоравии бесобиқаи нархҳо дар бозорҳо мебошад. Ин ҳолат боиси косташавии буҷаи оилаи сокинони кишвар ва ба ҳадар рафтани миқдори зиёди маводи хурока гардида истодааст. Бо сабаби аз ҷониби шаҳрвандон хариди зиёди маводи хўрока,  савдогарони бозор аз фурсати муносиб суиистифода намуда, нархи баъзе намуди маҳсулотро се-чор маротиба боло мебаранд, ки аз руи инсоф нест. Барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳои ногувор ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дастархонро бо маҳсулотҳои хурокаи истеҳсоли хонагӣ аз қабилӣ кулча чапотӣ, ҳавлои хонагӣ, қалама, озўқ, бурсоқ, оби мева ва меваҳои ватанӣ оро дода, буҷаи оилаи худро аз касодшавӣ раҳо намоянд.
 
А.Мирзозода - мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика