Иди қурбон- иди хайру саховат

Агар маросими ба қурбонӣ омода карда шудани Исмоилро пеши назар оварем, ин маросим танҳо моҳият ва мазмуни дини дораду халос. Вай аслан садоқати Иброҳимро ба Худою омодагии ӯро барои бандагӣ  ифода менамояд. Аммо амали мазкур тадриҷан маънои нави иҷтимоӣ касб намуда, бештар маънои хайру саховатро ифода мекардагӣ шудааст. Аз ин нуқтаи назар, вай то андозаи дар сатҳи фаҳмиши динӣ адолати иҷтимоиро ба роҳ мемонад. Албатта, ҳама гуна амале, ки  табиати  некӣ дорад, кори савоб аст ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта мешавад. Аз ин нигоҳ, иди қурбон ҳам аз тарафи аҳли ҷомеа ҳамчун иди хайру саховат пазируфта мешавад. 

Аммо чун ид ид аст, вай ҳамзамон омодагиҳои зиёдеро низ дар назар дорад. Яъне, мардум чун анъана  ба хотири маросими хурсандӣ буданаш дару хона ва кӯчаҳои худро аз партовҳо тоза намуда, барои истиқболи он омодагӣ мегиранд, ки ин амал бешак шоёни дастгирист. Яъне, ид сабаб мегардаду, мардум ба ҳолати гигиении дару хонаи худ ва кӯчаю деҳаи худ таваҷҷуҳ менамоянд ва бад-ин сабаб муҳити зисту зиндагии худро тозаю озода нигоҳ медоранд.

Аммо чун иди мазкур аслан моҳият ва хусусияти динӣ дорад, аз ин рӯ, дар муносибат ба он низ тадриҷан андешаҳои хурофотӣ ворид шудаанд ва ба мафҳум ё ѓояи «хайру саховат» қаҷфаҳмӣ ворид намудаанд. Чун маросим маншаи динӣ дорад, маншаи динӣ ба ӯ қудсият бахшидааст ва ҳамин ҷанбаи қудсии он муҷиби воридшавии андешаи хурофотӣ гардидааст. Агар матлабро соддатар баён намоем, мардум  қурбонӣ намуданро амали ҳатмӣ ва зарурӣ қабул намуда, новобаста аз имконият ва қудрати худ ҳатман чорвоеро қурбонӣ менамоянд. Агар ашхоси қурбоникунандаро дар дилҳоҳ минтақа пеши назар оварем, дар байни онҳо ба ѓайр аз ашхоси соҳибқудрат боз як идда ашхосе низ қурбонӣ мекунанд, ки худ хеле фақирона зиндагӣ менамоянд. Ѓайр аз зиндагии фақиронаи худу аҳли оилаи худ онҳо ҳатто имконияти дуруст надоранд, ки таҳсили фарзанди худро дар мактиаби миёна дуруст ба роҳ монанд. Яъне, дар харидани сару либос ва дафтару китоби мактабӣ барои фарзандони хеш танқисӣ мекашанд, лекин худро тавоно вонамуд карда, ба мардум ѓизо медиҳанд.  Албатта, ин ҷо қабул шудан ё нашудани хайру саховати онҳо, ё ба қавли дигар, қурбонии онҳо, дар ҳолате, ки фарзандони онҳо дар тӯли сол гӯштро намебинанд, масъалаи дигар аст, аммо бояд ба амали мазкур баҳои муносиби иҷтимоӣ дод. Оё чунин тарзи зиндагиро метавон, ки аз нигоҳи ахлоқӣ, сотсиологӣ ва фарҳангӣ тарзи ҳаёти солим номид? Дар ҳолате, ки ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷуҳи зарурӣ зоҳир намерасонем, месазад, ки маблаѓи бо душворӣ ба дастовардаро барои «хайру саховат» сарф намоем?  Ба андешаи мо чунин амалкард на хайру саховат маҳсуб меёбад, на тарзи ҳаёти солим. Хайру саховат моҳиятан танҳо дар он ҳолат маъно дорад, ки агар худи хайркунанда бениёз бошад. Яъне, дар ҳолате, ки шахс худ муҳтоҷ аст,чандин мушкили муҳими иҷтимоӣ дорад, пеш аз ҳама, фарзандони  худро аз арзишҳои моддиву маънавӣ дуруст таъмин карда наметавонад, чӣ тавр вай ниёзи дигареро бароварда месозад?  Албата, ин амал кори савоб нест. Дини ислом ҳам таълим медиҳад, ки хайру саховат бояд пеш аз ҳама нисбат ба наздикон карда шавад. Сониян, чизе, ки дар ин самт ҳамчун хурофот ба андешаи мардуми мусалмон ҳамчун стереотип ворид шудааст, аз он иборат аст, ки қурбоникунанда тамоми моли кушташударо бояд сарф намояд. Яъне, чун мол ба хотири қурбонӣ кушта шудааст, бояд то бегоҳ ягон зарра гушти он боқӣ намонад. Ҳол он ки мувофиқи таълимоти ислом моли қурбонишуда бояд ба се қисм тақсим гардад: ба қурбоникунанда, ба наздикон ва бегонагон. Мутаассифона, ҳамин хусусиятҳои маросими қурбонӣ аз тарафи пешвоёни дин муѓризона пурра ба халқ дуруст фаҳмонида намешаванд, ки дар натиҷа аз аъмоли динӣ чандин амалкард ва андешаҳои хурофотӣ сар мезананд. 

Агар асли маросими қурбонӣ хайру саховат бошад, пас, бигзор ашхоси қудратдошта ба он даст зананд. Чандин мискин, ниёзманд, фақир ва ашхоси муҳтоҷро хӯрок дода, бо ин роҳ хайру саховати худро нишон диҳанд. Хуб мебуд, агар шахсони имкониятдошта ба ҷои дар хона хӯрок омода намудан ба ашхоси фақиру ниёзманд ва бемор каме гӯшти хом тақсим мекарданд. Дар ин ҳол чунин амалкард як дастгирии хуби ниёзмандон мешуд.

Абдухалилзода К.А. 

Яндекс.Метрика