ИДОМАИ ВОХӮРИҲО: МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Рӯзи 26-уми апрел, дар идомаи сафари гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ва дар ҳайати муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ – Зоирзода Икром, Директори Маркази таълимии судяҳои Суди Олӣ - Завқизода Солеҳ, Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони ВКД - Бухоризода Мансур, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Чоршанбезода Сураҷ, муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Наҷотзода Мутеулло ва муовини Сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон - Ёров Дилшод дар бинои Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритус бо сокинону фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор шуд.

Дар вохӯрии мазкур, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2023, дар мавзӯи "Омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ" доир гардид, раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони мақомоти қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, имомхатибон ва занону ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Вохӯриро раиси ноҳияи Шаҳритус - Ҷабборӣ Ғаффор ифтитоҳ бахшида, дар хусуси хатарҳои терроризму экстремизм ва муборизаи созгор бар зидди тамоюлҳои манфӣ суханронӣ намуд. Дар идома, роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ба сухан баромада, мавзӯъҳои ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, таъмину таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботу оромӣ, инчунин масъалаҳои рӯ овардан ба илму дониш, огоҳии сиёсӣ, нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, ҳифзи анъана, суннат ва арзишҳои фарҳангиро шарҳу тавзеҳ доданд.

Инчунин, дар хусуси масъалаҳои дигари марбут ба мавзӯи вохӯрӣ ҳайати гурӯҳи корӣ баромад карда, паҳлӯҳои гуногун ва роҳҳои муассири мубориза бар муқобили хатарҳои терроризму экстремизм ва таассубу хурофотро пешниҳоди иштирокдорон намуданд.

Дар идома, намояндагони соҳаҳои мухталиф ва фаъолони ноҳияи Шаҳритус ба сухан баромада, таъкид доштанд, ки ба хотири ҳамраъйӣ бо таклифу пешниҳодҳои зикргардида тамоми чораҳоро меандешанд ва дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм талош менамоянд.

Дар охир, аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ба китобхонаи ноҳияи Шаҳритус ҷилди китоби "Ваҳдат, Давлат, Президент" туҳфа карда шуд.

Яндекс.Метрика