Идомаи матлаб аз китоби "Салафияи ифротӣ..."

§5. Таҳрифи идеяи тавҳид дар салафияи ифротӣ
Мусаллам аст, ки идеяи тавҳид дар тамоми равияву фирқа ва мазҳабҳои мусулмонӣ рукни аввал ва асосии дини ислом ба ҳисоб меравад, ҳарчанд дар исломи ибтидоӣ истилоҳи «тавҳид» мазмуни сиёсӣ дошт ва таҳти ин истилоҳ иттиҳоди сиёсӣ-эътиқодии арабҳо дар як умумияти таърихӣ – халқият ва давлат фаҳмида мешуд. Вале дар раванди ташаккули ислом ин истилоҳ бештар хусусияти эътиқодӣ-имонӣ касб карда, фарқияти исломро аз динҳои дигар таъйин месохт. Вале дар таълимоти салафияи ифротӣ имрўз тавҳид асосан маънои сиёсӣ касб намуда, ба идеяи эҳёи хилофат тобеъ гардонида шудааст. Ҳарчанд ваҳҳобия идеяи тавҳидро асоси таълимоти худ қарор медиҳад, вале онро ба маънои хоси худ мефаҳмад. Аввалан, ин ки салафия танҳо Худоро сазовори тоату ибодат ҳисобида, ҳамаи дигар расму одатҳои исломӣ, ба монанди авлиёпарастӣ, зиёрати равзаи пайғамбар, ҷойҳои муқаддас, ҳаҷ, қурбонӣ, дар назди марқади ашхоси муқаддас сохтани масҷидҳо, бозӣ, мусиқӣ, рақс, сохтани гунбадҳо дар рўи қабр ва ғайраро як навъ бутпарастӣ меҳисобад. Гоҳо тафсири Қуръонро низ рад менамоянд. Ҳар касе, ки аз ин одатҳо пайравӣ мекунад, кофир буда, сазовори қатл аст ва бо ин гуна ашхос ҷиҳод раво мебошад. Ин андешаи салафия асосан давоми таълимоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб доир ба тавҳид аст. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ба муқобили бидъат ва хурофот муборизаи амалии сахт эълон кард, зеро дар водиҳои Арабистон ҳатто парастишҳои замони ҷоҳилият аз нав ҷон мегирифтанд. Ин ақидаи ваҳҳобияро салафияи муосир тақвият бахшида, имрўз ҳатто хондани фотиҳаро ҳам дар сари хоки мусулмони фавтида ва ҳам дар се рўзи аввали азодории наздикони ў ширку бидъат ва куфр медонад.
Дигар ин ки салафия тавҳидро тобеи ақидаи ирқгароии арабӣ сохта, чуноне ки дар исломи ибтидоӣ буд, аслу ҳадафи онро иборат аз барқарор сохтани Хилофати араб ва бозгашти ҳамаи мусулмонон ба он медонад. Масалан, яке аз идеологҳои салафия Муҳаммад Ҷалили Зайну ин андешаро чунин матраҳ намудааст: «Тавҳид тавонист, ки дар гузашта миллатҳои мусулмонро ба ҳайси миллат ва давлати ягона муттаҳид намояд ва тавҳид аст, ки имрўз қодир аст бори дигар мусулмонони ҷаҳонро муттаҳид созад, ҳар гоҳ ба сўи он баргарданд» [14; 27]. Аз ин мулоҳиза чунин бармеояд, ки шинохти Худои ягона танҳо дар сурати аз нав дар зери ҳукмронии араб ба як давлати воҳид муттаҳид шудан машрўияти исломӣ пайдо мекунад, вагарна имкон надорад. Хусусияти сирф арабгароӣ ва зиддимиллӣ доштани салафиягароии ифротӣ аз ин ақида бараъло ҳувайдост.
Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бозгашт ба сарчашмаҳои асосии ислом Қуръон ва суннати набавиро асоси даъвати худ қарор дод ва таъкид дошт, ки ҳар коре аз умури зиндагӣ ва ақидатӣ, агар санади мувофиқат бо Қуръон ва суннати набавӣ надошта бошад, қобили қабул ва пазируфтанӣ нест. Даъвати ў ба сўи пок намудани тавҳид аз унсурҳои ширк ҳам дар шинохт ва ҳам дар ибодат буд.
Дигаре аз даъвати ў зинда сохтани фаризаи ҷиҳод аст. Имрўз салафия ҷиҳодро пас аз тавҳид ва шинохти пайғамбар шарти асосии мусулмонӣ ҳисобида, дар баробари пайравони ҳамаи мазҳабу фирқаҳоро кофир хондан татбиқи ҷиҳодро нисбат ба онҳо вазифаи имонии мусулмонон медонад. Муҳаммад Ҷалили Зайну чунин мегўяд: «Шарти савум: душман шуморидани кофирон ва мушрикон. Басо мусулмононе ҳастанд, ки ҳаргиз ба Худованд ширк намеварзанд, вале муттаасифона, мушриконро душман намеҳисобанд. Инсон наметавонад мусулмони ҳақиқӣ гардад, магар дар ҳоле ки душманони Худоро душман бидонад… Душманӣ намудан бо душманони Худо аз мушрикон ва кофирон муҳимтар аст» [14; 28]. Вагарна ба ақидаи салафия мусулмон воҷибияти худро адо намекунад. Хулоса, пайравони ҳамаи фирқаву мазоҳиби исломро бояд кофиру душман донист ва бо онҳо ҷиҳод кард, вагарна наметавонӣ мусулмон бошӣ. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар ибтидои пайвастан ба фаъолиятҳои сиёсӣ, бо ҳокими зодгоҳаш Уяйна Усмон ибни Ҳаммод ибни Муаммар бевосита ба вайрон ва хароб кардани ҷойҳои муқаддас (аз ҷумла, буридани дарахте, ки зиёратгоҳ буд, хароб сохтани мақбараи саҳобаи паёмбар Зайд ибни Хаттоб ва сангсор кардани зани зинокор) даст задааст.
Муҳимтарин асли таълимоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб баргашт бар тавҳиди холиси исломии замони пайғамбари ислом буд. Ў ақида дошт, ки Худованди яктову ягона холиқу офаридгор ва мудаббири умури олами табиат ва инсонҳост ва ҳеҷ шарике дар холиқият надорад. Дар ибодат низ ҳеҷ махлуқе шоистаи убудият ва шарик дар ибодат бо Худованд нест. Вале ў муътақид буд, ки мусулмонон аз ин асли исломӣ берун рафтаанд ва ба Худованд шарик дар ибодат ва тадбири умур гирифтаанд, ки зиёрати мазорҳо ва ёрӣ ҷустан аз онҳо – тавассул мисоли ин гуфтаҳо шуда метавонад. Аз ин рў, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб яке аз вазифаҳои асосии худро дар поксозии ислом аз ин бидъатҳо медид.
Чуноне ки мунаққидони ваҳҳобия таъкид мекунанд, тавҳид, яктопарастӣ ва яктогароӣ аз назари ақида ва амал дорои маротиб ва дараҷоте аст, ки донишмандони «илми калом» дар бораи онҳо баҳсу гуфтугўҳои зиёд кардаанд. Яке аз онҳо масъалаи «тавҳид дар ибодат» мебошад, ки тамоми пайғамбарон барои таҳким ва субот бахшидан ба он омадаанд ва Қуръон тавҳид дар ибодатро ҳадафи асосии ҳамаи расулони Худо медонад, чунончӣ дар оятҳои зерин омадааст: «Ва лақад баъасно фӣ кулли умматин расулан ани-ъбуду-л-Лоҳа ва-ҷтанибу-т-тоғута» – «Ҳамоно дар ҳар гурўҳе пайғамбареро фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бутон бипарҳезед» (Наҳл, 16:36). Ё дар ҷойи дигар: «Қул: ё аҳла-л-Китоби таъолав ило калиматин савоин байнано ва байнакум алло наъбуда илло-л-Лоҳа ва ло нушрика биҳи шайъан» – «Бигў: «Эй аҳли Китоб, ба сўи сухане баробар миёни мову шумо биёед, ки ба ҷуз Худо (чизеро) напарастем ва ба Вай чизеро шарик насозем» (Оли Имрон, 3:64). Хулоса яктопарастӣ ва таҳрими парастиши ҳар мавҷуде ҷуз Худо масъалаест, ки тамоми фирқаҳо ва мазҳабҳои исломӣ онро пазируфтаанд ва ҳеҷ кас дар ин маврид сухани мухолифе надорад, чунки агар фарде ин аслро қабул накунад, аз доираи ислом берун меояд ва кофир аст. Аммо дар робита бо иддаои ваҳҳобиён масъалаҳое ҳастанд, ки асли ихтилофи онҳоро бо дигар равияҳои исломӣ ташкил мекунанд. Ин масоил на камтар аз шашто мебошанд:
1. Оё Худо дар ҳама ҷо ҳозиру нозир аст ва ё не?
2. Ёрию мадад талабидан, ҳоҷат хостан аз ғайри Худо чӣ гуна аст, яъне ҷоиз аст ё не?
3. Дархости шафоат аз пайғамбарон ва пешвоёни маъсум – имомон раво ва ҷоиз аст ё не?
4. Дар мақоми дархости чизе аз Худо васила, шафеъ, миёнарав қарор додани авлиёи илоҳӣ ва эшонҳо чӣ гуна аст, масалан, бигўем: «Аллоҳумма иннӣ атавассилу би набиййика илайка» – «Парвардигоро, ман ба василаи пайғамбари ту ба ту расиданиям» ва монанди инҳо чӣ ҳукме дорад?
5. Дар мақоми дархости ҳоҷат аз Худо, савганд додани Худо ба ҳаққи авлиё чӣ гуна аст?»
6. Оё савганд хўрдан ба ғайри Худо монанди савганд ба Қуръон, пайғамбар ва имом аз назари шаръ чӣ гуна аст?» [18, 8]
Аммо ба ҳар сурат аз нигоҳи мазҳабҳои аҳли суннат ва шиа ҳамаи ин корҳо ва расму русум ба асли тавҳиди ислом зиддият надоранд. Дар китоби иқтибосшуда исботи ин матлаб васеъ дода шудааст.
Як нуқтаи ҳайратангези ақидаю амали салафия дар он аст, ки он ҳарчанд андешаи худро тавҳиди ноб меҳисобад ва як қатор унсурҳои рукни ибодати ислом, расму ойин ва арзишҳои мазоҳиби аҳли суннату ҷамоат, шиа ва дигар фирқаҳоро ширк эълон кардааст, вале дар асл худ ба сабаби тасаввуроти қабилавӣ доштан доир ба сифоти Худо, ки мансуби динҳои қадими бутпарастӣ ва бисёрхудоӣ аст, пайравонашро ба ширк роҳандозӣ менамояд. Дар илми диншиносӣ чунин тарзи фаҳмиш ва шинохти Худоро антропоморфизм меноманд, яъне ба Худо нисбат додани сифатҳои одамӣ (худои инсонгуна), ки аз нигоҳи ислом комилан ширк аст. Ин матлаб дар Қуръон низ зикр шудааст: «Ба Худо шарик муқаррар макун, ба дурустӣ ки ширк ситаме бузург аст» (Луқмон, 31:13).
Яке аз бунёдгузорони ҷараёни ломазҳаби салафия Ибни Таймия гуфтааст, ки «пайравони мазоҳиб дар пояи ақл (ҳавову ҳавас ва фикру гумон амал карда) ва на дар асоси нақл (насси Қуръон ва суннат) аз сифоти субутии Худованд фақат сифоти Ҳаёт, Илм, Қудрат, Ирода, Самъ, Басар ва Таквинро қабул доранд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар қабул ва субут бархе аз ҳамин сифотро низ қабул надоранд ва дар бархе ихтилоф доранд, аммо ғайр аз инҳо дигар сифот, монанди ваҷҳ – чеҳра, ду даст, истиво, нузул, ризо, муҳаббат, калом ва улув (боло будан)-ро… ва дар макон будани Худоро рад кардаанд» [1, 347]. Хулоса, мувофиқи ақидаи Ибни Таймия Худованд дорои ҳамон сифатҳое аст, ки дар асл хоси инсонанд ва мансуб ба тасаввуротҳои динии инсони ибтидоӣ буданд. Онро худои инсонгуна меноманд, ки дар забонҳои аврупоӣ дини антропоморфистӣ мегўянд. Андешаи Ибни Таймияро оид ба инсонгуна будани сифоти Худо ҳанўз яке аз чеҳраҳои машҳури аҳли суннату ҷамоат Мотуридии Самарқандӣ, ки ўро асосгузори мактаби мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ меноманд, рад карда буд.
Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бошад аз дуруду салавот фиристодан бар пайғамбари ислом, салавот гуфтан дар шабҳои ҷумъа, баланд салавот фиристодан бар рўи минбар ҷилавгирӣ мекард ва чуноне ки Исфаҳонӣ дар асараш «Сафарнома» навиштааст, ҳангоме ки бисту панҷ ҳазор ваҳҳобиён аз Лондон бармегаштанд, вориди Карбало шуда, бо ҳамин далелҳои номбурда мусулмононро ба «куфр» бадном сохта, панҷ ҳазор нафарро мушрик ҳисобида куштанд, ҳазорони дигарро захмӣ карданд ва қабри Имом Ҳусайнро хароб намуданд. Ва ҳамчунин мувофиқи маълумоти Ҷамили Сидқӣ, ки дар китобаш «ал-Фаҷру-с-содиқ» овардааст, соли 1217 ҳ. мардуми Тоифро қатли ом карда, тифли ширхораро бар рўи синаи модараш сар буриданд [1, 330]. Ин ҳамагӣ чанд намунаи кўчаке аз амали ваҳҳобиён мебошад, ки дар зери шиори «исломи ноб» дар ҳаққи мусулмонон анҷом додаанд.
Аз саҳифаи Факултети диншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика