Изҳори ҳамдардӣ!

Бо ғаму андӯҳи фаровон Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи аҳли оила, хешу табор ва дӯстону наздикони қаҳрамонон - шаҳидони шуҷои Ватан, ки барои ҳимояи марзу буми кишвар ҷони худро дареғ надоштанд, изҳори ҳамдардӣ баён менамояд.

Кормандони Маркази исломшиносӣ дар ғаму андӯҳи шумо хонаводаҳои муҳтарам ғамшарик мебошанд.

Аз даргоҳи Худованди мутаъол барои шуҳадо раҳмату мағфират, Биҳишти ҷовидон ва барои бозмондагону маъюбон сабри ҷамил хоҳонем.

Фарзандони далеру шуҷои Ватан, руҳатон шод ва манзили охирататон обод бод!

Бо эҳтиром,
Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика