Илмомӯзии зан аз дидгоҳи ислом

Агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо ва солҳо ҳам сухан гуем, боз ҳам басанда нест. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Бузургтаринҳо аз урафову уламо, пешвоҳо ва шахсиятҳое, ки ҷаҳон дар нерумандӣ ва тавоноиашон қойим гардидааст, аз зан ба дунё омадаанду дар домани ӯ парвариш ёфтаанд. Агар ба таърихи гузаштаи халқиятҳои башар нигарем, маълум мегардад, ки на дар ҳама давра иззату эҳтироми зан ба дараҷаи аъло пазируфта мешудааст ва мақому манзалати он низ на он қадар устувор ва барболо будааст. Дар бисёр мавридҳо занро ҳамчун воситаи хушҳолӣ ва хушгузаронӣ медонистанд.
Ҳар камбудие, ки имрӯз дар ҷомеаи мо ва ҷомеаҳои гирду атроф нисбат ба ҳуқуқи зан мешавад, мегӯянд, ки ин аз сабаби таълимоти исломист. Гӯё ислом гунаҳкор аст, ки бо занон чунин муомилаи бад сурат мегирад. Ва гуё тибқи шариати ислом занон ҳаққи интихоби шавҳар, ҳаққи таҳсил, ҳаққи кор надоранд ва раъяшон дар умури оиладорӣ ҳеҷ эътиборе надорад ва умуман онҳо ҷойгоҳи муносиб ва ҳаққи ҳаёти шарофатмандона дар зиндагӣ надоранд. Мавҷуд будани хушунат дар оила, таҳдиду лату кӯби зан, талоқҳои бесабаб ва аз ҷониби падарон манъ кардани таҳсили духтарони ба балоғатрасида, ин ҳамаро аз ислом медонанд ва мутаассифона чунин бардошти ғалат мекунанд, ки гӯё ислом ҷойгоҳи занонро дар ҳаёт нисбат ба мардон хеле пойин қарор додааст.
Зан ва дониш аз аркони муҳими бинои ҷомеаи солим ва пешрафта башумор меравад. Фаъолияти занон дар ҷомеа комилан дуруст ва матлуб мебошад зеро ниме аз нерӯи фаъоли ҷомеа ин занон мебошанд Дар фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҷамъиятӣ, созандагӣ, тарроҳӣ, ва таҳсил миёни марду зан тафовуте нест зан ва мард ҳар ду аз назари Қуръон дар асли офариниш ба як ваҳдати инсонӣ бармегарданд. «Эй мардум, аз Парвардигоратон ки шуморо аз як нафс офарид ва аз худи ҳамон нафс ҷуфти ӯро ба вуҷуд овард ва аз онҳо мардону занони бешуморе (насли инсон)-ро дар рӯи замин паҳн намуд, тарс ва тақво дошта бошед» [4, 1].
Чуноне, ки мебинем вақте марду зан ҳар ду тибқи ин оятҳои зикршуда дар асли ваҳдати офариниш ва дар асли каромати инсонӣ бо ҳам баробар ва муштарак ҳастанд, пас ногузир, дар ҳама мавридҳо бо ҳам баробар ва дорои ҳуқуқҳои яксон мебошанд ва ҳатман бояд каромати инсонии онҳо дар он мавридҳо ҳифз гардад.
Бар ҳамин асос, ислом тамоми ҳуқуқҳои умумиеро, ки барои пешбурди ҳаёти инсон зарурат доранд, ба зан низ ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ато намудааст ва баробарии мутлақ бо мардонро дар ин замина барои вай кафолат додааст. Дар таърихи садри ислом занон дар корҳои илмӣ, таълимӣ дармони беморон ва маҷруҳон ва ғайра ба таври фаъол ширкат варзидаанд, инчунин бар асоси мазҳаби ҳанафӣ зан метавонад вазифаи қазо (суди)-ро иҷро намояд. Он ки ҷавононро тарбият мекунанд ва дар роҳхои гуногун роҳнамои мекунад албатта дар дараҷаи аввал ин модар аст. Омилҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад аммо нақши модар аз он нақшҳо ба маротиб бештар аст. Зан танҳо худ дар роҳе намеравад мардҳоро низ бо худ дар он роҳ мебаранд
Имрӯз ки Ҳукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам хубтару беҳтар кардани шарту шароити таълим барои духтарону писарон пайваста кӯшиш менамоянд боист, ки ин роҳро қадрдонӣ ва ҳифз кард. Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки ҳамасола чиқадар бурсияҳо аз тарафи Ҳукумати кишвар барои духтарон ҷудо карда мешавад. Махсусан барои духтарони дурдаст ва куҳистонӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» масъалаҳои ҳаётан муҳимро баррасӣ нумуда аз ҷумла ба масъалаи тарбияи фарзандон ва омӯзиши илм диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, чунин қайд карданд:
«Мо дар асри 21, яъне дар ҷаҳони дигаргуниҳои бузурги илмиву технологӣ умр ба сар бурда истодаем. Кишварҳои олам босуръат пеш рафта, бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ соҳиби комёбиҳои ниҳоят зиед шуда истодаанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои гирифтани илму дониши замонавӣ талош кунем, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта истифода барем, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем.
Чанд аср пеш ҳамин тақлидкориро Мавлонои бузург мазаммат карда, гуфта буд, ки:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!»
Зан ниме аз ҷомеа аст зан ниме аз унсури инсони аст. Занро мебояд ҳамаи он фаъолиятҳоеро ки мардҳо дар ҷомеаи имрӯза анҷом медиҳанд занҳо низ анҷом бидҳанд, албатта бо назардошт ва тавоноии ҷисми ва рӯҳияшон. Аслан амрӯз барои зан дар кишвари азизамон маҳдудияте вуҷуд надорад. На маҳдудияте дар талоши илмомӯзии ӯ ва на маҳдудияте дар талоши сиёси ва иҷтимоии ӯ.
Таъсири илму маърифат, камолоти маънавӣ ва ахлоқии зан дар таълиму тарбияи фарзанд ва ҷомеаи солим муассир аст. Агар зан дар ҷомеа битавонад ба касби илму фарҳанг ва камолоти маънавию ахлоқӣ ки Худованд барои ҳамаи инсонҳо чи мард ва чи зан ба таври яксон дар назар гирифтааст бирасад, тарбияти фарзандон беҳтар хоҳад шуд ва муҳити хонавода гармтар ва бо сафотар. Ҷомеа пешрафти назаррасе хоҳад кард ва гиреҳҳои зиндаги осонтар боз хоҳад шуд. Яъне зану мард хушбахт хоҳанд шуд. Барои ин бояд талош кард ҳадаф ин аст. Ҳадаф сафооварии зан дар муқобили мард нест, ҳадаф рақобати хасмонаи зану мард нест, балки ҳадаф ин аст, ки занону духтарон битавонанд ҳамон сайр ва ҳамон ҳаракатеро анҷом диҳанд, ки вақте мардон он ҳаракатро анҷом медиҳанд ба сурати як марди шарифу босавод дар ҷомеа мавқеъ пайдо мекунанд пас мо низ мехоҳем, ки занону духтарони мо шарифу босавод шаванд.
Назари Ислом низ дар масъалаи таҳсили илму дониш аз тарафи занон пеш аз ҳама аз таълимоти куллии ин дин дар мавриди илм ва омӯзиши он сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, барои возеҳ гаштани назари Ислом ба масъалаи таълиму таҳсили занон зарур аст, ки дар оғоз назари куллии Ислом дар мавриди илм ва зарурати омӯзиши онро аз сарчашмаҳои асили исломӣ таҳқиқ ва ба таври мухтасар муаррифӣ намоем. Хушбахтона, мутолиаи манбаъҳои асили исломӣ, хусусан, Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ нишон медиҳад, ки назари Ислом дар ин масъала бисёр муфассал, рӯшан, возеҳ ва қатъӣ буда, ҷои ҳеҷ шакку инкорро боқӣ намегузорад. Аз ин сабаб, муаррифии мустақими назару фармудаҳои ин манбаъҳои исломӣ дар масъалаи илм аз як сӯ, худи мусалмонони азизро бо назари Ислом дар ин масъала ошно месозад ва аз сӯи дигар, барои касоне, ки аз сари бехабарӣ назари илмдӯстонаву маориф-парваронаи Исломро инкор менамоянд, далели қатъӣ мегардад.
Робитаи Ислом бо мафҳуми илм ва омӯхтан аз нахустин ояи нозилшудаи қуръонӣ, яъне аз ояи аввали сураи муборакаи «Алақ» оғоз меёбад. Ин оя бо калима «иқраъ», яъне «бихон» оғоз мешавад ва чун ин калима дар ин оя ба сиғаи қатъии амрӣ омада, дар ояҳои дигари ин сура низ ба ҳамон сабк такрор шудааст, метавон гуфт, ки нахустин амру супориши Ислом ба башарият маҳз амри хондан ва омӯхтан аст. Ҳамин тавр, Ислом динест, ки дар ҷавҳари худ моҳияти рӯшангарӣ дорад ва маҳз бо амри хондану омӯхтан оғоз мешавад чуноне ки Худованд дар сураи Алақ ояти 1-5 мефармояд:
«Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид. Одамиро аз хуни баста офарид. Бихон. Ва Парвардигори ту Бузургвор аст. Он, ки ба дастёрии қалам илм омӯхт; одамиро он чи намедонист, омӯхт» [6,96].
Агар ба матни ояҳои боло таваҷҷӯҳ намоем, мебинем, ки илова бар амри хондан, Худованд дар онҳо воситаи дигари омӯхтани илм, яъне қаламро, ки асбоби асосии навиштор ва сабту китобати илм аст, низ зикр менамояд. Пас, аз ин ояҳо чунин бармеояд, ки Ислом аз ҳамон оғози пайдоиши худ ҳар ду равиши аслии омӯзиши илм, яъне ҳам мутолиаву хондан ва ҳам китобату навиштанро дар назар гирифтааст.
Нуктаи дигаре, ки дар Қуръони карим ба аҳаммияти илму дониш дар таълимоти исломӣ ишорат мекунад, эътирофи мақоми баланди аҳли илм дар ин китоби илоҳист. Худованди мутаъол илмро яке аз аломатҳои фазилати инсонҳо дониста, ба таври сареҳ инсонҳои босаводу донишмандро нисбат ба касоне, ки аз ин неъмат маҳруманд, дар дараҷи бисёр болотар мегузорад. Ин мақоми аҳли илм дар сураи «Зумар» чунин омадааст:
«Бигӯ, оё баробаранд касоне, ки медонанд бо касоне, ки намедонанд? (Албатта, не). Фақат хирадмандонанд, ки панд мегиранд» [6,39].
Мақоми аҳли илм дар таълимоти исломӣ то ҷое баланд аст, ки дар сураи муборакаи «Оли Имрон» Худованд онҳоро дар канори малоик ё фариштагон зикр менамояд: «Худо гувоҳӣ дод, (яъне ошкор сохт) ки ҳеҷ маъбуде нест, магар Ӯ; ва фариштагон ва соҳибони дониш (гувоҳӣ доданд) дар он (ҳол), ки (Худо) ба адл тадбиркунанда(-и олам) аст. Ҳеҷ маъбуде нест, ба ҷуз Ӯ – Ғолиби Устуворкор» [6,39].
Ва ниҳоят, чун илм неъмати бузурге аз неъматҳои Худовандист ва касби он боиси боло рафтани дараҷаи инсон ҳам дар дунё ва ҳам дар охират мебошад, барои ҳар фарди мӯъмин дар канори талоши пайваста барои касби илм ҳамчунин зарур аст, ки аз даргоҳи Худованд афзоишу боло рафтани илми худро талаб намояд. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин дуоҳое, ки Худованд дар Қуръони карим барои инсон таълим додааст, дуои талаби афзудани илм мебошад: «Ва бигӯ: Парвардгоро, бар илму дониши ман бияфзой» [6].
Тавре ки дар боло собит гашт, манбаи аввали шариати Ислом, яъне Қуръони карим ба масъалаи илм ва омӯхтани он таваҷҷӯҳи бисёр ҷиддӣ кардааст. Ин паём ва рӯҳи илммеҳвар ва маорифпарвари Қуръон дар манбаи дуюми шариати исломӣ, яъне ҳадисҳои Паёмбари бузургвор, (с) низ идомаи мантиқӣ пайдо кардааст. Аз он ҷо, ки Расули Худо, (с) дар ҳадисҳои зиёди худ ба мавзӯъи илму маърифат баргашта, назари Исломро дар ин масъала ба таври бисёр рӯшану васеъ баён сохтааст, зарур аст, ки онро дар чанд зербахш муаррифӣ намоем:
Маҷмӯаи ҳадисҳои Паёмбар, (с) дар ин маврид бори дигар нишон медиҳанд, ки мавқеи илм дар таълимоти исломӣ ниҳоят баланд буда, Ислом динест, ки омӯхтани илмро ба дараҷаи ибодат бардошта ва онро барои мусалмонон воҷиб гардонидааст. Тавре ки маълум аст, воҷиб ба амале гуфта мешавад, ки аввалан, анҷоми он ҳатмист ва сониян, дар натиҷаи анҷоми он фард савоби бузург мегирад ва сеюм, дар натиҷаи тарки он фард гунаҳкор мешавад. Яъне, вақте Ислом омӯхтани илмро барои мусалмонон воҷиб мегардонад, илова бар фоидаи бузурге, ки инсон аз омӯхтани илм дармеёбад, ба сабаби анҷом додани як воҷиби динӣ савоби бузурги илоҳиро низ соҳиб мешавад ва дар сурати наомӯхтани илм (ба ҳамон миқдоре, ки анҷоми ибодат ба ӯ ҷоиз мегардад ва фарқ байни ҳалолу ҳаромро мешиносад) ҳамчун тарккунандаи як воҷиби исломӣ гунаҳгор мешавад. Ин ҷиддитарин таваҷҷӯҳест, ки дини Ислом ва Паёмбари он нисбати илм зоҳир менамояд. Ин ҳукми қатъӣ ва пурифтихори Ислом дар ҳадиси зерини Расули акрам, (с) чунин омадааст: “Талаби илм барои ҳар як фарди мусалмон фарз аст”.
Дар ҳадисҳои дигаре, ки бар фарзияти омӯхтани илм далолат мекунанд, Расули акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, талаби миқдори андаки илмро ҳатто аз миқдори зиёди ибодат беҳтару болотар дониста, аз ҷумла чунин мефармоянд: “Илми кам беҳтар аст аз ибодати бисёр”. Аломати соҳибилм будани инсон ин аст, ки Худои худро ибодат бикунад ва нишонаи ҷоҳилии инсон он аст, ки дар банди кибру ғурури худ бошад. Ҳамин мазмун дар ҳадиси дигар ба таври сареҳтар чунин омадааст: “Ҳар гоҳ толибилме агар дар ҳолати илмомӯзӣ аз дунё даргузарад, мақоми шаҳидро касб хоҳад кард”.
Нуктаи муҳимме, ки дар ҳадиси боло ба мақоми ибодатро доро будани илм дар Ислом ва савоби бузург доштани омӯхтани он далолат мекунад, ба сатҳи шаҳид бардошта шудани ҷойгоҳи толибилмест, ки дар ҳолати илмомӯзӣ вафот карда бошад. Тавре ки маълум аст, шаҳид дар таълимоти исломӣ мақоми ниҳоят баландест, аммо вақте ки Ислом мақоми вафотшудагон дар роҳи илмро ба мақоми шаҳидон баробар медорад, далели он аст, ки Ислом худи раванди омӯхтани илмро ҳамчун як набард ва ҷиҳоде дар роҳи Худованд эътироф ва муаррифӣ менамояд. Ин эътироф ва баробарӣ як баробарии рамзӣ ва маҷозӣ нест, зеро Паёмбари акрам, дар ҳадиси дигари худ касонеро, ки дар роҳи илм талош меварзанд, ба таври сареҳ муҷоҳидони роҳи Худо медонад: “Касе, ки ба масҷиди ман омад ва омаданаш фақат ба хотири ин буд, ки илме биёмӯзад ва ё илме биомӯзонад, ӯ мақоми касеро дорад, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад. Ва ҳар касе, ки бо мақсаде ғайр аз ин омада бошад, ӯ мисли мардест, ки моли дигаронро тамошо мекунад.
Мувофиқи ҳадисҳои Паёмбари бузургвор, (с) фарди мусалмон бояд дар ҳама ҷо илмро ҷустуҷӯ намояд ва фаро гирад. Илмҷӯйии фарди мусалмон бояд то ба ҳадде мудовим ва ҷиддӣ бошад, ки гӯё ӯ тамоми вақт чизи азизи гумшудаи худро ҷустуҷӯ менамояд. Ин аст, ки Паёмбар, ба ҳамин маънӣ фармудаанд: “Ҳикмату дониш гумшудаи мӯъмин аст, ҳар вақте ва ҳар ҷое, ки гумшудаашро пайдо кард, аз худ менамояд”.
Фарди мусалмон бояд дар тамоми тӯли умр ва дар тамоми ҷойҳои дастрас аз омӯхтани илм ва таҷриба худдорӣ накунад. Масъалаи ҳатмияти омӯзиши илм дар тамоми тӯли умри мусалмон дар ривояти машҳуре ба таври бисёр сареҳ таъкид гаштааст: «Аз гавҳора то гӯр (яъне, тамоми умр) дониш биомӯзед.»
Ин маънии баланд ва амри муҳимми исломӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ ба шаклҳои мухталиф ба назм кашида шуда, вирди забони мардуми форсзабон гаштааст:
Чунин гуфт Пайғамбари ростгӯй:
Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй.
Масъалаи аз назари маконӣ номаҳдуд будани талаби илм дар ҳадиси зерин омадааст, ки он низ бисёр машҳур мебошад: “Илмро талаб намоед, агарчи дар Чин бошад”, зеро талаби илм барои тамоми мусалмонон фарз аст.
Чи тавре, ки маълум гашт чи дар Қуръон ва чи дар аҳодиси Паёмбар таҳсил ва илмомӯзи ба як қишри ҷомеа хос нагардидааст, ки танҳо илм ва таҳсил кардан барои мардон иҷозат бошаду бас балки ҳамаи фармудаҳои Худованд ва Паёмбараш умумро дар назар гирифтааст. Он қадаре, ки мард ҳуқуқ дорад барои касби илму дониш ҳамонқадар низ зан ҳуқуқ дорад яъне зану мард барои таҳсил ва илмомӯзи дар ислом низ ҳуқуқи баробар доранд.
Тавре ки аз таърих маълум аст, яке аз падидаҳои маъмул ва нангини даврони ҷоҳилияти тоисломӣ маҳрумияту беҳуқуқии занон буд. Ин беҳуқуқӣ аз ҷумла, масъалаи таҳсили илму донишро дар бар гирифта, то омадани Ислом дар ҷомеаи ҷоҳилияти араб омӯхтани илму дониш низ аз ҳуқуқҳои истисноии мардон ба ҳисоб меомад. Аммо бо омадани Ислом занон ҳуқуқи баробари илмомӯзиро доро гашта, бо дарёфти мақоми хоссаи худ дар ҷомеа ба бахши таъсиргузори он табдил гаштанд. Кӯшишу фаъолиятҳои занон дар фарогирии илму дониш дар садри Ислом нишон медиҳад, ки Ислом аз оғози зуҳури худ илмомӯзии занонро ба таври ҳамаҷониба ташвиқу дастгирӣ намудааст. Ислом ҳаққи занонро дар омӯзиши илму дониш то ҳадде ҷиддӣ медонад, ки ҳатто дар яке аз муҳимтарин ва ҳассостарин масъалаҳои шаръӣ, яъне масъалаи иҷтиҳод ва додани фатво ба занон ҳаққи комил додааст. Яъне дар шариати исломӣ агар зан бо омӯзиши илму дониш салоҳияти кофии илмии шаръиро ба даст орад, мисли ҳар олими дигари босалоҳият ҳаққи иҷтиҳод ва содир намудани фатворо низ доро мегардад.
Бо таваҷҷӯҳ ба таълимоти мушаххаси Ислом дар бораи илмомӯзии занон, Муҳаммад Ғаззолии Мисрӣ касонеро, ки бо истинод ба баъзе ҳадисҳои заифу мавзӯъ (бофташуда) занонро аз омӯзишу таълим манъ менамоянд, интиқод намуда, мегӯяд: «Ҳадисҳое, ки занонро аз саводомӯзӣ боз медоранд, дурӯғанд. Ва ҳар сухане, ки аз арзиши илм ва дониш дар Ислом бикоҳад, қобили бовар ва мавриди эътимод нест... Мардон ва занон бояд аз ҳар фурсати бадастомада ҷиҳати афзоиши фарҳанг ва дониши худ дар ҳамаи илмҳо ва фанҳо истифодаи комил намоянд».
Ҳар ду пешниҳод ба хотири он аст, ки мо дар оянда аз нерӯи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем. Зеро дар мавриди сиёсати гендерӣ Ҳукумат ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд.
Дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ шуда истодаанд, ки аз манфиатҳои духтарону бонувон ҳимоя менамоянд ва барои амалӣ шудани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд. Нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин, иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ низ назаррас мебошад.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама, гоҳе баъзе аз падару модарони ноогоҳ саводомӯзии занону духтаронро лозим надониста, бо ибораҳои дағале «зан чию хонданаш чӣ?» бо таҳсили духтарон мухолифат менамоянд. Албатта, маводу далелҳои рӯшане, ки дар боло оварда шуд, бидуни ҳеҷ шакке хилофи назари ҳам Ислом ва ҳам Қонунгузории муосири тоҷик будани чунин мавқеъҳоро нишон медиҳад ва он ҳеҷ ҷои баҳсеро боқӣ намегузорад.
Вале бозҳам дар охир мехоҳам қайд намоям, ки маҳз чаро имрӯз соҳиби илму маърифат гаштани занони тақозои радношуданист.
1. Занон бо омӯзиши илму дониш яке аз фармудаҳои муҳимтарини Худованд ва Расули ӯро анҷом медиҳанд. Чунон ки дар боло маълум гашт, Ислом ба таври қатъӣ аз мусалмонон, аз ҷумла, аз занон талаб кардааст, ки барои омӯхтани илму дониш талош намоянд. Ислом омӯхтани илмро ибодат дониста, ба подоши он аҷру савоби бузургро муқаррар намудааст. Аз ин рӯ, аввалин фоидаи занон аз омӯхтани илму маърифат иҷрои амри Ислом ва дарёфти савоби илмомӯзӣ мебошад. Илова бар ин, имрӯз маҳз ба воситаи омӯхтани илму дониш занон метавонанд маърифату фарҳанги ахлоқию маънавии худро боло бурда, аз поймол шудани ҳуқуқҳои худ дифоъ намоянд.
2. Яке аз муҳимтарин нақши занон иҷрои вазифаи модарӣ, яъне таваллуд ва парвариши фарзанд мебошад. Аз назари дини мубини Ислом тарбияти дурусти фарзанд яке аз вазифаҳои аслии модарон аст. Фарзанд дар батни модар бисёре аз хусусиятҳои маънавӣ ва ахлоқии ӯро фаро гирифта, дар даврони кӯдакӣ аксари хислатҳои инсонии худро аз модар меомӯзад. Нақши модар дар ташаккули ҷанбаҳои ахлоқӣ ва илмии шахсияти фарзанд низ таъйинкунанда буда, умуман, ояндаи ҳар инсон ба чигунагии ташаккули ӯ дар даврони бачагиаш бисёр вобаста мебошад. Аз ин рӯ, табиист, ки фақат модари дорои саводу маърифати баланд метавонад ин сифатҳоро ба фарзанди худ интиқол бидиҳад. Баръакси ин, зане, ки худ аз ахлоқу маърифат ва илму савод баҳраманд набошад, қодир нест, ки фарзанди худро ба ин роҳ ҳидоят намояд. Ҳамин тавр, дар канори модари бесаводу бемаърифат аксаран фарзанди бемаърифат ба воя мерасад. Таъсири саводу маърифати модарон хусусан, ба ояндаи фарзандон, ки дар тамосу наздикии бештар бо модари худ ба воя мерасанд, бисёр бузургтар мебошад. Пас, худи ҳамин вобастагии ҷиддии тарбияту ояндаи фарзанд ба саводу маърифати модар кофист, ки мо илмомӯзии занонро ҳатмӣ ва зарурӣ бидонем
3. Зане, ки илму маърифат меомӯзад, аз ҳуқуқ ва масъулиятҳои шахсӣ, хонаводагӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии худ ба дурустӣ огоҳ буда, ҳаргиз на ба ҳаққи дигарон таҷовуз мекунад ва на ба касе иҷозат медиҳад, ки ҳуқуқашро поймол бикунад. Зани таҳсилкарда ҳаргиз як зани оҷиз, вобаста, асир ё ғулом набуда, дар доираи ҳуқуқҳои шаръию қонунии худ худро идора ва муҳофизат мекунад. Ин гуна зан ҳам дар хонавода ва ҳам дар ҷомеа рафтори дуруст дошта, шахсияти инсонии худро ҳамчун зан ҳифз менамояд. Ин зарурат низ таъкид мекунад, ки занон бояд дорои илму маърифати баланд бошанд.
4. Вазъияти ҷамъиятии зани таҳсилкарда низ комилан фарқ мекунад. Зани дорои илму ихтисос ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо намуда, саҳми худро дар рушди ҷомеаи худ мегузорад. Бо ворид шудани занон ба саҳнаи фаъолияти илмию фарҳангӣ ва иҷтимоию ҷамъиятӣ нерӯи зеҳнию тахассусии ҷомеа ду баробар мешавад, зеро онҳо метавонанд хусусан, дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тибб, коргузории давлатӣ ва ғайра нақши бисёр фаъъол гузоранд. Оё имрӯз ин соҳаҳоро бе ҳузури занон тасаввур кардан мумкин аст? Албатта, не!
5. Омӯзиши илму маърифат боис мешавад, ки зан аз фарҳанги баланди беҳдоштӣ ва оиладорию хонадорӣ низ бархурдор шавад. Саломатии як зани бофарҳангу босавод бештар ҳифз мешавад, зеро ӯ дониши нигоҳдории саломатии худ, аз ҷумла, дониши танзими саломатии гигиении занонаи худро дорост. Аз ин рӯ, бисёр вақтҳо маҳз занони камсавод ба мушкилоти мухталифи ҷамъиятиву гигиенӣ ва беҳдоштии занона рӯбарӯ мегарданд. Зани бофарҳангу бомаърифат дар оила низ сатҳи дигар дошта, ҳатто хонадорӣ ва дастархони ӯ фарқ мекунад.
Сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши фиқҳи исломӣ Самадов Ҳумоюн

Яндекс.Метрика