Имоми Аъзам фароҳам оварандаи заминаҳои ваҳдати умумибашарӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва нигоҳ дорандаи асолату арзишҳои таърихии миллати тоҷик аст!!

Миллати тоҷик дар ҷаҳон соҳиби тамаддуни бисёр қадима буда, дар арсаи илму фарҳанг донишмандони зиёдеро барои оламиён тақдим намудааст. Фарзандони фарзонаи миллати мо аксаран дар осори бебаҳояшон асосҳои илму фарҳанги замони хешро гузошта, тамаддуни ҷаҳониро ба сатҳи баланд расонидаанд ва худ ба мояи ифтихори башар табдил ёфтаанд.

Дар ҳамин радиф, мо тоҷикон аз кору пайкори бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом, фарзанди арҷманди миллати тоҷик Имом Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо унвони Имоми Аъзам маъруф гардидааст, ифтихори хоса дорем.

Бояд қайд намуд, ки асосҳои ақидаи исломӣ аз мактаби фиқҳии Абўҳанифа гирифта шудааст ва то ба имрўз мусулмонони ҷаҳон дар шинохт ва маърифати фиқҳи ислом ба ин мактаби шукўҳманд рўй меоранд. Талошҳои ин мутафаккири бузург ва фақеҳӣ сатҳи ҷаҳонӣ дар инкишофи арзишҳои миллии мардуми тоҷик ва ҳифз гардидани амният ва ҳувияти миллии тоҷикон нақши рӯшан гузоштааст.

Саҳми маънавии мактаби Имоми Аъзам дар мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мӯҷаз чунин баён гаштааст: “Мазҳаби ҳанафӣ дар тўли чандин садсолаи таърих дар фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати умумибашарӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва нигоҳ доштани асолату арзишҳои таърихӣ нақши ниҳоят бузург бозидааст ва ин нақши худро имрўз низ адо карда истодааст”.

Идома дорад...

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика