ИМРӮЗ ДАР ТАЪРИХ

21 сентябр

* 21 сентябри соли 2010 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон» суханронӣ карданд.

* 22 сол пеш, 21 сентябри соли 2001 маросими расмии баистифодадиҳии қитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб-Хоруғ-Мурғоб-Кулма» баргузор гардид.

* Дар ин рӯзи соли 2017 дар ИМА Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

* Санаи 21 сентябри соли 1943 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Исландия муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

* 21 сентябри соли 1958 дар натиҷаи тӯфони сахт дар Токио зиёда аз 680 нафар ба ҳалокат расиданд.

* Соли 2008 дар марҳилаи финалии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дастаи футболи Тоҷикистон «Регар-Тадаз» ғалаба ба даст овард.

* Ҳамин санаи соли 1920 аввалин шумораи рӯзномаи чехӣ - «Қонуни конститутсионӣ» нашр шудааст.

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ
Яндекс.Метрика