Инъикоси сарнавишти мардуми тоҷик ва сарзамини он дар «Ҷомеъу-т-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ

Бурузи кинаву адоват миёни ашрофи тоҷики дарбор яке аз ҳодисаҳои маъмули дарборҳои асримиёнагии ҳукуматҳо ба шумор мерафт. Чандин маврид аз чунин дасисачиниву кинатӯзии аъёну ашрофи тоҷикро муаррихон аз дарборҳои ғазнавӣ, салҷуқӣ, хоразмшоҳӣ, темурӣ ва манғит гузориш додаанд. Чунин ҳолат дар аҳди муғулҳо ҳам иттифоқ уфтодааст, ки дарбориён бар алайҳи ҳамдигар бисоти кинаву макр чида, сабаби барбод рафтани худ ва халқи зиёд мешуданд. Дар китобҳои ин давра бадгӯиву хабарчинии коргузорони давлатӣ як ҳодисаи маъмул гардид. Бештари вазирону коргузорони давлатӣ бар асари хабарчиниву дасисаҳои дарборӣ ба марг маҳкум мегаштанд. Ашрофи тоҷикон ба ривояти Ҷувайнӣ, Рашидуддин ва Вассофу дигар манобеи ин давр чунон фосид шуданд, ки ғолибан арзишҳои инсониро сарфи назар карда, ба ҷойи иттиҳод дар баробари ситами аҷнабиён ба ҷони якдигар меуфтоданд ва ин шева дар миёни фозилони он рӯзгор низ шоеъ гардида буд. 

Дар замони подшоҳии Арғун (соли 1288) Буқа ном ёғиеро, ки қасди хурӯҷ дошт, дастгир карданд. Ҳангоми бозпурсӣ ӯ изҳор медорад, ки «маро бо подшоҳ ҳеч нест магар бо султон Идочӣ ва Туғони Қуҳистонӣ, ки хасмонӣ мананд». Маълум аст, ки ин “қўҳистонӣ” аз тоҷикон буд, аммо азбаски лашкариёну ёронашро ҳам дастгир карда буданд, бо дастури Арғун, Буқаро қатл карда, пусти сарашро аз коҳ пур карда, дар зери пули Чағон бар сари бозор меовезанд. Хонаводаи ўро ҳам аз Диёрбакир оварда, ба қатл расониданд. Сипас дар охир Рашидуддин хулоса мекунад, ки «аз ҷумлаи умарои тожикон низ баъзе касоне бо Буқа ҳамроҳӣ карда буданд», ки онҳо Амир Алии томғочӣ, Ҳисомиддини Қазвинӣ, Имодиддини мунаҷҷим, Шамъуни Румулқалъа, Баҳоуддин Аблукарам, ҳамагӣ ба дастури хони муғул ба қатл расонида мешаванд.   

Мусаллам аст, ки муғулҳо дар давоми ҳукумати беш аз садсолаи худ хуни миллионҳо тоҷикро рехтаанд, вале мо набояд ҳамаи нобасомониҳои он рӯзгорро ба дӯши муғул афканем ва танҳо аз дасти дигарон нола кунем. Моро мебояд таърихи қабл ва баъд аз ин ҳамларо баррасӣ карда, аз нақши харобкоронаи баъзе аз намояндагони тоҷик ҳам гузориш диҳем, зеро агар ҳадафи аслии илми таърих ибратомўзӣ бошад, пас бояд воқеъбинона ба таърих нигарист, аз сабақи он баҳраманд шуд ва ҷанбаҳои осебпазири мардумро шинохта, паи рафъу илоҷи он кўшид, зеро хусусиёти ахлоқии як қавм дар як рўзу як сол шакл намегирад ва реша дар ҳаводиси асрҳои пешин дорад. 

Рашидуддини вазир, ки дар солҳои тӯлонии ҳукумати худ, борҳо шоҳиди рафтори нописанди бисёре аз зиёиёни тоҷик будааст, аз ҷумла лоф задану тамаллуқгӯӣро амале зишт медонад. Зимни баёни «сиратҳои   писандида ва осори адлу эҳсон ва хайрот ва мубаррот ва фунуни одоб ва ҷамоили одоти» Ғозонхон корномаи ўро дар чанд ҳикоят иншо мекунад.  Аз ҷумла одати пас аз пирўзӣ лоф задану такаббур кардани ашхосро, ки бо тадбири фулонӣ ғолиб омадем ва ё ҳангоми шикаст гуфтани, ибораи «ҳукми худо буд ва илло саъй намудем»-ро  Ғозонхон хўш намедоштааст. Ин хони муғул иброз медорад, ки чунин шеваро, ки «муғулу тожик бар ҳамин намат сухан меронданд» бояд аз байн бурд ва мефармояд: «ин суханҳо маҳзи куфр аст ва аксари корҳои мо ва лашкару умуми мардум, ки ба халал меояд аз шумии чунин суханон аст. Мебояд, ки ҳар некўӣ, ки ба мо ва лашкар ва дигар халоиқ мерасад онро аз раҳмату шафқати Ҳаққ таъоло донанад ва ҳар бадиву ноумедӣ ки расад, онро натиҷаи гуноҳон ва бадиҳои худ шиносанд ва ба ҳеч ваҷҳ сухане, ки ба уҷбу кибр тааллуқ дорад, нагўянд ва фармуд, то дар ин бора ярлиғи балиғ навиштанд ва ба ҳамаи мамолик ба ҷумҳури муғулу тожик фиристод». Ҳарчанд Рашидаддин худ низ дар ин асараш аз ситоишу тамҷиди фаровони ҳокимони муғул худдорӣ накардааст, аммо хислати лофзаниву хўшомадгўиро дар китобаш оварда, ки муттаассифона дар ҳамаи марҳилаҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихӣ моро ҳамроҳ будааст. Иборати «тоҷикони хӯшомадгӯ» дар дигар осори таърихии ба дасти худи тоҷикон навишташуда ҳам омадааст.

Дар чунин даврон аст, ки навхостагоне аз миёни мардуми маҳаллӣ бо ғосибон ҳамнаво гашта, чанд рўзе ба обу нон мерасиданд. Тасаллути ин гуруҳи фурўмоя мусибате азим буд, зеро шеваи онон чунин буд, ки бузургони худиро хор медоштанд ва нокасоне мисли худро аз қавми ҳукуматгар дар қатлу куштор ва барандохтани хонадонҳо ва ғорати мардумон раҳбарӣ мекарданд.  

Рашидуддин Фазлуллоҳ аз шуғли қозӣ дар гузашта ва тадбирҳои некўи Хоҷа Низомулмулк вазири маъруфи Маликшоҳи салҷуқӣ ёдовар шуда бо таассуф иброз медорад, ки «дар рўзгори муғул чунон иттифоқ уфтод, ки ба тадриҷ маълум шуд, ки эшон (яъне муғул – С.М.) қазоват ва донишмандонро ба муҷарради дастор ва дурроа (либоси сўфиён –С.М.) мешиносанд ва қатъан аз илми эшон вуфуқеву тамизе надоранд, бад-он сабаб ҷуҳҳолу суфаҳо дурроаву дастори вақоҳат (бешармӣ – С.М.) пўшида ба мулозимати муғул рафтанд ва худро ба анвои тамаллуқ ва хидмат ва ришват назди эшон машҳур гардониданд». Дар чунин ҳолат уламои мутадаййин ва соҳибномус аз ишғоли вазифаҳо худдорӣ мекунанд, вале «вузаро ва ҳуккоми тожик аз эшон даст боз намедоштанд ва ҳамвора таърифи эшон мекарданд», вале чунин ҳолатҳо истисно буданд. Натиҷаи чунин рафтор он шуд, ки «миллати исломро ҳурмату ҳашмат бар сари он ҷуҳҳол рафт ва тамомат бадному хору ҳақир гаштанд». Атомалики Ҷувайнӣ муаррихи тавонои аҳди муғул низ,  каме пештар аз Рашидаддин ин ҳолро таъкид намуда, бо иншои зебои худ вазъи онрӯзи ҷомеаро чунин баён месозад:

«…ҳар муздуре дастуре ва ҳар музаввире вазире ва ҳар мудаббире дабире ва ҳар мустанфизе муставфӣ ва ҳар мусрифе мушрифе ва ҳар шайтоне ноибдевоне ва ҳар шогирди пойгоҳе худованди ҳурмату ҷоҳе ва ҳар фарроше соҳиби даврбоше ва ҳар ҷофӣ (ҷафокор –С.М.) кофӣ ва ҳар хасе касе ва ҳар хасисе раисе ва ҳар ғодире қодире ва ҳар дасторбанде бузургвори донишманде ва ҳар ҷаммоле аз касрати мол боҷамоле ва ҳар ҳаммоле аз мусоидати иқбол бо фусҳати ҳоле .

Озодадилон гўш ба молиш доданд.

В-аз ҳасрату ғам сина ба молиш доданд.

Пушти ҳунар он рўз шикастаст дуруст,

К-ин беҳунарон пушт ба болиш доданд».

Замоне, ки ашхоси фурўмояву бетарбият ва орӣ аз сифоти писандидаи ахлоқӣ зимоми умурро ба даст гиранд, дурўғу найранг ва ришваситониву беэътиноӣ ба рўзгори аҳолӣ як ҳодисаи маъмулӣ мегардад ва шикваву фарёди ситамдидагон низ ба ҷое намерасад.   Натиҷаи чунин сиёсат ҷуз вожгун шудани аркони ҷомеа ва роҳ паймудан сўи заволу нокомӣ ва номуродии мардум чизе набошад. Камтар аз кормандони давлатии он рўзгорро метавон пайдо намуд, ки   ин истилои бунёбарандоз бар рўҳияи онон асар нагузошта бошад. 

Яке аз достонҳои омўзандаи асари Хоҷа Рашидуддин, ки дар тули таърих борҳо иттифоқ уфтодааст, ба хотири доштани эътиқоди мазҳабӣ барбод рафтани хуни ҳазорон бегуноҳ (асосан тоҷикон) аст. Дар замони Қубилайқоон (1260-1294), бар асари ҷангҳои салибӣ, ки қариб дусад сол (1096-1270) идома ёфт,  душманиву хусумати масеҳиён нисбат ба мусалмонон хеле афзуда буд ва афроди соҳибқудрати он мекўшиданд, ки аз нуфузи худ дар дарбори хонҳои муғул истифода намоянд. Чингизхону писаронаш нисбат ба масеҳиён рафтори хўш доштанд. Қуюққоон ва Мангуқоон бошад, аслан масеҳӣ буданд. Ҷаҳонгарди маъруф Марко Поло навиштааст, ки Попи Рум Александри IV ба Ҳулоку нома навишта, ўро ба кеши масеҳии католикӣ даъват намуд ва муғулҳоро «алайҳи саритсанҳо» (яъне мусалмонон) таҳрик мекард. Ҳулоку, дар ҳоле ки 800 ҳазор аҳолии Бағдодро ҳамроҳ бо халифаи ислом ва ду писараш ба қатл расонид, дастур дод, масеҳиёнро дар калисое ҷамъ оваранд ва аз сари қатлу озорашон даргузашт.  Чунин мисолҳоро фаровон метавон ёд кард ва чун тоҷикон чанд сада қабл ба ислом гаравида буданд, дастуроти зиддиисломии хонҳои муғул нахуст ба ҷониби эшон равона мегашт.  

Масеҳиён аз фурсати ба даст омада хуб истифода мекарданд ва нисбат ба мусалмонон ҷафову азиятро раво медиданд ва бо ин ҳол мехостанд таҳқиру озори чандасраро, ки эшон чун аҳли зимма ҷизяпардоз буданд, талофӣ кунанд.

Ба ривояти Рашидуддин, масеҳиёни соҳибнуфӯзи дарбори муғул барои нобудии мусалмонон хеле кӯшиш мекарданд. Аз ҷумла Исои Тарсо, Ибни Маолӣ ва Бандақ, ки «аз ҷумлаи муфсидону шарирону бадгавҳарони замони худ буданд» бо иғвои хеш хони муғул Қубилайро водор месозанд, ки ӯ ярлиғ (фармон) содир кунад, ки бар асоси он ба тариқи исломӣ забҳ намудани гусфанд ҳафт сол манъ мегардад ва дар муддати чаҳор сол мусалмонон наметавонистанд ҳатто фарзандони худро хатна кунанд.

Идома дорад...

 

Сайфуллоҳи Муллоҷон - сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика