Инқилоби фикрии ҷомеа - озодӣ аз хурофот, ифрот ва зиёдаравиҳои эътиқодӣ

Баррасии масоили маънавиёту маърифати мардуми мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ва шиддат ёфтани бархўрдҳои молӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ аз ҳар ҷиҳат мубрам мегардад.  Муқаррар намудани вазифаҳо барои бартараф сохтани решаи мушкилоту камбудиҳои дар ин самт барои зуҳури арзандаи давлати ҷавони миллӣ ва тақдири ояндаи истиқлолаш таърихӣ хоҳад буд. 
 
Дар мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеа ва ходимони динӣ маҳз масъалаҳое дар ин самт матраҳ шуданд, ки барои ояндаи ташаккули мафкураи миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ сифати таърихиро доштанд. Таърихият дар самти ислоҳоти вазъи маънавии ҷомеа дар паҳнои дигаргунии тафаккури динӣ ва миллӣ муқаррар шуд. 
 
Роҳбари давлат дар шароити ноороми ҷаҳони муосир, бо дарки вазъи мушкили мафкуравии ҷомеа ва фишори авомили хориҷӣ ба ташаккули миллати сиёсӣ ва зарурати ҳифзи соҳибистиқлолии кишвар, идомаи ислоҳоти иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ногузир донистанд. Дар ин вохўрӣ масъалаҳо тарзе баррасӣ шуданд, ки даври дуюми ислоҳоти маънавиро дар шакли инқилоби мафкуравии ҷомеа дар самти озодӣ аз хурофот, ифрот ва зиёдаравиҳои эътиқодӣ рўнамо кард. Бале, мулоқоти таърихии Пешвои миллат рузи 9 марти соли 2024 воқеан саҳифаи нави инқилобиро дар рушди мафкураи миллӣ масъалагузорӣ кард. 
 
Ҳанўз 25-уми майи соли 2007 дар арафаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мулоқоти таърихӣ бо фаъолони ҷамъиятӣ ва ходимони динӣ Пешвои миллат дар бораи зарурати ислоҳоти иҷтимоӣ ва сарфаю сариштакорӣ изҳори назар намуданд. Ислоҳоти оғозшуда қадам ба қадам наздик шудани миллатро ба орзую омолҳои таърихиаш таъмин намуда, ҷиҳати халосии халқ аз асорати анъанаю маросимҳои хурофотӣ кўмак кард. Ислоҳоти маънавӣ ва мафкуравӣ танҳо як ислоҳот набуда, дар асл табиати инқилоби маънавиро дошт, ки дар самти ислоҳи вазъи иқтисодии зиндагии мардум дар фазои мафкуравӣ ва иҷтимоӣ оғоз шуд. Ин ислоҳот на танҳо миллатро аз зиёдаравиҳои иҷтимоӣ, маросимҳои вазнини инҳирофшудаи миллию динӣ озод намуд, инчунин ба халқи Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо сарфаю сариштакорӣ фишорҳои вазнини буҳронҳои ҷаҳонии солҳои 2008 – 2010, вазъияти пандемияи даврони ковид 2019 ва санксияҳои вазнини молиявию иқтисодии минтақавии оламро дар солҳои 2020-2023-юм бо сарбаландӣ паси сар намояд.
 
Он замон Роҳбари давлат бо омўзиши сарфаю сариштакорӣ ба ислоҳоти расму оин ва маросимҳои миллию динӣ дар доираи манфиатҳои миллӣ даст зада, ҷиҳати мувофиқ намудани табиати урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ба саодату рушди ҷомеа иқдом намуданд. Пешвои миллат даври аввали ислоҳоти маънавию иҷтимоии ҷомеаро дар самти ислоҳи расму оинҳо муқарар намуданд. Инак бо гузашти 17 сол қадами навбатии ислоҳотии Роҳбари давлат ба самти мафкураи динӣ, ахлоқӣ ва сиёсии шаҳрвандон бозгашт намуд. Ин ислоҳот дар шакли «Инқилоби дуюми маънавии Пешвои миллат- тағйирпазирии мафкураи динӣ ва миллӣ» мазмунан дар таърихи 9 марти соли 2024 масъалагузорӣ гардид. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки вохўрии мазкур бо мақсади ислоҳи ҷомеа дар шоҳроҳи таърихсозӣ, давлатсозӣ барои тақдири ояндаи тоҷикон таърихӣ буд. 
 
Идома дорад...
 
 
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор
Баробеков Вафобек Амадбекович 
Мирзозода Азизуло Файз
 
 
 
 
 
 
 
Яндекс.Метрика