ИН КӮЗА ЧУ МАН ОШИҚИ ЗОРЕ БУДАСТ…

Афкори фалсафӣ дар рубоиҳои Умари Хайём

Ғиёсиддин Абулфатҳ ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ яке аз машҳуртарин намояндаи ҷаҳонӣ шоир, файласуф, риёзидону ҳайъатшиноси номии форсу тоҷик буда, дар қарни Х1 ба тамаддуни маърифати оламиён бо рисолаҳои илмӣ ва рубоиёти дилангезаш ҳиссаи арзанда гузоштааст. Вай бо илмҳои гуногуни замонаш шуғл варзидааст ва доир ба онҳо рисолаҳои илмӣ таълиф намудааст. Феҳристи осори илмии Умари Хайём аз 15 рисолаи илмӣ иборат аст, ки аз онҳо дутояш ба физика, чортояш ба математика, панҷтояш ба фалсафа ва чортои дигараш ба ҷуғрофия, астрономия, таърих ва мусиқашиносӣ оиданд, ки онҳо, бешак, ба дурдонаҳои ганҷинаи илмии маданияти умумибашарӣ мансубанд.
Ҳарчанд Умари Хайём дар замони худаш ҳамчун олими мутафаннин ном бароварда, доир ба соҳаҳои гуногуни илм рисолаҳои илмӣ таълиф намудааст, вале ӯ маҳз бо рубоиёти дилнишину дилпазираш шӯҳраи офоқ гардидааст. Рубоиёти Умар Иброҳими Хайём дар мавзӯъҳои гуногуни мансуби ҳаёти воқеӣ — тазоди неку бад, таносуби озоди ирода, тақдири азали инсон, умри шарор, бақои абад, ғанимат будани лаҳзаҳои гуворои ҳаёт, ҳастӣ, аҳди аласт, зебоиҳои табиат ва монанди инҳо нигаронида шуда, дар бештарини ҳолатҳо ба хулосаҳои илмӣ, таҷрибаи ҳаётӣ ва афкори фалсафиаш омезиш меёбад. Сабки нигориш ва услуби баёни умари Хайём салису сабук ва силсилаи образҳояш соддаву ҳаётӣ буда, забонаш равону фасеҳ аст. Шоир аз истифодаи ифодаҳои забонзада ва лафзбозиҳои пуртакаллуф худдорӣ намудааст.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар як миқдор рубоиҳои Умари Хайём мавзӯъҳои мавриди тасвираш бо афкори фалсафиаш ба тарзи ҳайратовар омезиш ёфтааст. Аз ин рӯ, дар назари аввал тасвири соддаву равони шоир чун баёни оддии воқеаву ҳодисаҳои муқаррарӣ менамояд, вале касе, ки ба мантиқи афкору аъмоли нигоранда зеҳн мемонад, мефаҳмад, ки мақсаду мароми ӯ дигар аст, яъне ба тасвири бадеӣ ақидаҳои шоири фалсафимашраб омезиш ёфтааст. Дар ин гуна рубоиҳо образҳо барои ифода кардани ақидаи фалсафии шоир дар пироҳани каломи бадеъ мусоидат менамоянд. Барои мисол рубоии зерини Умари Хайёмро меоварем:
Бингар зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул,
Аз хок баромадасту бар хок шуда.
Ба назар чунин менамояд, ки мазмуни байти аввал як ҳодисаи муқаррарии табиист, яъне аз вазидани боди сабо домани гул чок шудааст, бинобар ин аз ҷамоли гул булбул тарабнок (шодмон) гаштааст. Вале, дар ин тасвир «гул» — лоларухест, «сабо» боди форам буда, вазиши навозишкоронаи он сабаби «чок шудани домани гул», яъне шукуфтани ғунчаи гул мегардад. Ин ҷо «чок шудани домани гул» истиораи лаби пуртабассуми нигори лоларух аст. Монанди он ки булбулон аз ҷамоли гули навшукуфта ба ваҷд меоянд, ошиқон (булбулон) волаи ҷамоли чун гул шукуфтаи дилбарон мегарданд. Гул ва булбул аз образҳои машҳури нигориш буда, ифодакунандаи ошиқу маъшуқ мебошад. Мазмуни байт ба фикри фалсафии ӯ — зодаи сабаб будани оқибат марбут аст. Монанди он ки сабаби лой шудани замин боридани борон аст, «чок шудани домани гул» оқибат буда, вазидани боди сабо сабаб аст. Мазмуни фалсафии мисраъ суханони навозишомези ошиқон (вазидани боди сабо) боиси хурсандии дилбарон мегардад (оқибат), ки ин аз табассуми ширини лаби дилбарон(чок шудани домани гул) аён аст. Булбул (ошиқ) ҳам аз ҷамоли гул (аз ҳусни дилбар) хурсанд мешавад. Сабаби ин ҳусни дилнишини маъшуқа (ҷамоли гул) аст. Хулосаи фалсафии байт ҳеҷ шайъ бесабаб мавриди ҳастӣ қарор намегирад мебошад. Дар мисраи аввали байти дуюми рубоӣ бошад, дар хусуси бисёр будани гул ва ғанимат будани «сояи гул» сухан меравад, ки дар ин мисраъ бисёрии гул ишора ба бисёр будани дилбарони зебо буда, «сояи гул» марҳамат ва лутфу меҳрубонии дилбарон аст. «Нишин» гӯён таъкид намудани шоир ба ин маънист, ки лаҳзаҳои гуворои ҳаёт (сояи гул) ғанимат аст. Мисраи «Аз хок баромадасту ба хок шуда», яъне гул аз хок сабзида мебарояду бо гузашти айём паж­мурда мегардад ва пӯсида ба хок меомезад.

Ин маънӣ ифодаи фикри фалсафии «Ҳеҷ чиз бобақо нест, шайъ ба мурури замон шак­лан тағйир меёбад» мебошад.
Мувофиқи нигориши шоир аз ин рубоӣ маънои зерин зоҳир мегардад: лутфу меҳрубонӣ ва тараҳҳуми лоларухон ғанимат аст, зеро ки дилбарон ҳам монанди шукуфаҳои гул абадӣ нестанд. Онҳо низ ба фаношавӣ маҳкуманд, бинобар ин лаҳзаҳои гуворои шукуфтани чеҳраи нозанинон ғанимат аст. Мувофиқи талқини шоир аз ин лаҳзаҳо истифода бурдан айни муддаост. Бо масъалаи фалсафие, ки зикраш дар боло гузашт («Ҳеҷ чиз бобақо нест, шайъ ба мурури замон шак­лан тағйир меёбад») чанд рубоии Умари Хайём бахшида шудааст, ки инак яке аз онҳо:
Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст,
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
Ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.
Мувофиқи афкори фалсафии шоир шайъ тамоман нест намешавад, балки шаклан тағйир меёбад. Ҷисми одамизод ҳам баъди фавтидан дар қабр бо мурури замон ба хок табдил меёбад. Баъди паси сар шудани асрҳо қабрҳо афтида қабристон ҳамвор мешавад ва дар сурати замин ба назар мерасад. Аз хоки ин ҷо хиштрез хишт мерезаду кӯзагарон кӯза месозанд. Дар ин рубоӣ дар мисраи аввал «Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст» ба он маънист, ки кӯзагар хоки ҷисми касеро оварда кӯза сохтааст, ки ӯ дар зиндагӣ ошиқи зоре будааст, ба ҳусни гулрухе, ба зулфи нигоре гирифтор шуда будааст. Аз ин навишта бармеояд, ки ҷисми ошиқи зор бобақо набуд, вай баъд аз фавт дар қабр ба хок бадал шуда, шаклан тағйир меёбад ва бо гузашти айём аз ин хок кӯза сохтаанд, яъне хоки ҷисми ошиқ ҳам тағйир ёфт (кӯза шуд). Дар байти сонӣ дар масъалаи ин, ки ҳамаи узвҳои инсон ба хок табдил меёбад, дар мисоли дастаи кӯза, бар гардани вай аст, ибрози назар намуда, менигорад, ки дастаи кӯза аз дасти хокшудаи ошиқ, ки як вақтҳо бар гардани ёре гузошта мешуд, сохта шудааст. Хулоса ҳамин тавр, рубоиҳои фавқуззикри Умар Иброҳими Хайём нигориши оддии ҳодисаву воқеаҳои муқаррарии ҳаёти воқеӣ набуда, балки дар он ҳодисаҳои олами ҳастӣ тавассути омезиши хулосаҳои илмӣ ва андешаҳои фалсафии шоир ба дасти тасвири бадеӣ дода шудааст.

Малик КАБИРОВ,
номзади илмҳои филология, устоди Донишкадаи давлатии педагогии Чирчиқи вилояти Тошканд

Гирдоварандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика