Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз даврони Ҷамшеди ҷам

Осори беҳрӯзӣ бувад ойини Наврӯзи аҷам,

Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз даврони Ҷамшеди ҷам.

Наврӯз оғози сол, ҷашни бузурги эҳёи табиат ва шукуҳу шаҳомати анъанаҳои миллии мардумони эронитабор мебошад. Наврӯз ҷашни пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, равнаќу шукуфоӣ бар карахтиву беҳаракатӣ, рӯзи фархундатарин ва муборактарини сол аст. Наврӯз ҷашни ба дилу дидаи мардумони мо наздик, як ҷашни орёӣ ва миллист, ки бар асоси вазъи табиии минтаќа ва бар пояи боварҳои нек ва ҷаҳонбинии ҳаётдӯстонаи фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Наврӯз бунёди илми нуҷумии устувор дорад ва ба ин фазилатҳояш шоёни ҳама гуна арҷгузориҳо мебошад. 

Аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши Наврӯзро ба фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои «Шоҳнома» , ки «андар подшоҳии Ҷамшед» унвон дорад, овардааст, ки Ҷамшедшоҳ баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони салтанаташ, хосса солҳои охири он, бо ёрии фарри Каёнӣ (шаҳомат ва ҳашамати подшоҳони каёнӣ) ва мувофиќ бо шукӯҳи подшоҳии хеш тахте бисохт ва онро , ки гӯё аз зару сим бунёд ёфтабуд, бо дурру гуҳар биёрост ва ҳаргоҳ, ки мехост, девони бузургҳайкали тахтро бар дӯш гирифта, аз замин ба осмон мебурданд ва Ҷамшед ба рӯи тахт ҳамчун хуршед ба само медурахшид.

Аз тасвири Фирдавсӣ бармеояд, ки баъди сохтани тахти ҳайратангез дар Истахри Форс, ки алъон бо номи «Тахти Ҷамшед» дар Персополис шуҳратманд аст, овозаашро шунида бузургон ва мардумон аз гӯшаву канорҳои ҷаҳон ба сӯйи ин тахтгоҳ мешитобанд.

Намояндагони халќу миллатҳои гуногун бо Ҷамшедшоҳ армуғонҳои гуногун –зару сим ва дурру гуҳар оварда, бар пои ӯ нисор менамоянд. Шуҳрат, шукӯҳу ќудрат ва дороиву сарвати Ҷамшед хеле иртиќо ёфта, пуровоза мегардад. Чунин воќеаи бузург дар тахти Ҷамшед дар Истарх дар рӯзи вижае анҷом пазируфт, ки он рӯз аз рузҳои дигари сол тафовут дошт.Он рӯз рӯзи Ҳурмузд, рӯзи авали моҳи Фарвардин, оғози фасли баҳор ва соли нав буд. Дар он рӯзи хуҷаста мардумони олам тан аз ранҷу дил аз зиќӣ осудашоду болидарӯҳ буданд.Ҷамшедшоҳи эронзамин, ки гетӣ аз корҳои неки ӯ ободу мардумон, осуда гардида буданд , шоду пирӯзмандона бар тахт нишаст ва ҷашн ороста, меҳмонону бузургонро бар атрофии тахт ҷой дод ва бипазируфт. Ромишгарон ба ромиш ва ушшоќон ба навохтани руд машғул буданд ва шодиву дилхушиҳо ҳадду канор надошт. Он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд. Ҷашни наврӯз ҳанӯз солиёни зиёде пеш аз Зардушт баргузор мегардидааст.

Дар сарчашмаҳои бостонӣ ќариб ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврӯз донистаанд: Истархӣ, Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Ибн-ул Балзӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз вобаста бо барпо гардидани аввалин шаҳри эрониён Истарх маълумот ироа намуда, аз ҷониби Каюмарс ва Ҷамшед ва шоҳони баъдина идома ёфтани сохтмони ин шаҳрро ќоил шудаанд. Ҳамзамон Исфаҳонӣ дар китоби “Мулуку-л-арз ва  ал-анбиё” дар бораи подшоҳ Ҳушанги пешдодӣ ва ба тахти Истарх нишастанаш, гуфтааст: Вай аввалин шахсе буд, ки ба подшоҳӣ бархост ва дар Истарх бар тахт нишаст. Аз ин рӯ, Истархро сарзамини шоҳ хонанд”. Инчунин ин муаллиф дар сарчашмаи ёдшуда дар асоси аќидаҳои куҳани эрониён дар бораи оғози таърихи мардумони эронитабор мегӯяд, ки дар оғози офариниши ҷаҳон хуршеду моҳу ситорагону замин дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст.

Аз гуфтаи берунӣ бармеояд, ки дар рӯзи фархундаи Наврӯз дар байни мардумони эронӣ чунин расме будааст, ки мардумон барои ҳамдигар ҳадя мефиристодаанд. Абӯрайҳони Берунӣ инчунин нигоштааст, ки Иблис баракатро аз байни мардумон бардошта буд. Иблис бодро намегузошт, ки бивазад ва сабаби сабзиш ва рӯиши дарахтон шавад. Наздик буд, ки дунё гардад. Пас Ҷамшед бо амри Худованд ва роҳнамоии ӯ барои нобуд намудани Иблис пайравони вай ба ҷануб рафта, дергоҳ бо он набард мекунад ва пирӯз мешавад. Сипас мардум аз нав ба ҳолати эътидол мерасанд, баракату фаровонӣ бар онҳо бармегардад , аз бадбахтӣ раҳоӣ меёбанд. Ҷамшед низ ба назди мардум боз меояд. Дар чунин рӯзи фархунда мисли офтоб намудор мешавад ва аз ӯ нур. Мардум аз тулӯи ду хуршед дар ин рӯз хушнуд гардидаанд, ҳар дарахте, ки хушкида буд , сабзид. Нисбат ба ин ҳолат мардум мегуфтанд, ки “Рӯзи нав” омад. Мардум бо хушнудӣ дар таштҳо ҷав месабзониданд.Ин расм дар байни мардумон ҳанӯз пойдор аст, ки дар арафаи Наврӯз гандум месабзонанд ва суманак мепазанд.Бо ҳамин ҳадаф ҳар сол дар айёми Наврӯзи фархундапай кишоварзон киштукори баҳориро оғоз намуда, ба умеди фаровонӣ дона дар замин мекоранд.

Хушбахтона дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо кард. Давраи ҷаҳонишавӣ, Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт, чунки он моҳияти ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Мо тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бошукӯҳ таҷлил менамоем. Мо шукургузор аз онем, ки имрӯз бо шарофати талошҳои ҷасуронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакатамон фазои амну амонӣ, созандагию ободкорӣ васеъ доман густурда, шароите муҳайё гардидааст, ки шаҳрвандони кишварамон ҳама-зану мард, пиру ҷавон метавонанд дар шукуфоии диёрамон кору пайкор нишон дода, саҳми арзанда гузоранд.

 

Исоев Насим - мутахассиси пешбари шӯъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ.

Яндекс.Метрика